ДАРСИ 7
Мо дар бораи Яҳува чӣ медонем?
Шумо Яҳуваро чӣ гуна тасаввур мекунед? Баъзеҳо мегӯянд, ки Худо бузургу тавоно ва чунон поку муқаддас аст, ки мо, бандаҳои гунаҳкор, ба ӯ наздик шуда наметавонем. Ё, шояд, шумо фикр кунед, ки Худо серталабу сахтгир аст ва гунаҳкоронро ҷазо медиҳад. Лекин ӯ дар асл чӣ гуна аст? Мо аз Китоби Муқаддас мефаҳмем, ки Яҳува хислатҳои гуногун дорад ва ба мо ғамхорӣ мекунад.
1. Чаро мо Худоро дида наметавонем?
«Худо рӯҳ аст» (Юҳанно 4:24). Ӯ мисли мо ҷисм надорад ва макони ӯ дар осмон аст.
2. Баъзе хислатҳои Яҳува кадоманд?
Ҳарчанд мо Яҳуваро намебинем, ӯ Худои зинда аст ва дорои хислатҳое мебошад, ки моро ба ӯ наздик мекунанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Яҳува инсофро дӯст медорад, ӯ ҳаргиз бандагони бовафояшро намепартояд» (Забур 37:28). Ӯ ҳамчунин «хеле дилсӯзу меҳрубон аст», хусусан нисбати ғамзадагон (Яъқуб 5:11). «Яҳува ба дилшикастагон наздик аст ва рӯҳафтодагонро наҷот медиҳад» (Забур 34:18). Бояд гуфт, ки мо бо рафтори худ метавонем дили Яҳуваро ранҷонем ё хурсанд кунем. Масалан, шахси бадкирдор Яҳуваро ғамгин мекунад (Забур 78:40, 41). Вале одами росткор дили ӯро шод мегардонад. (Панднома 27:11-ро хонед.)
3. Чӣ тавр Яҳува нишон медиҳад, ки моро дӯст медорад?
«Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:8). Мувофиқи Китоби Муқаддас муҳаббат сифати асосии Яҳува мебошад. Муҳаббати ӯро на фақат саҳифаҳои Китоби Муқаддас, балки офаридаҳояш ҳам ошкор месозанд. (Корнома 14:17-ро хонед.) Масалан, Яҳува мо, одамонро, тавре офаридааст, ки аз ҳаёт лаззат барем: мо метавонем рангҳои зеборо бинем, мусиқии дилнишинро шунавем ва аз хӯроки болаззат ҳаловат барем.
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр Яҳува корҳои аҷоибро ба амал меорад ва бо кадом роҳ хислатҳои олиҷанобашро ба мо маълум месозад.
4. Рӯҳи муқаддас қувваи Худост
Чи хеле ки мо ба воситаи дастонамон ягон корро мекунем, Яҳува барои иҷрои хосташ рӯҳи муқаддасро ба кор мебарад. Дар Каломи ӯ гуфта шудааст, ки рӯҳи муқаддас қуввае мебошад, ки ба воситаи он Худо ин ё он корро иҷро мекунад. Луқо 11:13 ва Корнома 2:17-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Ин оятҳоро хонда, шумо ба чӣ хулоса омадед: рӯҳи муқаддас қувва аст ё ягон шахс? Фаҳмонед.
Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддас корҳои аҷоибро иҷро мекунад. Айюб 33:4 ва 2 Петрус 1:20, 21-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Дар кадом мавридҳо Яҳува рӯҳи муқаддасашро ба кор бурдааст?
5. Яҳува сифатҳои олиҷаноб дорад
Мӯсо чандин сол ба Худо аз таҳти дил хизмат карда бошад ҳам, дарк менамуд, ки Офаридгорашро бояд беҳтар шиносад. Барои ҳамин ӯ ба Худо гуфт: «Роҳҳои худро ба ман маълум намо, то туро бишносам» (2 Мӯсо 33:13). Яҳува ба дуои Мӯсо ҷавоб дода, баъзе сифатҳояшро ба ӯ маълум сохт. 2 Мӯсо 34:4–6-ро хонед, сипас якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:
Яҳува кадом хислатҳояшро ба Мӯсо ошкор кард?
Кадом хислатҳои Яҳува ба шумо бештар маъқуланд?
6. Яҳува ба бандаҳояш ғамхорӣ мекунад
Халқи Худо дар Миср ғулом буданд. Яҳува азобу уқубати онҳоро дида чӣ ҳис мекард? АУДИОРО гӯш кунед ё 2 Мӯсо 3:1–10-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Аз ин порча шумо чӣ фаҳмидед: оё Яҳува ба дарду азоби одамон бепарво аст? Фаҳмонед. (Нигаред ба оятҳои 7 ва 8.)
Ба фикратон, оё Яҳува, дар ҳақиқат, ба одамон кумак кардан мехоҳад ва оё ӯ ба ин қудрат дорад? Фаҳмонед.
7. Сифатҳои Худоро дар табиат дидан мумкин аст
Яҳува сифатҳои худро тавассути офаридаҳояш ошкор мекунад. ВИДЕОРО тамошо кунед ва Румиён 1:20-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Шумо кадом сифатҳои Худоро дар офаридаҳояш мебинед?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Худо парвои моро надорад».
Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?
Чаро шумо ин тавр фикр мекунед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Яҳува рӯҳ аст ва ӯ бисёр сифатҳои зебое дорад, ки асосиаш муҳаббат мебошад.
Такрор
Чаро мо Яҳуваро дида наметавонем?
Рӯҳи муқаддас чист?
Баъзе сифатҳои Яҳува кадоманд?
ДИДА БАРОЕД
Дар бораи чор хислати беҳамтои Яҳува фаҳмида, ӯро хубтар шиносед.
Фаҳмед, ки чаро гуфтан мумкин аст, ки Худо яку якбора дар ҳама ҷо ҳузур надорад.
Фаҳмед, ки чаро Каломи Худо рӯҳи муқаддасро бо дастони Худо муқоиса мекунад.
Марди кӯре бовар надошт, ки Худо ғами ӯро мехӯрад. Фаҳмед, ки чӣ фикри ӯро дигар кард.
«Ҳоло ман ба дигарон дасти ёрӣ дароз карда метавонам» («Бурҷи дидбонӣ», 1 октябри с. 2015)