БОБИ ҲАБДАҲ
Чӣ тавр бояд дуо гӯем?
1, 2. Барои чӣ гуфтан мумкин аст, ки имконияти дуо гуфтан атои бузурги Худост? Барои чӣ мо бояд фаҳмем, ки дар ин бора Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?
ДАР БАЙНИ ин қадар сайёраҳову ситораҳо сайёраи мо, яъне Замин як нуқтачаи майда аст. Дар назари Яҳува ҳама одамони рӯйи замин монанди қатрае аз оби сатиланд (Забур 113:23; Ишаъё 40:15). Ҳарчанд одамон назар ба ситораву сайёраҳо хеле майда ва ночизанд, дар Забур 144:18, 19 гуфта мешавад: «Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое, ки Ӯро мехонанд, ба ҳамаи онҳое, ки Ӯро ба ростӣ мехонанд. Хоҳиши тарсгорони Худро ба ҷо меоварад, ва истиғоса [фарёд]-и онҳоро мешунавад, ва онҳоро наҷот медиҳад». Офаридгори тамоми олам, Яҳува Худо, мехоҳад ба мо наздик бошад ва дуоҳои моро шунавад. Мо метавонем бо Худои Таоло гап занем! Ин, дар ҳақиқат, атои бузург аст!
2 Лекин Яҳува ба ҳама дуоҳо гӯш намекунад. Ӯ ҳамон одамеро гӯш мекунад, ки дуруст дуо гӯяд. Аз куҷо фаҳмем, ки чӣ хел дуо гуфтан дуруст асту чӣ хел нодуруст? Биёед бинем, ки Каломи Худо дар ин бора чӣ мегӯяд.
БАРОИ ЧӢ БОЯД ДУО ГӮЕМ?
3. Барои чӣ мо бояд ба Худо дуо гӯем?
3 Яҳува мехоҳад, ки мо ба Ӯ дуо гӯем. Мо инро аз куҷо медонем? Аз Филиппиён 4:6, 7. (Оятро хонед.) Худи Офаридгори олам мехоҳад, ки мо диламонро ба Ӯ холӣ кунем. Яҳува мехоҳад, ки мо дар бораи ғаму ташвишамон бо Ӯ гап занем.
4. Барои чӣ гуфтан мумкин аст, ки тез-тез дуо гуфта мо ба Яҳува наздик мешавем?
4 Дуо моро ба Худо наздиктар мекунад. Агар дӯстон тез-тез бо якдигар сӯҳбат кунанд ва дилашонро холӣ кунанд, ба якдигар наздиктар мешаванд. Чӣ тавр мо бо Яҳува сӯҳбат карда метавонем? Вақте мо Китоби Муқаддасро мехонем, гӯё овози Ӯро мешунавем. Ӯ ба воситаи Каломаш мегӯяд, ки аз мо чӣ мехоҳад ва дар оянда чӣ кор карданӣ аст. Вақти дуо гуфтан бошад, мо метавонем чизе, ки дар диламон ҳаст, ба Яҳува гӯем. Агар мо ҳар рӯз бо Яҳува гап занем, ба Ӯ наздиктар мешавем (Яъқуб 4:8).
ЧӢ КОР КУНЕМ, КИ ХУДО ДУОҲОИ МОРО ГӮШ КУНАД?
5. Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува дуои ҳама одамонро гӯш намекунад?
5 Оё Яҳува дуои ҳама одамонро гӯш мекунад? Не. Дар замонҳои Ишаъё-пайғамбар Яҳува ба халқи Исроил ин хел гуфт: «Дуоро афзун кунед ҳам, намешунавам, чунки дастҳои шумо пур аз хун аст» (Ишаъё 1:15). Барои ҳамин мо набояд ягон коре кунем, ки моро аз Худо дур кунад ва Ӯ дигар дуоҳоямонро гӯш накунад. Биёед эҳтиёт шавем, ки дили Худоро наранҷонем.
6. Барои чӣ имон доштан зарур аст? Чӣ хел мо нишон медиҳем, ки ба Худо имон дорем?
6 Агар хоҳем, ки Яҳува ба дуоҳоямон гӯш кунад, бояд ба Ӯ имон дошта бошем (Марқӯс 11:24). Павлуси расул чунин навишта буд: «Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод» (Ибриён 11:6). Лекин «ман ба Худо имон дорам» гуфтан кам аст. Мо бояд ҳар рӯз бо рафтори худ нишон диҳем, ки ба Худо бовар дорем. (Яъқуб 2:26-ро хонед.)
