Ба касоне, ки аз рама дур шудаанд, кӯмак кунед
«Бо ман шодӣ кунед, ки гӯсфанди гумшудаи худро ёфтаам» (ЛУҚ. 15:6).
1. Исо чӣ гуна нишон дод, ки ӯ чӯпони пурмуҳаббат аст?
ПИСАРИ ягоназоди Яҳува — Исои Масеҳ «Чӯпони бузурги гӯсфандон» номида шудааст (Ибр. 13:20). Навиштаҳо омадани ӯро пешгӯӣ карда буданд. Инчунин онҳо нишон медиҳанд, ки Исо Чӯпони барҷаста буд ва «гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил»-ро ҷустуҷӯ мекард (Мат. 2:1–6; 15:24). Чӯпони ҳақиқӣ барои ҳимояи гӯсфандонаш ҷони худро дареғ намедорад. Мисли ин, Исо ҳаёти худро барои шахсоне, ки ба гӯсфандон ташбеҳ дода шудаанд, фидо кард ва акнун онҳо аз фидияи ӯ баҳра бурда метавонанд (Юҳ. 10:11, 15; 1 Юҳ. 2:1, 2).
2. Баъзе масеҳиён аз кадом сабабҳо ғайрифаъол шуданашон мумкин аст?
2 Мутаассифона, баъзе касоне, ки фидияи Исоро дар аввал қадр мекарданду ҳаёти худро ба Худо бахшида буданд, дигар аъзоёни фаъоли ҷамъомади масеҳӣ нестанд. Эҳтимол рӯҳафтодагӣ, мушкилиҳои бо саломатӣ алоқаманд ё дигар омилҳо ҷидду ҷаҳди ин шахсонро дар хидмат кам карданд ва боиси ғайрифаъол гаштани онҳо шуданд. Лекин танҳо дар дохили рамаи Худо осудагиву хушбахтиеро, ки Довуд дар таронаи 22–юми китоби Забур тасвир намудааст, эҳсос метавон кард. Масалан, ӯ месарояд: «Худованд Чӯпони ман аст: ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд» (Заб. 22:1). Гӯсфандоне, ки дар дохили рамаи Худоянд, аз ҷиҳати рӯҳонӣ ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нестанд, лекин дар бораи касони аз рама дуршуда ин тавр гуфта наметавонем. Кӣ ба ин шахсон кӯмак карда метавонад? Чӣ гуна ба онҳо кӯмак расонидан мумкин аст? Чӣ метавон кард, то онҳо ба рама баргарданд?
Кӣ кӯмак карда метавонад?
3. Мувофиқи суханони Исо барои баргардонидани гӯсфандони гумшудаи чарогоҳи Худо чӣ бояд кард?
3 Барои баргардонидани гӯсфандони гумшудаи чарогоҳи Худо кӯшиши бисёр лозим аст (Заб. 99:3). Исо инро дар назар дошта, гуфт: «Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нӯҳро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи он як гумшуда намеравад? Ва агар иттифоқан онро ёбад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, барои он бештар шодӣ мекунад аз он наваду нӯҳ, ки гум нашудаанд. Ба ҳамин тариқ, иродаи Падари Шумо, ки дар осмон аст, ин нест, ки яке аз ин тифлон нобуд шавад» (Мат. 18:12–14). Ба касоне, ки ба гӯсфандон ташбеҳ дода шудаанду аз рама дур шудаанд, кӣ кӯмак карда метавонад?
4, 5. Муносибати пирон ба рамаи Худо бояд чӣ гуна бошад?
4 Ҳангоми кӯмак ба гӯсфандони гумшуда пирони ҷамъомад бояд дар хотир доранд, ки рамаи Худо аз шахсоне, ки ҳаёти худро ба Яҳува бахшидаанд, яъне аз гӯсфандони бебаҳои чарогоҳи Худо, иборат аст (Заб. 78:13). Ин гӯсфандон ба ғамхории навозишкорона мӯҳтоҷанд; ин маънои онро дорад, ки чӯпонони пурмуҳаббат бояд ба онҳо таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир намоянд. Мулоқоти шубоние, ки дар фазои дӯстона мегузарад, хеле таъсирбахш буда метавонад. Суханони рӯҳбаландкунанда ва пурмуҳаббати пирон ба шахсони ғайрифаъол қувваи рӯҳонӣ бахшида, хоҳиши ба ҷамъомад баргаштани онҳоро қавитар мегардонад (1 Қӯр. 8:1).
