Боби панҷ
Озодие, ки ибодаткунандагони Яҳува аз он баҳраманданд
1, 2. a) Худо ба ҷуфти нахустини одамон чӣ гуна озодӣ дода буд? б) Баъзе қонунҳоеро, ки чӣ гуна амал намудани Одаму Ҳавворо муайян месохтанд, номбар кунед.
ЯҲУВА марду зани нахустинро озод офарида буд ва озодии онҳо аз озодие, ки имрӯз одамон доранд, ба куллӣ фарқ мекард. Ҷои зисти онҳо биҳишт, боғи зебои Адан буд. Ҳеҷ гуна беморие ба хушбахтона зиндагӣ кардани онҳо халал намерасонд, зеро ақлу тани онҳо комил буд. Онҳоро марге, ки ҳоло барои тамоми наслашон ногузир аст, интизор набуд. Инчунин аввалин марду зан монанди роботҳо набуданд, балки ба онҳо озодии ирода ё қобилияти мустақилона қарор қабул намудан ато шуда буд. Вале барои дар оянда низ аз чунин озодӣ баҳра бурдан, онҳо бояд аҳкоми Худоро гиромӣ медоштанд.
2 Масалан, дар бораи қонунҳои физикие, ки Худо муқаррар намудааст, андеша кунед. Ба навишта шудани ин қонунҳо эҳтиёҷе набуд, зеро Одаму Ҳавво тавре офарида шуда буданд, ки итоат кардан ба ин қонунҳо барояшон табиӣ буд: вақте ки гурусна мемонданд, медонистанд, ки бояд ғизо бихӯранд, агар ташна мешуданд — об бинӯшанд, ғуруби офтоб бошад, ба онҳо аз фаро расидани вақти хоб дарак медод. Ғайр аз ин, Яҳува ба онҳо супорише дода буд. Он супоришро қонун низ номидан мумкин буд, чунки он амалу рафторашонро муайян месохт. Одаму Ҳавво бояд насл ба дунё меоварданд, бар ҳамаи мавҷудоти зиндаи рӯи замин ҳукмфармоӣ мекарданд ва ҳудуди биҳиштро васеъ менамуданд, то он даме ки тамоми рӯи замин ба биҳишт мубаддал гардад (Ҳастӣ 1:28; 2:15). Чӣ қонуни муфид ва барои иҷроиш гуворое! Ин қонунро риоя намуда, онҳо метавонистанд аз меҳнаташон қаноатмандӣ биёбанд ва бо ин восита қобилиятҳои худро ба пуррагӣ баҳри манфиати ҳамагон истифода баранд. Инчунин онҳо дар чӣ тавр иҷро кардани супоришашон озодии зиёде доштанд. Ғайр аз ин боз чиро орзу намудан мумкин буд?
3. Чӣ тавр Одаму Ҳавво метавонистанд аз озодии худ оқилона истифода бурданро ёд гиранд?
3 Гарчанде Одаму Ҳавво метавонистанд мустақилона қарор қабул кунанд, ин маънои онро надошт, ки ҳамаи қарорҳои онҳо натиҷаи хуб хоҳанд овард. Озодии онҳо дар қарор қабул намудан набояд аз ҳудуди қонуну принсипҳои Худо берун мебаромад. Чӣ тавр онҳо метавонистанд аз он қонуну принсипҳо хабардор гарданд? Тавассути гӯш додан ба Офаридгори худ ва мушоҳида намудани амали дастҳои Ӯ. Худо ба Одам ва Ҳавво ақлу хирад дода буд, то онҳо чизи омӯхтаашонро дар ҳаёт ба кор баранд. Азбаски онҳо комил офарида шуда буданд, ҳангоми қабули қарорҳо инъикос намудани хислатҳои Худо барояшон душвор набуд. Ва онҳо метавонистанд чунин амал намоянд, агар барои ҳама чизе ки Худо барояшон карда буд, сипосгузор мебуданд ва хоҳиши ба Ӯ мақбул буданро медоштанд (Ҳастӣ 1:26, 27; Юҳанно 8:29).
4. a) Оё фармоне, ки ба Одам ва Ҳавво дар хусуси нахӯрдани меваи як дарахт дода шуда буд, онҳоро аз озодӣ маҳрум мекард? б) Чаро Яҳува ҳақ дошт, ки чунин фармон бидиҳад?
