МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 39
Вақте шахси наздикамон аз ҳақиқат меравад
«Чандин бор... ӯро... ғамгин карданд!» (ЗАБ. 78:40).
СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ намоед
ПЕШГУФТОРa
1. Вақте шахси наздики касе аз ҷамоат хориҷ мешавад, ӯ чӣ ҳис мекунад?
ОЁ ЯГОН каси наздикатон аз ҷамоат хориҷ шудааст? Ин дили шахсро реш-реш мекунад. Холидаb ном хоҳарамон чунин мегӯяд: «Вақте баъди 41 соли оиладориамон шавҳарам аз олам гузашт, аҳволам хеле бад шуд. Вале вақте писарам ҷамоат, зану кӯдаконашро тарк кард, дунё дар назарам торик гашт».
2, 3. Мувофиқи Забур 78:40, 41, вақте ки хизматгоронаш Яҳуваро тарк мекунанд, ӯ чӣ ҳис мекунад?
2 Тасаввур кунед, вақте фариштаҳое, ки аъзои оилаи Яҳува буданд, аз ӯ рӯ тофтанд, то чӣ андоза Яҳува дилшикаста гашт (Яҳд. 6). Ҳамчунин вақте халқи азизи Яҳува, Исроил, гаштаю баргашта бар зидди ӯ мебаромад, ин барояш чӣ қадар дардовар буд. (Забур 78:40, 41-ро хонед.) Дилпур бошед, вақте шахси наздикамон Падари меҳрубони осмониамонро тарк мекунад, ӯ низ дард ҳис мекунад. Ӯ азоберо, ки шумо аз сар мегузаронед, мефаҳмад. Барои ҳамин бо ҳамдардӣ ӯ шуморо рӯҳбаланд ва дастгирӣ мекунад.
3 Аз ин мақола мефаҳмем, ки агар мо дар чунин ҳолат қарор дошта бошем, чӣ тавр ёрдами Яҳуваро қабул карда метавонем ва агар дар ҷамоат ягон кас чунин душворӣ дошта бошад, ба ӯ чӣ тавр ёрӣ диҳем. Лекин аввал биёед фаҳмем, ки аз кадом фикрронии нодуруст мо бояд дурӣ ҷӯем.
ХУДРО АЙБДОР НАКУНЕД
4. Бисёри волидонеро, ки писар ё духтарашон аз ҳақиқат рафтанд, чӣ гуна ҳиссиёт азоб медиҳад?
4 Вақте духтар ё писар Яҳуваро тарк мекунад, падар ё модар бисёр вақт фикр мекунанд, ки барои дар роҳи ҳақиқат мондани фарзандашон бояд бисёртар кӯшиш мекарданд. Вақте писари бародар Лук аз ҷамоат хориҷ шуд, ӯ чунин ҳиссиёт дошт: «Ман худро айбдор мекардам ва ҳатто хобҳои безеб медидам. Баъзан гиря мекардам ва дилам дард мекард». Хоҳарамон Элизабетро, ки писари ӯ низ хориҷ шуда буд, чунин фикрҳо ғам медоданд: «Дар вақташ ба кадом хато роҳ дода бошам? Шояд меҳри Яҳуваро дар дили писарам ҷо накардам, ки ин хел шуд».
5. Агар шахс ҳақиқатро тарк кунад, ин айби кист?
5 Мо бояд дар ёд дорем, ки Яҳува ихтиёрро ба дасти худамон супоридааст. Ин маънои онро дорад, ки ба ӯ итоат кардан ё накарданро мо худамон интихоб карда метавонем. Волидони баъзе кӯдакон барои онҳо намунаи хуб набуданд, вале онҳо хизмати Яҳуваро интихоб намуданд ва ба ӯ содиқ монданд. Дигаронро бошад, волидонашон мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас хеле хуб тарбия карданд, лекин онҳо ба воя расида, ҳақиқатро тарк намуданд. Хулоса, ба Яҳува хизмат карданро ҳар як кас худаш интихоб мекунад (Юшаъ 24:15). Волидони азиз, агар шумо аз сабаби ҳақиқатро тарк кардани фарзандатон дилшикаста бошед, фикр накунед, ки ин айби шумост.
6. Вақте падар ё модаре Яҳуваро тарк мекунад, ин ба фарзандонашон чӣ хел таъсир мекунад?
