Боби 6
Чаро мо пир мешавем ва мемирем?
1. Нисбати ҳаёти инсоният олимон чиро фаҳмонида наметавонанд?
ОЛИМОН намедонанд, ки чаро инсон пир мешавад ва мемирад. Ба назар чунин менамояд, ки ҷараёни барқароршавии ҳуҷайраҳо набояд қатъ гардад ва мо бояд ҷовидона зиндагӣ кунем. Дар китоби “Асосҳои бофташиносӣ” («Hyojun Soshikigaku») гуфта шудааст: “Ҷараёни пиршавии ҳуҷайраҳо ва пиршавӣ ва марги инсон чӣ алоқамандӣ дорад — муаммоест бузург”. Аксари олимон ақида доранд, ки ҳаёти мо ҳудуди “табиӣ ва ирсӣ” дорад. Ба фикри шумо, оё онҳо ҳаққанд?
2. Баъзеҳо зудгузарии ҳаётро дида чӣ кор мекарданд?
2 Одамон ҳамеша дар орзуи дарозумриянд ва ҳатто кӯшиши ноил гаштан ба ҳаёти ҷовидонӣ доштанд. Аз асри IV қ. д. мо диққати ашрофони чиниро ба худ доруҳое ҷалб мекарданд, ки гӯё ҳаёти ҷовидониро имконпазир мекарданд. Баъдтар баъзе аз императорони чинӣ қабули қиёми ҳаётбахшеро, ки аз симоб тайёр мешуд, озмуданд ва даргузаштанд. Дар тамоми олам мардумони зиёде зиндагӣ мекунанд, ки маргро поёни ҳастӣ намеҳисобанд. Буддоиён, ҳиндуҳо, мусулмонон ва дигарон умеди зиндагии пас аз маргро мепарваранд. Дар ҷаҳони масеҳият бисёре зиндагии пурҳаловати осмониро интизоранд.
3. a) Чаро одамон ҷовидона зиндагӣ кардан мехоҳанд? б) Ба кадом саволҳо оиди марг посух бояд ёфт?
3 Тасаввурот дар бораи ҳаёти хушбахтонаи пас аз марг шаҳодат медиҳад, ки одамон хоҳиши ҷовидона зиндагӣ карданро доранд. «Ӯ... фикри абадиятро дар дили одамизод ҷо додааст»,— гуфта шудааст дар Китоби Муқаддас дар бораи фикри абадият, ки Худо дар дили мо ниҳодааст (Воиз 3:11). Ӯ нахустин инсонҳоро бо имконияти ҷовидона дар рӯи замин зиндагӣ кардан офарид (Ҳастӣ 2:16, 17). Пас чаро одамон мемиранд? Марг ба ҷаҳон чӣ гуна роҳ ёфт? Дониш доир ба Худо ба ин саволҳо равшанӣ меандозад (Забур 118:105).
НАҚШАИ МАККОРОНА
4. Аз рӯи гуфтаҳои Исо ҷинояткор ва ҷавобгари марги одамон кист?
4 Ҷинояткор мекӯшад, то осори ҷинояташро рӯпӯш намояд. Айнан ҳамин тавр мекунад оне, ки ҷинояташ боиси марги миллиардҳо нафар гашт. Ӯ тамоми кӯшиш ба харҷ медиҳад, то сабаби марги инсон пӯшида бошад. Боре Исои Масеҳ дар гуфтугӯ бо онҳое ки марги ӯро мехостанд, номи ин ҷинояткорро зикр кард: «Падари шумо иблис аст ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест» (Юҳанно 8:31, 40, 44).
5. a) Шахсе, ки оқибат ба Шайтон Иблис мубаддал гардид, аз куҷо пайдо шуд? б) Калимаҳои «Шайтон» ва «Иблис» чӣ маъно доранд?
5 Бале, Иблис — «қотил»-и маккор аст. Китоби Муқаддас ошкор месозад, ки ӯ на он бадиест, ки дар дили одамон вуҷуд дорад, балки шахсияти воқеист (Матто 4:1–11). Ҳарчанд ки ба сурати фариштаи одил офарида шуда буд, ӯ «дар ростӣ собит намонд». Аз рӯи ҳақиқати комил ӯ Шайтон ва Иблис номида шуд (Ваҳй 12:9). Ӯ «Шайтон» ё «душман» номида шуд, чунки бар зидди Йеҳӯва баромад. Ин ҷинояткор ҳамчунин «Иблис» ном гирифт, ки маънояш «тӯҳматгар» аст, барои он ки куфрона Худоро дар олами бардурӯғ нишон дод.
