МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 29
Нозирамон Исоро дастгирӣ кунед!
«Тамоми қудрат дар замину осмон ба ман дода шудааст» (МАТ. 28:18).
СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост
ПЕШГУФТОРa
1. Иродаи Яҳува имрӯз чӣ гуна аст?
ЯҲУВА мехоҳад, ки хабари хуш дар саросари ҷаҳон паҳн гардад (Марқ. 13:10; 1 Тим. 2:3, 4). Азбаски ин кори Яҳува мебошад, ӯ Писари азизаш, Исоро таъйин намудааст, ки онро роҳнамоӣ кунад. Барои ҳамин мо боварӣ дорем, ки хушхабарро то анҷоми ин замона ба таври ба Яҳува писанд пурра ба ҷо меорем (Мат. 24:14).
2. Дар ин мақола чӣ дида баромада мешавад?
2 Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Исо ба воситаи «ғуломи бовариноку боандеша» моро бо хӯроки рӯҳонӣ таъмин мегардонад ва чӣ хел пайравонашро барои маъракаи калонтарини мавъиза дар таърихи инсоният таълим медиҳад (Мат. 24:45). Мо инчунин мебинем, ки барои дастгирӣ намудани Исо ва «ғуломи бовариноку боандеша» чӣ кор карда метавонем.
ИСО КОРИ МАВЪИЗАРО РОҲНАМОӢ МЕКУНАД
3. Ба Исо чӣ гуна қудрат дода шудааст?
3 Мо аз куҷо медонем, ки Исо кори мавъизаро роҳнамоӣ мекунад? Чанде пеш аз он ки ба осмон равад, ӯ дар кӯҳи Ҷалил бо баъзе пайравонаш вохӯрда гуфт: «Тамоми қудрат дар замину осмон ба ман дода шудааст». Акнун аҳамият диҳед, Исо баъди ин суханон чӣ гуфт: «Пас, биравед ва аз байни тамоми халқҳо барои ман шогирд тайёр кунед» (Мат. 28:18, 19). Бале, Яҳува боз ба Исо қудрат додааст, ки кори мавъизаро назорат кунад.
4. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Исо то ҳол кори мавъизаро роҳбарӣ карда истодааст?
4 Исо гуфт, ки кори мавъиза ва шогирдсозӣ дар байни «тамоми халқҳо» ба роҳ монда мешавад ва ӯ «ҳамеша то охирзамон» бо пайравонаш хоҳад буд (Мат. 28:20). Аз ин суханон бармеояд, ки кори мавъиза то рӯзҳои мо зери роҳбарии Масеҳ иҷро мешавад.
5. Чӣ тавр мо дар иҷрошавии Забур 110:3 саҳм мегузорем?
5 Исо хавотир набуд, ки ҳангоми охирзамон барои паҳн кардани хушхабар воизон намерасанд. Ӯ боварӣ дошт, ки пешгӯйии зерини забурнавис иҷро мешавад: «Халқи ту, рӯзе ки лашкаратро ба ҷанг барӣ, ихтиёран ҳозир мешавад» (Заб. 110:3). Агар шумо дар кори мавъиза иштирок карда истода бошед, Исо ва ғуломи бовариноку боандешаро дастгирӣ мекунед, ҳамчунин дар иҷрошавии пешгӯйии мазкур саҳми худро мегузоред. Вале бояд гуфт, ки ҳангоми иҷрои ин кор мушкилиҳо низ мешаванд.
6. Як мушкилие, ки имрӯз хизматгорони Яҳува рӯ ба рӯ мешаванд, кадом аст?
6 Як мушкилие, ки имрӯз хизматгорони Яҳува рӯ ба рӯ мешаванд, ин зиддият аст. Осиён, роҳбарони динҳо ва сиёсатмадорон дар бораи кору фаъолияти мо ҳар гуна дурӯғ мебофанд. Агар хешу табор, шиносҳо ё ҳамкоронамон ба таблиғоти онҳо бовар кунанд, шояд ба мо фишор оранд, ки хизмати Яҳуваро партоем ва дигар мавъиза накунем. Дар баъзе давлатҳо бародару хоҳаронамонро метарсонанд, дастгир ва ҳатто ҳабс мекунанд. Мо аз чунин муносибат ба ҳайрат намеоем, зеро худи Исо гуфта буд, ки «ҳамаи халқҳо аз барои номи ман аз шумо нафрат мекунанд» (Мат. 24:9). Нафрати одамон нисбати мо далели он аст, ки Яҳува аз мо розӣ мебошад (Мат. 5:11, 12). Зиддият нишон додани одамон ин кори Шайтон аст, вале қудрати ӯ дар пеши қудрати Исо ҳеҷ аст. Маҳз барои ҳамин хушхабар ба одамони миллаташон гуногун дар саросари ҷаҳон мавъиза шуда истодааст. Акнун биёед далелеро мебинем.
