МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 14
Оё шумо хизмати худро пурра ба ҷо меоред?
«Мавъиза кардани хушхабарро давом деҳ ва хизмати худро пурра ба ҷо ор» (2 ТИМ. 4:5).
СУРУДИ 142 Ба ҳама одамон мавъиза мекунем
ПЕШГУФТОРa
1. Ҳамаи хизматгорони Худо чӣ кор кардан мехоҳанд ва чаро? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
ИСОИ МАСЕҲ ба пайравонаш амр дод, ки рафта «аз байни тамоми халқҳо... шогирд тайёр» кунанд (Мат. 28:19). Ҳамаи хизматгорони содиқи Яҳува донистан мехоҳанд, ки чӣ тавр «хизмати худро пурра ба ҷо» оранд (2 Тим. 4:5). Охир, ин супориш аз ҳамаи дигар корҳо дида муҳимтар, арзандатар ва таъҷилӣ аст. Лекин вақти зиёдтарро ба хизмати Худо бахшидан шояд бароямон осон набошад.
2. Мо бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем?
2 Боз дигар корҳои муҳиме ҳастанд, ки вақту қуввати моро мегиранд. Масалан, шояд мо ҳар рӯз соатҳои зиёд кор мекунем, то оила ва худамонро таъмин кунем. Ё шояд дар оила душворие дорем, худамон ё касе аз наздиконамон касал ё депрессия аст, ё аз сабаби пиронсолӣ азоб мекашем. Чӣ тавр мо метавонем ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда ба Яҳува пурра хизмат кунем?
3. Аз суханони Исо, ки дар Матто 13:23 навишта шудааст, мо чиро мефаҳмем?
3 Агар мо аз сабаби вазъу шароитамон ба Яҳува бисёр хизмат карда натавонем, набояд рӯҳафтода шавем. Зеро Исо медонист, ки ҳамаи мо як хел самар оварда наметавонем. (Матто 13:23-ро хонед.) Вақте мо дар хизмат ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, бешубҳа, Яҳува инро қадр мекунад (Ибр. 6:10–12). Вале шояд мо ҳис кунем, ки барои бисёртар хизмат кардан имконият дорем. Дар ин мақола дида мебароем, ки чӣ тавр хизматро дар ҷойи аввал гузорем, ҳаётамонро одӣ гардонем ва маҳорати мавъизакуниву таълимдиҳии худро беҳтар кунем. Лекин биёед дар аввал мебинем, ки ба Яҳува пурра хизмат кардан чӣ маъно дорад.
4. Ба Яҳува пурра хизмат кардан чӣ маъно дорад?
4 Ба Яҳува пурра хизмат кардан маънои онро дорад, ки мо бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро карда бисёртар хизмат кунем. Вале на танҳо миқдори вақт, балки аз кадом ният хизмат карданамон ба Яҳува муҳимтар аст. Мо дар хизматb аз таҳти дил иштирок мекунем, чунки Яҳува ва одамонро дӯст медорем (Марқ. 12:30, 31; Қӯл. 3:23). Аз таҳти дил хизмат кардан бошад, маънои онро дорад, ки мо қуввату қобилиятамонро баҳри кори Яҳува ба таври беҳтарин истифода мебарем. Агар супориши Яҳуваро шараф ҳисобем, мо саъю кӯшиш мекунем, ки ба шумораи ҳар чӣ бештари одамон хушхабарро расонем.
5, 6. Чӣ тавр шахсе, ки вақти кам дорад метавонад хизматро дар ҷойи аввали ҳаёташ монад? Бо мисол фаҳмонед.
5 Ҷавонеро тасаввур кунед, ки навохтани гитараро беҳад дӯст медорад. Ин машғулият ҷону дилаш аст ва аз ин ӯ ҳаловат мебарад. Дар рӯзҳои истироҳат вай дар як қаҳвахона гитара навохта пул кор мекунад. Вале даромади ӯ ба хароҷоташ намерасад. Аз ин рӯ вай ба як мағозаи хӯрокворӣ чун кассир ба кор медарояд, ки бояд аз рӯзи душанбе то ҷумъа кор кунад. Ӯ бо кори мағоза банд бошад ҳам, ҳушу ёдаш дар олами мусиқӣ аст. Вай сахт мехоҳад, ки маҳораташро дар навохтани гитара сайқал дода дар оянда фақат бо ин кор машғул шавад. Барои ҳамин дар ҳар фурсати муносиб камакак ҳам бошад, ӯ гитара менавозад.