4 Худо қарор дод, ки садоқатмандии Одам ва Ҳавворо нисбати Худ, яъне Офаридгорашон бисанҷад, ва инчунин биозмояд, ки оё онҳо тайёранд дар доираи қонунҳои Ӯ аз озодии худ истифода баранд. Аз ин рӯ, Яҳува ба Одам амр фармуд: «Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир; аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд» (Ҳастӣ 2:16, 17). Ҳавво низ пас аз офарида шуданаш аз ин қонун хабардор гашт (Ҳастӣ 3:2, 3). Оё ин маҳдудият онҳоро аз озодӣ маҳрум мекард? Албатта, не. Онҳо ба фаровонӣ аз ҳар гуна ғизои хуштаъм таъмин буданд, вале танҳо аз меваи як дарахт хӯрдан барояшон манъ буд (Ҳастӣ 2:8, 9). Онҳо бояд эътироф мекарданд, ки замин ба Худо тааллуқ дорад, чунки Ӯ онро офаридааст. Аз ин рӯ, Ӯ ҳақ дорад қонунҳоро муқаррар созад, ки мувофиқи иродаи Ӯ буда, ба манфиати одамон хизмат мекунанд (Забур 23:1, 10).
5. a) Чӣ тавр Одаму Ҳавво озодии бошукӯҳи худро аз даст доданд? б) Озодиеро, ки Одаму Ҳавво доштанд, чӣ иваз намуд ва ин ба мо чӣ гуна таъсир расонд?
5 Аммо чӣ воқеае рӯй дод? Фариштае аз паи хоҳишҳои худхоҳонааш рафта, аз озодии иродаи худ сӯистифода намуд ва Шайтон ном гирифт, ки маънояш «мухолиф» аст. Ӯ Ҳавворо фиреб дод, яъне ӯро бовар кунонд, ки он чӣ Худо гуфтааст, аз ҳақиқат дур аст (Ҳастӣ 3:4, 5). Одам низ ба зани худ ҳамроҳ шуда, қонуни Худоро зери по гузошт. Одаму Ҳавво ба чизе ки ба онҳо тааллуқ надошт, дастдарозӣ карда, озодии бошукӯҳи худро аз даст доданд. Бар онҳо гуноҳ ҳукмфармо гашт ва оқибат, чуноне ки Худо огоҳ карда буд, онҳо фавтиданд. Одаму Ҳавво ба насли худ гуноҳро — майли модарзодиеро, ки дар хатокорӣ зоҳир мегардад, мерос гузоштанд. Беморӣ, пирӣ ва марг низ оқибати гуноҳ мебошанд. Майл ба хатокорӣ, ки зери таъсироти шайтонӣ боз ҳам пуршиддат мегардад, боиси ба миён омадани ҷомеаи инсоние гардид, ки таърихаш пур аз нафрат, ҷиноят, зулму ситам ва ҷангҳоест, ки ҳаёти миллионҳо нафарро аз байн бурдаанд. Ин аз озодие, ки Худо дар аввал ба инсоният дода буд, чӣ фарқияте дорад! (Такрори Шариат 32:4, 5; Айюб 14:1, 2; Румиён 5:12; Ваҳй 12:9).
Чӣ гуна метавон озодиро ёфт
6. a) Озодии ҳақиқиро чӣ гуна метавон ёфт? б) Исо дар бораи кадом навъ озодӣ сухан ронда буд?
6 Аз сабаби бад будани шароит дар тамоми ҷаҳон тааҷҷубовар нест, ки одамон орзуи озодии бештареро доранд. Вале озодии ҳақиқиро чӣ гуна метавон ёфт? Исо гуфта буд: «Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд, ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳанно 8:31, 32). Одамон ба умеди ёфтани озодӣ сарваронро ё як шакли давлатдориро ба дигараш иваз мекунанд. Вале Исо дар бораи дигар навъ озодӣ гуфта буд — дар бораи озодӣ аз банди гуноҳ, ки сарчашмаи ҳамаи мушкилиҳои инсонӣ мебошад (Юҳанно 8:24, 34–36). Ҳамин тавр, агар шахс шогирди ҳақиқии Исои Масеҳ гардад, дар зиндагиаш тағйироти бузурге эҳсос хоҳад кард. Ӯ озод хоҳад шуд!
