Бародарони Масеҳро содиқона дастгирӣ кунед
«Он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардаед, ба Ман кардаед» (МАТ. 25:40).
1, 2. а) Исо ба дӯстони наздикаш кадом масалро гуфт? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Барои фаҳмидани масал дар бораи гӯсфандону бузон мо бояд чӣ кор кунем?
ИСО бо дӯстони наздикаш — Петрус, Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно сӯҳбат мекард. Баъди он ки ба онҳо масал оиди ғуломи мӯътамад ва доно, даҳ бокира ва талантҳоро гуфт, ӯ ба замоне ишора кард, ки «Писари Одам» барои доварӣ кардани «ҳамаи халқҳо» меояд. Танҳо тасаввур кунед, ки чӣ тавр шогирдонаш аз шунидани ин ба ҳаяҷон омаданд! Дар ин масал Исо дар бораи ду гурӯҳи одамон гап мезанад, ки якеро чун гӯсфандон ва дигареро чун бузон тасвир мекунад. Ҳамзамон ӯ дар бораи гурӯҳи сеюме мегӯяд, ки онҳоро «бародарон»-и Подшоҳ меномад. (Матто 25:31–46-ро бихонед.)
2 Халқи Яҳува муддати дуру дароз ба ин масал шавқи зиёд зоҳир мекард. Ва ин тааҷҷубовар нест, зеро дар ин масал гап дар бораи ояндаи одамон меравад. Дар он фаҳмонда мешавад, ки чаро баъзеҳо ҳаёти ҷовидонӣ ба даст меоранду дигарон бошанд, ба сурати абадӣ нест мешаванд. Ҳаёти мо аз фаҳмидани ин суханони Исо ва мувофиқи онҳо амал кардан вобаста аст. Барои ҳамин мо бояд аз худ бипурсем: чӣ тавр Яҳува тӯли солҳо дар фаҳмиши масал оиди гӯсфандону бузон равшанӣ меандохт? Чаро гуфтан мумкин аст, ки ин масал ба муҳим будани кори мавъиза ишора мекунад? Супориши мавъиза кардан ба кӣ дахл дорад? Ва барои чӣ ҳоло вақти он аст, ки ба «Подшоҳ» ва «бародарон»-и ӯ содиқ бимонем?
ЧӢ ТАВР ФАҲМИШИ МО РАВШАНТАР ГАШТ?
3, 4. а) Барои фаҳмидани масал оиди гӯсфандон ва бузон мо бояд кадом се чизро донем? б) Чӣ тавр ин масал соли 1881 дар «Бурҷи дидбонии Сион» фаҳмонида шуда буд?
3 Барои фаҳмидани ин масал мо бояд аввал се чизро донем: 1) «Писари Одам» ё «подшоҳ», гӯсфандону бузон ва «бародарон» киро тасвир мекунанд; 2) кай «Писари Одам» барои ҷудо кардани гӯсфандон аз бузҳо меояд ва 3) аз кадом сабаб баъзеҳо гӯсфандон ва бузон номида шудаанд.
4 Соли 1881 дар «Бурҷи дидбонии Сион» навишта шуд, ки «Писари Одам» ва «Подшоҳ» Исоро тасвир мекунад. Дар он ҳамчунин фаҳмонида мешуд, ки «бародарон»-и Подшоҳ ин на танҳо касоне ҳастанд, ки ҳамроҳи Исо дар осмон ҳукмронӣ мекунанд, балки ҳамаи одамон баъди ба комилият расиданашон. Ҷудокунии гӯсфандон аз бузон дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ рӯй медиҳад. Он вақт Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас фикр мекарданд, ки шахсоне ки мувофиқи қонуни Худо зиндагӣ мекунанду ба муҳаббати Худо пайравӣ мекунанд, «гӯсфандон» номида мешаванд ва онҳое ки чунин намекунанд, «бузҳо» номида мешаванд.
5. Чӣ тавр соли 1920 фаҳмиши мо оиди ин масал беҳтар шуд?
5 Дар аввали солҳои 1920 Яҳува ба ходимонаш кӯмак кард, ки ба маънои ин масал бештар сарфаҳм раванд. Дар «Бурҷи дидбонӣ» (англ.) аз 15-уми октябри с. 1923 такрор шуда буд, ки «Писари Одам» ин Исо аст. Лекин дар он дар асоси Навиштаҳо фаҳмонда мешуд, ки «бародарон»-и Масеҳ танҳо касоне мебошанд, ки ҳамроҳи ӯ дар осмон ҳукмронӣ мекунанд. Гӯсфандон бошанд, касоне ҳастанд, ки зери ҳукмронии Масеҳ абадан дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд. Аммо дар бораи вақти ҷудо кардани гӯсфандон аз бузҳо чӣ гуфтан мумкин аст? Азбаски дар масал гуфта шудааст, ки гӯсфандон ба бародарони Масеҳ кӯмак мекунанд, Шоҳидони Яҳува хулоса бароварданд, ки ҷудокунӣ ё доварӣ бояд пеш аз сар шудани Ҳукмронии ҳазорсола, яъне ҳангоми дар замин будани тадҳиншудагон ба амал ояд. Дар он мақола гуфта мешуд, ки агар шахс ба Исо имон орад ва танҳо ба Салтанати Худо умед бандад, ӯро «гӯсфанд» ҳисоб кардан мумкин аст.