6 Ба ин монанд, мо низ шояд вақти зиёди худро дар кори мавъиза сарф карда натавонем. Вале ин корест, ки мо аз карданаш хурсандӣ мегирем. Мо ҳам кӯшиш мекунем, ки қобилияти таълимдиҳиамонро беҳтар кунем, то ҳангоми мавъиза дили одамонро ба даст орем. Лекин нигоҳ накарда ба серкориамон чӣ тавр кори мавъизаро дар ҷойи аввали ҳаётамон монда метавонем?
ЧӢ ТАВР ХИЗМАТРО ДАР ҶОЙИ АВВАЛИ ҲАЁТАМОН МОНЕМ?
7. Исо ба хизмат чӣ хел муносибат мекард?
7 Исо ба мо намунаи ибрат аст, чунки хизмати Худо барояш кори аз ҳама муҳим буд (Юҳ. 4:34, 35). Ӯ садҳо километр роҳро пиёда гашта ба одамони бисёр мавъиза мекард. Вай ҳангоми ба хонаи касе рафтан ё умуман дар куҷое ки одамонро медид, бо онҳо сӯҳбат мекард. Хулоса, барои Исо хизмат ба Худо дар якум ҷо меистод.
8. Чӣ тавр мо ба хизмат мисли Исо муносибат карда метавонем?
8 Мо ҳам ба Исо пайравӣ карда, имконият меҷӯем, то ба одамон дар ҳар вақту дар ҳар ҷо хушхабарро расонем. Мо тайёрем аз баҳри роҳати худ гузашта ба одамон мавъиза кунем (Марқ. 6:31–34; 1 Пет. 2:21). Баъзеҳо имконият доранд, ки чун пешрави махсус, доимӣ ё пешрави ёвар хизмат кунанд. Дигарон бошанд, ба ҷойе кӯчиданд, ки воизон каманд ё барои васеъ кардани хизмат ягон забонро омӯхтанд. Лекин дар асл, кори мавъиза асосан аз ҳисоби воизони одие пеш рафта истодааст, ки чени қувваташон фаъолона хизмат мекунанд. Хоҳ мо бисёр хизмат кунем, хоҳ кам Яҳува аз қувватамон берун чизеро талаб намекунад. Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи мо аз расондани «хушхабари пурҷалоли Худои хушбахт» хурсандӣ гирем (1 Тим. 1:11; Такр. Ш. 30:11).
9. а) Ҳарчанд Павлус барои таъмин кардани худаш бояд кор мекард, чӣ тавр ӯ хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал мемонд? б) Чӣ тавр Аъмол 28:16, 30, 31 муносибати Павлусро нисбати хизмат нишон медиҳад?
9 Павлуси расул ҳам барои мо намуна мебошад, чунки кори мавъиза дар ҳаёти ӯ дар ҷойи аввал меистод. Дар Қӯринт ҳангоми сафари дуюми миссионериаш ӯ аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашид, барои ҳамин муддате бо хаймадӯзӣ машғул шуд. Лекин хаймадӯзӣ барояш кори муҳимтарин набуд. Чунки ӯ бо ин роҳ худро таъмин мекард, то ба қӯринтиён «бепул» хушхабарро расонда тавонад (2 Қӯр. 11:7). Ҳарчанд Павлус барои худашро таъмин кардан бояд кор мекард, барояш хизмат чизи асосӣ буд ва ӯ ҳар рӯзи шанбе мавъиза мекард. Вақте шароиташ беҳтар шуд, вай бештар ба хизмат диққаташро равона кард. Ӯ «ба пуррагӣ машғули мавъизаи калом шуд ва ба яҳудиён шаҳодат дода, исбот мекард, ки Исо Масеҳ аст» (Аъм. 18:3–5; 2 Қӯр. 11:9). Баъдтар, вақте Павлус ду сол дар Рум дар ҳабси хонагӣ буд, ӯ ба касоне, ки ба аёдаташ меомаданд, мавъиза мекард ва номаҳо менавишт. (Аъмол 28:16, 30, 31-ро хонед.) Павлус ҳеҷ гоҳ роҳ намедод, ки чизе ӯро аз хизмат боздорад. Ӯ навишт: «Мо, ки... чунин хизматро соҳиб ҳастем, рӯҳафтода намешавем» (2 Қӯр. 4:1). Ба монанди Павлус, ҳатто агар соатҳои дароз кор кунем ҳам, мо низ кори Яҳуваро дар ҷойи аввали ҳаётамон монда метавонем.
10, 11. Агар саломатии мо нағз набошад ҳам, чӣ тавр мо ба Яҳува пурра хизмат карда метавонем?
