Дар умедамон шодӣ мекунем
«[Ин аст] умеди ҳаёти ҷовидонӣ, ки Худо, ки наметавонад дурӯғ бигӯяд, онро аз азал ваъда кардааст» (ТИТ. 1:2).
САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР
Мо аз куҷо медонем, ки вақте ягон тадҳиншуда то дами марг содиқ мемонад, дар осмон шодиву хурсандӣ мешавад?
Чӣ тавр иҷрошавии умеди гӯсфандони дигар бо умеди тадҳиншудагон алоқаманд аст?
Барои дидани иҷроиши умедамон, мо бояд чӣ гуна «рафтори муқаддасона» ва «садоқатмандӣ ба Худо» зоҳир намоем?
1. Чӣ тавр умеде, ки Яҳува медиҳад, ба мо барои истодагарӣ кардан кӯмак мекунад?
ЯҲУВА «Худои умед» аст. Ин суханонро Павлуси ҳавворӣ гуфт ва илова намуд, ки Яҳува метавонад моро дар имонамон «аз ҳар гуна шодӣ ва сулҳу осоиштагӣ пур кунад», то ки бо қуввати рӯҳулқудс умеди мо зиёд гардад (Рум. 15:13). Агар ин умед дар хотири мо равшан ҷойгир бошад, мо метавонем дар ҳар гуна вазъиятҳо истодагарӣ кунем ва хурсандиву осоиштагиро нигоҳ дорем. Вазъиятҳои душвор мисли тӯфонанд. Дар давоми тӯфонҳои ҳаёт умеди мо «барои ҷон мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст», новобаста аз он ки мо масеҳиёни тадҳиншуда ҳастем ё гӯсфандони дигар (Ибр. 6:18, 19). Агар мо умедамонро мустаҳкам нигоҳ дорем, ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба шубҳаву сустимонӣ дода шуда, аз роҳи ҳақиқат «дур нашавем» (Ибриён 2:1; 6:11–ро бихонед.)
2. Имрӯз масеҳиён дорои кадом ду умеданд ва умеди гӯсфандони дигар бо умеди тадҳиншудагон чӣ гуна алоқамандӣ дорад?
2 Масеҳиёне, ки дар ин замони охир зиндагӣ доранд, яке аз ду умедро доранд. Бақияи масеҳиёни тадҳиншуда аз «рамаи хурд» ба ҳаёти бефанои осмонӣ умед доранд; онҳо ҳамроҳи Масеҳ дар Салтанати ӯ чун подшоҳону коҳинон хизмат хоҳанд кард (Луқ. 12:32; Ваҳй 5:9, 10). «Анбӯҳи бузург»–и «гӯсфандони дигар», ки шумораашон чӣ қадар зиёдтар аст, умед доранд, ки чун тобеони Салтанати Масеҳоӣ беохир дар замини биҳиштӣ зиндагӣ мекунанд (Ваҳй 7:9, 10; Юҳ. 10:16). Гӯсфандони дигар набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кунанд, ки наҷоти онҳо аз фаъолона дастгирӣ кардани «бародарон»–и тадҳиншудаи Масеҳ, ки ҳоло дар заминанд, вобаста аст (Мат. 25:34–40). Тадҳиншудагон мукофоти худро мегиранд, вале дар бораи гӯсфандони дигар низ албатта чунин гуфтан мумкин аст. (Ибриён 11:39, 40–ро бихонед.) Дар аввал биёед дар бораи умеди тадҳиншудагон гап мезанем.
«УМЕДИ ЗИНДА»–И МАСЕҲИЁНИ ТАДҲИНШУДА
3, 4. Чӣ тавр Яҳува тадҳиншудагонро «барои умеди зинда» «аз нав ба вуҷуд» меорад ва он чӣ гуна умед аст?