6. Барои чӣ Шайтон бар зидди Худо баромад?
6 Шайтонро чӣ барангехт, то бар зидди Худо бархезад? Тамаъ. Ӯ тамаъкорона дар ҳасрати он буд, ки одамон ибодаташ кунанд, чуноне ки Йеҳӯваро мекарданд. Иблис орзуи соҳиби чунин парастиш гаштанро, ки он танҳо ба Офаридгор тааллуқ дорад, дур наафканд. (Қиёс кунед Ҳизқиёл 28:12–19.) Ба ҷои ин, фариштае ки ба Шайтон мубаддал гашт, дар худ хоҳиши саркашонаро ривоҷ дод, то оне ки гуноҳ ба бор овард (Яъқуб 1:14, 15).
7. a) Чаро одам мемирад? б) Гуноҳ чист?
7 Инак, ба мо маълум гашт, ки ба марги одамон кӣ айбдор аст. Аммо сабаби мушаххаси марги инсон чист? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Неши марг гуноҳ аст» (1 Қӯринтиён 15:56). Ва гуноҳ чист? Барои дарки ин мафҳум, биёед маънии онро дар забонҳое, ки Китоби Муқаддас дар асл бо онҳо навишта мешуд, бубинем. Феъле ки аз забонҳои ибронӣ ва юнонӣ одатан чун “гуноҳ кардан” тарҷума мешавад, маънои “ба ҳадаф нарасидан”-ро дорад. Ба кадом ҳадаф касе аз мо расида наметавонад? Ин ҳадаф — итоати комилона ба Худост. Аммо гуноҳ чӣ гуна ба ҷаҳон роҳ ёфт?
АМАЛӢ ГАШТАНИ НАҚШАИ МАККОРОНА
8. Бо умеди муваффақ гаштан ба парастиши одамон Шайтон чӣ чора дид?
8 Шайтон нақшаи айёронае сохта, тахмин кард, ки он барои ба даст овардани ҳукмронӣ бар инсоният ба ӯ кӯмак мекунад ва тамоми инсоният ӯро ибодат хоҳанд кард. Ӯ қарор дод, ки ҷуфти якуми инсонӣ — Одам ва Ҳавворо ба гуноҳ бар зидди Худо моил кунад. Йеҳӯва ба нахустин волидайни мо маърифате бахшид, ки онҳоро ба ҳаёти ҷовидона роҳнамун мекард. Онҳо медонистанд, ки Офаридгор нисбаташон бениҳоят хайрхоҳ аст, охир Ӯ онҳоро дар боғи Адан сокин карда буд. Одам меҳрубонии махсуси Падари Осмониро ҳис кард, вақте ки Худо ба ӯ ҳамсари дилрабо дод, ки ёвараш гашт (Ҳастӣ 1:26, 29; 2:7–9, 18–23). Тамоми ҳаёти ояндаи ин ҷуфт аз итоати онҳо ба Худо вобаста буд.
9. Кадом ҳукмро Худо ба одами аввалин дод ва чаро ин ҳукм оқилона буд?
9 Худо ба Одам амр фармуд: «Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир; аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд» (Ҳастӣ 2:16, 17). Аз рӯи ҳуқуқи Офаридгорӣ Йеҳӯва метавонист барои офаридаҳои худ меъёрҳои ахлоқро муайян намояд, ки барои онҳо чӣ хуб аст ва чӣ бад. Ин амр оқилона буд, чунки Одаму Ҳавво озодона аз ҳамаи меваҳои дарахтони дигари боғ хӯрда метавонистанд. Онҳо ба ҷои он ки мағрурона меъёрҳои ахлоқии худашонро муқаррар кунанд, метавонистанд, ки бо итоат аз ин қонун қадршиносии барҳақ ба ҳокимияти одилонаи Йеҳӯва нишон диҳанд.
10. a) Шайтон бо чӣ найранге ба одамон наздик шуд, то ки онҳоро тарафдори худ кунад? б) Шайтон чӣ гуна ангезаҳоро ба Худо нисбат дод? в) Назари шумо дар мавриди ҳамлаи Шайтон ба Худо чӣ гуна аст?
