Ба Яҳува — Худои озодӣ хизмат кунед
«Ҳар ҷое, ки рӯҳи Яҳува бошад, он ҷо озодист» (2 ҚӮР. 3:17).
1, 2. а) Чаро одамон дар замони Павлус оиди ғуломӣ ва озодӣ фикр мекарданд? б) Павлус одамонро барои ба даст овардани озодии ҳақиқӣ, сӯйи кӣ равона мекард?
РУМИЁН, ки дар байни онҳо масеҳиёни аввал умр ба сар мебурданд, худро ҳимоягари ҳуқуқ, инсоф ва озодӣ ҳисобида, фахр мекарданд. Лекин қисми зиёди қувват ва ҷалоле, ки Империяи Рум дошт, аз ҳисоби меҳнати ғуломон ба даст оварда мешуд. Замоне буд, ки 30 фоизи аҳолиро ғуломон ташкил медоданд. Бешубҳа, дар он вақт ғуломӣ ва озодӣ масъалаи муҳиме буд, ки мардум, аз он ҷумла, масеҳиён оиди он фикр мекарданд.
2 Павлуси расул дар номаҳои худ оиди озодӣ бисёр сухан гуфтааст. Лекин мақсади хизмати ӯ ҷорӣ кардани тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоӣ набуд, ки одамони зиёд дар он замон ба даст овардан мехостанд. Ӯ ва дигар масеҳиён барои ба даст овардани озодӣ аз ягон ҳоким ё ташкилоти инсонӣ кӯмак намепурсиданд. Ба ҷойи ин онҳо аз сидқи дил ба дигарон ёрӣ дода бо хушхабари Подшоҳии Худо шинос мекарданд ва арзиши фидияи Масеҳро мефаҳмонданд. Павлус ҳамимононро сӯйи Сарчашмаи озодии ҳақиқӣ равона мекард. Дар номаи дуюми худ ба қӯринтиён ӯ кушоду равшан чунин навишт: «Яҳува рӯҳ аст ва ҳар ҷое, ки рӯҳи Яҳува бошад, он ҷо озодист» (2 Қӯр. 3:17).
3, 4. а) Пеш аз суханони дар 2 Қӯринтиён 3:17 овардашуда Павлус оиди чӣ навишта буд? б) Барои баҳраманд шудан аз озодие, ки Яҳува медиҳад, мо бояд чӣ кор кунем?
3 Пештар дар ҳамин номааш Павлус дар бораи ҷалоле навишт, ки аз рӯйи Мӯсо баъди аз кӯҳи Сино фаромаданаш медурахшид, зеро ба ӯ фариштаи Яҳува зоҳир шуда буд. Азбаски одамон аз нигоҳ кардан ба Мӯсо метарсиданд, ӯ ба рӯйи худ парда мепӯшид (Хур. 34:29, 30, 33; 2 Қӯр. 3:7, 13). Павлус фаҳмонд: «Аммо, вақте кас ба Яҳува рӯ меорад, парда бардошта мешавад» (2 Қӯр. 3:16). Суханони Павлус чӣ маъно дорад?
4 Чуноне ки аз мақолаи гузашта фаҳмидем, Яҳува Офаридгори тамоми мавҷудот аст ва танҳо Ӯ озодии пурра ва бемаҳдуд дорад. Пас, гуфтан мумкин аст, ки «ҳар ҷое, ки рӯҳи Яҳува бошад, он ҷо озодист». Барои аз ин озодӣ баҳраманд будан, мо бояд «ба Яҳува рӯ» орем, яъне бо Ӯ муносибати наздикро инкишоф диҳем. Вақте ки исроилиён дар биёбон буданд, ба корҳое, ки Яҳува барояшон кард, аз нуқтаи назари рӯҳонӣ нигоҳ накарданд. Ақли онҳо кунд ва дилашон сахт шуда, гӯё пардае пӯшонида буд. Онҳо мехостанд озодиашонро, яъне аз Миср озод гаштанашонро, танҳо барои қонеъ кардани хоҳишҳои худ истифода баранд (Ибр. 3:8–10).