7. Чӣ исбот мекунад, ки Ошкорсозӣ 14:6, 7 иҷро шуда истодааст?
7 Боз як мушкилие, ки имрӯз воизони хушхабар рӯ ба рӯ мешаванд, гуногун будани забони одамон мебошад. Исо ба Юҳаннои расул дар рӯъё ошкор кард, ки воизон ин мамониатро низ паси сар мекунанд. (Ошкорсозӣ 14:6, 7-ро хонед.) Чӣ хел? Имрӯз мо кӯшиш мекунем, ки ба шумораи ҳарчи бештари одамон имкон диҳем, ки ҳақиқатро шунида қабул кунанд. Барои ҳамин онҳо адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро аз сомонаи jw.org ба зиёда аз 1000 забон хонда метавонанд. Инчунин маводи асосии таълимиамон, яъне китоби «То абад зинда бошед!» ба зиёда аз 700 забон тарҷума мешавад. Хӯроки рӯҳонӣ дар шакли видео ба ношунавоён ва адабиёт дар шакли Брайл ба нобиноён дастрас аст. Ин иҷрошавии пешгӯйӣ мебошад, ки мувофиқи он одамони «ҳамаи забонҳо ва халқҳо» «забони пок»-и Каломи Худоро аз худ мекунанд (Зак. 8:23; Саф. 3:9). Бале, хушхабар зери роҳбарии Исо паҳн гашта истодааст.
8. Кори мавъиза чӣ натиҷа меорад?
8 Имрӯз зиёда аз 8 000 000 одам дар 240 давлати рӯйи замин дар ташкилоти Яҳува мебошанд ва ҳар сол даҳҳо ҳазор нафар таъмид мегиранд. Лекин муҳим на шумора, балки хислатҳои «одами нав» аст, ки ин шогирдон инкишоф медиҳанд (Қӯл. 3:8–10). Бисёриҳо аз зӯроварӣ, бадбинӣ, бадахлоқӣ ва миллатчигӣ даст кашиданд. Мо дар ин иҷрошавии гуфтаҳои Ишаъё 2:4-ро мебинем; «онҳо дигар ҷангро таълим намегиранд». Азбаски мо кӯшиш мекунем, ки хислатҳои «одами нав»-ро инкишоф диҳем, ба одамон мадад мерасонем, ки ба ташкилоти Яҳува оянд. Ин тавр карда мо нишон медиҳем, ки аз паси нозирамон Исои Масеҳ меравем (Юҳ. 13:35; 1 Пет. 2:12). Ҳамаи ин худ аз худ рӯй намедиҳад, моро Исо дастгирӣ мекунад.
ИСО ҒУЛОМИ БОВАРИНОКУ БОАНДЕШАРО ТАЪЙИН МЕКУНАД
9. Мувофиқи Матто 24:45–47 дар бораи рӯзҳои охир чӣ пешгӯйӣ шуда буд?
9 Матто 24:45–47 оятҳоро хонед. Исои Масеҳ пешгӯйӣ кард, ки дар рӯзҳои охир барои таъмин кардани хӯроки рӯҳонӣ «ғуломи бовариноку боандеша»-ро таъйин мекунад. Ин ғулом дар рӯзҳои мо бояд дар иҷрои вазифааш ҷидду ҷаҳд мекард. Ниҳоят пешгӯйии Исо иҷро шуд. Ӯ аз миёни гурӯҳи хурди мардони тадҳиншуда ғуломи бовариноку боандешаро интихоб кард, то онҳо ба халқи Худо ва шавқмандон хӯроки рӯҳониро «сари вақт» расонанд. Ин мардони бовафо бар пайравони Исо ҳукмфармоӣ намекунанд (2 Қӯр. 1:24). Баръакс, онҳо дарк менамоянд, ки Исои Масеҳ «пешво ва фармондеҳ»-и пайравонаш мебошад (Иш. 55:4).
