МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 12
Аз офаридаҳо дар бораи Яҳува бештар фаҳмед
«Хислатҳои нонамоёни ӯ... аз вақти офариниши ҷаҳон баръало аён аст, зеро одамон метавонанд ба воситаи офаридаҳо ин хислатҳоро дарк кунанд» (РУМ. 1:20).
СУРУДИ 15 Офаридаҳо Яҳуваро ҷалол медиҳанд
ПЕШГУФТОРa
1. Як роҳе, ки Айюб Худоро беҳтар шинохт, кадом аст?
АЗ ҲАМА суҳбатҳое, ки Айюб дар ҳаёт дошт, яктоаш фарқ мекунад,— суҳбаташ бо Яҳува. Худо ба Айюб гуфт, ки ба баъзе аз офаридаҳои аҷоибаш назар кунад. Ин тавр карда Айюб боварӣ ҳосил мекард, ки Яҳува хирадманд аст ва дар бораи ниёзҳои хизматгоронаш ғамхорӣ карда метавонад. Масалан, Худо ба Айюб ёдрас кард, ки, азбаски ҳайвонотро бо хурду хӯрок таъмин мекунад, дар бораи ӯ низ ғамхорӣ карда метавонад (Айюб 38:39–41; 39:1, 5, 13–16). Бале, офаридаҳоро мушоҳида намуда, Айюб дар бораи хислатҳои Худояш бисёр чизро фаҳмид.
2. Аз кадом сабаб мушоҳида кардани офаридаҳои Яҳува душвор буда метавонад?
2 Мо низ офаридаҳои Яҳуваро мушоҳида карда, дар бораи Худоямон бештар дониш гирифта метавонем. Вале ин корро кардан на ҳама вақт осон аст. Масалан, агар мо дар шаҳр зиндагӣ кунем, аз табиати гирду атроф дурем. Ҳатто агар дар деҳот зиндагӣ кунем, шояд, барои мушоҳида кардани офаридаҳои Яҳува вақти кофӣ надорем. Лекин барои мушоҳида кардани офаридаҳои Яҳува вақту қувват сарф кардан меарзад. Аз ин мақола мефаҳмем, ки барои чӣ. Мебинем, ки чӣ тавр Яҳува ва Исо ба воситаи офаридаҳо таълим медоданд ва чӣ хел аз офаридаҳо дар бораи Яҳува бештар фаҳмидан мумкин аст.
ЧАРО МО БОЯД ОФАРИДАҲОРО МУШОҲИДА КУНЕМ?
3. Аз чӣ маълум мешавад, ки Яҳува мехост Одам аз офаридаҳояш баҳра барад?
3 Яҳува мехост аввалин одам аз офаридаҳояш баҳра барад. Вақте Худо Одамро офарид ба ӯ биҳишти ободу зебо дод ва фармуд, ки онро нигоҳубин карда, қаламравашро паҳн гардонад (1 Мӯсо 2:8, 9, 15). Тасаввур кунед, вақте Одам рӯидани тухмиҳо ва шукуфтани гулҳоро медид, чӣ сон ба ваҷд меомад. Барои ӯ нигоҳубини боғи Адан воқеан ҳам шараф буд. Яҳува аз Одам инчунин хоҳиш кард, ки ба ҳар гуна ҳайвонот ном диҳад (1 Мӯсо 2:19, 20). Ҳарчанд Офаридгор метавонист ин корро худаш кунад, вале онро ба Одам супурд. Шакке нест, ки пеш аз номгузорӣ Одам бодиққат ба хусусият ва рафтори ҳайвонот диққат медод. Ӯ аз ин кор ҳаловат мебурд. Ҳамаи ин, бешубҳа, ба Одам кумак мекард, ки хиради бепоёни Яҳуваро дарк намояд ва бинад, ки маҳсули дастони ӯ чӣ қадар зебову шавқовар аст.
4. а) Як сабаби муҳиме, ки мо бояд офаридаҳоро мушоҳида кунем, кадом аст? б) Кадом офаридаҳои Яҳува махсусан ба шумо маъқул аст?