5. а) Рӯҳи Яҳува моро аз чӣ озод мекунад? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳатто ғуломон ё шахсони ҳабсшуда аз озодие, ки Яҳува медиҳад, баҳраманд буда метавонанд? в) Кадом саволҳоро мо дида мебароем?
5 Аммо озодие, ки рӯҳи Яҳува мебахшад, аз озодии ҷисмонӣ дида чизи бештаре мебошад. Рӯҳи Худо моро аз ғуломие озод мекунад, ки бо кӯшишҳои одамӣ аз он раҳо шудан имконнопазир аст. Он моро аз ғуломии гуноҳ, марг, дини дурӯғ ва урфу одатҳои он озод мекунад (Рум. 6:23; 8:2). Чӣ озодии олиҷанобест! Ҳатто онҳое, ки ғуломанд ё дар ҳабс мебошанд, чунин озодиро дошта метавонанд (Ҳас. 39:20–23). Масалан, ду ҳамимони мо, хоҳар Нанси Юэн ва бародар Ҳаролд Кинг солҳои дароз барои имони худ ҳабс шуда буданд, вале онҳо дар он ҷо ҳам аз чунин озодӣ баҳраманд буданд. Шумо аз cайти JW бродкастинг мусоҳибаеро, ки онҳо оиди воқеаҳои ҳаёташон нақл мекунанд, тамошо карда метавонед. (Ба қисми МУСОҲИБА ВА ВОҚЕАҲО АЗ ҲАЁТ> ДУШВОРИҲОРО ПАСИ САР КАРДА нигаред. Мусоҳиба бо хоҳар Нанси Юэн бо забони русӣ дастрас аст.) Ҳоло бошад, биёед ду саволро дида бароем: Чӣ тавр мо озодиамонро қадр карда метавонем? Чӣ гуна ин озодиро аз рӯйи хирад истифода барем?
ОЗОДИЕРО, КИ ХУДО МЕДИҲАД, ҚАДР КУНЕД
6. Чӣ нишон медиҳад, ки исроилиён ба қадри озодие, ки Яҳува дода буд, нарасиданд?
6 Агар мо ба қадри тӯҳфаи қиматбаҳо расем, ин моро бармеангезад, ки ба атокунандаи он миннатдорӣ нишон диҳем. Вале исроилиён ба қадри озодие, ки Яҳува ба онҳо дод, нарасиданд. Ҳамагӣ якчанд моҳ баъди озодшавӣ аз Миср, онҳо чизҳоеро, ки дар он ҷо мехӯрданду менӯшиданд ёд карданд. Исроилиён аз чизе, ки Яҳува барояшон дод, шикоят карданд ва ҳатто хостанд ба Миср баргарданд. Танҳо тасаввур кунед, ки онҳо хӯрдани моҳӣ, бодиринг, тарбуз, пиёз ва сирпиёзро аз имконияти ба Яҳува озодона ибодат кардан авло донистанд. Албатта ҳайратовар нест, ки Яҳува аз ин рафтори онҳо хеле ба ғазаб омад (Ад. 11:5, 6, 10; 14:3, 4). Ин барои мо мисоли огоҳкунандае мебошад.
7. Чӣ тавр Павлус мувофиқи маслиҳате, ки дар 2 Қӯринтиён 6:1 навишт, амал кард ва мо чӣ тавр мисли ӯ рафтор карда метавонем?
7 Павлуси расул ҳамаи масеҳиёнро барангехт, то озодиеро, ки Яҳува ба воситаи Писараш — Исои Масеҳ додааст, қадр кунанд. (2 Қӯринтиён 6:1-ро хонед.) Ба ёд оред, ки Павлус аз боиси асири гуноҳ ва марг буданаш чӣ қадар азоби виҷдон ҳис мекард. Лекин вай бо миннатдорӣ хитоб кард: «Ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ аз Худо миннатдорам!» Чаро ӯ чунин гуфт? Вай ба ҳамимонон фаҳмонд: «Қонуни рӯҳ, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ ҳаёт мебахшад, шуморо аз қонуни гуноҳ ва марг озод кардааст» (Рум. 7:24, 25; 8:2). Аз Павлус ибрат гирифта, биёед ҳеҷ гоҳ ба он ки Яҳува моро аз ғуломии гуноҳу марг озод кардааст, чун ба чизи камаҳамият муносибат накунем. Ба туфайли фидия мо метавонем ба Ӯ бо виҷдони пок хизмат кунем ва аз ин кор хурсандии ҳақиқӣ гирем (Заб. 111:1).