5 Чӯпонони рамаи Худо бояд гӯсфандони гумшударо ёбанд ва сипас ба онҳо кӯмак расонанд. Павлуси расул ба пирони ҷамъомади Эфсӯси қадим масъулияти шубонии онҳоро хотиррасон карда, гуфт: «Нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулқудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед» (Аъм. 20:28). Ба мисли ин, Петруси расул пирони тадҳиншударо ташвиқ кард: «Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед ва ба он назорат кунед, на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ, чунон ки мақбули Худост, ва на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил, ва на ҳамчун касоне ки бар мероси Худо ҳукмронӣ мекунанд, балки ба рама намунаи ибрат нишон диҳед» (1 Пет. 5:1–3).
6. Чаро гӯсфандони рамаи Худо хусусан имрӯз ба ғамхории чӯпонон ниёз доранд?
6 Чӯпонони масеҳӣ бояд ба намунаи «чӯпони нек» — Исои Масеҳ пайравӣ кунанд (Юҳ. 10:11). Ӯ ба гӯсфандони рамаи Худо бениҳоят ғамхор буд ва муҳиммияти ба онҳо ғамхорӣ карданро қайд намуда, ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Гӯсфандони Маро чӯпонӣ намо». (Юҳанно 21:15–17-ро бихонед.) Хусусан имрӯз шахсони ба гӯсфандон ташбеҳдодашуда ба чунин ғамхорӣ ниёз доранд, зеро Иблис беш аз пеш мекӯшад, то беайбии касонеро, ки ҳаёташонро ба Худо бахшидаанд, бишканад. Шайтон заифиҳои одамӣ ва ин ҷаҳонро истифода бурда, гӯсфандони Яҳуваро ба корҳои нодуруст тела медиҳад (1 Юҳ. 2:15–17; 5:19). Хусусан ғайрифаъолон ба домҳои Шайтон ба осонӣ афтида метавонанд ва аз ин рӯ ба онҳо кӯмак бояд кард, то «бар тибқи Рӯҳ рафтор» намоянд (Ғал. 5:16–21, 25). Вақте ки ба чунин шахсон кӯмак мекунем, мо бояд ба Худо дар дуо такя карда, аз Ӯ ҳидоят ва рӯҳулқудс пурсем ва Китоби Муқаддасро моҳирона истифода барем (Мас. 3:5, 6; Луқ. 11:13; Ибр. 4:12).
7. То чӣ андоза барои пирон фаъолияти шубонӣ муҳим аст?
7 Дар Исроили қадим чӯпонон барои чаронидани гӯсфандон чӯби дарози нӯгкаҷ ё асоро истифода мебурданд. Ҳангоми ба қӯра (ҷое, ки гӯсфандонро нигоҳ медоранд) даромадану аз он баромадан, гӯсфандон «зери асои чӯпон» мегузаштанд ва ӯ онҳоро шуморида метавонист (Иб. 27:32; Мик. 2:12; 7:14). Мисли ин, чӯпонони масеҳӣ бояд ҳамаи касонеро, ки зери назораташон ҳастанд, хуб донанд ва ба онҳо ғамхорӣ намоянд. (Бо Масалҳо 27:23 қиёс кунед.) Аз ин рӯ, фаъолияти шубонӣ яке аз масъалаҳои муҳимест, ки шӯрои пирон муҳокима мекунанд. Онҳо бояд муайян намоянд, ки барои кӯмак ба гӯсфандони аз рама дуршуда чӣ кор мекунанд. Худи Яҳува мегӯяд, ки гӯсфандонашро ҷустуҷӯ менамояд ва барояшон ҳар чиро ки лозим аст, мекунад (Ҳиз. 34:11). Вақте ки пирон барои баргардонидани гӯсфандони гумшуда мисли Ӯ амал менамоянд, Худо хурсанд мегардад.
