Роҳ ба сӯйи озодии ҳақиқӣ
«Агар Писар шуморо озод кунад, дар ҳақиқат озод хоҳед буд» (ЮҲ. 8:36).
1, 2. a) Одамон барои ба даст овардани озодӣ чӣ кор мекунанд? б) Ин муборизаҳо бисёр вақт чӣ натиҷа меоранд?
ИМРӮЗҲО дар бораи баробарӣ, соҳибихтиёрӣ ва озодӣ бисёр сухан меронанд. Одамон дар ҳар гӯшаю канори замин мехоҳанд аз зулму ситам, камбағалӣ ва муносибати беадолатона озод шаванд. Дигарон кӯшиш мекунанд, ки фикрашонро озодона гӯянд, чизҳои мехостагиашонро кунанд ва бо тарзи барояшон маъқул зиндагӣ намоянд. Ин нишон медиҳад, ки дар ҳама ҷо одамон ташнаи озодианд.
2 Бисёриҳо барои нишон додани норозигии худ ва ба даст овардани мустақилият шӯришҳои сиёсиву иҷтимоӣ мебардоранд, намоишҳо ташкил медиҳанд ва ҳатто зӯроварӣ карда ҳокимиятро иваз мекунанд. Вале оё ҳамаи ин зиддиятҳо натиҷаи дилхоҳ медиҳанд? Баръакс, онҳо бисёр вақт бо фоҷиаҳо ва марги одамон меанҷоманд. Ҳамаи ин бори дигар ҳақ будани суханони шоҳ Сулаймонро тасдиқ мекунад. Зери илҳоми Худо ӯ гуфтааст: «Одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9).
3. Барои ёфтани хушбахтӣ ва қаноатмандии ҳақиқӣ мо бояд чӣ кор кунем?
3 Шогирди Исо, Яъқуб, нишон дод, ки калиди хушбахтӣ ва қаноатмандии ҳақиқӣ дар чист. Ӯ навишт: «Ҳар кӣ ба шариати комиле, ки сӯйи озодӣ мебарад, бодиққат назар мекунад ва дар он мемонад... аз ин хушбахт хоҳад буд» (Яъқ. 1:25). Яҳува атокунандаи он шариат аст ва Ӯ аз ҳама беҳтар медонад, ки барои пурра хушбахт ва аз ҳаёт қонеъ будани мо чӣ лозим аст. Худо барои хушбахтии ҷуфти аввалини инсонӣ ҳама чизи лозимаро дода буд, аз он ҷумла озодии ҳақиқиро.
ЗАМОНЕ, КИ ОДАМОН ДАР ҲАҚИҚАТ ОЗОД БУДАНД
4. Одаму Ҳавво аз чӣ гуна озодӣ баҳравар буданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
4 Ҳангоми хондани ду боби аввали китоби Ҳастӣ мо мефаҳмем, ки Одаму Ҳавво аз озодие баҳраманд буданд, ки одамон имрӯз танҳо орзу карда метавонанд. Онҳо аз чунин проблемаҳо, ба монанди танқисӣ, тарс ва зулму ситам озод буданд. Ҷуфти аввали инсонӣ дар бораи чӣ хӯрдану дар куҷо кор кардан ташвиш намекашиданд ва аз тарси бемориву марг озод буданд (Ҳас. 1:27–29; 2:8, 9, 15). Оё ин маънои онро дорад, ки озодии Одаму Ҳавво бемаҳдуд буд? Биёед дида бароем.
5. Баръакси ақидаи бисёриҳо ба одамон барои озод будан чӣ лозим аст?
5 Имрӯзҳо бисёр одамон фикр мекунанд, ки шахс ҳамон вақт дар ҳақиқат озод аст, агар ҳар чизи мехостагиашро карда тавонад, новобаста аз он ки оқибати он чӣ мешавад. Як энсиклопедия озодиро чун «имконияти интихоб кардан ва интихоби худро дар ҳаёт амалӣ гардондан» шарҳ медиҳад. Лекин дар он илова карда мешавад: «Аз нуқтаи назари ҳуқуқшиносӣ одамон ҳамон вақт озоданд, агар ҷамъият ба онҳо маҳдудиятҳои беадолатона, нодаркор ва беасосро бор накунад». Ин маънои онро дорад, ки баъзе маҳдудиятҳо даркоранд, то ҳар як одам дар ҷамъият аз озодӣ баҳра бурда тавонад. Пас, саволи зерин ба миён меояд: Кӣ ҳақ дорад, ки маҳдудиятҳои одилона, даркорӣ ва оқилонаро муайян кунад?
