МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 28
Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст!
«Акнун қудрати бар ҷаҳон подшоҳӣ кардан дар дасти Худованди мову Масеҳи ӯст» (ОШКОР. 11:15).
СУРУДИ 16 Сӯи Салтанати Худо гурезед!
ПЕШГУФТОРa
1. Мо аз чӣ дилпурем ва чаро?
ВАЗЪИЯТИ имрӯзаро дида оё шумо ба оянда бо чашми умед менигаред? Муносибат байни аъзои оилаҳо торафт хунук шуда истодааст, одамон боз ҳам худбину бадҷаҳл гаштаанд, бисёриҳо ба ҳокимиятдорон дигар бовар намекунанд. Ҳамаи инро дида мо дилпур мешавем, ки ба наздикӣ вазъият беҳтар мегардад. Зеро рафтори одамони имрӯза гувоҳи он аст, ки пешгӯйӣ дар бораи «рӯзҳои охир» иҷро шуда истодааст (2 Тим. 3:1–5). Иҷрошавии ин пешгӯйӣ, ки ба ҳар як одами самимӣ аён аст, исбот мекунад, ки Исои Масеҳ чун Шоҳи Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст. Вале бояд гуфт, ки ин танҳо яке аз пешгӯйиҳо дар бораи Подшоҳии Худо аст. Баррасӣ кардани дигар пешгӯйиҳое, ки солҳои охир иҷро шуда истодаанд, имони моро қавӣ мегардонад.
2. Дар ин мақола чӣ баррасӣ мешавад ва чаро? (Расми муқоваи маҷалларо шарҳ диҳед.)
2 Дар ин мақола пешгӯйиеро дида мебароем, ки дар бораи 1) кай барпо шудани Подшоҳии Худо мебошад. Инчунин аз пешгӯйии дигаре мо мефаҳмем, ки 2) Исои Масеҳ аллакай дар осмон подшоҳӣ карда истодааст. Пешгӯйиҳои дигар нишон медиҳанд, ки 3) чӣ тавр душманони Худо нест мешаванд. Мо мебинем, ки ҳар яки ин пешгӯйиҳо мисли қисмҳои алоҳидаи мозаик ҳамоҳанганд ва нишон медиҳанд, ки мо дар кадом марҳилаи вақти таъйинкардаи Яҳува зиндагӣ дорем.
ПОДШОҲӢ КАЙ БАРПО ГАШТ?
3. Пешгӯйие, ки дар Дониёл 7:13, 14 дар бораи Шоҳи Подшоҳии Худо омадааст, аз кадом ҷиҳат моро дилпурӣ мебахшад?
3 Мувофиқи пешгӯйии Дониёл 7:13, 14 мо дилпурем, ки Исо беҳтарин Шоҳи Подшоҳии Худо мешавад. Одамони миллаташон гуногун бо дилу ҷон «ба ӯ хизмат» мекунанд. Баъд аз Исо дигар ҳеҷ кас Подшоҳ таъйин намешавад. Дар китоби Дониёл боз пешгӯйӣ шудааст, ки Исо дар охири ҳафт замон бар тахт менишинад. Оё муайян кардан мумкин аст, ки ин воқеаи хурсандиовар кай рӯй дод?
4. Чӣ тавр Дониёл 4:10–17 кумак мекунад, то фаҳмем, ки Исо кай Шоҳи Подшоҳии Худо шуд? (Ба поварақ нигаред.)
4 Дониёл 4:10–17-ро хонед. «Ҳафт замон» 2520 солро дар бар мегирад. Оғози ин замонҳо ба соли 607-уми то милод рост меояд, вақте бобилиён охирин подшоҳеро, ки дар Ерусалим бар тахти Яҳува нишаста буд, сарнагун карданд. Соли 1914-и милодӣ бошад, «ҳафт замон» ба анҷом расид. Он вақт Яҳува Исоро чун Шоҳи Подшоҳиаш таъйин намуд — касеро, ки «ба он ҳаққу ҳуқуқ дорад»b (Ҳиз. 21:25–27).