6 Баъзан ҳамин хел мешавад, ки падар ё модаре ҳақиқатро, ҳатто оилаашро тарк мекунад (Заб. 27:10). Ин ба фарзандон аламовар буда метавонад, чунки волидон барои онҳо бояд намуна бошанд. Эстер, ки падараш аз ҷамоат хориҷ шуда буд, мегӯяд: «Ман тез-тез гиря мекардам, чунки дарк мекардам, ки падарам оҳиста-оҳиста суст нашуд, ӯ дидаву дониста Яҳуваро тарк кард. Ман падарамро дӯст медорам, барои ҳамин, вақте ӯ аз ҷамоат хориҷ шуд, доимо ғам мехӯрдам, ки ӯ чӣ ҳол дорад ва ҳатто фикрҳои воҳиманок маро пахш мекард».
7. Яҳува нисбати ҷавоне, ки падар ё модараш хориҷ шудааст, чӣ ҳис мекунад?
7 Ҷавонони азиз, агар яке аз волидони шумо хориҷ шуда бошанд, мо дарди шуморо ҳис мекунем. Дилпур бошед, ки Яҳува чӣ қадар азоб кашидани шуморо мефаҳмад. Ӯ шуморо дӯст медорад ва қадр мекунад, зеро шумо содиқона ба ӯ хизмат карданро давом медиҳед. Мо — бародару хоҳарони шумо, низ аз ин хурсандем. Ҳамчунин дар ёд доред, шумо ба қарорҳои волидонатон ҷавобгар нестед. Чи хеле ки пеш гуфтем, Яҳува интихобро дар ихтиёри ҳар як инсон мондааст. Ҳар касе, ки худро ба Худо бахшида таъмид мегирад, «бори масъулияти худро мебардорад» (Ғал. 6:5, эзоҳ).
8. То ба назди Яҳува баргаштани шахси наздикашон аъзои оилаи ӯ чӣ кор карда метавонад? (Инчунин ба чорчӯбаи «Ба назди Яҳува баргардед» нигаред.)
8 Вақте шахси наздикатон Яҳуваро тарк мекунад, шояд шумо умед мекашед, ки як рӯз не, як рӯз ӯ ба назди Яҳува бармегардад. То он вақт шумо чӣ кор карда метавонед? Ҳама кори аз дастатон меомадаро карда, имонатонро мустаҳкам нигоҳ доред, чунки бо ин роҳ шумо ба дигар аъзои оилаатон ва ҳатто ба шахсе, ки хориҷ шуда буд, намунаи хуб мегузоред. Ҳамчунин ин ба шумо қувват мебахшад, ки бо зиқии худ мубориза баред. Биёед баъзе қадамҳоеро дида бароем, ки имони шуморо мустаҳкам мекунанд.
БАРОИ МУСТАҲКАМ НИГОҲ ДОШТАНИ ИМОНИ ХУД ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНЕД?
9. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки имонамонро ба Яҳува мустаҳкам нигоҳ дорем? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи «Оятҳои тасаллибахш барои касоне, ки шахси наздикашон аз ҳақиқат рафтааст» нигаред.)
9 Мунтазам бо корҳои рӯҳонӣ машғул бошед. Хеле муҳим аст, ки минбаъд низ худ ва аъзои оилаатонро аз ҷиҳати рӯҳонӣ мустаҳкам кунед. Чӣ тавр ин корро кардан мумкин аст? Нақшаи хониши Каломи Худоро нигоҳ доред ва дар бораи чизи хондаатон мулоҳиза ронед. Ҳамчунин дар вохӯриҳо мунтазам иштирок кунед, чунки бо ин роҳҳо аз Яҳува қувват мегиред. Ҷонона, ки падар ва хоҳараш аз ҳақиқат рафтаанд, мегӯяд: «Вақте ман дар бораи қаҳрамонони Китоби Муқаддас, ба мисли Абиҷайл, Эстер, Айюб, Юсуф ва Исо, мехонам, бисёртар тасаллӣ меёбам. Мисоли онҳо маро рӯҳбаланд мекунанд ва ба ман ёрӣ медиҳанд, ки некбинтар бошам. Ҳамчунин таронаҳоямон ба ман далерӣ мебахшанд».