10 Ҳатто агар мо аз сабаби саломатии бад ё пиронсолӣ хона ба хона хизмат карда натавонем ҳам, иштирок дар дигар намудҳои хизмат ба мо хурсандӣ меорад. Масеҳиёни асри як аз ҳар фурсат истифода бурда дар ҳама ҷо ба одамон дар бораи ҳақиқат гап мезаданд. Онҳо хона ба хона, дар ҷойҳои серодам ва ғайрирасмӣ бо касе ки рӯ ба рӯ нашаванд, мавъиза мекарданд (Аъм. 17:17; 20:20). Агар мо бисёр роҳ гашта натавонем, дар ягон ҷойи одамгузар шишта ба роҳгузарон мавъиза карда метавонем. Ё ба таври ғайрирасмӣ, бо навиштани нома ва бо телефон мавъиза кардан мумкин аст. Аксари воизоне, ки дар минтақа бисёр гашта наметавонанд, бо чунин роҳҳо хизмат карда хурсандӣ мегиранд.
11 Новобаста аз беморӣ ё пирӣ шумо метавонед ба Яҳува пурра хизмат кунед. Биёед боз мисоли Павлусро дида бароем. Ӯ гуфт: «Бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиро паси сар карда метавонам» (Флп. 4:13). Боре ӯ дар як сафари миссионериаш касал шуда беҳолу бемадор шуд. Лекин ӯ ба ғалотиён чунин гуфт: «Маҳз аз сабаби бемориам ман бори аввал имконият доштам, ки хушхабарро ба шумо расонам» (Ғал. 4:13). Ба ин монанд, вақте шумо бемор мешавед, барои ба баъзеҳо хушхабарро расондан имконият пайдо мекунед, масалан, ба духтурон, ҳамшираҳо ва ба дигарон. Чунки бисёре аз ин одамон ҳангоми хона ба хона мавъиза кардани воизон дар ҷойи коранд.
ЧӢ ТАВР ҲАЁТАМОНРО ОДӢ ГАРДОНЕМ?
12. Суханони дар Матто 6:22 гуфтаи Исо чӣ маъно доранд?
12 Исо гуфт: «Чароғи бадан чашм аст. Пас, агар чашмат танҳо ба як чиз равона шуда бошад, тамоми баданат равшан хоҳад буд» (Мат. 6:22). Ӯ бо ин чӣ гуфтанӣ буд? Ӯ гуфтанӣ буд, ки мо бояд ҳаёти худро одӣ гардонем, яъне диққати худро ба як мақсад равона кунем, то чизе ҳуши моро парешон насозад. Худи Исо низ аз рӯйи ин маслиҳаташ зиндагӣ мекард. Ӯ ба шогирдонаш таълим медод, ки диққати худро танҳо ба хизмати Яҳува ва Подшоҳии Ӯ равона кунанд. Агар мо кори мавъизаро аз ҳама муҳим шуморида «аввал Подшоҳии Худоро» ҷӯем ва «он чиро ки дар назари Худо дуруст аст» ба ҷо орем, бо ин ба Исо пайравӣ мекунем (Мат. 6:33).
13. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки диққати худро ба хизмат равона кунем?
13 Барои диққатро ба хизмат равона намудан, мо набояд бо корҳои на он қадар зарур банд бошем. Бо ин роҳ мо метавонем вақти зиёди худро барои кӯмак ба дигарон сарф кунем, то онҳо дар бораи Яҳува дониш гирифта Ӯро дӯст дорандc. Масалан, оё мо соатҳои кории худро камтар карда метавонем, то дар давоми ҳафта бештар дар кори мавъиза иштирок кунем? Оё мо метавонем аз баъзе вақтхушиҳое, ки вақти зиёдамонро мегиранд, даст кашем?
14. Як ҷуфти ҳамсарон барои бисёртар хизмат кардан чӣ кор карданд?
14 Биёед мисоли пири ҷамъомад Элиас ва занашро дида бароем. Ӯ мегӯяд: «Мо мехостем бисёртар хизмат кунем, лекин якбора пешрав шуда наметавонистем. Вале мо имконият доштем, ки ҳаётамонро одитар гардонем. Инро мо аз корҳои хурд сар кардем, то вақти худро ба хизмати Яҳува бештар бахшем. Масалан, аз хароҷотҳои беҳуда ва аз вақтхушиҳое, ки вақти зиёди моро медуздиданд, даст кашидем. Инчунин ману занам аз сардори корхонаи худ илтимос кардем, ки соати кории моро камтар кунад. Дар натиҷа мо тавонистем, ки бегоҳиҳо дар хизмат иштирок кунем, бо одамони бештар омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронем ва ҳатто дар як моҳ ду бор рӯзона байни ҳафта хизмат кунем. Ин дар ҳақиқат хурсандиовар буд!»
