Ирмиё
31 «Дар он вақт,— мегӯяд Яҳува,— ман Худои ҳама қабилаҳои Исроил мешаваму онҳо халқи ман».+
2 Яҳува чунин мегӯяд:
«Вақте Исроил, ки аз шамшер раҳо шуд, сӯйи оромгоҳаш мерафт, дар биёбон Худо ба онҳо некӣ кард».
3 Яҳува аз ҷойи дурдаст ба ман намудор шуда, гуфт:
4 Ман туро аз нав бино месозам ва ту бино меёбӣ.+
Эй бокираи Исроил, ту дубора дафро ба даст гирифта,
Бо шодӣ рақс мекунӣ.+
6 Рӯзе меояд, ки дидбонон бар кӯҳи Эфроим нидо хоҳанд кард:
“Бархезед, сӯйи Сион бароем, назди Худоямон Яҳува равем”».+
7 Яҳува чунин мегӯяд:
«Сӯйи Яъқуб бо шодӣ нидо кунед.
Бонги шодӣ бизанед, зеро шумо пешвои халқҳо шудаед.+
Инро эълон кунед ва Худоро ситоиш намуда, бигӯед:
“Эй Яҳува, халқатро, бақияи Исроилро, наҷот деҳ”.+
Дар миёни онҳо кӯр ва ланг,+
Зани ҳомиладор ва зоянда хоҳанд буд.
Онҳо як ҷамоати бузург шуда, ба ин ҷо бармегарданд.+
Ман онҳоро сӯйи чашмаҳои* сероб+
Ва бо роҳи ҳамвор раҳнамоӣ хоҳам кард,
То пешпо нахӯранд,
Зеро ман Падари Исроил ҳастам ва Эфроим нахустзодаи ман аст».+
10 Паёми Яҳуваро бишнавед, эй халқҳо,
Ва онро дар миёни ҷазираҳои дурдаст эълон кунед:+
«Оне, ки Исроилро пароканда намуд, онро ҷамъ меорад.
Ӯ онро, мисли он ки чӯпон рамаашро бонӣ мекунад, нигоҳубин хоҳад кард.+
12 Онҳо омада, бар қуллаи Сион бонги шодӣ хоҳанд зад+
Ва аз некуии Яҳува, аз ғаллаву шароби наву+ равған,
Аз барраҳову гӯсолаҳо, шоду хуррам хоҳанд шуд.+
13 Он вақт бокира бо шодӣ рақс хоҳад кард,
Ҷавонмарду пиронсол бо ҳам хоҳанд рақсид.+
14 Коҳинонро бо фаровонӣ сер мекунам
Ва халқам аз некуиям сер мешавад,+— мегӯяд Яҳува.—
15 Яҳува мегӯяд:
“Овозе дар Ромо шунида мешавад,+ садои нола ва гиряи талх.
Роҳел дар ҳаққи фарзандонаш гиря мекунад.+
Ӯ тасаллӣ ёфтан намехоҳад,
Зеро фарзандонаш дигар нестанд”».+
16 Яҳува мегӯяд:
«“Овозатро аз навҳа ва чашмонатро аз гиря нигаҳ дор,
Зеро барои корҳоят мукофоте ҳаст,— мегӯяд Яҳува.—
Онҳо аз замини душман бармегарданд.+
17 Барои ояндаи ту умеде ҳаст,+— мегӯяд Яҳува.—
Писаронат ба сарзамини худ бармегарданд”.+
18 Ман навҳаи Эфроимро шунидам, ки мегуфт:
“Ту маро, ки мисли гӯсолаи ноомӯхт будам, ислоҳ кардӣ ва ман ислоҳ шудам.
Маро баргардон ва ман дарҳол бармегардам,
Охир, ту Яҳува, Худои манӣ.
Ман хиҷилу шарманда шудам,+
Зеро расвоии ҷавониямро мебардоштам”.
20 Магар Эфроим писари азизу ҷигарбандам нест?+
Чи қадаре бар зиддаш гап назанам ҳам, ӯро фаромӯш накардаам.
21 Барои худ аломатҳои роҳ гузор
Ва сутунҳо барпо бикун.+
Ба роҳ, ба роҳе, ки бо он равонӣ, диққат деҳ.+
Баргард, эй бокираи Исроил, ба шаҳрҳои худ баргард.
