МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 20
Сифати дуоҳоямонро беҳтар мегардонем
«Дилатонро ба ӯ холӣ кунед» (ЗАБ. 62:8).
СУРУДИ 57 Андешаҳои дили ман
ПЕШГУФТОРa
1. Яҳува хизматгоронашро ба чӣ даъват мекунад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
АГАР ба мо тасаллӣ ва роҳнамоӣ лозим шавад, ба кӣ муроҷиат карда метавонем? Ҷавоби ин савол маълум аст: ба Худоямон Яҳува. Ӯ моро даъват мекунад, ки дар дуо аз ӯ мадад пурсем. Яҳува мехоҳад, ки мо «ҳама вақт дуо» гӯем (1 Тас. 5:17). Бинобар ин дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти худ мо бемалол аз ӯ роҳнамоӣ пурсида метавонем (Пнм. 3:5, 6). Азбаски Яҳува Худои саховатманд аст, ба мо мегӯяд, ки чи қадаре хоҳем, метавонем ба ӯ муроҷиат кунем.
2. Дар ин мақола чӣ дида баромада мешавад?
2 Мо имконияти дуогӯйиро қадр мекунем. Вале дар ин дунёи серташвиш бароямон вақт ҷудо карда дуо гуфтан мушкил буда метавонад. Мо шояд инчунин пай барем, ки сифати дуоҳоямонро бояд беҳтар гардонем. Хушбахтона, мо имрӯз аз Китоби Муқаддас роҳнамоӣ ва тасаллӣ ёфта метавонем. Дар ин мақола дида мебароем, ки чӣ тавр аз Исо ибрат гирифта, барои дуо гуфтан вақт ҷудо кардан мумкин аст. Инчунин мефаҳмем, ки чӣ хел ба воситаи панҷ мавзуи муҳим сифати дуоҳоямонро беҳтар гардонем.
ИСО БАРОИ ДУО ГУФТАН ВАҚТ ҶУДО МЕКАРД
3. Исо дар бораи дуо чиро медонист?
3 Исо мефаҳмид, ки барои Яҳува дуоҳои мо аҳамият доранд. Чандин сол пеш аз ба замин омадан Исо медид, ки чӣ тавр Падараш ба дуоҳои мардону занони бовафо ҷавоб медиҳад. Мисол, вақте Яҳува ба дуоҳои самимии Ҳанно, Довуд, Илёс ва дигар хизматгорони содиқаш ҷавоб медод, Исо дар бараш буд (1 Подш. 1:10, 11, 20; 3 Подш. 19:4–6; Заб. 32:5). Барои ҳамин Исо шогирдонашро таълим медод, ки мунтазам ва бо боварӣ дуо гӯянд (Мат. 7:7–11).
4. Мо аз муносибати Исо ба дуо чӣ меомӯзем?
4 Исо бо дуоҳои худ ба пайравонаш намуна гузошт. Дар давоми хизмати худ ӯ тез-тез дуо мегуфт. Ба Исо лозим буд, ки барои дуо гуфтан вақт ҷудо кунад, зеро ӯ аксар вақт банд ва дар иҳотаи мардуми бисёр буд (Марқ. 6:31, 45, 46). Аз ин рӯ Исо саҳари барвақт мехест, то дар танҳоӣ дуо гӯяд (Марқ. 1:35). Боре, пеш аз баровардани қарори муҳим, ӯ шаби дароз дуо гуфт (Луқ. 6:12, 13). Инчунин шаби пеш аз маргаш, ҳангоми ба ҷо овардани ҷиҳати душвортарини таъйиноти худ, ӯ пайваста дуо гуфт (Мат. 26:39, 42, 44).
5. Дар масъалаи дуогӯйӣ мо аз Исо чӣ ибрат гирифта метавонем?