7. а) Барои чӣ мо бояд бо ҳурмату эҳтироми зиёд ба Худо дуо гӯем? б) Аз таҳти дил дуо гуфтан чӣ маъно дорад?
7 Вақте одамон бо президент ё ягон калоншаванда гап мезананд, ҳурмати худро нишон медиҳанд, ҳамин тавр-не? Аммо вақти бо Худо гап задан, мо бояд ҳазорон бор бештар ҳурмату эҳтиром дошта бошем. Барои чӣ? Чунки Яҳува Офаридгори тамоми олам аст, мо бошем, одамони хокӣ (Ҳастӣ 17:1; Забур 137:6). Баъзе одамон ба забоне дуо мегӯянд, ки худашон намефаҳманд ва ё аз китобчаи дуоҳо ягон чизро аз ёд карда ҳангоми дуо гуфтан такрор мекунанд. Аммо мо набояд як чизро қориазёд кунем ё тӯтивор такрор кунем. Худо мехоҳад, ки мо дар дуо фақат он чизеро, ки дар диламон ҳаст, ҳамонро гӯем (Матто 6:7, 8).
8. Вақте мо аз Худо ягон чиз мепурсем, чӣ кор бояд кунем?
8 «Аз мо ҳаракат, аз Худо баракат» гуфтаанд. Дар ҳақиқат, агар мо ягон чизро аз Яҳува пурсем, бояд худамон ҳам чени қуввати худ кӯшиш кунем. Масалан, агар мо аз Худо ризқу рӯзӣ пурсем, лекин по дароз карда шинем, Ӯ аз осмон нон намепартояд. Мо бояд меҳнатдӯст бошем ва аз ягон хел кор нагурезем (Матто 6:11; 2 Таслӯникиён 3:10). Боз як мисол: вақте мо аз Худо ёрдам мепурсем, ки ягон одати бадро партоем, худамон бояд аз ҳолату вазъиятҳое, ки моро ба гуноҳ тела дода метавонанд, дур шавем (Қӯлассиён 3:5). Биёед акнун баъзе саволҳоро дар бораи дуо бинем.
ДУРУСТ ДУО ГӮЕД
9. Мо бояд ба кӣ дуо гӯем? Аз рӯйи ояти Юҳанно 14:6 ба воситаи кӣ дуо гуфтан даркор аст?
9 Мо бояд ба кӣ дуо гӯем? Исо гуфта буд, ки мо бояд ба «Падари мо, ки дар осмон» аст, дуо гӯем (Матто 6:9). Ӯ боз гуфта буд: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман» (Юҳанно 14:6). Барои ҳамин мо танҳо бояд ба Яҳува дуо гӯем ва ба воситаи Исо. Лекин чаро ба воситаи Исо бояд дуо гӯем? Барои он ки Яҳува ба Исо вазифаи муҳим додааст. Ба воситаи Исо дуо гуфта мо нишон медиҳем, ки Исо ва мартабаи баландеро, ки Худо ба ӯ додааст, ҳурмат мекунем. Исо ба замин омад ва моро аз гуноҳу марг халос кард (Юҳанно 3:16; Румиён 5:12). Яҳува ӯро саркоҳин таъин кард, то ба воситаи ӯ гуноҳҳоямон бахшида шаванд. Яҳува ӯро ҳамчунин довар (судя) таъин кардааст (Юҳанно 5:22; Ибриён 6:20).
10. Чӣ тавр бояд дуо гӯем?
10 Чӣ тавр бояд дуо гӯем? Китоби Муқаддас аниқ намегӯяд, ки бояд дар ҷое шишта, зону зада ё рост истода дуо гӯем. Фақат дар ёд дошта бошем, ки ин корро бо эҳтиром кунем (1 Вақоеънома 17:16; Наҳемё 8:6; Дониёл 6:10; Марқӯс 11:25). Барои Яҳува фарқаш нест, ки мо рост истода дуо мегӯем ё хам шуда, муҳимаш ин ки бо эҳтиром ва аз таҳти дил дуо гӯем. Мо метавонем дар кадом вақте ки хоҳем ва дар куҷое ки хоҳем, дуо гӯем. Хоҳ бо овоз дуо гӯем, хоҳ дар диламон, Яҳува моро мешунавад (Наҳемё 2:1–6).
11. Дар бораи чӣ дуо гуфтан мумкин аст?