10 Иблис қарор дод, ки нахустин инсонҳоро аз Худо дур кунад. То ки онҳоро ҷониби худ кашад, Шайтон роҳи фиребро пеш гирифт. Иблис морро чуноне ки найрангбоз лӯхтакро ба кор мебарад, истифода бурда, аз Ҳавво пурсид: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?» Вақте ки Ҳавво ба амри Худо ишора кард, Шайтон баён кард: «Не, нахоҳед мурд». Баъд ӯ ба Йеҳӯва ангезаҳои бадро нисбат дода гуфт: «Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд» (Ҳастӣ 3:1–5). Ҳамин тавр Иблис вонамуд мекард, ки Худо аз онҳо чизи хуберо ниҳон медорад. Чӣ тӯҳмати разилона ба Падари осмонии самимӣ ва дӯстдори мо Йеҳӯва!
11. Чӣ тавр Одам ва Ҳавво шарики ҷинояти Шайтон шуданд?
11 Ҳавво бори дигар ба дарахт нигарист — ҳоло меваҳои он дар назараш хеле дилпазир менамуданд. Ӯ меваро канда хӯрд. Пас аз ин, шавҳараш бо иродаи худ интихоби худро кард ва ба ин амали гунаҳкорона, яъне сарпечӣ аз фармони Худо, ба ӯ ҳамроҳ шуд (Ҳастӣ 3:6). Дуруст аст, ки Ҳавво фиреб хӯрда буд, аммо ӯ ва Одам ба Шайтон, ки нияти ҳукмфармоӣ ба инсониятро дошт, мадад расониданд. Ҳамин тавр онҳо шарики ҷинояти ӯ гаштанд (Румиён 6:16; 1 Тимотиюс 2:14).
12. Натиҷаи саркашии инсон аз Худо чӣ буд?
12 Одам ва Ҳавво бояд натиҷаи амали худро медиданд. Онҳо монанди Худо нашуданд ва ҳеҷ гуна дониши махсус нагирифтанд. Ба ҷои ин, шарм дошта худро пинҳон карданд. Йеҳӯва Одамро ба ҷавоб даъват карда, чунин ҳукм баровард: «Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд, то даме ки ба хок баргардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ ва ба хок хоҳӣ баргашт» (Ҳастӣ 3:19). «Рӯзе», ки нахустволидони мо меваи дарахти маърифати некӣ ва бадиро чашиданд, онҳо аз ҷониби Худо маҳкум шуда, дар назари ӯ мурданд. Пас аз он аз Биҳишт ронда шуданд ва ба роҳе рафтанд, ки онҳоро оқибат ба марг оварда расонд.
ЧӢ ТАВР ГУНОҲ ВА МАРГ ИНСОНИЯТРО ФАРО ГИРИФТ
13. Чӣ тавр гуноҳ ва марг одамизодро фаро гирифт?
13 Бешубҳа, Шайтон, дар кӯшиши ба даст овардани ҳурмат аз одамон комёб шуд. Аммо ӯ ба нигоҳ доштани ҳаёти парастандагони худ қудрат надорад. Вақте ки Одам ва Ҳавво гуноҳ карданд, онҳо дигар комилиятро ба насли худ дода наметавонистанд. Мисли навиштаҷоти рӯи санг, гуноҳ дар ирсияти аҷдодони мо осори сахт гузошт. Бинобар ин, онҳо фақат ба он қодир буданд, ки фарзандони нокомилро ба дунё оваранд, бо сабаби он ки ҳамаи фарзандони онҳо баъд аз гуноҳи Одам ва Ҳавво таваллуд шудаанд ва аз волидони худ гуноҳ ва маргро мерос гирифтанд (Забур 50:7; Румиён 5:12).
14. a) Одамоне ки гунаҳкории худро инкор мекунанд, ба кӣ монанданд? б) Исроилиён чӣ гуна аз гунаҳкор будани хеш воқиф шуданд?