5 Аз намунаи Исо мо мефаҳмем, ки чи қадаре серкор набошем, барои дуо гуфтан бояд вақт ҷудо кунем. Мисли Исо шояд ба мо низ лозим шавад, ки барои дуо гуфтан саҳар барвақттар хезем ё ин ки шаб дертар хоб равем. Ин тавр карда мо ба Яҳува нишон медиҳем, ки имконияти дуо гуфтанро қадр мекунем. Вақте хоҳарамон Лин дар бораи имконияти пуршарафи дуо гуфтан фаҳмид, дилаш аз миннатдорӣ лабрез гашт. Ӯ ба ёд меорад: «Вақте ман фаҳмидам, ки ҳар вақте хоҳам бо Яҳува гап зада метавонам, ин ба ман кумак кард, ки ӯро чун дӯсти наздик қабул кунам ва сифати дуоҳоямро беҳтар гардонам». Шакке нест, ки бисёри мо низ дар бораи дуо чунин ақида дорем. Пас, биёед бинем, ки дар бораи кадом панҷ мавзуи муҳим дуо гуфта метавонем.
ПАНҶ МАВЗУИ МУҲИМ БАРОИ ДУО
6. Мувофиқи Ошкорсозӣ 4:10, 11 Яҳува сазовори чӣ аст?
6 Яҳуваро ҷалол диҳед. Дар рӯъёи ҳаяҷонбахше Юҳаннои расул 24 пирро дар осмон дид, ки Яҳуваро парастиш мекарданд. Онҳо Худоро васфу ситоиш карда мегуфтанд, ки ӯ сазовор аст «ҷалол, иззат ва қудрат» ёбад. (Ошкорсозӣ 4:10, 11-ро хонед.) Бале, фариштагони бовафо низ барои Яҳуваро ҷалол дода иззат намудан сабабҳои бисёр доранд: Азбаски онҳо дар осмон бо Худоянд, ӯро нағз мешиносанд. Корҳои Офаридгорро мушоҳида намуда хислатҳояшро баръало мебинанд. Амалҳои ӯ фариштаҳоро ба ваҷд меоранд ва онҳо ӯро ҷалол медиҳанд (Айюб 38:4–7).
7. Барои кадом чизҳо мо Яҳуваро ҷалол дода метавонем?
7 Мо низ мехоҳем дар дуоҳои худ Яҳуваро ҷалол диҳем. Барои ин метавонем ба ӯ гӯем, ки кадом хислатҳояш ба мо маъқуланд ва чаро мо ӯро иззат мекунем. Ҳангоми хондан ва омӯзиши Китоби Муқаддас кӯшиш кунед он хислатҳои Яҳуваро мушоҳида кунед, ки ба шумо махсусан маъқуланд (Айюб 37:23; Рум. 11:33). Сипас ба ӯ гӯед, ки дар бораи ин хислатҳояш чӣ фикр доред. Мо инчунин Яҳуваро барои ҳамаи корҳое, ки баҳри мову бародару хоҳарон мекунад, ҷалол дода метавонем. Охир, ӯ пайваста дар бораамон ғамхорӣ мекунаду моро муҳофизат менамояд (1 Подш. 1:27; 2:1, 2).
8. Баъзе сабабҳое, ки мо ба Яҳува раҳмат гуфта метавонем кадоманд? (1 Таслӯникиён 5:18).
8 Ба Яҳува раҳмат гӯед. Мо сабабҳои бисёр дорем, то аз Яҳува дар дуо миннатдор шавем. (1 Таслӯникиён 5:18-ро хонед.) Барои ҳар як чизи хубе ки дар ҳаёт дорем, мо ба Яҳува раҳмат гуфта метавонем. Охир, ҳар як ҳадияи нек аз ҷониби ӯ мебошад (Яъқ. 1:17). Мисол, барои замини зебову офаридаҳои беҳамтои Яҳува раҳмат гуфтан мумкин аст. Мо инчунин барои ҳаёт, оила, дӯстон ва умедамон аз ӯ миннатдор шуда метавонем. Мо мехоҳем ба Яҳува инчунин барои имконияти бо ӯ дӯст шудан сипосгузор бошем.
9. Чаро мо бояд ҳисси миннатдориамонро инкишоф диҳем?
