Яъқуб
4 Сабаби ҷангу ҷидолҳои шумо чист? Оё онҳо аз нафсатон сарчашма намегиранд, ки дар вуҷудатон меҷанганд?+ 2 Орзу мекунед, вале ба орзуятон намерасед. Одам мекушед ва ба моли мардум чашм ало мекунед, вале соҳиб шуда наметавонед. Кашмакаш ва ҷангу ҷанҷол мекунед.+ Надоред, чунки аз Худо хоҳиш намекунед. 3 Вақте хоҳиш мекунед, ба даст намеоред, зеро бо нияти бад, яъне барои қонеъ кардани нафси худ мепурсед.
4 Эй хиёнаткорон*! Магар намедонед, ки дӯстӣ бо ин ҷаҳон душманӣ бо Худост? Пас, ҳар касе, ки дӯсти ҷаҳон будан хоҳад, душмани Худо мегардад.+ 5 Ё шумо фикр мекунед, ки дар Навиштаҳо беҳуда чунин гуфта шудааст: «Дар вуҷуди мо майле ҳаст, ки доим бо рашку ҳасад чизеро ҳавас мекунад»?+ 6 Вале лутфу марҳамате, ки Худо мекунад, аз он рӯҳ бузургтар аст. Бинобар ин гуфта шудааст: «Худо зидди ҳавобаландон аст,+ лекин ба хоксорон лутф мекунад».+
7 Пас, ба Худо итоат намоеду+ бар зидди Иблис истодагӣ кунед+ ва ӯ аз шумо мегурезад.+ 8 Ба Худо наздик шавед ва ӯ ба шумо наздик мешавад.+ Дастҳои худро бишӯед, эй гунаҳкорон,+ ва дилҳои худро пок созед,+ эй дудилагон. 9 Ғамгин шавед, мотам гиред ва гиря кунед.+ Бигзор хандаи шумо нола ва хурсандии шумо ғаму ғусса шавад. 10 Пеши Яҳува хоксорона сар хам кунед+ ва ӯ шуморо сарбаланд мегардонад.+
11 Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯйӣ карданро бас кунед.+ Ҳар кӣ бародарашро бадгӯйӣ ё ҳукм кунад, дар ҳаққи шариат бадгӯйӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ҳамин тавр, агар ту шариатро ҳукм кунӣ, пас, на иҷрокунандаи он, балки ҳукмкунанда ҳастӣ. 12 Вале танҳо як Шариатгузор ва Ҳукмкунанда ҳаст,+ Оне, ки метавонад ҳам наҷот диҳад ва ҳам нобуд созад.+ Лекин ту кистӣ, ки дигареро ҳукм мекунӣ?+
13 Акнун гӯш кунед, эй онҳое, ки мегӯед: «Имрӯз ё пагоҳ ба фалон шаҳр сафар карда, дар он ҷо як сол мемонем ва бо тиҷорат машғул шуда, фоидаи калон ба даст меорем».+ Шумо ин тавр мегӯед, 14 аммо намедонед, ки фардо бо шумо чӣ мешавад,+ зеро ҳаёти шумо буғест, ки лаҳзае намоён шуда, баъд нопадид мегардад.+ 15 Ба ҷойи ин шумо бояд ин тавр гӯед: «Агар Яҳува хоҳад+ ва зиндаю саломат бошем, чунин ё чунон мекунем». 16 Вале шумо худбоварона лоф мезанед ва аз ин фахр мекунед. Ҳама ин гуна худситоӣ кори бад аст. 17 Пас, агар касе чӣ тавр кардани кори дурустро донаду онро накунад, гунаҳкор мешавад.+