14 Бо вуҷуди ин, имрӯз бисёриҳо худро гунаҳкор намеҳисобанд. Дар баъзе минтақаҳои дунё тасаввурот дар бораи гуноҳи меросшуда умуман ношинохтааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки гуноҳ вуҷуд надорад. Писараке бо рӯи чиркин метавонад исрор кунад, ки рӯяш тоза аст, то оне ки сурати худро дар оина бубинад. Исроилиёни қадим низ ҳангоме ки Мусо пайғамбар Шариати Худоро ба онҳо супурд, монанди ин писарак буданд. Шариат рӯшан мефаҳмонид, ки гуноҳ вуҷуд дорад. «Ман гуноҳро маҳз ба воситаи шариат донистаам»,— тавзеҳ медиҳад Павлуси ҳавворӣ (Румиён 7:7–12). Исроилиён монанди он писарак, худро дар оинаи Шариат мушоҳида карданд ва диданд, ки онҳо дар назари Йеҳӯва нопок ҳастанд.
15. Нигоҳ ба оинаи Каломи Худо чиро ошкор месозад?
15 Агар ба оинаи Каломи Худо бингарем ва ба меъёрҳои он аҳамият диҳем, мо нокомилии худро дарк мекунем (Яъқуб 1:23–25). Масалан, дар бораи он чӣ ки Исои Масеҳ ба шогирдонаш дар бораи муҳаббат ба Худо ва ба наздикон дар Матто 22:37–40 зикр кард, андеша бикунед. Инсонҳо дар ин маврид чӣ қадар хато мекунанд. Аксарият аз он ки ба Худо ва наздикон муҳаббат зоҳир намекунанд, ҳатто заррае дучори азоби виҷдон намешаванд (Луқо 10:29–37).
АЗ ДАСИСАҲОИ ШАЙТОН ЭҲТИЁТ ШАВЕД
16. Чӣ кор бояд кард, то ки қурбонии макри Шайтон нашавем ва чаро ин кори осон нест?
16 Шайтон дар паи он аст, ки моро ҳамеша ба гуноҳ моил гардонад (1 Юҳанно 3:8). Оё роҳе вуҷуд дорад, ки қурбони макри ӯ нагардем? Оре, аммо барои ин ба муқобили ҳавасҳои гунаҳкоронаи худ мубориза бояд бурд. Ин кор осон нест, зеро майли модарзодии мо ба гуноҳ бисёр қавист (Эфсӯсиён 2:3). Павлус маҷбур буд бо ин майл сахт мубориза кунад. Барои чӣ? Барои он ки гуноҳ дар ӯ ҷой гирифта буд. Агар хоҳем, ки лоиқи таҳсини Худо гардем, мо ҳам бояд бо ҳавасҳои гунаҳкоронаи модарзодии худ мубориза барем (Румиён 7:14–24; 2 Қӯринтиён 5:10).
17. Муборизаро бар зидди ҳавасҳои гунаҳкорона чӣ мушкилтар месозад?
17 Шайтон ҳамвора кӯшиш дорад, ки моро фиреб карда ба вайрон кардани қонунҳои Худо маҷбур кунад, муборизаи мо бо гуноҳ муборизаи осон нест (1 Петра 5:8). Дар бораи масеҳиёни ҳамимонаш Павлус ба ташвиш афтода чунин гуфт: «Тарси он дорам, ки чӣ тавре ки мор бо макри худ Ҳавворо фирефта намуд, ҳамон тавр афкори шумо низ фосид шуда, аз самимияте, ки дар Масеҳ аст, рӯ хоҳад тофт» (2 Қӯринтиён 11:3). Шайтон имрӯз низ чунин найрангҳоро ба кор мебарад. Ӯ саъй мекунад, ки нисбати некӯии Йеҳӯва ва фоидаи итоат ба аҳкоми Худо, моро ба шубҳа андозад. Иблис кӯшиш мекунад ки ҳавасҳои гунаҳкоронаи меросгирифтаамонро истифода бурда, моро маҷбур кунад, ки бо роҳи мағрурӣ, тамаъ, нафрат ва таассуб равем.
18. Чӣ тавр Шайтон ин ҷаҳонро барои ба ҳаёти гунаҳкорона моил кардани мо истифода мебарад?