7. a) Ба кадом маъно мо метавонем ҳоло аз гуноҳ озод бошем? б) Барои ин гуна озодиро ба даст овардан ба мо чӣ кор кардан лозим аст?
7 Ин маънои онро надорад, ки масеҳиёни ҳақиқӣ таъсири майли модарзодиеро, ки ба гуноҳ кардан доранд, дигар ҳис нахоҳанд кард. Азбаски онҳо гуноҳро мерос гирифтаанд, то ҳол бо он мубориза мебаранд (Румиён 7:21–25). Вале агар шахс дар ҳақиқат аз рӯи таълимоти Исо зиндагӣ кунад, ӯ дигар бандаи гуноҳ нахоҳад буд. Гуноҳ дигар бар ӯ чун ҳокими золиме, ки кас бояд ба фармонҳояш кӯр–кӯрона итоат намояд, ҳукмфармоӣ нахоҳад кард. Чунин шахс аз зиндагии бемақсад ва аз азоби виҷдон раҳо хоҳад шуд. Ӯ дар назди Худо виҷдони пок пайдо хоҳад кард, чунки гуноҳҳои пешинааш дар асоси имони ӯ ба қурбонии Масеҳ бахшида мешаванд. Майлу рағбати гунаҳкорона метавонанд аз худ дарак диҳанд, аммо вақте ки шахс таълимоти поки Масеҳро ба ёд оварда, он майлро аз худ дур месозад, ӯ нишон медиҳад, ки гуноҳ дигар бар ӯ ҳукмфармо нест (Румиён 6:12–17).
8. a) Масеҳиёни ҳақиқӣ соҳиби чӣ гуна озодианд? б) Муносибати мо нисбати ҳукуматдорони ин ҷаҳон бояд чӣ гуна бошад?
8 Биёед дида бароем, ки мо ҳамчун масеҳиён соҳиби чӣ гуна озодӣ мебошем. Мо аз таъсири таълимоти бардурӯғ, аз асорати хурофот ва гуноҳ раҳо шудаем. Донистани ҳақиқат дар бораи ҳолати мурдагон ва эҳёшавӣ моро аз тарси барзиёди марг озод намудааст. Огоҳӣ аз он ки ба наздикӣ Салтанати одилонаи Худо ҳокимиятҳои нокомили одамиро иваз хоҳад кард, моро аз ноумедӣ раҳо медиҳад (Дониёл 2:44; Матто 6:10). Вале чунин озодӣ ба мо ҳуқуқ намедиҳад, ки нисбати ҳукуматдорон ва қонунҳои баровардаашон беҳурматӣ нишон диҳем (Титус 3:1, 2; 1 Петрус 2:16, 17).
9. a) Чӣ тавр Яҳува бо муҳаббат кӯмак менамояд, ки мо ба пуррагӣ аз озодие, ки ҳоло барои инсонҳо имконпазир аст, истифода барем? б) Чӣ тавр мо метавонем оқилона қарор қабул намоем?
9 Яҳува намехоҳад, ки мо роҳи беҳтарини ҳаётро пас аз чашидани таҷрибаи талх биёбем. Ӯ медонад, ки мо чӣ гуна сохта шудаем ва чӣ ба мо қаноатмандии ҳақиқӣ ва манфиати бардавом хоҳад овард. Ӯ ҳамчунин воқиф аст, ки кадом андешаву рафтор метавонанд муносибати моро бо Ӯ ва бо дигарон вайрон созанд ва ҳатто барои роҳ ёфтан ба дунёи нав монеъ гарданд. Ҳамаи инро Яҳува бо муҳаббат тавассути Китоби Муқаддас ва созмони заминии худ ба мо маълум месозад (Марқӯс 13:10; Ғалотиён 5:19–23; 1 Тимотиюс 1:12, 13). Пас, аз худи мо вобаста аст, ки чӣ гуна дар ҷавоби ғамхориҳои Яҳува аз озодии иродаамон истифода мебарем. Агар мо гуфтаҳои Китоби Муқаддасро дар дили худ ҷой дода бошем, баръакси Одам қарорҳои оқилона қабул хоҳем намуд. Бо ин мо нишон медиҳем, ки нигоҳ доштани муносибати хуб бо Яҳува дар ҳаётамон чизи аз ҳама муҳим аст.