22 То ба кай мекалавӣ, эй духтари бевафо?
Яҳува дар замин чизи наве офаридааст:
Зан муштоқи дидори мард мешавад».
23 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, мегӯяд: «Вақте асирони замини Яҳудо ва шаҳрҳои онро ҷамъ орам, онҳо чунин мегӯянд: “Эй макони ростӣ+ ва кӯҳи муқаддас,+ бигзор Яҳува туро баракат диҳад”. 24 Дар Яҳудо тамоми сокинони шаҳрҳояш, деҳқонон ва рамабонон якҷоя зиндагӣ хоҳанд кард.+ 25 Ман ҷони хаста ва ҳар ҷони ғамгинро сер мекунам».+
26 Он гоҳ ман чашмонамро кушодам ва аз хоби ширин бедор шудам.
27 «Рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки ман дар хонадони Исроилу Яҳудо тухми одам ва чорпоёнро кишт мекунам.+
28 Чуноне ки барои решакан сохтан, чаппа кардан, харобу нест намудан ва зарар расондан ба онҳо назар кардаам,+ ончунон барои бино кардан ва шинонидан назар хоҳам кард,+— мегӯяд Яҳува.— 29 Дар он рӯзҳо дигар намегӯянд: “Падарон ангури турш хӯрданд, вале дандони писарон кунд шудааст”,+ 30 балки ҳар кас барои хатои худ мемирад. Ҳар кӣ ангури турш хӯрад, дандони худаш кунд мешавад.
31 Рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки ман бо хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо аҳди наве мебандам.+ 32 Ин аҳд аз аҳде, ки ман бо бобоёни онҳо баста будам, дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то аз замини Миср берун орам, фарқ хоҳад кард.+ “Ҳарчанд ман хӯҷаини ҳақиқияшон* будам, онҳо он аҳдамро шикастанд”,+— мегӯяд Яҳува.—
33 Ин аст аҳде, ки ман баъди он рӯзҳо бо хонадони Исроил мебандам,— мегӯяд Яҳува.— Ман қонуни худро андаруни онҳо ҷо мекунам+ ва дар дили онҳо менависам.+ Ман Худои онҳо мешаваму онҳо халқи ман.+
34 Он вақт дигар ҳеҷ кас ёр ва бародари худро таълим дода намегӯяд: “Яҳуваро бишнос”,+ чунки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон, маро хоҳанд шинохт,+— мегӯяд Яҳува,— зеро ман хатояшонро мебахшам ва гуноҳашонро дигар ба хотир намеорам».+
35 Яҳува, Худое, ки офтобро барои рӯшноии рӯз,
Қонунҳои моҳ ва ситорагонро барои рӯшноии шаб медиҳад,
Худое, ки баҳрро ба хурӯш ва мавҷҳои онро ба талотум меорад
Ва номаш Яҳува, Худои лашкарҳост,+ чунин мегӯяд:
36 «Насли Исроил фақат он вақт аз ҳузури ман чун халқ нест мешавад,
Агар ин қонунҳо барҳам хӯранд,— мегӯяд Яҳува».+
37 Яҳува чунин мегӯяд: «Агар осмонро чен карда шаваду бунёди заминро таҳқиқ карда шавад, ман низ метавонам аз тамоми насли Исроил барои ҳама корҳои кардаашон рӯй гардонам,— мегӯяд Яҳува.+—
38 Рӯзҳое меоянд, ки,— мегӯяд Яҳува,— аз бурҷи* Ҳананъил+ то дарвозаи Кунҷакӣ+ барои Яҳува шаҳре бино меёбад.+ 39 Таноби андозагирӣ+ то теппаи Ҷориб тӯл кашида, сӯйи Ҷӯот тоб мехӯрад. 40 Тамоми водии ҷасадҳову хокистар* ва тамоми киштзорҳо то водии Қидрӯн,+ то канори дарвозаи Аспон,+ аз тарафи шарқ, барои Яҳува муқаддас хоҳанд буд.+ Онҳо ҳеҷ гоҳ решакан ва хароб намешаванд».