8, 9. а) Петруси расул оиди истифода бурдани озодӣ чӣ огоҳӣ дод? б) Имрӯз мо бо чӣ гуна васвасаҳо дучор мешавем?
8 Ғайр аз миннатдорӣ нишон додан, мо бояд эҳтиёт шавем, то аз иродаи озоде, ки Яҳува додааст, сӯиистифода накунем. Петруси расул огоҳ кард, ки озодиамонро чун баҳона барои иҷрои хоҳишҳои ҷисмамон истифода набарем. (1 Петрус 2:16-ро хонед.) Оё ин огоҳӣ воқеаеро, ки дар биёбон бо исроилиён рӯй дод, хотиррасон намекунад? Хатаре, ки мо дучор мешавем, аз ин ҳам бадтар буда метавонад. Чунки Шайтон ва ҷаҳони вай имрӯз бисёр чизҳои ҷолибро барои пӯшидан, хӯрдан, нӯшидан, дилхушиву дамгирӣ пешкаш мекунад. Касоне, ки реклама месозанд маккорона одамони хушрӯйро истифода мебаранд, то мо чизҳоеро харем, ки дар асл бароямон даркор нестанд. Агар мо ба ташвиқоти онҳо дода шавем, пас, аз озодиамон нодуруст истифода мебарем. То чӣ андоза ба доми ин пешниҳодҳои ҷалбкунанда афтодан осон аст!
9 Маслиҳати Петруси расул ба ҷонибҳои муҳимтари ҳаёт, ба монанди гирифтани маълумот, интихоби касб ё ҷойи кор низ дахл дорад. Масалан, имрӯз дар мактаб ҷавононро бармеангезанд, ки барои ба донишгоҳҳои номдор дохил шудан, кӯшиши зиёд кунанд. Бисёриҳо ба онҳо мегӯянд, ки агар маълумоти олӣ гиранд, соҳиби кори хубу сердаромад мешаванд ва дигарон онҳоро ҳурмат мекунанд. Онҳо ҳатто барои далел маълумот меоранд, ки гӯё шахсони донишгоҳро хатмкарда назар ба касоне, ки мактаби миёнаро хондаанд, пули зиёдтар кор мекунанд. Ҳангоми интихоб кардани роҳе, ки ба тамоми ҳаёт таъсир мерасонад, ҷавонон метавонанд ба чунин ташвиқот дода шаванд. Ҷавонон ва волидон чиро бояд дар хотир доранд?
10. Ҳангоми қабул кардани қарорҳои шахсӣ мо бояд чиро дар хотир нигоҳ дорем?
10 Баъзе одамон фикр мекунанд, ки ин масъалаҳо кори шахсӣ мебошад, онҳо озоданд, барои ҳамин, агар виҷдонашон роҳ диҳад, чизе, ки ба онҳо маъқул аст, интихоб кунанд. Шояд онҳо барои ин рафторашон суханони зерини Павлусро асос меоранд, ки оиди хӯрок гуфта буд: «Намехоҳам, ки виҷдони каси дигар маро барои озодии доштаам маҳкум кунад» (1 Қӯр. 10:29). Ҳарчанд мо дар мавриди гирифтани маълумот ва ҷойи кор озодона қарор бароварда метавонем, лекин набояд фаромӯш кард, ки озодии мо нисбӣ аст ва қарорҳои мо оқибат доранд. Аз ин сабаб Петрус пеш аз суханони дар боло овардашуда чунин гуфт: «Ҳама чиз равост, вале на ҳар чиз фоиданок аст. Ҳама чиз равост, вале на ҳар чиз обод мекунад» (1 Қӯр. 10:23). Ин ба мо мефаҳмонад, ки вақте озодии худро истифода мебарем, мо бояд на танҳо дар бораи хоҳишҳои шахсиамон, балки оиди чизҳои муҳимтар фикр кунем.