9 Барои муайян кардани сабабҳое, ки мо аз Яҳува бояд миннатдор бошем, шояд кӯшиши бисёр лозим ояд. Охир, мо дар дунёе зиндагӣ мекунем, ки бисёр одамон ношукранд. Онҳо аксар вақт дар бораи чизҳои мехостаашон фикр мекунанд, на ин ки дар бораи нишон додани миннатдорӣ барои чизҳои доштаашон. Агар ин рӯҳия ба мо таъсир кунад, дуоҳои мо фақат аз талабу дархост иборат мешаваду халос. Чӣ кор кунем то ба ин роҳ надиҳем? Ба мо лозим аст, ки минбаъд низ ҳисси миннатдориро инкишоф дода ба Яҳува барои ҳар як ҳадияи некаш раҳмат гӯем (Луқ. 6:45).
10. Чӣ тавр ҳисси миннатдорӣ ба хоҳаре кумак кард, ки дар вазъияти душвор истодагӣ кунад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
10 Ҳисси миннатдорӣ кумак мекунад, ки дар вазъиятҳои мушкил истодагӣ кунем. Мисоли хоҳар Кён-сукро мегирем, ки дар борааш дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми январи соли 2015 гуфта шуда буд. Духтурон ба ӯ гуфтанд, ки ба бемории саратони шуш гирифтор шудааст. Ӯ мегӯяд: «Ин касалӣ бароям як зарбаи сахте буд. Ман гумон мекардам, ки ҳама чизро аз даст додам ва маро тарсу ваҳм фаро гирифт». Чӣ ба хоҳарамон кумак кард, ки истодагӣ кунад? Ӯ мегӯяд, ки ҳар шаб, пеш аз хоб, болои бомаш баромада бо овоз дуо мегуфт ва барои панҷ чиз аз Яҳува миннатдор мешуд. Ин хавотирии ӯро камтар мекард ва кумак менамуд, ки муҳаббаташро ба Яҳува баён кунад. Кён-сук фаҳмид, ки Яҳува хизматгорони бовафояшро, ки ба вазъиятҳои мушкил дучор шудаанд, дастгирӣ менамояд. Ӯ инчунин дарк намуд, ки дар ҳаёт баракатҳоямон назар ба озмоишҳо бисёртар аст. Мисли Кён-сук мо низ, ҳатто агар ба озмоиш дучор шуда бошем, барои аз Яҳува миннатдор шудан сабабҳои бисёр дорем. Бале, дар дуо ба Яҳува миннатдорӣ кардан, кумак мекунад, ки истодагӣ намоем ва ба воҳима наафтем.
11. Чаро баъди ба осмон рафтани Исо ба шогирдонаш далерӣ лозим буд?
11 Аз Яҳува хоҳиш кунед, ки дар хизмат ба шумо далерӣ диҳад. Пеш аз он ки ба осмон баргардад, Исо ба шогирдони худ дар бораи таъйиноташон ёдрас карда гуфт, ки дар бораи ӯ «дар Ерусалим, дар саросари Яҳудияву Сомария ва то гӯшаю канори замин» шаҳодат диҳанд (Кор. 1:8; Луқ. 24:46–48). Каме пас роҳбарони дини яҳудӣ Петрус ва Юҳаннои расулро дастгир карда, ба Шӯрои Олии яҳудиён оварданд. Онҳо аз ин мардони бовафо талаб карданд, ки мавъизаро бас кунанд ва ҳатто таҳдид намуданд (Кор. 4:18, 21). Петрус ва Юҳанно чӣ кор карданд?
12. Мувофиқи Корнома 4:29, 31 шогирдони Исо чӣ кор карданд?
12 Дар ҷавоб ба таҳдидҳои сардорони дини яҳудӣ Петрус ва Юҳанно гуфтанд: «Худатон фикр кунед, магар дар назари Худо дуруст аст, ки ӯро неву шуморо гӯш кунем? Мо наметавонем дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон гап заданро бас кунем» (Кор. 4:19, 20). Вақте Петрус ва Юҳанноро озод карданд, шогирдон ба Яҳува дуо гуфтанд, ки иродаашро иҷро карда тавонанд. Дуояшон чунин буд: «Ба бандагонат далерӣ ато кун, то каломатро нотарсона гап зананд». Яҳува ба дуои самимии онҳо ҷавоб гардонд. (Корнома 4:29, 31-ро хонед.)