3 Петруси ҳавворӣ ба масеҳиёни тадҳиншуда ду нома навишта онҳоро шахсоне, ки «интихоб шудаанд», номид (1 Пет. 1:1, 2). Ба туфайли номаи Петрус мо бисёр чизро дар бораи умеди олиҷаноби рамаи хурд мефаҳмем. Дар номаи якумаш ӯ навишт: «Муборак аст Худо ва Падари... Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда, барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст, ки бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд. Дар ин бора шодӣ кунед» (1 Пет. 1:3–6).
4 Яҳува шумораи маҳдуди масеҳиёнеро, ки барои ҳамроҳи Масеҳ дар Салтанати осмонӣ ҳукмронӣ кардан интихоб мекунад, чун писарони бо рӯҳтавлидёфтаи худ «аз нав ба вуҷуд» меорад. Онҳо бо рӯҳ тадҳин мешаванд, то ки ҳамроҳи Масеҳ дар оянда подшоҳону коҳинон гарданд (Ваҳй 20:6). Петрус қайд мекунад, ки «аз нав ба вуҷуд» омаданашон ба онҳо «умеди зинда»–ро ба «мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои [онҳо] маҳфуз аст», имконпазир месозад. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки тадҳиншудагон дар умеди зиндаашон хеле «шодӣ» мекунанд! Лекин, амалӣ гаштани он умед аз садоқатмандии онҳо вобаста аст.
5, 6. Чаро масеҳиёни тадҳиншуда бояд ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд, то даъвати осмониашонро устувор гардонанд?
5 Дар номаи дуввумаш Петрус масеҳиёни тадҳиншударо бармеангезад, ки ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд, то «даъват ва интихоби худро устувор» гардонанд (2 Пет. 1:10). Онҳо бояд саъю кӯшиш намоянд, то дар худ чунин хислатҳои масеҳӣ мисли имон, садоқатмандӣ, бародардӯстӣ ва муҳаббатро инкишоф диҳанд. Петрус навишт: «Агар ин сифот дар шумо ёфт шавад ва афзоиш ёбад, шумо... бе муваффақият ва бе самар нахоҳед монд». (2 Петрус 1:5–8-ро бихонед.)
6 Дар номаи худ ба пирони тадҳиншудаи ҷамъомади Филоделфия, ки дар Осиёи Хурд буд, Масеҳи эҳёшуда гуфт: «Азбаски ту каломи сабри Маро нигоҳдорӣ намудаӣ, Ман низ туро аз соати озмоиш нигоҳдорӣ хоҳам кард, ки он бар тамоми ҷаҳон хоҳад омад, то ки сокинони рӯи заминро имтиҳон кунад. Инак, ба зудӣ меоям; он чи дорӣ, маҳкам нигоҳ дор, то ки касе тоҷи туро нагирад» (Ваҳй 3:10, 11). «Тоҷи ҷалол» ба он интихобшудагоне, ки то дами марг содиқ мемонанд, ваъда шудааст. Агар масеҳии тадҳиншуда садоқатмандиашро нигоҳ надорад, ӯ тоҷро соҳиб шуда наметавонад (1 Пет. 5:4; Ваҳй 2:10).
ДАРОМАДГОҲ БА САЛТАНАТ
7. Кадом умеди олиҷанобро Яҳудо дар номааш хотиррасон кард?
7 Тақрибан солҳои 65–и эраи мо, бародари ҳамбатни Исо, Яҳудо, ба ҳамимонони тадҳиншудааш нома навишта онҳоро «даъватшудагон» номид (Яҳд. 1; бо Ибриён 3:1 муқоиса кунед). Дар аввал, ӯ ният дошт, ки ба онҳо дар бораи умеди наҷот, ки ҳамаи масеҳиёни тадҳиншуда доранд, нависад (Яҳд. 3). Вале ӯ лозим донист, ки дар номааш дигар масъалаҳои фавриро муҳокима кунад. Ба ҳар ҳол, дар охири номаи кӯтоҳаш вай умеди олиҷаноби масеҳиёни тадҳиншударо хотиррасон карда навишт: «Ӯро, ки қодир аст шуморо аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад ва дар шодӣ беайб ба ҳузури ҷалоли Худ биистонад, яъне Худои ҳакими якто ва Наҷотдиҳандаи моро, ба воситаи Исои Масеҳи Худованди мо, ҷалол ва шавкат, қудрат ва салтанат бод аз азал ва дар замони ҳозира ва то абад» (Яҳд. 24, 25).