11 Дар бораи чӣ дуо гӯем? Мо метавонем дар бораи ҳама чизе, ки ба хости Яҳува зид нест, дуо гӯем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад» (1 Юҳанно 5:14). Оё мо метавонем барои худамон аз Худо ягон чиз пурсем? Бале. Мо бояд ҳамин хел дуо гӯем, ки гӯё бо дӯсти наздикамон гап мезанем. Мо бояд ба Яҳува ҳар чизеро, ки дар диламон ҳаст, гӯем (Забур 61:9). Мо метавонем аз Ӯ барои кардани кори дуруст рӯҳи муқаддас пурсем (Луқо 11:13). Ҳамчунин метавонем аз Яҳува ақлу хирад пурсем, ки боақлона рафтор кунем ва ё қувват пурсем, то ба душвориҳо тоқат кунем (Яъқуб 1:5). Мо бояд аз Яҳува барои гуноҳҳоямон бахшиш пурсем (Эфсӯсиён 1:3, 7). Боз мо бояд дар ҳаққи дигарон ҳам дуо гӯем, масалан, дар ҳаққи бародару хоҳаронамон дар ҷамъомад (Аъмол 12:5; Қӯлассиён 4:12).
12. Дар дуоҳоямон чӣ бояд дар ҷойи аввал бошад?
12 Пеш аз ҳама дар бораи чӣ дуо гӯем? Дар бораи Яҳува ва хости Ӯ. Мо бояд ба Ӯ барои ҳама чизи додааш раҳмат гӯем (1 Вақоеънома 29:10–13). Вақте Исо дар замин буд, ӯ ба шогирдонаш ёд дод, ки чӣ тавр бояд дуо гӯянд. (Матто 6:9–13-ро хонед.) Якум, мо бояд дар бораи муқаддас шудани номи Яҳува дуо гӯем. Дуюм, дар бораи омадани Подшоҳии Худо ва дар тамоми замин иҷро шудани хости Ӯ. Танҳо баъди ин мо метавонем дар бораи ризқу рӯзӣ ва чизҳои бароямон даркорӣ дуо гӯем. Вақте мо аввал дар бораи Яҳува ва хосташ дуо мегӯем, нишон медиҳем, ки Ӯ дар ҷойи аввали ҳаётамон меистад.
13. Чӣ қадар бояд дуо гӯем?
13 Чӣ қадар бояд дуо гӯем? Китоби Муқаддас намегӯяд, ки мо бояд чанд дақиқа ва ё чанд соат дуо гӯем. Ин аз вазъият вобаста аст. Масалан, мумкин, пеш аз хӯрок мо дуои кӯтоҳ мегӯем, аммо вақте ба Яҳува шукр мегӯем ва ё диламонро ба Ӯ холӣ мекунем, дарозтар дуо мегӯем (1 Подшоҳон 1:12, 15). Мо набояд дар пеши дигарон худро диндор нишон дода, дурудароз дуо гӯем. Дар замони Исо баъзе одамон ҳамин хел мекарданд (Луқо 20:46, 47). Ин хел рафтор ба Яҳува маъқул нест. Агар хоҳем, ки Яҳува дуоҳоямонро қадр кунад, бояд аз таҳти дил ва бе дурӯягӣ дуо гӯем.
14. Дар як рӯз чанд бор бояд дуо гӯем?
14 Чанд бор бояд дуо гӯем? Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки тез-тез дуо гӯем. Дар он гуфта мешавад, ки мо бояд «ҳамеша» ва «пайваста» дуо гӯем (Матто 26:41; Румиён 12:12; 1 Таслӯникиён 5:17). Яҳува ҳама вақт барои гӯш кардани мо тайёр аст. Мо ҳар рӯз метавонем барои некиҳо ва муҳаббаташ Ӯро шукр гӯем. Ҳамчунин мо аз Ӯ роҳнамоӣ, қувват ва оромиву тасаллӣ пурсида метавонем. Агар мо дар ҳақиқат имконияти бо Яҳува гап заданро қадр кунем, тез-тез ба Ӯ дуо мегӯем.
15. Барои чӣ дар охири дуо бояд «омин» гӯем?
15 Барои чӣ дар охири дуоямон бояд «омин» гӯем? Калимаи «омин» маънояш «ҳамин хел шавад» ё «ҳаққ асту рост» мебошад. Вақте мо дар охири дуо «омин» мегӯем, нишон медиҳем, ки аз самими дил дуо гуфта истодаем (Забур 40:14). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки вақте ягон каси дигар аз номи ҳама дуо мегӯяд, мо дар охир «омин» гуфта бо гапҳои ӯ розӣ буданамонро нишон медиҳем. Мо «омин»-ро ҳам бо овоз гуфта метавонем, ҳам дар дил (1 Вақоеънома 16:36; 1 Қӯринтиён 14:16).