4 Мо бояд офаридаҳоро омӯзем, чунки ин хости Яҳува аст. «Чашмони худро сӯйи осмон бардошта, бубинед»,— мегӯяд Яҳува. Сипас мепурсад: «Кӣ ҳамаи инро офаридааст?» Ҷавоби ин савол маълум мебошад (Иш. 40:26). Яҳува на танҳо осмон, балки инчунин замин ва баҳрро аз офаридаҳои ҳайратовари худ пур кардааст, то мо аз онҳо дар борааш бисёр чизҳоро омӯхта тавонем (Заб. 104:24, 25). Сохти бадани инсон низ ҷолиби диққат аст: Мо аз зебогии табиат лаззат мебарем. Яҳува тавре кардааст, ки мо ба воситаи панҷ узви ҳис, яъне биноӣ, шунавоӣ, ламс, фаҳмидани бӯй ва маза аз офаридаҳои бешумори ӯ ҳаловат барем.
5. Мувофиқи Румиён 1:20 мо аз омӯхтани офаридаҳои Яҳува чӣ манфиат мегирем?
5 Дар Китоби Муқаддас боз як сабаби муҳим оварда шудааст, ки чаро мо бояд офаридаҳоро мушоҳида кунем: Офаридаҳо хислатҳои Яҳуваро ба мо ошкор месозанд. (Румиён 1:20-ро хонед.) Масалан, агар дар табиат ба аъмоли дасти Яҳува бодиққат назар кунед, мебинед, ки сохти он то чӣ андоза ҳайратовар аст. Магар ин аз хиради Яҳува дарак намедиҳад? Инчунин дар бораи хӯрокҳои гуногуне, ки мо ҳаловат мебарем, андеша кунед. Магар ин аз муҳаббати Яҳува нисбати инсоният шаҳодат намедиҳад? Бале, вақте мо хислатҳои Яҳуваро дар офаридаҳояш мебинем, ӯро нағзтар мешиносем. Ҳамин тавр хоҳиш пайдо мекунем, ки ба Худоямон наздиктар гардем. Ҳоло бошад, биёед баъзе роҳҳоеро дида бароем, ки Яҳува ба воситаи офаридаҳояш ба мо дарсҳои муҳимро таълим медиҳад.
ХУДО БА ВОСИТАИ ОФАРИДАҲО ХУДРО БА МО ОШКОР МЕКУНАД
6. Мо парандаҳои кӯчманчиро мушоҳида карда, чӣ меомӯзем?
6 Яҳува муқараркунандаи вақт аст. Ҳар сол, охирҳои моҳи феврал ва нимаи моҳи май, исроилиён мушоҳида мекарданд, ки чӣ тавр лаклакҳо ба тарафи шимол парвоз мекунанд. Яҳува ба халқаш гуфта буд: «Лаклак мавсими худашро медонад» (Ирм. 8:7). Аз ин бармеояд, ки ӯ вақти кӯчидани ин парандаҳоро муқаррар намудааст. Ба ин монанд, Яҳува барои амалӣ гардондани довариҳояш низ вақтро муқаррар кардааст. Имрӯзҳо ба дигар ҷойҳо кӯчидани парандагонро дида, мо ёдовар мешавем, ки Яҳува ин дунёи бадро ҳатман дар «вақти муайян» нобуд месозад (Ҳаб. 2:3).
7. Мушоҳида кардани парвози паранда моро аз чӣ дилпур месозад? (Ишаъё 40:31).