8. Аз куҷо мо медонем, ки вақте ягон тадҳиншуда то дами марг содиқ мемонад, дар осмон шодӣ хоҳад буд?
8 Албатта, масеҳиёни тадҳиншудаи содиқ мехоҳанд, ки худро «аз фурӯ ғалтидан» ва ҳар чизе, ки онҳоро ба бесадоқатӣ тела дода оқибат нобуд месозад, муҳофизат кунанд. Онҳо дар асоси Китоби Муқаддас умед доранд, ки Исои Масеҳ онҳоро аз марг чун офаридаҳои рӯҳии комил эҳё хоҳад кард. Ин ба онҳо имконият медиҳад, ки бо шодии бузург дар ҳузури Худо биистанд. Вақте ки яке аз тадҳиншудагон содиқона мемирад, шубҳае нест, ки ӯ «дар ҷисми рӯҳонӣ бармехезад», «дар бефаноӣ... дар ҷалол» эҳё мешавад (1 Қӯр. 15:42–44). Агар «дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ» бошад, пас тасаввур кунед, ки вақте яке аз бародарони бо рӯҳ тавлидёфтаи Масеҳ ҳаёташро дар беайбӣ ба охир мерасонад, дар саҳнҳои осмонӣ чӣ хурсандие хоҳад буд (Луқ. 15:7). Баъди он ки тадҳиншудагон мукофоти худро «дар шодӣ» мегиранд, Яҳува ва офаридаҳои рӯҳии содиқ ҳамроҳи онҳо хурсандӣ хоҳанд кард. (1 Юҳанно 3:2–ро бихонед.)
9. Бо суханони 2 Петрус 1:10, 11 Петрус чиро қайд карданӣ буд? Ин умед ба тадҳиншудагоне, ки ҳоло дар замин ҳастанд, чӣ тавр таъсир мекунад?
9 Ба ҳамин монанд, Петрус ба масеҳиёни тадҳиншуда навишт, ки агар онҳо даъвати худро бо садоқатмандии худ устувор кунанд, «даромадгоҳи Малакути абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ барои [онҳо] бемалол кушода хоҳад шуд» (2 Пет. 1:10, 11). Ин суханони Петрус чӣ маъно доштанд? Эҳтимол ӯ онро қайд карданӣ буд, ки тадҳиншудагон ба осмон бо ҷалоли бузург дохил мешаванд. Ӯ шояд ҳамчунин ба баракатҳои зиёде, ки онҳо дар осмон мегиранд, ишора кард. Тадҳиншудагон ҳаёти содиқонаи дар замин гузарондаи худро ба ёд оварда шодии бузург ва миннатдорӣ ҳис хоҳанд кард. Ин умед бешубҳа ба онҳо қувват мебахшад, ки ҳоло ҳангоми дар замин буданашон содиқ бимонанд (1 Пет. 1:13).
УМЕД БАРОИ ГӮСФАНДОНИ ДИГАР
10, 11. а) Гӯсфандони дигар чӣ умед доранд? б) Чӣ тавр иҷрошавии умеди заминӣ бо Масеҳ ва «зуҳури фарзандони Худо» алоқаманд аст?