ОЗОДИИ ХУДРО БАРОИ ХИЗМАТИ ЯҲУВА ИСТИФОДА БАРЕД
11. Яҳува бо кадом мақсад ба мо озодӣ бахшид?
11 Петрус оиди нодуруст истифода бурдани озодӣ огоҳ карда, ҳамчунин қайд кард, ки озодиамонро бояд бо кадом мақсад истифода барем. Ӯ моро ташвиқ кард, ки онро «барои хизмат кардан ба Худо истифода» барем. Яъне Яҳува моро барои он аз ғуломии гуноҳ ва марг ба воситаи Исо озод кард, то ҳаётамонро ба Ӯ бахшида, хизматгораш шавем.
12. Нӯҳ ва аҳли оилааш ба мо чӣ намуна гузоштанд?
12 Чӣ кор кунем, то аз озодиамон сӯиистифода накунем ва аз нав ғуломи хоҳишу ҳавасҳои ҷаҳон нашавем? Роҳи беҳтарин ин пурра бо хизмати Яҳува банд будан аст (Ғал. 5:16). Масалан, оиди намунаи Нӯҳ ва оилааш фикр кунед. Онҳо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекарданд, ки пур аз зӯроварӣ ва бадахлоқӣ буд. Лекин онҳо ба хоҳишу мақсадҳое, ки одамони гирду атроф доштанд, дода нашуданд. Чӣ ба онҳо ёрдам кард? Нӯҳ ва оилааш қарор карданд, ки бо иҷрои супориши Яҳува пурра банд бошанд: киштӣ созанд, барои худашон ва ҳайвонҳо хӯрок захира кунанд ва дигаронро дар бораи тӯфон огоҳ намоянд. «Нӯҳ чунин кард; ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард» (Ҳас. 6:22). Ин чӣ натиҷа дод? Нӯҳ бо аҳли оилааш дар вақти нобуд шудани ҷаҳон наҷот ёфтанд (Ибр. 11:7)
13. Исо кадом супоришро ба пайравонаш дод?
13 Яҳува имрӯз ба мо чӣ амр додааст? Мо медонем, ки Яҳува ба Исо мавъиза карданро супурд ва Исо бошад, ин супоришро ба шогирдонаш дода буд. (Луқо 4:18, 19-ро хонед.) Имрӯз худои ин ҷаҳон зеҳни бисёр одамонро кунд кардааст ва онҳо то ҳол ғуломи дини дурӯғ, чизпарастӣ ва сиёсат мебошанд (2 Қӯр. 4:4). Барои мо шараф аст, ки ба Масеҳ пайравӣ карда ба одамон кӯмак кунем, то бо Яҳува — Худои озодӣ, шинос шуда Ӯро ибодат кунанд (Мат. 28:19, 20). Ин кор душвориҳои худро дорад. Дар баъзе давлатҳо одамон ба мавъизаи мо бепарвоёна муносибат мекунанд ва баъзеҳо ҳатто ба ғазаб меоянд. Хуб мебуд, ки ҳар яки мо аз худ пурсем: «Оё ман метавонам озодии худро барои бештар дастгирӣ кардани кори мавъиза истифода барам?»
14, 15. Хизматгорони Яҳува ба кори мавъиза чӣ гуна муносибат мекунанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
14 Хеле рӯҳбаландкунанда аст, ки бисёриҳо имрӯз дар кадом замон зиндагӣ карданашонро дарк карда, ҳаёти худро одӣ гардонданд, то ки дар хизмати пурравақт иштирок намоянд (1 Қӯр. 9:19, 23). Баъзеҳо дар маҳалли худашон хизмат мекунанд, дигарон бошанд, ба ҷойҳое мекӯчанд, ки воизон намерасанд. Ҳисобот нишон медиҳад, ки дар панҷ соли охир беш аз 250 000 кас ба сафи пешравони доимӣ ҳамроҳ шуданд ва ҳоло бошад, шумораи онҳо зиёда аз 1 100 000 нафарро ташкил медиҳад. То чӣ андоза олиҷаноб аст, ки ин қадар бародарону хоҳарон озодии худро барои ба Яҳува пурравақт хизмат кардан истифода мебаранд! (Заб. 109:3).