6. a) Чаро танҳо Яҳува дорои озодии бемаҳдуд мебошад? б) Одамон соҳиби чӣ гуна озодианд ва чаро?
6 Дар хотир доштан муҳим аст, ки танҳо Яҳува озодии бемаҳдуд дорад. Чаро? Чунки Ӯ Офаридгори ҳама чиз ва Ҳокими пурқудрати Даҳр аст (1 Тим. 1:17; Ваҳй 4:11). Подшоҳ Довуд мавқеи баланди Яҳуваро бо суханони зебое тасвир кард. (1 Вақоеънома 29:11, 12-ро хонед.) Баръакси ин, озодии ҳамаи офаридаҳо, чӣ дар осмон ва чӣ дар замин, маҳдуд аст. Онҳо бояд эътироф кунанд, ки танҳо Яҳува Худо ҳуқуқ дорад, ки маҳдудиятҳои одилона, даркорӣ ва оқилонаро муайян кунад ва риояи онҳоро талаб намояд.
7. Кадом корҳои табиӣ ба мо хурсандӣ меоранд?
7 Гарчанд Одаму Ҳавво аз бисёр ҷиҳат озод буданд, лекин маҳдудиятҳо низ доштанд. Баъзеи онҳо табиӣ буданд, вале ба ҳар ҳол маҳдудият ба ҳисоб мерафтанд. Масалан, барои зинда мондан онҳо бояд нафас мекашиданд, мехӯрданд, хоб мерафтанд ва ғайра. Оё ин чизҳо онҳоро аз озодӣ маҳрум мекард? Не, албатта. Дар асл, Яҳува медонист, ки ҳатто чунин корҳои муқаррарӣ ба онҳо хурсандиву қаноатмандӣ бахшида метавонад (Заб. 103:14, 15; Воиз 3:12, 13). Кӣ аз нафас кашидани ҳавои тоза, хӯрдани хӯроки дӯстдошта ва хоби бароҳат лаззат намебарад? Мо ин корҳоро бо хурсандӣ мекунем ва онҳоро бори гарон намеҳисобем. Шубҳае нест, ки ба Одаму Ҳавво низ онҳо ҳаловат мебахшиданд.
8. Худо ба ҷуфти аввали инсонӣ чӣ супориши махсусе дод ва бо кадом мақсад?
8 Яҳува ба Одаму Ҳавво супориши махсусе дод, ки заминро пур кунанд ва нисбати он ғамхорӣ намоянд (Ҳас. 1:28). Оё ин супориш онҳоро аз озодӣ маҳрум мекард? Албатта не! Ин ба онҳо имконият медод, ки дар иҷрои нияти Офаридгор иштирок кунанд, яъне тамоми заминро ба биҳишт табдил дода, дар он бо насли комили худ ҷовидона зиндагӣ кунанд (Иш. 45:18). Агар одамон имрӯз муҷаррад мондан ё фарзанддор нашуданро интихоб кунанд, бо ин зидди Яҳува намебароянд. Лекин, одатан одамон оиладор шуда, фарзандонро ба воя мерасонанд, гарчанд ин душвориҳо ба миён меорад (1 Қӯр. 7:36–38). Чаро? Чунки онҳо интизоранд, ки аз ин чизҳо хушбахтӣ ва қаноатмандӣ меёбанд (Заб. 126:3). Агар Одаму Ҳавво ба Яҳува итоат мекарданд, онҳо аз издивоҷ ва оила абадан хурсандӣ мегирифтанд.
ЧӢ ТАВР ОЗОДИИ ҲАҚИҚӢ АЗ ДАСТ РАФТ?
9. Чаро амри дар Ҳастӣ 2:17 овардашуда беадолатона, нодаркор ва бехирадона набуд?
9 Яҳува ба Одаму Ҳавво амри дигаре дода аниқ гуфт, ки агар онро вайрон кунанд, чӣ гуна ҷазо мебинанд. Ӯ гуфт: «Аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд» (Ҳас. 2:17). Магар ин амр аз ягон ҷиҳат беадолатона, нодаркор ва бехирадона буд? Оё он Одаму Ҳавворо аз озодӣ маҳрум мекард? Албатта не. Дар асл, чанде аз олимоне, ки Китоби Муқаддасро таҳқиқ мекунанд, мантиқан дуруст ва оқилона будани ин амрро эътироф менамоянд. Масалан, яке аз онҳо мегӯяд: «Маънои амри дар Ҳастӣ 2:16, 17 овардашуда ин аст, ки танҳо Худо медонад, ки чӣ барои одамизод нек... аст ва чӣ барои он бад... аст. Барои он ки одамизод дар ҳаёт “некӣ” бинад, бояд ба Худо бовар карда ба Ӯ итоат намояд. Агар итоат накунад, пас худаш чӣ нек... ва чӣ бад... буданашро интихоб мекунад». Одамон аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонанд.