8. Бо кадом роҳҳо пирон ба гӯсфандони рамаи Худо таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир карда метавонанд?
8 Вақте ки касе аз ҳамимонон бемор аст, аёдати пирон барояш хурсандиву рӯҳбаландӣ мебахшад. Ҳамчунин таваҷҷӯҳи шахсӣ ба касони аз ҷиҳати рӯҳонӣ бемор натиҷаи хуб меорад. Ҳангоми мулоқот бо ғайрифаъолон пирон метавонанд аз Китоби Муқаддас оятҳо хонанд, ягон мақола ё фикрҳои муфиди дар ҷамъомад садододаро муҳокима намоянд, ҳамроҳи онҳо дуо гӯянд ва ғайраҳо. Пирон ба чунин шахсон итминон бахшида метавонанд, ки аъзоёни ҷамъомад аз баргаштани онҳо шод хоҳанд шуд (2 Қӯр. 1:3–7; Яъқ. 5:13–15). Хабаргирӣ, занги телефонӣ, навиштани мактуб барои ғайрифаъолон аҳамияти хоссае дошта метавонад. Худи чӯпонони дилсӯзи масеҳӣ низ, аз расонидани кӯмаки шахсӣ ба гӯсфандони аз рама дуршуда хурсандии зиёд мегиранд.
Ҳамаи мо кӯмак карда метавонем
9, 10. Чаро гуфтан мумкин аст, ки гамхорӣ ба гӯсфандони гумшуда на танҳо вазифаи пирон аст?
9 Азбаски мо дар замонҳои сахт умр ба сар мебарему хеле серкорем, шояд аз ҷамъомад дур шудани касе аз ҳамимононро пайхас накунем (Ибр. 2:1). Бо вуҷуди ин, барои Яҳува ҳар гӯсфанди рамааш азиз аст. Ҳар яки онҳо чун аъзои бадани инсонанд. Бинобар ин, ҳамаи мо бояд ба бародаронамон таваҷҷӯҳ зоҳир намоем ва нисбати якдигар дар ҳақиқат ғамхор бошем (1 Қӯр. 12:25).Оё муносибати шумо ба ҳамимонон чунин аст?
10 Ҳарчанд ҷустуҷӯ ва кӯмак ба гӯсфандони гумшуда асосан масъулияти пирон аст, на фақат онҳо бояд ба ғайрифаъолон ғамхорӣ зоҳир намоянд. Дигарон дар ин масъала бо онҳо ҳамкорӣ карда метавонанд. Мо метавонем ва мо бояд бародарону хоҳаронеро, ки барои баргаштан ба ҷамъомад ба кӯмак ниёз доранд, рӯҳан дастгирӣ кунем. Чӣ гуна?
11, 12. Барои дастгирӣ намудани касони ба кӯмаки рӯҳонӣ ниёздошта, кадом вазифаи пурмасъулиятро ба шумо супорида метавонанд?
11 Баъзан пирон аз воизи ботаҷриба хоҳиш мекунанд, то бо ғайрифаъолоне, ки кӯмак қабул кардан мехоҳанд, омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронанд. Мақсади омӯзиш — дар дили онҳо афрӯхтани оташи «муҳаббати аввалин» мебошад (Ваҳй 2:1, 4). Агар бо ин шахсон маълумотеро, ки ҳангоми дар ҷамъомад набуданашон баррасӣ шуд, муҳокима намоем, ин онҳоро рӯҳбаланд ва имонашонро қавӣ мегардонад.