6. Чӣ тавр соли 1995 фаҳмиши мо оиди масал дар бораи «гӯсфандон» ва «бузҳо» дигар шуд?
6 Тӯли солҳои зиёд мо чунин фикр мекардем, ки дар ин замонҳои охир доварии одамон ба воситаи мавъизаи хушхабар ба амал меояд. Шахсоне ки хушхабарро қабул мекунанд, «гӯсфандон» ва шахсоне ки онро рад мекунанд, «бузҳо» номида мешаванд. Лекин дар нимаи солҳои 1990 фаҳмиши мо оиди ин масал дигар шуд. Дар ду мақолаи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15-уми октябри с. 1995 суханони Исо аз Матто 24:29–31 ва Матто 25:31, 32 муқоиса карда шуданд. (Оятҳоро бихонед.)a Дар он фаҳмонда шуда буд, ки замони доварии Исо дар давоми мусибати бузург, яъне «вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ» меояд, сар мешавад.
7. Маънои ин масал чист?
7 Имрӯз мо оиди масали гӯсфанду бузон фаҳмиши аниқ дорем. «Писари Одам» ё «Подшоҳ» Исо аст. «Бародарон»-и Масеҳ тадҳиншудагон мебошанд, ки аз осмон бо Масеҳ ҳукмронӣ мекунанд (Рум. 8:16, 17). «Гӯсфандон ва бузон» одамон аз ҳамаи халқҳо мебошанд. Онҳо ба гурӯҳи тадҳиншудагон дохил намешаванд. Дар бораи замони доварӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Ин доварӣ дар охири мусибати бузург рӯй медиҳад. Ва аз рӯи чӣ онҳо ҳангоми доварӣ ба қатори гӯсфандон ё бузон дохил карда мешаванд? Аз рӯи муносибаташон ба бародарони тадҳиншудаи Масеҳ, ки ҳоло дар замин мебошанд. Азбаски анҷоми ин дунё хеле наздик аст, мо беандоза миннатдорем, ки Яҳува ба масалҳои Исо, ки дар бобҳои 24 ва 25-и китоби Матто равшанӣ андохт.
ЧӢ ТАВР ИН МАСАЛ БА МУҲИМ БУДАНИ КОРИ МАВЪИЗА ИШОРА МЕКУНАД?
8, 9. Чаро Исо «гӯсфандон»-ро одил номид?
8 Дар масал оиди гӯсфандону бузон Исо дар бораи кори мавъиза чизе намегӯяд. Пас, чаро гуфтан мумкин аст, ки он ба муҳим будани кори мавъиза ишора мекунад?
9 Биёед фаромӯш насозем, ки ин масал аст ва мо набояд суханони Исоро ба маънои аслӣ фаҳмем. Маълум аст, ки Исо дар бораи бузону гӯсфандон ба маънои аслиашон нагуфт. Ҳамчунин ӯ нагуфт, ки ҳар як касе ки чун «гӯсфанд» доварӣ карда мешавад, бояд ҳатман ба бародарони ӯ хӯрок ё пӯшок диҳад, онҳоро нигоҳубин кунад ва ё ба аёдати онҳо ба зиндон равад. Ин танҳо муносибати гӯсфандонро нисбати «бародарон»-и Исо нишон медиҳад. Исо аз он сабаб гӯсфандонро «одил» номидааст, чунки онҳо тадҳиншудагонро бародарони худ мешуморанд ва дар ин рӯзҳои душвор содиқона онҳоро дастгирӣ мекунанд (Мат. 10:40–42; 25:40, 46; 2 Тим. 3:1–5).
10. Чӣ тавр «гӯсфандон» ба бародарони Масеҳ меҳрубонӣ зоҳир карда метавонанд?