10 Павлуси ҳавворӣ ба «фарзандони» тадҳиншудаи Худо оиди умеди пурҷалоли онҳо — умеди «ҳамирсони Масеҳ» будан, навишт. Сипас ӯ дар бораи умеди олиҷанобе, ки Яҳува ба шумораи бемаҳдуди гӯсфандони дигар медиҳад, хотиррасон кард: «Махлуқот [одамизод] бо умед ба зуҳури фарзандони Худо [тадҳиншудагон] мунтазир аст, чунки махлуқот на бо ихтиёри худ, балки ба хотири мутеъкунандаи худ мутеи оворагӣ шудааст, ба умеди он ки худи махлуқот ҳам аз бандагии фано халосӣ ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд» (Рум. 8:14–21).
11 Яҳува ба инсоният умед бахшид вақте пешгӯӣ кард, ки одамонро тавассути «насл»–и ваъдашуда аз «мори қадимӣ», Шайтон Иблис, раҳо мекунад (Ваҳй 12:9; Ҳас. 3:15). Қисми аввалиндараҷаи он «насл» Исои Масеҳ буд (Ғал. 3:16). Бо марг ва эҳёшавиаш Исо ба инсоният барои умед доштан ба он ки онҳо аз ғуломии гуноҳ ва марг озод мешаванд, асоси мустаҳкам бахшид. Иҷрошавии ин умед бо «зуҳури фарзандони Худо», яъне тадҳиншудагон алоқаманд аст. Тадҳиншудагони ҷалолёфта қисми дуюмдараҷаи он «насл» мебошанд. Онҳо вақте «зуҳур» меёбанд, ки ҳамроҳи Масеҳ дар несту нобуд кардани тартиботи шайтонӣ иштирок мекунанд (Ваҳй 2:26, 27). Ин ба гӯсфандони дигар, ки аз мусибати бузург мегузаранд, наҷот хоҳад овард (Ваҳй 7:9, 10, 14).
12. Зуҳури тадҳиншудагон ба инсоният чӣ манфиати олиҷаноб меорад?
12 Чӣ сабукие меорад Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ ба инсоният! Дар он вақт, «фарзандони Худо», яъне тадҳиншудагони ҷалолёфта боз бо роҳи дигар зуҳур хоҳанд ёфт. Онҳо ҳамроҳи Масеҳ чун коҳинон амал карда ба инсоният барои аз қурбонии фидияи Исо манфиат бурдан кӯмак хоҳанд кард. Дар вақти ҳукмронии Салтанати Худо инсонияти итоаткор оҳиста–оҳиста «аз бандагии фано халосӣ» меёбад, яъне аз оқибатҳои гуноҳ ва марг раҳо мегардад. Агар онҳо дар давоми Ҳазорсола ва озмоиши охироне, ки дар анҷоми он рӯй медиҳад, ба Яҳува содиқ монанд, номҳои онҳо ба таври абадӣ дар «дафтари ҳаёт» навишта хоҳанд шуд. Онҳо «ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик» хоҳанд шуд (Ваҳй 20:7, 8, 11, 12). Ин дар ҳақиқат умеди олиҷаноб аст!
УМЕДАМОНРО ЗИНДА НИГОҲ МЕДОРЕМ
13. Умеди мо бар чӣ асос ёфтааст ва зуҳури Масеҳ кай ба амал меояд?
13 Он чизе, ки Петрус дар ду номаи аз тарафи Худо илҳомбахшидааш навишт, ба тадҳиншудагон ва гӯсфандони дигар кӯмак мекунад, ки умедашонро зинда нигоҳ доранд. Вай қайд кард, ки умеди онҳо на бар корҳои онҳо, балки ба файз, яъне фаровонии меҳрубонии Яҳува асос меёбад. Ӯ навишт: «Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед» (1 Пет. 1:13). «Зуҳури Исои Масеҳ» ҳамон вақт рӯй хоҳад дод, ки ӯ барои мукофот додани пайравони содиқаш ва нест кардани ҷаҳони шарир меояд. (2 Таслӯникиён 1:6–10-ро бихонед.)