5. Пешгӯйӣ дар бораи «ҳафт замон» аз кадом ҷиҳат ба мо қувват мебахшад?
5 Чӣ тавр ин пешгӯйӣ моро рӯҳбаланд мегардонад? Пешгӯйӣ дар бораи «ҳафт замон» моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува ваъдаҳояшро дар вақташ иҷро мекунад. Чи хеле ӯ барои барпо гаштани Подшоҳиаш вақти муайянро таъйин карда буд, ҳамин тавр дигар пешгӯйиҳо дар вақти муайянкардаи Яҳува иҷро мешаванд. Бале, рӯзи Яҳува «ҳаргиз дер намекунад» (Ҳаб. 2:3).
ЧӢ ТАВР ФАҲМИДАН МУМКИН АСТ, КИ ИСО ДАР ОСМОН ПОДШОҲӢ МЕКУНАД?
6. а) Чӣ исбот мекунад, ки Исо дар осмон ҳукмронӣ карда истодааст? б) Чӣ тавр пешгӯйие, ки дар Ошкорсозӣ 6:2–8 омадааст, ин фикрро тасдиқ мекунад?
6 Қариб дар охири ҳаёти заминиаш Исо гуфт, ки дар ҷаҳон баъзе воқеаҳо рӯй медиҳанд. Пайравонаш аз рӯйи онҳо мефаҳманд, ки ӯ дар осмон ҳукмрониро сар кардааст. Масалан, Исо гуфт, ки ҷангҳо, қаҳтӣ ва заминҷунбиҳо мешаванд. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки «дар ҳама ҷо» вабоҳои оламгир ё худ бемориҳо паҳн мегарданд. COVID-19 имрӯз далели иҷрошавии суханони Исо аст. Рӯйдодҳои мазкур дар Китоби Муқаддас қисми «аломати ҳузури» Ҳазрат номида шудаанд (Мат. 24:3, 7; Луқ. 21:7, 10, 11). Зиёда аз 60 сол пас аз ба осмон рафтанаш Исо ба Юҳаннои расул гуфт, ки ин воқеаҳо ҳатман рӯй медиҳанд. (Ошкорсозӣ 6:2–8-ро хонед.) Ниҳоят аз соли 1914 сар карда пешгӯйиҳои Исо иҷро шуда истодаанд.
7. Чаро баъд аз Подшоҳ шудани Исо дар замин ин қадар корҳои бад рӯй медиҳанд?
7 Чаро, вақте Исо ба тахт нишаст, вазъияти ҷаҳон бадтар гашт? Дар ин хусус дар Ошкорсозӣ 6:2 маълумоти ҷолибе оварда шудааст. Дар он ҷо гуфта мешавад, ки Исо баъди Подшоҳ шудан ҷангро оғоз кард. Зидди кӣ? Зидди Шайтон ва девҳояш. Дар натиҷаи ин ҷанг мувофиқи Ошкорсозӣ боби 12 Шайтон мағлуб гашт ва ҳамроҳи девҳояш ба замин ронда шуд. «Вой бар ҳоли замин», зеро Шайтон ба ғазаб омаду қаҳрашро ба одамизод фурӯ рехт (Ошкор. 12:7–12).
8. Чӣ тавр иҷрошавии пешгӯйиҳо дар бораи Подшоҳии Худо ба мо рӯҳбаландӣ мебахшад?