13. Мо аз мисоли Ҷин-ҳюк чӣ дарс мегирем?
13 Вақте ҳокимиятдорон аз мо талаб мекунанд, ки мавъиза карданро бас кунем, мо мисли шогирдони Исо амал мекунем. Мисоли бародар Ҷин-ҳюкро мегирем. Ӯро барои мавқеи бетарафияш ҳабс карда буданд. Дар ҳабсхона ин бародарро вазифадор карданд, то ба баъзе маҳбусоне, ки дар камераҳои алоҳида нигоҳ дошта мешуданд, хӯрок ва дигар чизҳои заруриро диҳад. Вале ӯ ба онҳо ғайр аз ниёзашон бояд дигар дар бораи ҳеҷ чиз гап намезад, аз ҷумла дар бораи Китоби Муқаддас. Бародарамон аз Яҳува дар дуо далерӣ ва фаросат пурсид, то ҳар як фурсатро ба кор бурда мавъиза кунад (Кор. 5:29). Ӯ мегӯяд: «Яҳува ба дуоям ҷавоб дод. Ӯ ба ман далерӣ ва хирад бахшид, то дар назди дари панҷара бо маҳбусон бисёр омӯзиши Китоби Муқаддас сар кунам, ки панҷ дақиқа давом меёфтанд. Бегоҳиҳо бошад, ман мактуб навишта, пагоҳаш ба дигар маҳбусон тақсим мекардам». Мисли Ҷин-ҳюк мо низ метавонем аз Яҳува далерӣ ва хирад пурсем ва шубҳа накунем, ки дар иҷрои таъйинотамон ӯ кумак мекунад.
14. Дар вақтҳои мушкил чӣ ба мо кумак карда метавонад? (Забур 37:3, 5).
14 Аз Яҳува кумак пурсед, ки дар мушкилиҳо истодагӣ кунед. Бисёри мо аз беморӣ, мушкилии равонӣ, марги шахси наздик, вазъияти душвор дар оила, озору азият ё дигар чизҳо азоб мекашем. Вабои оламгир ва ҷангҳо бошанд, бори бисёри ин мушкилиҳоро бароямон боз ҳам вазнин кардаанд. Пас, дилатонро ба Яҳува холӣ кунед. Дар бораи вазъияти худ ба ӯ тавре гӯед, ки ба дӯсти ҷониатон мегуфтед. Боварӣ дошта бошед, ки Яҳува бар манфиати шумо «амал хоҳад кард». (Забур 37:3, 5-ро хонед.)
15. Чӣ тавр дуо кумак мекунад, ки «дар азобҳо истодагӣ» намоем? Мисол оред.
15 Пайваста дуо гуфтан кумак мекунад, ки «дар азобҳо истодагӣ» намоем (Рум. 12:12). Яҳува медонад, ки хизматгоронаш чӣ мушкилиҳоро аз сар мегузаронанд. Ӯ «фиғони онҳоро мешунавад» (Заб. 145:18, 19). Кристи ном пешрави 29-сола ҳақ будани ин суханонро аз ҳаёти худ медонад. Замоне саломатии ӯ ногаҳон бад шуд. Аз ин сабаб ӯ ба депрессия гирифтор шуд. Баъдтар Кристи фаҳмид, ки модараш ба бемории марговаре гирифтор шудааст. Ӯ мегӯяд: «Ман аз дилу ҷон ба Яҳува дуо гуфта барои ҳар як рӯз қувват мепурсидам. Кӯшиш мекардам, ки мувофиқи реҷаи рӯҳонӣ амал намуда ба вохӯриҳо раваму омӯзиши шахсӣ гузаронам». Ӯ илова мекунад: «Дуо ба ман кумак кард, ки дар лаҳзаҳои душвор истодагӣ кунам. Ман медонистам, ки Яҳува ҳамеша дар барам аст. Донистани ин бароям сарчашмаи бузурги тасаллӣ буд. Ҳарчанд он вақт саломатии ман дарҳол беҳтар нагашт, Яҳува ба дуоҳоям ҷавоб медод ва ба дилам оромиву осудагӣ мебахшид». Пас, биёед ҳамавақт гуфтаҳои зерини Каломро дар ёд дорем: «Яҳува медонад, ки чӣ тавр худотарсонро аз озмоиш халос кунад» (2 Пет. 2:9).