10. Бо ёрии кадом адабиёте, ки дар расм оварда шудааст, шумо Шоҳиди Яҳува шудед?
10 Аз соли 1919 сар карда ғуломи бовариноку боандеша адабиёти гуногунро тайёр мекунад, то шавқмандон бо ҳақиқати Калом шинос шаванд. Ҳамин тавр соли 1921 китоби «Сози илоҳӣ» нашр шуд, ки омӯзандагон аз он таълимоти асосии Китоби Муқаддасро фаҳмида метавонистанд. Вале бо гузашти вақт адабиёти нав мебаромад. Шумо дар бораи Яҳува аз кадом маводи зерин фаҳмидед: «Худо содиқ аст», «Ҳақиқате, ки сӯйи ҳаёти ҷовидона роҳнамоӣ мекунад», «Ту метавонӣ то абад дар биҳишт зиндагӣ кунӣ», «Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист», «Таълимоти Китоби Муқаддас», «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» ё аз маводи навамон «То абад зинда бошед!». Бояд гуфт, ки ҳамаи ин маводҳо дар давру замони худ хеле корбурд буданд.
11. Чаро мо бояд дар бораи Яҳува ва Каломаш бештар дониш гирем?
11 Бояд гуфт, ки на танҳо ба шавқмандон лозим аст, ки дар бораи Яҳува ва Китоби Муқаддас дониши чуқур гиранд. Ҳамаи мо ба ин ниёз дорем. Павлуси расул гуфта буд, ки «ғизои сахт барои одами баркамол аст». Бале, вақте мо аз Каломи Худо дониш гирифта онро ба кор мебарем, «фарқ кардани неку бадро» аз худ мекунем (Ибр. 5:14). Дар ин замонҳои сахт, ки ахлоқи одамон аз пештара дида бадтар шудааст, аз рӯйи меъёрҳои ахлоқии Яҳува зиндагӣ кардан осон нест. Вале Исо моро бо хӯроки рӯҳонӣ таъмин намуда имонамонро қавӣ мегардонад. Сарчашмаи ин хӯрок Каломи Худо аст. Ғуломи бовариноку боандеша бошад, зери роҳбарии Масеҳ ин хӯрокро тайёр карда ба ҳама дастрас мегардонад.
12. Чӣ тавр мо мисли Исо номи Худоро ба ҳама маълум месозем?
12 Мо мисли Исо номи Яҳуваро ба ҳама ошкор месозем (Юҳ. 17:6, 26). Масалан, соли 1931 мо дар асоси Китоби Муқаддас Шоҳидони Яҳува ном гирифтем, ки ин моро ба Падари осмониамон наздиктар гардонд (Иш. 43:10–12). Аз моҳи октябри ҳамон сол инҷониб номи Худо дар муқоваи маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» мебарояд. Илова бар ин, дар «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» номи Худо пурра барқарор гашт. Аз ин ҷиҳат мо аз калисоҳои дунёи масеҳият, ки аз тарҷумаи Китоби Муқаддасашон номи Худоро гирифтаанд, куллан фарқ мекунем.
ИСО ТАШКИЛОТАШРО ҲИДОЯТ МЕКУНАД
13. Чӣ шуморо боварӣ мебахшад, ки Исо имрӯз «ғуломи бовариноку боандеша»-ро истифода мебарад? (Юҳанно 6:68).
13 Ба воситаи «ғуломи бовариноку боандеша» Исо дар замин ташкилоти бемислу монандеро барпо кардааст, ки ибодати покро пеш мебарад. Шумо дар бораи ташкилоти Яҳува чӣ фикр доред? Шояд суханони Петрус ба ёдатон ояд, ки гуфта буд: «Назди кӣ равем?! Суханони ҳаёти ҷовидонӣ дар туст» (Юҳ. 6:68). Бале, агар ташкилоти Яҳува намешуд, ҳоло мо дар куҷо мебудем?! Исо ба воситаи ин ташкилот ба мо ғизои рӯҳонӣ медиҳад. Маҳз дар ташкилот мо мавъиза карданро таълим мегирем. Исо инчунин ба мо кумак мекунад, ки «одами нав»-ро дар бар карда розигии Яҳуваро ба даст орем (Эфс. 4:24).