10. Чӣ хел Забур 32:6–8 ба мо кумак мекунад, ки рӯзҳои сахтро паси сар кунем?
10 Дили худро ба Яҳува холӣ кунед. Ҳангоми зиқиву рӯҳафтодагӣ ба ӯ дуо гуфтанро бас накунед. Аз Худои меҳрубонамон илтиҷо кунед, то ӯ ба шумо кумак кунад, ки ба вазъият бо чашми ӯ нигаред, чунки Яҳува ба шумо мегӯяд: «Туро ақлу фаҳм мебахшам ва ба роҳе, ки бояд биравӣ, ҳидоят мекунам». (Забур 32:6–8-ро хонед.) Албатта, ба Яҳува дар бораи ранҷу азоби худ нақл кардан шояд ба шумо дардовар бошад. Вале Яҳува пурра аз захми дили шумо огаҳ аст. Ӯ шуморо бениҳоят дӯст медорад ва даъват мекунад, ки ба ӯ дилатонро холӣ кунед (2 Мӯсо 34:6; Заб. 62:7, 8).
11. Мувофиқи Ибриён 12:11 чаро мо ба тарбияи беҳтарини Яҳува бояд бовар кунем? (Инчунин ба чорчӯбаи «Аз ҷамоат хориҷ кардан тарбияи Худои меҳрубонамон мебошад» нигаред.)
11 Қарори пиронро дастгирӣ кунед. Аз ҷамоат хориҷ кардан яке аз талаботи Яҳува мебошад. Аз рӯйи муҳаббат чунин ислоҳ кардани Яҳува ба ҳар яки мо, аз он ҷумла ба шахси гуноҳкор, ёрдами беҳтарин аст. (Ибриён 12:11-ро хонед.) Шояд баъзеҳо дар ҷамоат дар бобати қарори пирон норозигӣ баён кунанд, вале дар хотир дошта бошед, ки чунин суханони танқидомез аз касоне сар зада метавонад, ки дар бораи шахси гуноҳкарда ҳама чизро намегӯянд. Азбаски мо тамоми паҳлуҳои вазъиятро намедонем, хубаш ба қарори пирон бовар кунем. Онҳо бисёр кӯшиш мекунанд, то аз рӯйи принсипҳои Калом ин корро ҳал намоянд ва «барои Яҳува доварӣ» кунанд (2 Воқ. 19:6).
12. Дастгирӣ кардани чораҳои ислоҳкунии Яҳува чӣ натиҷаи хуб овард?
12 Агар шумо қарори пиронро дар бораи хориҷ кардани шахси наздикатон дастгирӣ кунед, эҳтимол, ба ӯ ёрдам медиҳед, ки ба назди Яҳува баргардад. Элизабет, ки суханонашро дар боло овардем, мегӯяд: «Вақте мо бо писарамон алоқаро пурра кандем, ин беҳад бароямон душвор буд. Лекин баъди барқарор шуданаш писарамон тан гирифт, ки хориҷ кардани ӯ қарори дуруст буд. Баъдтар ӯ гуфт, ки бисёр дарсҳои хубро ёд гирифт. Аз ин ман фаҳмидам, ки қарорҳои Яҳува ҳамеша дурустанд». Шавҳараш, Марк, илова мекунад: «Хеле пас писарам ба ман гуфт, ки ӯ боз барои он ба ҷамоат баргаштан мехост, чунки мо бо ӯ тамоман гап намезадем. Ман аз Яҳува хеле миннатдорам, зеро ӯ ба мо ёрдам дод, ки итоаткор бошем».
13. Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки бар ҳиссиёти дардовари худ ғолиб оед?
13 Ба дӯстоне, ки ҳиссиёти шуморо мефаҳманд, дарди дил кунед. Муошират бо масеҳиёни баркамол ба шумо кумак мекунад, ки умедатонро гум накунед (Пнм. 12:25; 17:17). Ҷонона, ки дар борааш гуфтем, мегӯяд: «Ман дар кунҷи дилам худро танҳо ҳис мекардам. Вале муошират бо дӯстони боваринок ба ман ёрдам кард, ки он рӯзҳоро паси сар кунам». Лекин, агар касе дар ҷамоат суханоне гӯяд, ки ба шумо сахт мерасанд, бояд чӣ кор кунед?