10 Вақте ки Исо масали гӯсфандону бузонро овард, ӯ дар бораи он нақл мекард, ки дар замони охир чӣ рӯй хоҳад дод (Мат. 24:3). Дар аввали нутқи худ Исо гуфт, ки яке аз аломатҳои ҳузури ӯ ин «дар тамоми олам» паҳн шудани хушхабар хоҳад буд (Мат. 24:14). Ҳамчунин пеш аз овардани масал оиди гӯсфандон ва бузон дар бораи талантҳо мисол оварда буд. Чи хеле ки аз мақолаи гузашта омӯхтем, Исо ин масалро барои он овард, ки бародарони тадҳиншудаашро огоҳ кунад, то онҳо бо ҷидду ҷаҳд мавъиза кунанд. Имрӯз дар рӯи замин шумораи хеле ками тадҳиншудагон боқӣ мондааст, аммо кори мавъиза хеле зиёд аст. Исо бошад, ба онҳо супориш дода буд, ки пеш аз охирзамон хушхабарро «дар тамоми олам» мавъиза кунанд. Масал оиди гӯсфандон ва бузон нишон медиҳад, ки «гӯсфандон» ба тадҳиншудагон кӯмак хоҳанд кард. Яке аз роҳҳои беҳтарини кӯмак кардан — ин дастгирӣ кардани онҳо дар мавъизаи хушхабар мебошад. Лекин оё дастгирӣ фақат кӯмаки пулӣ ё рӯҳбаланд кардани онҳоро дар бар мегирад, ё чизи бештаре дар талаб аст?
КӢ БОЯД МАВЪИЗА КУНАД?
11. Кадом савол ба миён омада метавонад ва чаро?
11 Имрӯз шумораи пурраи пайравони Масеҳ қариб ба ҳашт миллион нафар мерасад ва аксарияти зиёдаш тадҳиншуда нестанд. Онҳо чун шогирдони аввали Исо аз дасти ӯ ҳеҷ таланте нагирифтаанд (Мат. 25:14–18). Барои ҳамин савол ба миён омада метавонад: «Оё супориши мавъиза кардан ба касоне ки тадҳиншуда нестанд, дахл дорад?» Биёед дида бароем, ки чаро ин ба ҳама дахл дорад.
12. Аз суханони Исо, ки дар Матто 28:19, 20 навишта шудаанд, мо чӣ мефаҳмем?
12 Исо ба ҳама шогирдонаш гуфта буд, ки мавъиза кунанд. Баъди эҳёшавиаш, Исо ба шогирдонаш супориш дод, ки одамонро шогирд созанд ва «ҳар он чиро» ки ӯ фармуда аст, ба онҳо таълим диҳанд. Азбаски ба ҳама чиз, супориши мавъиза кардан низ дохил мешавад, пас хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳама шогирдони Исо вазифадоранд, ки хушхабарро паҳн кунанд (Матто 28:19, 20-ро бихонед; Аъм. 10:42).
13. Мо аз рӯъёи Юҳанно чӣ меомӯзем?
13 Китоби Ваҳй нишон медиҳад, ки на фақат тадҳиншудагон, балки дигарон низ супориши мавъизаро иҷро хоҳанд кард. Исо дар рӯъё ба Юҳаннои ҳавворӣ «арӯс», яъне 144 000 тадҳиншударо нишон дод, ки ҳар як одамро даъват мекарданд, то омада «оби ҳаётро муфт бигирад» (Ваҳй 14:1, 3; 22:17). Обе ки ин ҷо гап дар борааш меравад, фидияи Исо мебошад, ки ба туфайли он одамон аз гуноҳ ва марг озод мешаванд (Мат. 20:28; Юҳ. 3:16; 1 Юҳ. 4:9, 10). Тадҳиншудагон ба одамон бо ҷидду ҷаҳд дар бораи фидия ва манфиати он таълим медиҳанд (1 Қӯр. 1:23). Гурӯҳи дигаре ҳаст, ки тадҳин нашудаанд, аммо умеди заминӣ доранд. Ба онҳо низ амр дода шудааст, ки одамонро даъват кунанд ва бигӯянд: «Биё!» Онҳо ба ин амр гӯш медиҳанд ва дигаронро даъват мекунанд, то аз ин оби ҳаёт бигиранд. Ин рӯъё нишон медиҳад, ки ҳамаи онҳое ки хушхабарро қабул карданд, бояд ба дигарон мавъиза кунанд.
14. Чӣ тавр мо ба «шариати Масеҳ» гӯш медиҳем?