7 Яҳува ба хизматгоронаш қувват мебахшад. Ба воситаи пайғамбар Ишаъё Яҳува ба халқаш ваъда дод, ки, вақте худро заифу рӯҳафтода ҳис мекунанд, Ӯ ба онҳо қувват мебахшад, то «чун уқоб дар баландиҳо парвоз» кунанд. (Ишаъё 40:31-ро хонед.) Исроилиён мазмуни ин суханонро мефаҳмиданд, зеро пайваста мушоҳида мекарданд, ки чӣ тавр уқобон бо ёрии ҷараёни гарми ҳаво ба боло парвоз карда, қариб ки қувва сарф намекарданд. Ин ёдраскунии бамаврид аст: Чӣ хеле Яҳува ба ин парандагон қувват бахшидааст, ҳамин тавр хизматгоронашро низ қувват мебахшад. Аз ин рӯ, вақте ба фалак парвоз кардани парандагони азимро мебинед, дар ёд доред, ки Яҳува ба шумо низ қувват мебахшад, то бар мушкилиҳоятон дастболо шавед.
8. Айюб офаридаҳои Яҳуваро мушоҳида карда, чӣ омӯхт ва мо чӣ омӯхта метавонем?
8 Яҳува сазовори боварии мост. Яҳува боварии Айюбро ба худ қавитар гардонд (Айюб 32:2; 40:6–8). Ҳангоми суҳбат Худо диққати Айюбро ба баъзе офаридаҳояш равона кард, аз ҷумла ситораҳо, абрҳо ва оташакҳои барқ. Худо инчунин гови ёбоӣ ва аспро мисол овард (Айюб 38:32–35; 39:9, 19, 20). Ҳамаи ин офаридаҳо исбот мекарданд, ки Яҳува пурмеҳр аст ва дорои қуввати беҳамтову хиради бузург мебошад. Баъди ин суҳбат Айюб аз пештара дида ба Яҳува бештар таваккал мекард (Айюб 42:1–6). Ба ин монанд, вақте мо офаридаҳоро меомӯзем, ёдовар мешавем, ки Яҳува аз мо дида садчандон хирадманд ва пурқудраттар аст. Ӯ боз қудрат дорад, ки ба озмоишҳои мо хотима бахшад ва ҳатман ин корро мекунад. Донистани ин дилпурии моро ба Офаридгор қавитар мегардонад.
ИСО БА ВОСИТАИ ОФАРИДАҲО ДАР БОРАИ ПАДАРАШ ТАЪЛИМ МЕДОД
9, 10. Мо аз офтоб ва борон дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?
9 Исо дар бораи офаридаҳо бисёр чизҳоро медонист. Вақте Яҳува коинотро меофарид, Исо имконияти пуршараф дошт, ки чун «устои ҳунарманд» дар ин кор иштирок намояд (Пнм. 8:30). Баъдтар, вақте Исо ба замин омад, ба офаридаҳо ишора карда, шогирдонашро дар бораи Яҳува таълим медод. Биёед баъзе дарсҳоеро, ки Исо таълим дода буд, дида бароем.
10 Яҳува ба ҳама муҳаббат нишон медиҳад. Дар Суханронии болои кӯҳ Исо диққати шогирдонашро ба офтоб ва борон равона кард. Ҳарчанд офтоб ва борон барои нигоҳ доштани ҳаёт дар замин бениҳоят муҳим аст, одамон одатан ба ин офаридаҳо чун ба як чизи муқаррарӣ менигаранд. Яҳува метавонист одамонеро, ки лоиқ нестанд, аз манфиати ин неъматҳояш маҳрум созад. Лекин чи хеле мебинем, ӯ аз муҳаббат мегузорад, ки ҳама аз офтобу борон баҳра баранд (Мат. 5:43–45). Исо ин офаридаҳоро мисол оварда, ба шогирдонаш гуфтанӣ буд, ки Яҳува мехоҳад мо низ ба ҳама муҳаббат нишон диҳем. Бинобар ин, ҳар боре ки аз тамошои ғуруби офтоб ё борони тароватбахш лаззат мебарем, метавонем дар бораи муҳаббати беғаразонаи Яҳува андеша кунем. Илова бар ин, мо аз Офаридгор ибрат гирифта ба ҳама хушхабарро нақл мекунем ва муҳаббат нишон медиҳем.
11. Парандагони осмонро мушоҳида карда, мо аз чӣ дилпур мешавем?