Хоҳиши дигар навъ озодӣ
10. Баъзе Шоҳидони Яҳува чӣ гуна озодиро хоҳонанд?
10 Баъзан бархе аз Шоҳидони Яҳува, ки ҷавон ва ё калонсол мебошанд, метавонанд хоҳиш пайдо кунанд, ки дигар навъи озодиро дошта бошанд. Ҷаҳон метавонад барояшон ҷолиб тобад ва ҳар қадаре ки онҳо дар бораи он бештар фикр мекунанд, ҳамон қадар орзую ҳавасашон нисбати корҳое, ки дар ин ҷаҳон васеъ паҳн шудаанд, вале ба масеҳиён раво нестанд, қавитар мегардад. Шояд чунин одамон нияти кашидани нашъа, барзиёд нӯшидани машруботи спиртӣ ва ё зино карданро надоранд, аммо онҳо бо шахсоне ҳамнишин мегарданд, ки масеҳиёни ҳақиқӣ нестанд, ва мехоҳанд дар наздашон эътироф пайдо кунанд. Онҳо ҳатто метавонанд ба гуфтору рафтори он ҳамнишинонашон тақлид намуданро сар кунанд (3 Юҳанно 11).
11. Гоҳо васвасаи ба корҳои нодуруст даст задан аз кӣ бармеояд?
11 Гоҳо васвасаи ба корҳои ғайримасеҳӣ даст задан аз касоне бармеояд, ки худро ходимони Яҳува меноманд. Чунин ҳолат бо баъзе масеҳиёни пешин рӯй дода буд ва метавонад дар рӯзҳои мо низ рӯй диҳад. Аксар вақт чунин шахсон мехоҳанд корҳое кунанд, ки ба гумонашон ба онҳо ҳаловат мебахшанд, вале дар асл он корҳо зидди қонунҳои Худоянд. Онҳо дигаронро низ ба “вақтхушӣ” кардан даъват менамоянд. Он шахсон «озодиро ваъда медиҳанд, дар сурате ки худашон ғуломони фасод ҳастанд» (2 Петрус 2:19).
12. Рафторе, ки бархилофи қонуну принсипҳои Худо мебошад, ба чӣ гуна оқибатҳои ғамангез меорад?
12 Оқибати ин гуна озодӣ ҳамеша бад аст, зеро шахс қонунҳои Худоро поймол месозад. Барои мисол, алоқаи ҷинсии нораво метавонад ба ошуфтагиву изтироб, касалӣ, марг, ҳомиладории номатлуб ва ба барҳам хӯрдани оила оварда расонад (1 Қӯринтиён 6:18; 1 Таслӯникиён 4:3–8). Истеъмоли маводи нашъаовар метавонад боиси асабоният, нутқи норавшан, хира шудани чашмон, сарчархзанӣ, душвор шудани нафаскашӣ, галлюсинатсия ва марг гардад. Он метавонад ба нашъамандӣ орад ва он гоҳ аз эҳтимол дур нест, ки шахс барои пайдо намудани нашъа ба ҷиноят даст мезанад. Оқибатҳои сӯистифода аз машруботи спиртӣ низ чунинанд (Масалҳо 23:29–35). Онҳое ки бо чунин корҳо машғул мегарданд, шояд фикр мекунанд, ки озоданд, вале баъд ва хело дер, пай мебаранд, ки бандаи гуноҳ гардидаанд — гуноҳ бошад хоҷаи хеле бераҳмест! Агар мо аз ҳоло дар ин бобат андеша кунем, метавонем худро аз чунин хатарҳо эмин дорем (Ғалотиён 6:7, 8).
Решаи мушкилиҳо
13. a) Ҳавасҳое, ки ба оқибати бад меоранд, аксар вақт дар инсон чӣ гуна пайдо мешаванд? б) Барои фаҳмидани он ки «ёрони бад» киҳоянд, нуқтаи назари киро ба мо донистан зарур аст? в) Ба саволҳое, ки дар сатри 13 оварда шудаанд, ҷавоб дода, ба нуқтаи назари Яҳува диққати махсус диҳед.