14 Ҳамаи онҳое ки зери «шариати Масеҳ» мебошанд, бояд мавъиза кунанд. (Ғал. 6:2). Қонуни Яҳува барои ҳама як аст. Масалан Ӯ ба исроилиён чунин гуфт: «Бигузор як қонун бошад барои сокини тубҷоӣ ва барои ғарибе ки дар миёни шумо сукунат дорад» (Хур. 12:49; Ибд. 24:22). Имрӯз масеҳиён дар зери қонуни Мусо нестанд. Лекин ҳамаи мо, ҳам тадҳиншудагон ва ҳам касоне ки умеди заминӣ доранд, бояд ба «шариати Масеҳ» итоат кунанд. Ба ин шариат ҳамаи он чизҳое ки Исо таълим дод, дохил мешаванд. Чизи муҳимтарине ки Исо ба шогирдонаш таълим дода буд, ин нишон додани муҳаббат буд (Юҳ. 13:35; Яъқ. 2:8). Ва яке аз беҳтарин тарзе ки мо муҳаббатамонро ба Худо, ба Масеҳ ва ба одамон нишон дода метавонем, ин мавъиза кардани хушхабари Салтанат аст (Юҳ. 15:10; Аъм. 1:8).
15. Чаро гуфтан мумкин аст, ки супориши Исо ба ҳама пайравонаш дахл дорад?
15 Суханоне ки Исо ба шумораи ками одамон гуфт, дар асл ба одамони зиёд дахл дошта метавонанд. Масалан, Исо аҳди Салтанатро бо 11 шогирдаш баст, лекин мо медонем, ки он ба 144 000 тадҳиншуда дахл дорад (Луқ. 22:29, 30; Ваҳй 5:10; 7:4–8). Ба ҳамин монанд, Исо баъди эҳёшавиаш, супориши мавъиза карданро танҳо ба гурӯҳи хурди шогирдонаш дод (Аъм. 10:40–42; 1 Қӯр. 15:6). Ба ин нигоҳ накарда, дар асри як шогирдони дигари Исо низ худашонро ба мавъиза кардан вазифадор меҳисобиданд, гарчанде ин амрро бевосита аз даҳони Исо нашунида буданд (Аъм. 8:4; 1 Пет. 1:8). Дар замонҳои мо низ Исо бо ҳеҷ яке аз тақрибан ҳашт миллион нафар мавъизагарон шахсан гап назадааст. Лекин онҳо дарк мекунанд, ки бо мавъизаи худ онҳо имонашонро ба Исо нишон медиҳанд (Яъқ. 2:18).
ҲОЛО ВАҚТИ СОДИҚ БУДАН АСТ
16–18. Чӣ тавр мо ба бародарони Масеҳ содиқона кӯмак карда метавонем ва чаро аз худи ҳозир бояд ин тавр кунем?
16 Рӯз аз рӯз Шайтон ба бародарони тадҳиншудаи Масеҳ, ки ҳоло дар замин ҳастанд, бештар ҳамла оварда истодааст, зеро медонад, ки «вақташ кам мондааст» (Ваҳй 12:9, 12, 17). Ба муқобилати сахти Шайтон нигоҳ накарда, масеҳиёни тадҳиншуда кори мавъизаро далерона сарварӣ мекунанд ва ба туфайли ин одамони зиёд имконият пайдо мекунанд, ки ҳақиқати наҷотбахшро шунаванд. Бешакк, гуфтан мумкин аст, ки дар ин кор Исо бо онҳост (Мат. 28:20).
17 Масеҳиёни дигар имконияти ба тадҳиншудагон кӯмак карданро барои худ шараф меҳисобанд. Мо шодем, ки на танҳо ба воситаи мавъиза кӯмак карда метавонем, балки бо хайрияҳои ихтиёрӣ ва иштирок дар сохтани Толорҳои Салтанат ва биноҳои филиалҳо. Бо он ки мо ба пирони ҷамъомад итоат мекунем, мо нишон медиҳем, ки бо бародарони Масеҳ ҳамкорӣ карда истодаем, чунки пирони ҷамъомадро «ғуломи мӯътамад ва доно» таъин мекунад (Мат. 24:45–47; Ибр. 13:17).
18 Ба наздикӣ боқимондаи тадҳиншудагон мӯҳри охирини худро қабул хоҳанд кард. Баъд аз ин фариштагон бодҳои мусибати бузургро сар хоҳанд дод (Ваҳй 7:1–3). Пеш аз сар шудани Ҳармиҷидӯн тадҳиншудагон ба осмон гирифта мешаванд (Мат. 13:41–43). Барои ҳамин агар мо хоҳем, ки ҳангоми омадани Исо чун гӯсфандон ҳукм карда шавем, мо бояд аз худи ҳозир бародарони тадҳиншудаи Масеҳро содиқона дастгирӣ кунем.
a Муҳокимаи батафсили ин масалро дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 октябри соли 1995, мақолаҳои «Шумо чӣ тавр дар назди курсии доварӣ ҳозир мешавед?» ва «Гӯсфандон ва бузонро чӣ гуна оянда интизор аст?» дидан мумкин аст.