14. Дар давоми вабои COVID-19 шумо ғамхории ташкилоти Яҳуваро дар чӣ мебинед?
14 Исо дар вақтҳои мушкил дастуроти хирадмандона медиҳад. Мо фоидаи чунин дастуроти ӯро ҳангоми сар задани вабои COVID-19 баръало дидем. Вақте бисёриҳо дар ҷаҳон намедонистанд чӣ кор кунанд, Исо аллакай ба мо дастур дода буд, ки чӣ кор кунем. Масалан, ба мо гуфта шуд, ки ниқоб пӯшем, дар ҷойҳои серодам нагардем ва инчунин фосиларо нигоҳ дорем. Пирони ҷамоат низ дастур гирифтанд, ки пайваста бо бародару хоҳарон дар алоқа бошанду аз ҷиҳати ҷисмонию рӯҳонӣ ниёзҳои онҳоро қонеъ гардонанд (Иш. 32:1, 2). Ҳайати роҳбарикунанда бошад, дар муроҷиатҳояш моро рӯҳбаланд мекарданду дастуроти иловагӣ медоданд.
15. Ҳангоми сар задани COVID-19 дар бораи вохӯриҳо ва кори мавъиза чӣ гуна дастур дода шуд ва ин чӣ натиҷа овард?
15 Дар давоми вабо инчунин ба мо дастур дода шуд, ки чӣ тавр вохӯриҳо ва кори мавъизаро давом диҳем. Мо дарҳол ба воситаи интернет дар вохӯриҳо ва анҷуманҳо иштирок мекардагӣ шудем. Кори мавъизаро бошад, асосан тавассути номанависӣ ва телефон ба роҳ мондем. Яҳува кӯшишҳоямонро баракат дод. Аз як қатор филиалҳоямон хабар медиҳанд, ки шумораи воизон торафт меафзояд. Бояд гуфт, ки бисёр бародару хоҳаронамон дар ин муддат воқеаҳои шавқовар доштанд. (Ба чорчӯбаи «Яҳува хизмати моро баракат медиҳад» нигаред.)
16. Мо аз чӣ дилпур буда метавонем?
16 Баъзеҳо мумкин фикр кунанд, ки вақте ташкилот дар мавриди COVID-19 ба мо маслиҳат медод, аз ҳад эҳтиёткорӣ мекард. Вале мо гаштаю баргашта дидем, ки ин дастур аз рӯйи хирад буд (Мат. 11:19). Бале, вақте фикр мекунӣ, ки чӣ тавр Исо халқашро меҳрубонона роҳнамоӣ мекунад, дилпур мешавӣ, ки фардо чизе рӯй надиҳад, Яҳува ва Писари азизаш бо мо хоҳанд буд. (Ибриён 13:5, 6-ро хонед.)
17. Ба шумо маъқул аст, ки нозиратон Исои Масеҳ мебошад?
17 Мо хушбахтем, ки Исо роҳнамоямон аст. Мо узви ташкилоте мебошем, ки аз одамони маданият, миллат ва забонашон гуногун иборат аст. Инчунин аз Каломи Худо дониш мегирем ва ҳар яки мо барои паҳн кардани хушхабар таълим дода мешавем. Мо кӯшиш мекунем, ки одами навро ба бар кунем ва якдигарро дӯст дорем. Бале, мо фахр мекунем, ки нозирамон Исои Масеҳ аст.
СУРУДИ 14 «Ҳама чизро нав месозам»
a Миллионҳо мардон, занон ва кӯдакон имрӯз дар паҳн кардани хушхабар ҷидду ҷаҳд мекунанд. Оё шумо низ дар қатори онҳоед? Агар ҳа, пас, донед, ки шуморо Ҳазратамон Исои Масеҳ роҳнамоӣ мекунад. Дар ин мақола мо исботи онро дида мебароем, ки Исо кори мавъизаро роҳнамоӣ мекунад. Дар ин бора мулоҳиза ронда мо минбаъд низ бо азми қавӣ хизмати Яҳуваро зери роҳбарии Масеҳ пеш мебарем.