16. Чаро барои бо васваса мубориза бурдан ба мо кумаки Яҳува лозим аст?
16 Аз Яҳува кумак пурсед, ки ба васваса дода нашавед. Мо одамони нокомил доим бо майлҳои нодурустамон мубориза мебарем. Шайтон кӯшиш мекунад, ки ин муборизаи моро душвортар гардонад. Як роҳе ки ӯ барои фосид гардонидани фикрҳои мо ба кор мебарад, вақтхушиҳои ношоиста мебошад. Чунин вақтхушиҳо дар ақли мо фикрҳои нопокро мекоранд, фикрҳоеро, ки моро дар назари Яҳува нопок месозанд ва ба гуноҳи ҷиддӣ тела медиҳанд (Марқ. 7:21–23; Яъқ. 1:14, 15).
17. Баъди аз Яҳува кумак пурсидан мо бояд чӣ кор кунем, ки ба васваса дода нашавем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
17 Мо бе кумаки Яҳува бар нафси гунаҳкоронаи худ ғолиб намеоем. Дар дуои намунавӣ Исо аз Яҳува хоҳиш кард: «Нагузор, ки ба васваса афтем, балки моро аз Шайтон халос кун» (Мат. 6:13). Яҳува тайёр аст ба мо кумак расонад, вале барои ин мо бояд аз ӯ мадад пурсем. Баъди он ки дар дуо аз Яҳува кумак пурсидем, мо бояд аз таҳти дил кӯшиш карда ба корҳое, ки моро ба васваса тела медиҳанд, даст назанем. Ҳамчунин мо метавонем ақидаҳоеро, ки дар ин дунёи Шайтон машҳуранд ва фикрронии шахсро вайрон месозанд, нахонем ва гӯш накунем (Заб. 97:10). Бо мутолиаву омӯзиши Китоби Муқаддас мо ақлу диламонро бо фикрҳои нек пур карда метавонем. Ғайр аз ин, вохӯриҳои ҷамоат ва иштирок дар онҳо фикрронии моро муҳофизат мекунанд. Яҳува бошад, ваъда медиҳад, ки намегузорад, то мо берун аз қувватамон озмуда шавем (1 Қӯр. 10:12, 13).
18. Дар масъалаи дуогӯйӣ ҳар яки мо бояд чӣ кор кунем?
18 Дар ин рӯзҳои охир ҳар яки мо барои ба Яҳува вафодор мондан аз пештара дида ба дуо гуфтан муҳтоҷем. Аз ин рӯ барои дуоҳои самимӣ гуфтан вақт ҷудо кунед. Яҳува мехоҳад, ки диламонро «ба ӯ холӣ» кунем (Заб. 62:8). Дар дуоҳоятон Яҳуваро ҷалол диҳед ва барои ҳар як некияш миннатдор шавед. Хоҳиш кунед, ки дар хизмат ба шумо далерӣ диҳад. Илтиҷо намоед, ки ба шумо қувват бахшад, то дар мушкилиҳоятон истодагӣ кунед ва ба ҳар васвасае, ки шояд ҳоло дучор шудаед, муқобилат карда тавонед. Ба Яҳува мунтазам дуо гӯед, нагузоред, ки касе ё чизе дар ин кор пеши роҳатонро гирад. Аммо чӣ тавр Яҳува ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад? Ин савол дар мақолаи навбатӣ муҳокима мешавад.
СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо
a Мо мехоҳем дуоҳоямон мисли мактубе ба дӯсти наздик бошанд. Лекин барои дуо вақт ҷудо кардан на ҳама вақт осон аст. Инчунин баъзан намедонӣ, ки дар бораи чӣ дуо гӯйӣ. Дар ин мақола дар атрофи ҳамин ду мавзуи муҳим гап меравад.