8 Чӣ тавр ин пешгӯйиҳо моро рӯҳбаланд мегардонанд? Дигар шудани рафтори одамон ва рӯйдодҳои ин ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки Исо ба тахт нишастааст. Бинобар ин рафтори худбинона ва бадҷаҳлонаи одамонро дида дилшикаста намешавем, баръакс, ба ёд меорем, ки ин иҷрошавии пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас аст (Заб. 37:1). Мо дарк мекунем, ки бо наздик шудани Ҳармаҷиддӯн вазъияти ҷаҳон бадтар мешавад (Марқ. 13:8; 2 Тим. 3:13). Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, зеро ӯ ба мо мефаҳмонад, ки чаро ҷаҳон дар проблема ғӯтидааст.
ЧӢ ТАВР ДУШМАНОНИ ПОДШОҲИИ ХУДО НЕСТ МЕШАВАНД?
9. Дар пешгӯйии Дониёл 2:28, 31–35 оиди империяи ҷаҳонии охирин чӣ гуфта шудааст ва он кай пайдо шуд?
9 Дониёл 2:28, 31–35-ро хонед. Ин пешгӯйӣ имрӯз иҷро мегардад. Набукаднесар дар хобаш дид, ки «дар рӯзҳои охир» баъд аз Подшоҳ шудани Исо чӣ рӯй медиҳад. Душманони подшоҳии Худо империяи охирини ҷаҳониро ташкил медиҳанд. Дар Китоби Муқаддас он чун пойҳои ҳайкал тасвир ёфтааст, ки «қисман аз оҳану қисман аз гил» буданд. Ин империя аллакай дар Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ пайдо гашт, вақте Бритониё ва Амрико муттаҳид шуда иттиҳоди Англо-Амрикоро ташкил доданд. Дар хоби Набукаднесар инчунин пешгӯйӣ шуда буд, ки ин империяи ҷаҳонӣ аз ду ҷиҳат аз империяҳои пешина фарқ мекунад.
10. а) Кадом хусусияти империяи Бритониёву Амрикоро Дониёл пешгӯйӣ карда буд? б) Мо аз кадом хатар бояд эҳтиёт шавем? (Ба чорчӯбаи «Бо гил худро олуда насозед!» нигаред.)
10 Якум, назар ба империяҳои пешина иттиҳоди Бритониёву Амрико аз тиллову нуқра неву қисман аз оҳану гил иборат аст. Гил ин «насли одамизод», яъне одамони одӣ мебошанд (Дон. 2:43). Имрӯзҳо мо баръало мебинем, ки чӣ тавр таъсири одамон дар интихобот, маъракаҳо доир ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва эътирозҳо намегузорад, ки ҳокимиятҳо сиёсаташонро мувофиқи табъи дили худ пеш баранд.
11. Чӣ тавр пайдо шудани империяи Бритониёву Амрико бовариамонро қавӣ мегардонад, ки мо дар рӯзҳои охир зиндагӣ дорем?
11 Дуюм, азбаски пойҳои ҳайкал Бритониёву Амрикоро тасвир мекунад, мувофиқи пешгӯйии Китоби Муқаддас он империяи охирини ҷаҳонӣ мешавад. Баъди он дигар ягон империя ба миён намеояд. Подшоҳии Худо ин империя ва дигар ҳокимиятҳои инсониро дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн несту нобуд мекунадc (Ошкор. 16:13, 14, 16; 19:19, 20).
12. Дар пешгӯйии Дониёл боз кадом далеле ҳаст, ки ба мо оромӣ ва умед мебахшад?
12 Чӣ тавр ин пешгӯйӣ моро рӯҳбаланд мегардонад? Пешгӯйии Дониёл бори дигар исбот мекунад, ки мо дар рӯзҳои охир зиндагӣ дорем. Зиёда аз 2500 сол пеш ӯ пешгӯйӣ кард, ки баъди Бобил боз чор давлати пурқудрат пайдо мешавад. Дар қаламрави ин ҳокимиятҳо халқи Худо бисёр мешавад ё онҳо аз дасти ҳокимиятҳои мазкур озор мебинанд. Ғайр аз ин, Дониёл қайд намуд, ки империяи Бритониёву Амрико охирин мешавад. Иҷрошавии ин пешгӯйиҳо ба мо оромӣ ва умед мебахшад, ки ба наздикӣ Подшоҳии Худо ҳокимиятҳои инсониро несту нобуд гардонда худаш бар замин ҳукмронӣ хоҳад кард (Дон. 2:44).
