«Рӯҳи пурҳарорат дошта бошед»
1. Дар хидматамон чӣ бояд зоҳир гардад?
1 Дар ҳар намуди хидмат мо бояд ҷидду ҷаҳд намоем. Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки рӯҳи пурҳарорат дошта бошем ва «Худовандро бандагӣ» намоем (Рум. 12:11). Лекин аз бисёр сабабҳо ҷидду ҷаҳди мо дар хидмат суст шуда метавонад. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки ҷидду ҷаҳди худро авҷ гиронем ва бо рӯҳбаландӣ дар кори Салтанат иштирок намоем? (2 Тим. 1:6, 7).
2. Омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ гуна бо хидмати боғайратамон вобаста аст?
2 Омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас. Дар мавъизаи Салтанат шахсе комёб мегардад, ки қонуни Худоро дӯст медорад ва ҳақиқати Китоби Муқаддасро хеле қадр мекунад (Заб. 118:97). Ганҷҳои рӯҳоние, ки мо дар вақти омӯзиши шахсӣ меёбем ба диламон сахт таъсир мекунанд ва ҷидду ҷаҳдамонро зиёд мегардонанд. Муҳаббат ба Худо, ки ҳақиқати бебаҳоро бароямон мекушояд ва хоҳиши сахти ба одамон мавъиза кардан, моро бармеангезад, ки Худоро ҳамду сано гӯем ва исми Ӯро ба ҳама эълон намоем (Ибр. 13:15). Мо минатдории амиқи худро ба ҳақиқати бебаҳо он вақт нишон медиҳем, ки агар бо тамоми кӯшишу ғайрат хушхабарро мавъиза кунем.
3. Рӯҳулқудси Худо ба хидмати мо чӣ гуна таъсир мекунад?
3 Дар бораи рӯҳулқудс дуо гӯед. Ин ҷидду ҷаҳд ва комёбии мо дар хидмат на бо кӯшишу ғайрати худи мо ба даст оварда мешавад, балки натиҷаи таъсири ҳамешагии рӯҳулқудси Худо мебошад (1 Пет. 4:11). Ба Яҳува — сарчашмаи «бузургии қувват» наздик шуда, мо рӯҳан қувват мегирем, то ки далерона шаҳодат диҳем (Иш. 40:26, 29–31). Павлуси расул бо ёрии Худо ҳар гуна мушкилиҳоро дар хидмат бартараф намуд (Аъм. 26:21, 22). Бо рӯҳулқудси Худо мустаҳкам шуда, мо дар хидмат саъю кӯшиш хоҳем кард. Барои ҳамин, мо бояд оиди рӯҳулқудс дуо гӯем (Луқ. 11:9–13).
4. Ҷидду ҷаҳд чӣ гуна самар меорад, аммо аз чӣ бояд эҳтиёт шуд?
4 Ҷидду ҷаҳди пурҳарорат дар кори Салтанат дар байни ходимони Худо саъю кӯшиши бештарро бедор мекунад (2 Қӯр. 9:2). Вақте ки одамон ҷидду ҷаҳд ва боварии моро мебинанд, онҳо хушхабарро хубтар гӯш мекунанд. Лекин ҷидду ҷаҳд ҳамеша бояд боодобона ва фурӯтанона бошад (Тит. 3:2). Мо ҳама вақт қадру қиммати одамон ва ҳуқуқи онҳоро дар озодии интихоб ҳурмат мекунем.
5. Мо бояд аз рӯи кадом маслиҳати илҳомбахшидаи Худо амал кунем?
5 Чун воизони Салтанат мо бояд «рӯҳи пурҳарорат» дошта бошем. Биёед ба воситаи омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас ва дуои самимӣ ба Яҳува, ки диҳандаи рӯҳулқудс — қувваи ҳаракатдиҳанда мебошад, ҷидду ҷаҳдамонро дар хидмат зиёд гардонем. Ба шарофати ин, мо хидматамонро «дар Рӯҳулқудс ва дар эътимоди бузург» бо ҷидду ҷаҳд иҷро карда метавонем (1 Тас. 1:5).