11 Яҳува дар бораи ниёзҳои ҷисмониамон ғамхорӣ мекунад. Дар Суханронии болои кӯҳ Исо инчунин гуфта буд: «Ба парандагони осмон диққат диҳед — онҳо на мекоранд, на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд, бо вуҷуди ин Падари осмонии шумо ризқу рӯзияшонро мерасонад». Аз афташ, шунавандагони Исо он рӯз дар осмон парвози парандагонро медиданд. Баъд аз ин суханонаш Исо пурсид: «Наход шумо аз онҳо пурарзиштар набошед?» (Мат. 6:26). Дар ин оят Исо меҳрубонона моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува дар бораи ниёзҳои ҷисмониамон ғамхорӣ мекунад (Мат. 6:31, 32). Ин дарси муҳим минбаъд низ хизматгорони бовафои Яҳуваро рӯҳбаланд мегардонад. Мисоли хоҳари пешраверо меорем, ки аз Испания аст. Ӯ барои худ ҷойи зисти мувофиқ намеёфт. Аз ин рӯ зиқу рӯҳафтода буд. Вале ин хоҳар донаю мева хӯрдани парандагонро дида, дар дил оромӣ пайдо кард. Ӯ мегӯяд: «Он парандагонро дида, ман ба худ ёдрас кардам, ки, агар Яҳува дар бораи онҳо ғамхорӣ кунад, пас, ӯ маро низ намепартояд». Дере нагузашта хоҳарамон барояш сарпаноҳи мувофиқ ёфт.
12. Мувофиқи Матто 10:29–31 мо аз мисоли гунҷишкон дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?
12 Яҳува ҳар яки моро қадр мекунад. Пеш аз он ки шогирдонашро ба хизмат фиристад, Исо ба онҳо кумак кард, ки аз зиддият натарсанд. (Матто 10:29–31-ро хонед.) Барои ин ӯ мисоли гунҷишкро оварда буд, ки дар Исроил бисёр дида мешуд. Дар замонҳои Исо арзиши ин парандаи хурдро кам мешумурданд. Вале ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Ягонтои онҳо ба замин афтад, ин аз назари Падаратон дур намемонад». Сипас илова кард: «Шумо аз гунҷишкҳои зиёд пурарзиштаред». Исо шогирдонашро дилпур кард, ки Яҳува якояки онҳоро қадр мекунад. Барои ҳамин шогирдон бояд аз озору азият наметарсиданд. Шакке нест, ки, вақте онҳо дар шаҳраку деҳотҳо хушхабарро паҳн мекарданд, гунҷишкҳоро дида суханони Исо ба ёдашон меомад. Пас, ҳар боре ки парандаи хурдеро мебинед, ба ёд оред, ки Яҳува ҳар яки шуморо қадр мекунад, зеро шумо низ «аз гунҷишкҳои зиёд пурарзиштаред». Бо ёрдами ӯ шумо аз зиддият наметарсед (Заб. 118:6).
АЗ ОФАРИДАҲО ДАР БОРАИ ЯҲУВА БЕШТАР ДОНИШ ГИРЕД
13. Барои аз офаридаҳо дарс гирифтан чӣ бояд кард?
13 Мо аз офаридаҳо дар бораи Яҳува боз бисёр дарс гирифта метавонем. Барои ин чӣ бояд кард? Дар аввал лозим аст, ки вақт ҷудо карда офаридаҳоро мушоҳида кунем. Сипас андеша ронем, ки онҳо дар бораи Яҳува чиро таълим медиҳанд. Ин тавр кардан шояд на ҳама вақт осон бошад. Масалан, хоҳар Гералдин, ки аз Камерун аст, чунин мегӯяд: «Ман дар шаҳр калон шудаам, барои ҳамин мефаҳмам, ки барои мушоҳида кардани табиати гирду атроф бояд бештар кӯшиш кунам». Пири ҷамоате бо номи Алфонсо инчунин қайд мекунад: «Ман фаҳмидам, ки бояд вақт ҷудо карда дар танҳоӣ офаридаҳои Яҳуваро мушоҳида кунам ва мулоҳиза ронам, ки онҳо дар бораи Офаридгор чиро таълим медиҳанд».