12 Агар пирон аз шумо хоҳиш кунанд, ки бо ҳамимони ба кӯмаки рӯҳонӣ ниёздошта омӯзиш гузаронед, ба Яҳува дуо гӯед, то шуморо роҳнамоӣ карда, кӯшишҳоятонро баракат диҳад. Дар ҳақиқат, «корҳои худро ба Худованд бисупор, ва нақшаҳои ту муваффақият хоҳад ёфт» (Мас. 16:3). Оиди оятҳо ва фикрҳое, ки имонро мустаҳкам мегардонанду онҳоро ҳангоми омӯзиш истифода бурданиед, мулоҳиза намоед. Дар бораи намунаи хуби Павлуси расул фикр кунед. (Румиён 1:11, 12-ро бихонед.) Павлус орзуманди дидани масеҳиёни румӣ буд, зеро бо тақдим намудани атои рӯҳонӣ онҳоро устувор кардан мехост. Ӯ низ дар навбати худ аз дидори онҳо рӯҳбаландӣ интизор буд. Вақте ки мо ба гӯсфандони гумшудаи рамаи Худо кӯмак мекунем, оё набояд чунин рӯҳия зоҳир намоем?
13. Бо воизи ғайрифаъол дар бораи чӣ сӯҳбат карда метавонем?
13 Ҳангоми омӯзиш пурсида метавонед: “Чӣ гуна шумо бо ҳақиқат шинос шудед?” Ба ӯ кӯмак кунед, то шодиву хурсандиеро, ки аз хидмати Худо пеш эҳсос мекард, ба хотир орад. Бигзор ӯ таассуроти хуберо, ки вохӯриҳои ҷамъомад, анҷуманҳо ё хидмати мавъиза ба вай мебахшиданд, нақл намояд. Он рӯзҳои хушеро, ки шумо якҷоя ба Яҳува хидмат мекардед, ба ёд оред. Дар бораи хурсандие, ки муносибатҳои наздик бо Яҳува ба шумо мебахшанд, сӯҳбат кунед (Яъқ. 4:8). Ба омӯзанда нишон диҳед, ки шумо ба Худо барои ғамхорие, ки Ӯ нисбати мо зоҳир мекунад, хусусан барои рӯҳбаландиву умеди дар озмоишҳо медодааш, миннатдоред (Рум. 15:4; 2 Қӯр. 1:3, 4).
14, 15. Ба ғайрифаъолон хотиррасон кардани кадом баракатҳое, ки онҳо пештар эҳсос мекарданд, муфид хоҳад буд?
14 Бешубҳа ба воизи ғайрифаъол хотиррасон кардани баъзе баракатҳое, ки ӯ ҳангоми аъзои фаъоли ҷамъомад буданаш эҳсос мекард, муфид хоҳад буд. Масалан, Каломи Худо ва мақсадҳои Ӯро хубтар фаҳмида, вай аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд мекард (Мас. 4:18). Вақте ки ӯ «бар тибқи Рӯҳ рафтор» менамуд, барояш муқобилат ба васвасаи гуноҳ бешубҳа осонтар буд (Ғал. 5:22–26). Ҳамчунин виҷдони пок ба ӯ имконият медод, ки дар дуо ба Яҳува наздик шуда, «осоиштагии Худоро, ки аз ҳар хирад болотар аст» ва дилу ақлро нигаҳ медорад, эҳсос намояд (Фил. 4:6, 7). Ҳамаи инро ба инобат гирифта, ба бародар ё хоҳари ҳамимон таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир намоед ва барои ба рамаи Худо баргаштани онҳо ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед. (Филиппиён 2:4-ро бихонед.)
15 Фарз мекунем, ки шумо пири ҷамъомад ҳастед ва бо ҳамсарони ғайрифаъол мулоқоти шубонӣ карданиед. Шумо метавонед ҳамроҳашон дар бораи замоне, ки онҳо нав бо ҳақиқати Каломи Худо шинос шуда буданд, сӯҳбат кунед. То чӣ андоза зебо, бамантиқ, қаноатбахш ва озодкунанда буд барояшон ҳақиқат! (Юҳ. 8:32). Чӣ гуна дили онҳо аз миннатдорӣ лабрез гашта буд, вақте ки дар бораи Яҳува, муҳаббати Ӯ ва мақсадҳои олиҷанобаш дониш гирифтанд! (Бо Луқо 24:32 қиёс кунед.) Ба онҳо хотиррасон намоед: масеҳиёне, ки ҳаёти худро ба Худо бахшидаанд, бо Ӯ муносибатҳои наздик доранд ва аз имтиёзи дуо гуфтан баҳраваранд. Ғайрифаъолонро самимона ташвиқ намоед, ки «башорати пурҷалоли Худои таборак»-ро аз нав қабул кунанд (1 Тим. 1:11).