13. «Подшоҳи ҳаштум» ва «даҳ шох», ки дар Ошкорсозӣ 17:9–12 омадаанд, чиро тасвир мекунанд ва чӣ тавр ин пешгӯйӣ иҷро шуд?
13 Ошкорсозӣ 17:9–12-ро хонед. Дар натиҷаи даҳшату харобиҳои Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ боз як пешгӯйии Китоби Муқаддас дар бораи рӯзҳои охир иҷро шуд. Ҳокимиятҳои инсонӣ хостанд, ки дар ҷаҳон сулҳу оромиро пойдор созанд. Барои ин моҳи январи соли 1920 Лигаи Миллатҳоро ташкил доданд, ки баъдтар моҳи октябри соли 1945 он Созмони Миллали Муттаҳид ном гирифт. Ин созмон чун «подшоҳи ҳаштум» тасвир шудааст. Он империяи ҷаҳонӣ нест, зеро ба ӯ ҳокимиятҳои инсонӣ қувват медиҳанд. Ин ҳокимиятҳо дар Китоби Муқаддас ба маънои рамзӣ «даҳ шох» номида шудаанд.
14, 15. а) Ошкорсозӣ 17:3–5 дар бораи «Бобили бузург» чиро маълум месозад? б) Баъзе тарафдорони дини дурӯғ чӣ кор карда истодаанд?
14 Ошкорсозӣ 17:3–5-ро хонед. Зери илҳоми Худо Юҳаннои расул дар рӯъё фоҳиша, яъне «Бобили бузург»-ро дид, ки рамзи империяи ҷаҳонии дини дурӯғ мебошад. Ин рӯъё чиро ошкор сохт? Динҳои дурӯғ бо қувваҳои сиёсӣ ҳамкории наздик доранд ва онҳоро баракат медиҳанд. Вале ба наздикӣ Яҳува дар дили ҳокимиятҳои инсонӣ меандозад, ки «нияти ӯро ба ҷо оранд». Чӣ тавр? Ин ҳокимиятҳо ё худ «даҳ подшоҳ» зидди динҳои дурӯғ баромада онҳоро несту нобуд мегардонанд (Ошкор. 17:1, 2, 16, 17).
15 Мо аз куҷо медонем, ки нестшавии Бобили бузург наздик аст? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан шаҳри Бобили қадимро ба ёд овардан бамаврид аст. Бобили қадимро қисман дарёи бузурги Фурот муҳофизат мекард. Дар китоби Ошкорсозӣ бошад, миллионҳо одамоне, ки Бобили бузургро тарафдорӣ мекунанд, бо «обҳо» муқоиса шудаанд (Ошкор. 17:15). Ҳамзамон дар ин китоб гуфта шудааст, ки обҳо хушк мешаванд, яъне бисёр одамон аз империяи дини дурӯғ рӯй мегардонанд (Ошкор. 16:12). Имрӯз ин пешгӯйӣ иҷро шуда истодааст, зеро миллионҳо одамон дини дурӯғро тарк карда роҳи ҳалли мушкилиашонро дар дигар ҷо меҷӯянд.
16. Чӣ тавр фаҳмидани пешгӯйиҳо дар бораи пайдо шудани Созмони Миллали Муттаҳид ва нест гаштани Бобили бузург моро рӯҳбаланд мегардонад?