ЯҲУВА БА ДУОҲОЯМОН ЧӢ ХЕЛ ҶАВОБ МЕДИҲАД?
16. Оё Яҳува ба дуоҳои одамон ҷавоб медиҳад? Фаҳмонед.
16 Оё Яҳува дар ҳақиқат дуоҳои моро мешунавад? Бале, дар Китоби Муқаддас дар бораи Ӯ гуфта мешавад: «Дуоро мешунавӣ» (Забур 64:3). Яҳува дуоҳои миллионҳо одамони покдилро мешунавад ва ба онҳо ҳар хел ҷавоб медиҳад.
17. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи фариштаҳо ва хизматгорони заминиаш ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад?
17 Яҳува ба воситаи фариштаҳо ва хизматгорони заминии худ ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад (Ибриён 1:13, 14). Борҳои зиёд ин хел шудааст, ки одамон барои ба Худо наздик шудан аз Ӯ ёрдам пурсидаанд, ва каме пас Шоҳидони Яҳува назди онҳо омаданд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки фариштагон ҳам дар паҳн кардани хушхабар иштирок мекунанд. (Ваҳй 14:6-ро хонед.) Яҳува ба дуоҳои худи мо ҳам метавонад ба воситаи бародару хоҳаронамон ҷавоб диҳад. Бо бисёре аз мо чунин шудааст, ки аз Яҳува кӯмак пурсидем ва ягон бародар ё хоҳар аз ҷамъомад ба мо ёрдам кардааст (Масалҳо 12:25; Яъқуб 2:16).
18. Боз бо кадом роҳҳо Яҳува ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад?
18 Яҳува ҳамчунин ба воситаи рӯҳи муқаддасаш ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад. Агар мо дар вақти душворӣ аз Ӯ ёрдам пурсем, Ӯ метавонад бо рӯҳи муқаддасаш ба мо роҳ нишон диҳад ва ё қувват бахшад (2 Қӯринтиён 4:7). Боз Яҳува бо Каломи худ ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад. Вақте мо Китоби Муқаддасро мехонем, ягон оятҳо ба мо барои дуруст рафтор кардан ёрдам карда метавонанд. Ғайр аз ин Яҳува метавонад ба воситаи бародару хоҳарон ба дуои мо ҷавоб диҳад. Масалан, ягон кас дар ҷамъомад фикре мегӯяд, ки ба мо ёрдам карда метавонад (Ғалотиён 6:1).
19. Вақте ба назарамон метобад, ки Яҳува ба дуоямон ҷавоб намедиҳад, чиро бояд дар хотир дорем?
19 Баъзан ба назарамон чунин тофта метавонад, ки Яҳува дуоҳоямонро гӯш намекунад. Дар чунин ҳолат бояд дар хотир дошта бошем, ки Ӯ нағз медонад, ки кай ва чӣ тавр ба дуоҳои мо ҷавоб диҳад. Ӯ медонад чӣ ба мо даркор асту чӣ не. Дар ин маврид мо бояд аз Яҳува гаштаву баргашта пурсем, ки ба дуоямон ҷавоб диҳад. Ҳамин тавр мо нишон медиҳем, ки ба Ӯ имон дорем ва сахт мехоҳем, ки Ӯ ба дуоямон ҷавоб диҳад (Луқо 11:5–10). Баъзан Яҳува ба дуоҳоямон тавре ҷавоб медиҳад, ки мо интизор нестем. Масалан, мо аз Яҳува мепурсем, ки ягон душвориро яктарафа кунад, лекин ба ҷойи ин Яҳува ба мо қувват медиҳад, ки тоқат кунем. (Ишаъё 40:28, 29-ро хонед.)
20. Барои чӣ мо бояд ба Яҳува тез-тез дуо гӯем?
20 Дар ҳақиқат, имконияти дуо гуфтан атои бузургест аз тарафи Яҳува! Мо боварии пурра дорем, ки Ӯ ба дуоҳои мо гӯш медиҳад (Забур 144:18). Чи қадаре ки бештар ба Яҳува дуо гӯем, ҳамон қадар ба Ӯ наздик мешавем.