10. Чаро иродаи озод ва ҳуқуқи муайян кардани некию бадӣ як чиз нест?
10 Бисёриҳо баъди хондани амри ба Одам додаи Худо мегӯянд, ки Одам барои кардани кори дилхоҳаш озодӣ надошт. Чунин одамон ба фарқи байни иродаи озод ва ҳуқуқи муайян кардани некиву бадӣ сарфаҳм намераванд. Одаму Ҳавво озодона интихоб карда метавонистанд, ки ба Худо итоат кунанд ё не. Лекин барои муайян кардани некиву бадӣ танҳо Яҳува ҳуқуқ дорад ва «дарахти маърифати неку бад», ки дар боғи Адан буд, рамзи ин ҳуқуқ буд (Ҳас. 2:9). Мо ҳамеша аниқ намедонем, ки қарорҳои мо чӣ натиҷа меоранд ва кафолате нест, ки онҳо ҳамеша оқибати хуб меоранд. Барои ҳамин имрӯз бисёр вақт дидан мумкин аст, ки одамон бо мақсадҳои нек ин ё он қарорро мебароранд, лекин оқибат азоб мекашанд, бо мусибат ё фоҷиа дучор мешаванд (Мас. 14:12). Бале имкониятҳои одамон маҳдуд аст. Ба Одаму Ҳавво хӯрдани меваи он дарахтро манъ карда, Яҳува мехост чӣ тавр истифода бурдани озодии ҳақиқиро меҳрубонона ёд диҳад. Лекин ҷуфти аввалин чӣ гуна рафтор кард?
11, 12. Чаро интихоби Одаму Ҳавво ҳалокатовар буд? Мисол оред.
11 Афсӯс, ки Одаму Ҳавво роҳи беитоатиро интихоб карданд. Шайтон Ҳавворо васваса карда ваъда дод, ки «чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд» ва ӯ ба ин фиреб бовар кард (Ҳас. 3:5). Оё Одаму Ҳавво баъди ин корашон озодии бештаре ба даст оварданд? Не. Ваъдаи Шайтон пуч баромад. Баръакс, дере нагузашта онҳо фаҳмиданд, ки рад кардани роҳнамоии Яҳува ва мустақилона рафтор кардан ба ҳалокат меорад (Ҳас. 3:16–19). Чаро? Чунки Яҳува ба одамизод ҳуқуқи озодона муайян кардани некиву бадиро надода буд. (Масалҳо 20:24 ва Ирмиё 10:23-ро хонед.)
12 Инро бо мисоли лётчик тасвир кардан мумкин аст. Барои бехатар ба маконе расидан, ба ӯ лозим аст, то мувофиқи роҳе, ки пешакӣ муайян шудааст, равад. Таҷҳизоти ҳозиразамони авиатсионӣ ба лётчик имконият медиҳад, ҳавопайморо ба самти дуруст равона кунад ва бо корманде, ки аз замин парвози ҳавопайморо назорат мекунад, алоқаро нигоҳ дорад. Вале, агар ӯ мувофиқи роҳнамоии онҳо амал накунаду бо роҳи дигар равад, дар натиҷа ба ҳалокат дучор мешавад. Мисли ин лётчик, Одаму Ҳавво роҳнамоии Худоро рад карда, роҳи худро интихоб намуданд. Дар натиҷа чӣ шуд? Оқибати қарорашон ҳалокатовар буд, чунки ҳам худашон ва ҳам насли ояндаашон гирифтори гуноҳ ва марг шуданд (Рум. 5:12). Одаму Ҳавво кӯшиш карданд, ки мустақил бошанд, лекин озодии ҳақиқиро аз даст доданд.
ЧӢ ТАВР ОЗОДИИ ҲАҚИҚИРО БА ДАСТ ОРЕМ?
13, 14. Чӣ тавр мо озодии ҳақиқиро ба даст оварда метавонем?