16 Чӣ тавр ин пешгӯйиҳо моро рӯҳбаланд мегардонанд? Пайдошавии Созмони Миллали Муттаҳид ва Бобили бузургро тарк кардани бисёр тарафдоронаш исботи он аст, ки мо дар рӯзҳои охир зиндагӣ дорем. Ҳарчанд обҳои Бобили бузург ба маънои рамзӣ хушк шуда истодаанд, вале пурра нобуд гаштани он дигар хел мешавад. Чи хеле дар сархатҳои боло қайд кардем, Яҳува ба дили «даҳ подшоҳ», яъне ҳокимиятҳое, ки Созмони Миллали Мутаҳидро дастгирӣ мекунанд, меандозад, ки «нияти ӯро ба ҷо оранд». Нестшавии Бобили бузург ногаҳон рӯй дода бисёриҳоро ба ҳайрат меорадd (Ошкор. 18:8–10). Ин воқеа дунёро ба ларза меорад ва шояд мушкилиҳои зиёдро ба миён орад. Лекин халқи Худо он вақт барои шодӣ кардан камаш ду сабаб хоҳад дошт: 1) Душмани деринаи Яҳува, яъне дини дурӯғ, пурра нобуд мегардад ва 2) халқи Худо ба наздикӣ аз зулмоти дунёи Шайтон халос хоҳад шуд (Луқ. 21:28).
ЯҲУВА МОРО МУҲОФИЗАТ ХОҲАД КАРД
17, 18. а) Чӣ тавр мо минбаъд низ имонамонро қавӣ гардонда метавонем? б) Дар мақолаи навбатӣ чӣ баррасӣ мешавад?
17 Пайғамбар Дониёл пешгӯйӣ карда буд, ки «дониши ҳақиқӣ афзоиш хоҳад ёфт». Мо иҷрошавии ин пешгӯйиро бо чашми худ мебинем. Имрӯз мо ба мазмуни пешгӯйиҳое, ки ба рӯзҳои мо дахл доранд, сарфаҳм меравем (Дон. 12:4, 9, 10). Як ба як иҷро шудани ин пешгӯйиҳо эҳтироми моро ба Яҳува ва Каломаш дучанд мегардонад (Иш. 46:10; 55:11). Пас, биёед Навиштаҳоро чуқур омӯхта имонамонро қавӣ гардонем ва ба дигарон низ кумак кунем, то бо Яҳува муносибати наздик инкишоф диҳанд. Бале, Яҳува ҳамаи онҳоеро, ки ба ӯ такя мекунанд, муҳофизат мекунад ва барояшон «сулҳи пойдор» мебахшад (Иш. 26:3).
18 Дар мақолаи навбатӣ мо пешгӯйиҳоро дар бораи ҷамоати масеҳиёни рӯзҳои охир мефаҳмем. Ин пешгӯйиҳо низ исбот мекунанд, ки мо дар рӯзҳои охир зиндагӣ дорем. Аз он ҳамчунин мефаҳмем, ки Исо Подшоҳамон пайравони бовафояшро фаъолона дастгирӣ карда истодааст.
СУРУДИ 17 Ба пеш, Шоҳидон!
a Мо воқеан ҳам дар рӯзҳои таърихӣ зиндагӣ дорем. Мувофиқи пешгӯйиҳо Подшоҳии Худо аллакай барпо гаштааст. Дар ин мақола мо баъзеи онҳоро аз назар гузаронда имонамонро ба Яҳува қавитар мегардонем. Инчунин мақолаи зерин ба мо кумак мекунад, ки ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда оромӣ ва иродаи устувор дошта бошем.
b Аз дарси 32-юми китоби «То абад зинда бошед!» ба банди 4-ум нигаред ва дар сомонаи jw.org видеонавори «Подшоҳии Худо соли 1914 ҳукмрониро сар кард»-ро тамошо кунед.
c Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи пешгӯйии Дониёл ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми июн, соли 2012, саҳ. 10–14 ва саҳ. 15 нигаред.
d Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи он ки моро дар ояндаи наздик чӣ интизор аст, ба боби 21-уми китоби «Подшоҳии Худо ҳукмронӣ мекунад!» (рус.) нигаред.