14, 15. а) Барои зинда нигоҳ доштани умедамон, мо бояд диққатамонро ба чӣ равона кунем? б) Павлус чӣ маслиҳат дод?
14 Барои зинда нигоҳ доштани умедамон, мо бояд ҳамеша «рӯзи Худо»–ро, ки наздик шуда истодааст, дар ёд дорем. Ин рӯҳия бояд ба тамоми ҳаётамон таъсир кунад. Дар он рӯз, «осмон» яъне ҳокимиятҳои инсонии имрӯза, ва «замин» бо «аносир»–и он, яъне ҷамъияти шарири инсонӣ ва қисмҳои он несту нобуд хоҳанд шуд. Петрус навишт: «Пас шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ [«садоқатмандӣ ба Худо», ТДН] чӣ гуна бояд бошед, дар ҳолате ки омадани рӯзи Худоро орзу доред ва мешитобонед, ки дар он рӯз осмон аланга гирифта несту нобуд хоҳад шуд ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт?» (2 Пет. 3:10–12).
15 Ҷои «осмон»–и ҳозираро «осмони нав» [ҳокимияти Масеҳ] ва ҷои «замин»–и ҳозираро «замини нав» [ҷамъияти инсонияти одил] мегирад (2 Пет. 3:13). Баъд Петрус ба таври равшан маслиҳат дод, ки барои зинда нигоҳ доштани умед ба ин дунёи нави ваъдашуда мо бояд чӣ кор кунем. Ӯ гуфт: «Эй маҳбубон, модоме ки инро интизорӣ доред, саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ покиза ва беайб дар осоиштагӣ ҳозир шавед» (2 Пет. 3:14).
МУВОФИҚИ УМЕДАМОН ЗИНДАГӢ МЕКУНЕМ
16, 17. а) Мо бояд чӣ гуна «рафтори муқаддасона» ва «садоқатмандӣ ба Худо» зоҳир намоем? б) Дар кадом сурат мо иҷро шудани умедамонро дида метавонем?
16 Зинда будани умедамонро мо бояд бо тарзи ҳаётамон нишон диҳем. Чӣ тавре, ки Петрус қайд кард, мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки шахсони ба Яҳува маъқул ҳастем. «Рафтори муқаддасона» онро дар бар мегирад, ки мо гуфтаҳои Худоро ба ҷо оварда «дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар» мебарем (2 Пет. 3:11; 1 Пет. 2:12). Мо бояд «якдигарро дӯст» дорем. Барои ин масалан, мо ҳар кори аз дастамон омадаро карда, байни бародарияти умумиҷаҳониамон ва ҳатто дар ҷамъомади маҳаллиамон ягонагиро нигоҳ медорем (Юҳ. 13:35). «Садоқатмандӣ ба Худо» корҳоеанд, ки онҳо муносибатҳои наздики бо Худо доштаамонро мустаҳкам мекунанд. Ба ин корҳо чизҳои зерин дохил мешаванд: дуоҳои пурмазмуни мо, хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас, омӯзиши чуқури шахсӣ, ибодати оилавӣ ва иштироки фаъолона дар мавъизаи хушхабари Салтанат (Мат. 24:14).
17 Ҳар яки мо шахсоне будан мехоҳем, ки Яҳува аз мо розӣ аст ва ҳангоми «нобуд» шудани ин тартиботи шарирона моро наҷот медиҳад. Агар мо ҳамин гуна шахсон бошем, умеди мо — «умеди ҳаёти ҷовидонӣ» албатта иҷро хоҳад гашт, зеро «Худо, ки наметавонад дурӯғ бигӯяд, онро аз азал ваъда кардааст» (Тит. 1:2).
[Тасвир дар саҳифаи 16]
Яҳува масеҳиёни тадҳиншударо «барои умеди зинда» «аз нав ба вуҷуд» меорад
[Тасвир дар саҳифаи 18]
Умедро дар оилаи худ зинда нигоҳ доред