14. Дар бораи офаридаҳои Худо мулоҳиза ронда Довуд чиро фаҳмид?
14 Довуд дар бораи офаридаҳои Худо чуқур мулоҳиза меронд. Ӯ ба Яҳува гуфта буд: «Вақте ба осмон, ба амали ангуштонат, менигарам, ба моҳ ва ситорагоне, ки ту офаридаӣ, дар дил мегӯям: чист инсони хокӣ, ки ӯро дар ёд дорӣ?» (Заб. 8:3, 4). Бале, Довуд шабона осмони пурахтарро мушоҳида карда, танҳо аз шукӯҳи коинот ба ваҷд намеомад. Ӯ инчунин андеша мекард, ки ситораҳо дар бораи Яҳува чӣ таълим медиҳанд. Довуд дар ҳамаи ин бузургии Яҳуваро медид. Лаҳзае ӯ мулоҳиза меронд, ки чӣ тавр баданаш дар батни модар инкишоф меёфт. Чунин андешаронӣ эҳтироми Довудро ба хиради Яҳува торафт меафзуд (Заб. 139:14–17).
15. Мисол оред, ки чӣ тавр шумо хислатҳои Яҳуваро дар офаридаҳояш дидаед? (Забур 148:7–10).
15 Ба мо низ мисли Довуд душвор нест, ки ягон офаридаро дар табиат мушоҳида карда, дар борааш мулоҳиза ронем. Дар гирду атрофамон бисёр чизҳое ҳастанд, ки дар бораи Яҳува таълим медиҳанд. Масалан, вақте нурҳои гарми офтобро ҳис мекунед, дар бораи қудрати Яҳува фикр кунед (Ирм. 31:35). Агар пай баред, ки чӣ тавр парандае лона месозад, оиди хиради Худо андеша кунед. Инчунин, вақте мебинед, ки чӣ тавр сагчае думашро пайгирӣ мекунад, ба ёд оред, ки Яҳува Худои шӯх аст. Ғайр аз ин, вақте мебинед, ки модаре бо кӯдакаш бозӣ мекунад, ба Яҳува барои муҳаббати беҳамтояш раҳмат гӯед. Мо барои аз офаридаҳо дар бораи Яҳува таълим гирифтан имкониятҳои зиёд дорем. Зеро ҳамаи онҳо, хоҳ бузург бошанд, хоҳ хурд, хоҳ наздик бошанд, хоҳ дур, ӯро ҷалол медиҳанд. (Забур 148:7–10-ро хонед.)
16. Мо бояд бо азми қавӣ чӣ кор кунем?
16 Худои мо хирадманд, ғамхор ва пурқудрат буда, маҳсули дасташ бениҳоят зебо аст. Ин ва бисёр хислатҳои дигари Худоро дар табиати гирду атроф дидан мумкин аст. Пас, биёед мунтазам вақт ҷудо карда офаридаҳоро мушоҳида кунем ва мулоҳиза ронем, ки аз онҳо дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем. Ин тавр карда мо ба Офаридгорамон наздиктар мешавем (Яъқ. 4:8). Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки чӣ тавр волидон ба воситаи офаридаҳо ба фарзандонашон кумак карда метавонанд, ки ба Яҳува наздик шаванд.
СУРУДИ 130 Ҳаёт — атои бебаҳо
a Офаридаҳои Яҳува касро ба ваҷд меоранд. Аз офтоби пурқудрат сар карда то гулбаргҳо корҳои Яҳува ҳайратоваранд. Офаридаҳоро мушоҳида карда, мо дар бораи хислатҳои Яҳува мефаҳмем. Дар ин мақола дида мебароем, ки чаро бояд барои мушоҳида кардани офаридаҳо вақт ҷудо кард ва чӣ тавр ин моро ба Худо наздиктар месозад.