18 Яке аз тадбирҳое, ки Иблис бар зидди мо истифода мекунад, ҷаҳон аст, ки таҳти ҳокимияти ӯ қарор дорад (1 Юҳанно 5:19). Агар мо эҳтиёт нашавем, одамони бевиҷдон ва бадахлоқи ин ҷаҳон кӯшиш мекунанд, ки моро ба ҳаёти гунаҳкорона ва беэътиноӣ ба меъёрҳои ахлоқии Худо моил кунанд (1 Петрус 4:3–5). Бисёр шахсон ба қонунҳои Худо беэътиноӣ зоҳир карда ва ба гӯшзадҳои виҷдони хеш бетаваҷҷӯҳӣ нишон медиҳанд, то оне ки хомӯш гардад (Румиён 2:14, 15; 1 Тимотиюс 4:1, 2). Баъзеҳо тадриҷан кореро мекунанд, ки пештар ҳатто виҷдони нокомилашон ба он иҷозат намедод (Румиён 1:24–32; Эфсӯсиён 4:17–19).
19. Барои чӣ ба покӣ зиндагӣ кардан кофӣ нест?
19 Дар ин дунё ба покӣ зиндагӣ кардан муваффақияти бузургест. Аммо барои ризоияти Офаридгорамон чизи бештаре дар талаб аст. Мо бояд ба Худо имон дошта бошем ва масъулияти худро дар назди Ӯ дарк намоем (Ибриён 11:6). «Касе ки медонад, чӣ некӣ бояд кард ва намекунад,— ба вай гуноҳ аст»,— навиштааст Яъқуби шогирд (Яъқуб 4:17). Оре, дидаву дониста ба Худо ва ба аҳкоми ӯ беэътиноӣ кардан гуноҳ аст.
20. Чӣ тавр Шайтон метавонад шуморо аз анҷоми кори дуруст боз дорад, аммо чӣ барои муқовимат дар муқобили чунин фишорҳо ба шумо ёрӣ мерасонад?
20 Шайтон ба таври ҳатмӣ одамонро водор менамояд, ки барои омӯхтани Китоби Муқаддас ва ба гирифтани дониш дар бораи Худо ба шумо монеъ гарданд. Хеле умедворем, ки чунин монеаҳо шуморо аз анҷоми амали дуруст боз намедоранд (Юҳанно 16:2). Бо вуҷуди он ки дар тӯли хидмати рӯҳонии Исо бисёре аз сарварон ба ӯ имон оварданд, аз тарси он ки мавриди канорагирӣ ва нафрати одамон нагарданд, инро пинҳон доштанд (Юҳанно 12:42, 43). Шайтон мекӯшад, ки ҳар касеро ки дар паи андӯхтани дониш доир ба Худост, хеле бераҳмона таҳдид намуда, тарсонад. Аммо шуморо зарур аст, ки ҳамеша корҳоеро, ки Йеҳӯва анҷом додааст, дар хотир дошта, аз онҳо қадрдонӣ кунед. Шояд, ба шарофати ғайрати шумо ҳатто мухолифонатон инро мефаҳманд ва қадр мекунанд.
21. Чӣ гуна метавонем бар ҷаҳон ва ҳавасҳои гунаҳкоронаи худ ғолиб шавем?
21 То вақте ки мо нокомил ҳастем, гуноҳ мекунем (1 Юҳанно 1:8). Аммо ба ин нигоҳ накарда, мо дар ин мубориза бекӯмак нестем. Оре, мо метавонем дар ин муҳориба бо Шайтон Иблиси маккор ғолиб бароем (Румиён 5:21). Исо дар поёни хидмати рӯҳонии худ дар рӯи замин пайравонашро бо чунин суханон устувор намуд: «Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам» (Юҳанно 16:33). Бо мадади Худо ҳатто одамони нокомил метавонанд ба ҷаҳон ғолиб оянд. Шайтон ба касе ки ба ӯ мухолифат карда, «ба Худо итоат менамояд», ҳукмронӣ карда наметавонад (Яъқуб 4:7; 1 Юҳанно 5:18). Ҳамон тавре ки хоҳед дид, Худо роҳе барои раҳоии мо аз асорати гуноҳ ва марг фароҳам овардааст.
ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД
Шайтон Иблис кист?
Чаро одамон пир мешаванд ва мемиранд?
Гуноҳ чист?
Чӣ тавр Шайтон кӯшиш мекунад, то ки моро ба гуноҳи барқасд бар зидди Худо моил созад?
[Тасвири саҳифаи 54]