14. Чаро агар мо «барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта» бошем ҳам, бояд «якдигарро аз таҳти дил» бахшем?
14 Бо бародару хоҳаронатон пурсабр бошед. Мо аз ҳама интизор намешавем, ки ҳамеша ба мо суханони дуруст гӯянд (Яъқ. 3:2). Ҳамаи мо нокомилем, барои ҳамин агар касе чӣ гуфтанашро надонад ё ҳатто фикр накарда чизеро гӯяд, ки ба мо сахт мерасад, мо набояд ҳайрон шавем. Маслиҳати Павлуси расулро дар ёд доред, ки гуфта буд: «Ҳатто агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад, бо якдигар пурсабр бошед ва якдигарро аз таҳти дил бахшед» (Қӯл. 3:13). Хоҳаре, ки хешаш хориҷ шуда буд, мегӯяд: «Яҳува ба ман ёрдам дод, ки бародаронеро, ки рӯҳбаланд кардан мехостанду вале суханонашон ба ман сахт расид, бахшам». Чӣ тавр бародарону хоҳарон ба аъзои оилаи шахси хориҷшуда ёрдам дода метавонанд?
ЁРДАМИ ҶАМОАТ
15. Мо аъзои оилаи шахсеро, ки ба наздикӣ хориҷ шудааст, чӣ тавр дастгирӣ карда метавонем?
15 Бо аъзои оилаи шахси хориҷшуда, ки содиқона ба Яҳува хизмат мекунанд, меҳрубон бошед. Марям ном хоҳаре мегӯяд, ки вақте бародари ӯ аз ҷамоат хориҷ шуд, ӯ хавотир буд, ки акнун чӣ хел ба ҷамъомад меравад. Марям мегӯяд: «Ман метарсидам, ки бародару хоҳарон чӣ мегуфта бошанд, вале бисёри онҳо ба ғами ман шарик буданд. Онҳо дар ҳаққи бародарам ягон сухани ноҷо намегуфтанд. Бо ёрдами бародару хоҳарон ман дар ин рӯзҳои танг худро танҳо ҳис намекардам». Хоҳари дигаре мегӯяд: «Вақте писарам хориҷ шуд, дӯстони азизам аз ҷамоат ба тасаллӣ додани ман меомаданд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки барои маро дилбардорӣ кардан чӣ гуфтанашонро намедонанд. Он вақт баъзеҳо бо ман гиря мекарданд, дигарон бошанд, номаҳои рӯҳбаландкунанда мефиристоданд. Онҳо ба ман хеле кумак карданд».
16. Чӣ хел бародару хоҳарон касонеро, ки хешу таборашон хориҷ шудаанд, минбаъд низ дастгирӣ карда метавонанд?
16 Минбаъд низ аъзои оилаи чунин шахсонро дастгирӣ кунед. Махсусан ҳозир онҳо ба муҳаббат ва рӯҳбаланд кардани шумо муҳтоҷанд (Ибр. 10:24, 25). Баъзан аъзои оилаи онҳое, ки хориҷ шудаанд, ҳис мекунанд, ки баъзеҳо дар ҷамоат бо онҳо дигар гап намезананд, гӯё, ки онҳо низ хориҷ шуда бошанд. Мо асло намехоҳем, ки онҳо худро чунин ҳис кунанд. Мо бояд ҷавононеро, ки волидонашон хизмати Яҳуваро бас карданд, таъриф ва рӯҳбаланд кунем. Мария, ки шавҳараш аз ҷамоат хориҷ шуда буд ва оилаашро низ партофта рафт, чунин мегӯяд: «Баъзе ҳамимононам ба хонаам омада хӯрок мепухтанд ва барои гузарондани омӯзиши оилавӣ ёрдам медоданд. Онҳо дарди маро ҳис карда бо ман гиря мекарданд. Вақте одамон дар бораи ман гапҳои ноҳақ мезаданд, онҳо маро тарафгирӣ мекарданд. Дӯстонам аз ҷамоат ба ман болу пар мебахшиданд!» (Рум. 12:13, 15).
17. Пирон чӣ хел рӯҳафтодагонро тасаллӣ дода метавонанд?