ЧӢ ТАВР ДАР МАВЪИЗАКУНӢ ВА ТАЪЛИМДИҲӢ МОҲИР ШАВЕМ?
15, 16. Мувофиқи 1 Тимотиюс 4:13, 15 чун воиз чӣ тавр мо маҳорати худро дар хизмат беҳтар гардонда метавонем? (Ба чорчӯбаи «Мақсадҳое, ки барои пурра хизмат кардан кӯмак мекунанд» нигаред.)
15 Дигар роҳи пурра хизмат кардан — ин маҳорати мавъизакунии худро беҳтар намудан аст. Аз баъзе коргарони давлат талаб карда мешавад, ки доимо таълими иловагӣ гиранд, то ихтисоси худро такмил диҳанд. Ин мисол ба воизон ҳам мувофиқ аст. Мо ҳам доимо дар хизмат маҳорати худро бояд беҳтар карда истем. (Мас. 1:5; 1 Тимотиюс 4:13, 15-ро хонед.)
16 Хӯш, чӣ тавр мо минбаъд ҳам дар хизмат пешравӣ карда метавонем? Агар мо ба дастуроте, ки дар вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» дода мешавад, бодиққат бошем. Маслиҳатҳои пурарзиши ин вохӯрӣ ба мо ёрдам мекунанд, ки дар хизмат маҳорати худро беҳтар гардонем. Масалан, вақте бародар ба иҷрокунандагони супориш маслиҳат медиҳад, мо низ аз он манфиат гирифта метавонем. Дафъаи оянда, ҳангоми мавъиза метавонем он маслиҳатҳоро ба кор барем. Инчунин, мо метавонем аз нозири гурӯҳи хизматӣ кӯмак пурсем, бо худи ӯ ё бо ягон воизи ботаҷриба, пешрав ё нозири ноҳиявӣ ба хизмат равем. Агар мо моҳирона истифода бурдани ҳар як маводи таълимдиҳиро ёд гирем, он гоҳ аз хизмат хурсандӣ мегирем ва дигаронро хубтар таълим медиҳем.
17. Пурра ба ҷо овардани хизмати Худо ба шумо чӣ баракатҳо меорад?
17 Яҳува моро шарафманд гардондааст, ки ҳамкори Ӯ бошем! (1 Қӯр. 3:9). Вақте шумо мефаҳмед, ки «кадом чизҳо муҳимтаранд» ва диққати худро ба хизмат равона мекунед, ана он вақт «Худовандро бо шодӣ ибодат» менамоед (Флп. 1:10; Заб. 99:2). Чун хизматгори Худо боварӣ дошта бошед, ки Ӯ ба шумо қувват медиҳад, то ба душвориҳоятон нигоҳ накарда хизмати Ӯро пурра ба ҷо оред (2 Қӯр. 4:1, 7; 6:4). Новобаста аз он ки шумо кам мавъиза мекунед ё бисёр, аз таҳти дил хизмат карда шумо «аз корҳои худ хурсандӣ» мегиред (Ғал. 6:4). Агар шумо хизмати худро пурра ба ҷо оред, бо ин муҳаббати худро нисбати Яҳува ва одамон нишон медиҳед. Ҳамчунин «бо ин роҳ ҳам худат[он]ро наҷот» медиҳед, ҳам шунавандагонатонро (1 Тим. 4:16).
СУРУДИ 47 Хушхабарро мавъиза менамоем
a Исо ба мо амр дод, ки хушхабари Подшоҳиро ба одамон мавъиза кунем ва шогирд созем. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр нигоҳ накарда ба душвориҳоямон ба Яҳува пурра хизмат карда метавонем. Ҳамчунин дида мебароем, ки бо кадом роҳҳо хизмати худро самаранок гардонда аз он хурсандӣ гирем.
b МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Хизмати мо ба Яҳува — мавъиза кардан, таълим додан, дар сохтмону нигоҳбини ҷойҳои ибодат ва филиалҳо иштирок намудан, ҳамчунин ҳангоми офатҳои табиӣ ёрӣ доданро дар бар мегирад (2 Қӯр. 5:18, 19; 8:4).
c Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз июли с. 2016, саҳ. 10, чорчӯбаи «Тарзи одӣ кардани ҳаёт» оиди ҳафт роҳ гуфта шудааст.
d ШАРҲИ РАСМҲО: Хоҳаре дар вохӯрии байниҳафта тарзи боздид карданро намоиш медиҳад. Сипас ӯ маслиҳати бародарро гӯш карда дар дафтари вохӯриаш қайдҳо мекунад. Баъдтар, дар охири ҳафта ӯ он маслиҳатҳоро дар хизмат ба кор мебарад.