13 Мушкилиҳо аксар вақт аз куҷо реша мегиранд? Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳад: «Ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад; баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дунё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад» (Яъқуб 1:14, 15). Ҳавас чӣ гуна дар инсон пайдо мешавад? Тавассути ҳар он чизе, ки ба ақламон ворид мегардад. Одатан ин натиҷаи муошират бо одамоне мебошад, ки аз рӯи принсипҳои Калом рафтор намекунанд. Албатта, ҳамаи мо медонем, ки бояд аз «ёрони бад» канорагирӣ намоем (1 Қӯринтиён 15:33). Вале ёрони бад киҳоянд? Назари Яҳува дар ин бора чӣ гуна аст? Мулоҳизаронӣ бар саволҳои зер ва хондани оятҳои овардашуда барои ба хулосаи дуруст омадан кӯмак хоҳанд кард.
Оё ба назар соҳибэҳтиром будани баъзе одамон маънои онро дорад, ки онҳо метавонанд барои мо ёрони нек бошанд? (Ҳастӣ 34:1, 2, 18, 19).
Оё метавонем ба гуфтор ва шӯхиҳояшон диққат дода, муайян созем, ки бо онҳо робитаи наздик пайдо кунем ё не? (Эфсӯсиён 5:3, 4).
Агар мо бо одамоне, ки ба Яҳува муҳаббат надоранд, дӯстӣ кунем, Ӯ чиро эҳсос хоҳад кард? (2 Вақоеънома 19:1, 2).
Чаро ҳангоми кор ё таҳсил кардан бо одамоне, ки эътиқоди моро қабул намекунанд, эҳтиёт шудан зарур аст? (1 Петрус 4:3, 4)
Тамошои барномаҳои телевизиониву филмҳо, истифодаи Интернет, хониши китобҳо, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо — тарзи муошират бо дигарон мебошад. Дар ҳамаи ин чӣ гуна хатар ниҳон аст ва чаро мо бояд худро аз ин гуна хатарҳо эҳтиёт кунем? (Масалҳо 3:31; Ишаъё 8:19; Эфсӯсиён 4:17–19).
Муоширате, ки мо барои худ интихоб мекунем, чиро оиди шахсиятамон ба Яҳува нишон медиҳад? (Забур 25:1, 4, 5; 96:10).
14. Онҳоеро ки имрӯз насиҳатҳои Каломи Худоро содиқона ба ҷо меоранд, чӣ гуна озодӣ интизор аст?
14 Мо дар остонаи дунёи нави Худо қарор дорем. Тавассути ҳукумати осмонии Худо одамизод аз таъсири Шайтон ва тамоми тартиботи шариронаи ӯ озод хоҳад шуд. Оҳиста–оҳиста ҳамаи одамони итоаткор аз оқибатҳои гуноҳ халос хоҳанд шуд, ва сипас онҳо соҳиби ақлу тани комил гашта, метавонанд дар биҳишт аз ҳаёти ҷовидонӣ лаззат баранд. Ниҳоятан тамоми махлуқот озодиеро соҳиб хоҳад шуд, ки комилан бо «Рӯҳи Худованд» дар мувофиқат мебошад (2 Қӯринтиён 3:17). Магар нисбати насиҳатҳои Каломи Худо беэътиноӣ зоҳир намуда, ҳамаи ин неъматҳоро аз даст додан бехирадона намебуд? Имрӯз аз озодии масеҳии худ оқилона истифода бурда, биёед баръало нишон диҳем, ки мо ҳақиқатан хоҳони «озодии ҷалоли фарзандони Худо» мебошем (Румиён 8:21).
Саволҳо барои такрор
• Ҷуфти нахустини инсонӣ чӣ гуна озодиро соҳиб буд? Дар бораи ҳолати имрӯзаи инсоният бошад чӣ гуфтан мумкин аст?
• Масеҳиёни ҳақиқӣ дорои чӣ гуна озодианд? Ин озодӣ аз он чизе, ки дар ҷаҳон озодӣ меноманд, чӣ фарқияте дорад?
• Чаро аз ёрони бад канорагирӣ намудан зарур аст? Мо, бархилофи Одам, нуқтаи назари киро оиди некиву бадӣ қабул менамоем?
[Tасвир дар саҳифаи 46]
Каломи Худо огоҳ мекунад: «Фирефта нашавед: “Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд”».