17 Пирон, ҳар як имкониятро истифода бурда аъзои оилаҳои шахсони хориҷшударо дастгирӣ кунед. Шумо вазифаи махсус доред, ки чунин шахсонро тасаллӣ диҳед (1 Тас. 5:14). Бо онҳо пеш аз ҷамъомад ва баъди он ҳамсуҳбат шуда, онҳоро рӯҳбаланд кунед. Ба хонаи онҳо равед ва якҷоя бо онҳо дуо гӯед. Бо онҳо дар хизмат ҳамкорӣ кунед ё баъзан онҳоро ба ибодати оилавиатон даъват намоед. Пирони ҷамоат бояд дар ҳаққи онҳое, ки рӯҳафтодаанд, ғамхорӣ кунанд, ба онҳо таваҷҷӯҳ намуда, ҳамдардӣ ва муҳаббат нишон диҳанд (1 Тас. 2:7, 8).
НОУМЕД НАШАВЕД ВА МИНБАЪД НИЗ БА ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕД!
18. Мувофиқи 2 Петрус 3:9 Худо аз онҳое, ки аз ӯ дур шуданд, чӣ интизор аст?
18 «Яҳува... нобуд шудани касеро намехоҳад. Хости ӯ ин аст, ки ҳама ба тавба рӯ оранд». (2 Петрус 3:9-ро хонед.) Ҳарчанд шахс шояд гуноҳи ҷиддӣ содир кардааст, ҳаёти ӯ то ҳол дар чашми Яҳува азиз аст. Дар ёд доред, ки Яҳува барои ҳар яки мо ҳаёти бебаҳои Писари азизашро қурбон кардааст. Яҳува бо муҳаббат ба касоне, ки аз ӯ дур шудаанд, ёрӣ медиҳад, то наздаш баргарданд. Ӯ умед дорад, ки онҳо мисли писаре, ки Исо мисол оварда буд, амал мекунанд (Луқ. 15:11–32). Бисёр касоне, ки ҳақиқатро тарк карда буданд, баъдтар ба назди Падари меҳрубони осмониашон баргаштанд. Ва бародару хоҳарон онҳоро бо хурсандӣ пешвоз гирифтанд. Элизабет, ки дар боло ном гирифта будем, ҳангоми барқарор шудани писараш ин гуна хурсандиро дид. Дар бораи гузашта фикр карда, ӯ мегӯяд: «Ман аз онҳое, ки намонданд, ки мо ноумед шавем аз замин то осмон миннатдорам».
19. Чаро мо ба Яҳува минбаъд низ такя карда метавонем?
19 Мо ҳамеша ба Яҳува такя карда метавонем. Маслиҳатҳои ӯ доимо бар манфиати моянд. Ӯ саховатманду бахшанда аст ва Падаре мебошад, ки ба ҳама дӯстдорону ибодаткунандагонаш муҳаббати чуқур дорад. Дилпур бошед, ки Яҳува шуморо ҳаргиз дар пастиву баландии зиндагӣ намепартояд (Ибр. 13:5, 6). Марк, ки дар борааш ёдовар шудем, мегӯяд: «Яҳува ҳеҷ вақт моро намепартофт. Дар вақти душвориҳо ӯ ҳамеша дар бари мо аст». Яҳува минбаъд низ ба шумо «қувваи барзиёд» медиҳад (2 Қӯр. 4:7). Ҳатто вақте ки шахси наздикатон Яҳуваро тарк мекунад, шумо метавонед содиқӣ ва умедатонро нигоҳ доред.
СУРУДИ 68 Дуои шахси рӯҳафтода
a Вақте шахси наздикамон аз ҳақиқат меравад, ин бароямон хеле аламовар аст. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки вақте ягон кас хориҷ мешавад Яҳува чӣ ҳис мекунад, аъзои он оила барои тасаллӣ ёфтану мустаҳкам нигоҳ доштани имонашон бояд чӣ кор кунанд. Ҳамчунин дида мебароем, ки чӣ тавр аҳли ҷамоат он оиларо тасаллӣ дода дастгирӣ карда метавонад.
b Дар ин мақола баъзе номҳо иваз шудаанд.
d ШАРҲИ РАСМ: Вақте бародар оилааш ва Яҳуваро партофт, зану фарзандонаш азоб кашиданд.
e ШАРҲИ РАСМ: Ду пир барои рӯҳбаланд кардани он оила омадаанд.