15 Чӣ ба ин бародарону хоҳарон кӯмак кард, ки озодии худро бохирадона истифода баранд? Мисоли ҳамсарон Ҷон ва Ҷудитро, ки 30 сол боз дар давлатҳои гуногун хизмат мекунанд, дида мебароем. Онҳо ба хотир меоранд, ки вақте Мактаби пешравон соли 1977 сар шуд, дар он донишҷӯёнро бармеангехтанд, то ба минтақаҳое кӯчанд, ки ба воизон ниёзи бештаре вуҷуд дорад. Ҷон мегӯяд, ки барои диққатро ба ин мақсад равона кардан, ӯ маротибаҳои зиёд корашро иваз кард, то ҳаёти худро одӣ нигоҳ дорад. Ниҳоят, вақте онҳо ба давлати дигар кӯчиданд, фаҳмиданд, ки ба Яҳува дуо гуфтан ва ба Ӯ такя кардан хеле муҳим аст. Маҳз ин ёрдам кард, ки чунин душвориҳоро, ба монанди омӯхтани забони нав, мутобиқ шудан ба маданияти дигар ва тоб овардан ба иқлим паси сар кунанд. Он солҳои хизмат ба онҳо чӣ гуна таъсир карданд? Ҷон мегӯяд: «Ман ҳис мекардам, ки бо кори аз ҳама беҳтаре банд ҳастам. Ҳамчунин аниқтар дидам, ки Яҳува бароямон чун падари меҳрубон аст. Ман ҳозир маънои суханони Яъқуб 4:8-ро беҳтар мефаҳмам, ки гуфта шудааст: “Ба Худо наздик шавед ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд”. Ман медонистам, ки ҳаёти пурмазмунеро, ки дер боз мекофтам, ёфтам».
16. Чӣ тавр ҳазорҳо ҳамимононе, ки имкониятҳои маҳдуд доранд, аз озодии худ истифода мебаранд?
16 Баръакси Ҷон ва Ҷудит, дигарон имконият надоранд, ки муддати дароз пурравақт хизмат кунанд. Бо вуҷуди ин бисёриҳо дар сар то сари ҷаҳон аз фурсат истифода бурда, дар корҳои сохтмонӣ иштирок мекунанд. Масалан, вақте идораи марказӣ дар Уорвик (Ню Йорк) сохта мешуд, тақрибан 27 000 бародарону хоҳарон дар давоми аз ду ҳафта то як сол ё ҳатто зиёдтар дар он ҷо хизмат карданд. Бисёре аз онҳо муддате ҳаёти шахсии худро ба як сӯ гузоштанд. Чӣ намунаи хубанд ин бародарону хоҳарон, ки аз озодии худ истифода бурда Яҳува — Худои озодиро ҷалол медиҳанд.
17. Онҳоеро, ки озодии худро аз рӯйи хирад истифода мебаранд, чӣ гуна ояндаи олиҷаноб интизор аст?
17 Мо миннатдорем, ки бо Яҳува шинос шудем ва аз озодие, ки ибодати ҳақиқӣ меорад, баҳрамандем. Бигзор аз қарорҳоямон маълум шавад, ки мо ин озодиро қадр мекунем. Ба ҷойи сӯиистифода ё беҳуда сарф кардани ин озодӣ, биёед онро чӣ қадаре, ки аз дастамон меояд, барои ба Яҳува пурра хизмат кардан истифода барем. Агар ҳамин тавр рафтор кунем, мо метавонем бо умедворӣ ба оянда нигоҳ карда, баракатҳои зерини Яҳуваро интизор бошем: «Офаридаҳо низ аз ғуломии нобудшавӣ озод шаванд ва чун фарзандони Худо озодии пурҷалолро соҳиб гарданд» (Рум. 8:21).