13 Баъзе одамон фикр мекунанд, ки агар онҳо ҳар чӣ бештар озодӣ дошта бошанд, ҳаёташон ҳамон қадар беҳтар мешавад, лекин озодӣ ду тараф дорад. Аз як тараф озодӣ бисёр манфиат меорад, лекин аз тарафи дигар, агар умуман ягон хел қоида ё маҳдудият намебуд, тасаввур кунед, ки дар ҷаҳон чӣ гуна бесарусомонӣ мешуд. Дар як энсиклопедия гуфта мешавад, ки ҳар як ҷамъият қонунҳои мураккабе дорад, ки озодии одамонро ҳам муҳофизат мекунад ва ҳам онро маҳдуд мекунад. Ин на ҳамеша осон аст. Барои ҳамин мо мебинем, ки қонунҳои зиёде вуҷуд доранд ва бисёр ҳуқуқшиносону судяҳо лозиманд, то онҳоро фаҳмонанду ба кор баранд.
14 Баръакси ин, Исои Масеҳ барои ба даст овардани озодии ҳақиқӣ роҳи осонеро нишон дод. Ӯ гуфт: «Агар ҳамеша аз рӯйи суханони ман рафтор кунед, пас, дар ҳақиқат шогирдони ман ҳастед. Шумо ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳ. 8:31, 32). Барои ба даст овардани озодии ҳақиқӣ мо бояд ду амалро ба ҷо орем: якум, ҳақиқатеро, ки Исо таълим дода буд, қабул кунем ва дуюм, шогирди ӯ шавем. Кардани ин корҳо моро сӯйи озодии ҳақиқӣ мебарад. Вале аз чӣ мо озод мешавем? Исо суханашро давом дода фаҳмонд: «Ҳар касе, ки гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст... агар Писар шуморо озод кунад, дар ҳақиқат озод хоҳед буд» (Юҳ. 8:34, 36).
15. Чаро озодие, ки Исо ваъда дод, моро «дар ҳақиқат озод» карда метавонад?
15 Дар асл, озодие, ки Исо ба пайравонаш ваъда дод, аз озодие, ки имрӯз одамон ба даст овардан мехоҳанд, хеле беҳтар аст. Вақте Исо гуфт, ки «агар Писар шуморо озод кунад, дар ҳақиқат озод хоҳед буд», вай дар бораи озодӣ аз ғуломии даҳшатноке, ки одамизод аз он азоб мекашад, сухан ронд. Ӯ «ғуломи гуноҳ» буданро дар назар дошт. Гуноҳ моро на танҳо ба корҳои бад тела медиҳад, балки аз кардани он чизе, ки дуруст аст ва аз пурра истифода бурдани қобилиятҳоямон бозмедорад. Ба ин маъно мо ғуломони гуноҳ ҳастем ва оқибати он рӯҳафтодагӣ, дарду азоб ва дар охир марг мебошад (Рум. 6:23). Павлуси расул ин дарди пуразобро дар худ ҳис мекард. (Румиён 7:21–25-ро хонед.) Танҳо агар аз банди гуноҳ пурра халос шавем, мо озодии ҳақиқиро, ки ҷуфти аввалин доштанд, соҳиб шуда метавонем.
16. Чӣ тавр мо «дар ҳақиқат озод» шуда метавонем?
16 Исо «ҳамеша аз рӯйи суханони ман рафтор кунед» гуфта, нишон дод, ки барои озод шудан бояд талаботҳои муайянро риоя кунем. Чун шогирдони Исо, мо ҳаётамонро ба Худо бахшида, аз баҳри худ баромадем ва қарор додем, ки дар ҳудуди таълимоти Исо зиндагӣ кунем (Мат. 16:24). Чи хеле ки Исо ваъда дод, вақте манфиати қурбонии фидияи ӯро пурра мечашем, он гоҳ мо ҳақиқатан озод мешавем.
17. a) Мо чӣ тавр дар ҳақиқат хушбахт ва қаноатманд буда метавонем? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?
17 Чун шогирдони Исо мувофиқи таълимоти ӯ зиндагӣ карда, мо ҳаётамонро дар ҳақиқат пурмазмун мегардонем ва аз он қаноатмандӣ мегирем. Ин ҳамчунин ба мо умед мебахшад, ки оқибат аз ғуломии гуноҳу марг пурра озод мешавем. (Румиён 8:1, 2, 20, 21-ро хонед.) Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чӣ тавр озодии ҳоло доштаамонро бохирадона истифода барем. Он гоҳ мо Яҳува — Худои озодии ҳақиқиро абадан ҷалол дода метавонем.