Минбаъд ҳам ба онҳо муҳаббат зоҳир намоед
16. Бо мисоле нишон диҳед, ки кӯмаки рӯҳонӣ дар ҳақиқат муфид аст.
16 Оё маслиҳатҳое, ки дар боло муҳокима шудаанд, дар ҳақиқат муфиданд? Бале. Масалан, ҷавоне, ки аз 12–солагиаш воизи Салтанат буд, дар синни 15–солагӣ ғайрифаъол гашт. Вале баъдтар ӯ аз нав аъзои фаъоли ҷамъомад шуд ва беш аз 30 сол чун ходими пурравақт ба Худо хидмат намуд. Ба туфайли чӣ ӯ ба ҷамъомад баргашт? — Асосан ба туфайли дастгирии яке аз пирони масеҳӣ. То чӣ андоза миннатдор буд он бародар барои кӯмаки рӯҳонии он пири ҷамъомад!
17, 18. Барои кӯмак ба касоне, ки аз рамаи Худо дур шудаанд, кадом хусусиятҳоро зоҳир намудан лозим аст?
17 Муҳаббат моро бармеангезад, ки ба ғайрифаъолон барои ба ҷамъомад баргаштан кӯмак намоем. Исо ба пайравонаш гуфт: «Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:34, 35). Бале, муҳаббат аломати фарқкунандаи масеҳиёни ҳақиқӣ аст. Оё мо чунин муҳаббатро ба масеҳиёни таъмидёфтае, ки ғайрифаъол гаштаанд, зоҳир намекунем? — Албатта, мекунем! Вале барои расонидани кӯмаки лозима ба ғайрифаъолон мо хусусиятҳои дигари хубро низ бояд дошта бошем.
18 Агар ба касе, ки аз рамаи Худо дур шудааст, кӯмак кардан хоҳем, кадом хусусиятҳоро доштан лозим аст? Ба ғайр аз муҳаббат мо бояд дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, ҳалимӣ ва пурсабрӣ зоҳир намоем. Шояд бахшанда будан низ лозим ояд. Павлус менависад: «Марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед, ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед; ба замми ҳамаи ин шумо муҳаббатро дар бар кунед, ки он маҷмӯи камолот аст» (Қӯл. 3:12–14).
19. Чаро саъю кӯшише, ки мо барои ба рамаи Яҳува баргардондани гӯсфандон ба харҷ медиҳем, беҳуда нестанд?
19 Аз мақолаи навбатӣ мо мефаҳмем, ки чаро баъзеҳо аз рамаи Худо дур мешаванд ва чӣ тавр мо шахсони ба ҷамъомад баргаштаро бояд қабул намоем. Ҳангоми омӯзиши ин ду мақола мулоҳиза кунед, ки шумо чӣ гуна ба шахсони ғайрифаъол кӯмак карда метавонед. Итминони комил дошта бошед, ки ягон кӯшиши шумо беҳуда нахоҳад буд. Дар ин ҷаҳон аксарият ҳаёти худро ба ғун кардани сарвату боигарӣ мебахшанд, лекин ҳатто ҳаёти як одам аз тамоми ганҷҳои дунё қимматтар аст. Исо ин нуктаро дар масали оиди гӯсфанди гумшуда нақлкардааш қайд намуд (Мат. 18:12–14). Биёед инро дар хотир дошта, аз таҳти дил ва бетаъхир кӯшиш кунем, то барои ба рамаи Яҳува баргаштани гӯсфандони гумшуда кӯмак намоем.
Шумо чӣ хел ҷавоб медиҳед?
• Чӯпонони масеҳӣ нисбати гӯсфандони аз рамаи Худо дуршуда чӣ масъулияте доранд?
• Ба шахсоне, ки ҳоло аъзоёни фаъоли ҷамъомад нестанд, шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?
• Барои кӯмак ба онҳое, ки аз рама дур шудаанд, кадом хусусиятҳоро зоҳир намудан лозим аст?