Оё вақтхушиву истироҳати шумо фоиданок аст?
«Таҳқиқ кунед, то бидонед он чи, ки Худо меписандад, чист» (ЭФС. 5:10).
1, 2. а) Чӣ тавр Каломи Худо нишон медиҳад, ки Яҳува мехоҳад, ки мо аз ҳаёт ҳаловат барем? б) Азбаски вақте, ки мо барои вақтхушию истироҳат истифода мебарем, атои Худо аст, мо онро бояд чӣ гуна истифода барем?
ДАР бисёр ҷои Китоби Муқаддас чунин фикр дида мешавад, ки Яҳува мехоҳад, ки мо натанҳо зиндагӣ кунем, балки ҳамчунин аз ҳаёт ҳаловат барем. Масалан, дар Забур 103:14, 15 гуфта шудааст, ки ба туфайли ғамхории Яҳува аз замин ғизо мерӯяд «ва шароб, ки дили инсонро шод мегардонад, ва равған, ки рухсори ӯ аз он медурахшад, ва нон, ки дили инсонро қувват мебахшад». Дар ҳақиқат, Яҳува аз замин ҳама чиро мерӯёнад, то ки мо барои ризқу рӯзии худ ғалла, равған ва шароб дошта бошем. Барои зиндагии мо шароб чизи зарурӣ ҳисоб намеёбад, вале он «дили инсонро шод мегардонад» (Воиз 9:7; 10:19). Бале, Яҳува хоҳони он аст, ки мо хурсанд бошем ва Ӯ мехоҳад «дилҳои моро аз шодмонӣ пур» кунад (Аъм. 14:16, 17).
2 Пас, мо набояд чунин фикр кунем, ки миқдори муайяни вақти худро барои вақтхушию истироҳат сарф кардан, масалан «ба мурғони ҳаво» ва «савсанҳои саҳро» назар кардан нодуруст аст. Чунин корҳо метавонанд ба мо қуввату тароват бахшанд ва ҳаёти моро рангоранг гардонанд (Мат. 6:26, 28; Заб. 8:4, 5). Ҳаёти хушбахтона ва солимона «атои Худост» (Воиз 3:12, 13). Он вақте, ки мо барои вақтхушию истироҳат истифода мебарем, қисми он атое мебошад, ки Худо ба мо додааст. Пас, мо бояд онро тарзе истифода барем, ки ба Худо маъқул бошад.
Гуногунӣ ва ҳудуд дар вақтхушӣ
3. Чаро намуди гуногуни вақтхуширо интихоб кардан ягон ҷои нодурустие надорад?
3 Онҳое, ки ба вақтхушию истироҳат назари дуруст доранд, медонанд, ки дар интихоби намуди гуногуни он ҳама озоданд, вале онҳо ҳамчунин мефаҳманд, ки озодии онҳо ҳудуд дорад. Чаро ҳар кас намуди гуногуни вақтхуширо интихоб мекунад? Барои ба ин ҷавоб додан, биёед вақтхуширо бо хӯрок муқоиса кунем. Дар ҷойҳои гуногуни ҷаҳон хӯрокҳои дӯстдоштаи одамон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳатто баъзан он чизеро ки одамони як маҳал нағз мебинанд, одамони маҳалли дигар шояд бад бинанд. Ба ҳамин монанд, чизе, ки ба масеҳиёни як қисми дунё вақтхушии хурсандиовар мебошад, метавонад ба масеҳиёни ҷои дигар маъқул набошад. Ҳатто онҳое, ки дар як ҷо зиндагӣ мекунанд, барои вақтхушӣ ва истироҳат шояд чизҳои гуногунро интихоб кунанд. Масалан, шахсе фикр мекунад, ки хондани китоби шавқовар истироҳат аст, вале дигаре шояд инро машғулияти дилгиркунандае ҳисобад. Касе шояд ба кӯҳ баромаданро барои худ як намуди дамгирӣ ҳисобад, вале барои каси дигар шояд ин машғулият мондакунанда бошад. Ба ҳар ҳол, мо чунин гуногуниро дар интихоби намуди хӯрок ва вақтхушию истироҳат чизи нодуруст намеҳисобем ва мо мефаҳмем, ки ҳар шахс метавонад чизи ба худаш маъқулро интихоб кунад (Рум. 14:2–4).
4. Чаро ба мо лозим аст, ки ба интихоби намуди вақтхушӣ ҳудуд гузорем? Мисол оред.
4 Лекин раво будани гуногунӣ дар интихоби вақтхушию истироҳат маънои онро надорад, ки мо ҳар чиро, ки диламон мехоҳад, кунем. Боз ба мисоли хӯрок бармегардем. Ҳарчанд мо ба чашидани намудҳои гуногуни хӯрок тайёрем, мо дидаву дониста хӯроки вайроншударо намехӯрем. Хӯрдани чунин хӯрок ба саломатии мо зиён мекард. Ба ҳамин монанд, шояд мо ба «чашидани» намудҳои гуногуни вақтхушиҳои шоиста тайёрем, лекин мо бо вақтхушиҳои барои ҳаётамон хатарнок, вақтхушиҳои бо зӯроварӣ ва бадахлоқӣ алоқаманд, машғул намешавем. Чунин корҳо ба принсипҳои Китоби Муқаддас муқобиланд ва ба саломатии ҷисмониву рӯҳонии мо зарар мерасонанд. Аз ин рӯ, мо бояд дар интихоби намуди вақтхушиҳо ҳудуд гузорем ва пешакӣ муайян созем, ки оё он намуди вақтхушие, ки ба мо маъқул аст, бароямон фоиданок аст ё не (Эфс. 5:10). Чӣ тавр мо инро карда метавонем?
5. Чӣ тавр мо муайян карда метавонем, ки вақтхушии мо мувофиқи меъёрҳои Худо аст ё не?
5 Барои он ки вақтхушию истироҳат бароямон фоиданок ва дар назари Яҳува маъқул бошад, он бояд ба меъёрҳои аниқи Каломи Худо мувофиқ ояд (Заб. 85:11). Чӣ тавр шумо муайян карда метавонед, ки вақтхушии ба шумо маъқул принсипҳои Китоби Муқаддасро вайрон намекунанд? Худро тафтиш кунед. Барои ин як варақи қоғазеро гирифта дар он се саволи зеринро нависед: «Чӣ?» «Кай?» ва «Кӣ?». Ҳоло дида мебароем, ки ҳар яки ин саволҳо чӣ тавр ба мо дар интихоби вақтхушӣ кӯмак мекунанд.
Вақтхушӣ аз «чӣ» иборат аст?
6. Кадом вақтхушиҳоро мо рад карданамон лозим аст ва чаро?
6 Пеш аз бо ягон намуди вақтхушию истироҳат машғул шудан, дар аввал ба саволи якум — «Чӣ?» ҷавоб диҳед, яъне аниқ кунед, ки он вақтхушие, ки шуморо ба худ ҷалб мекунад, аз чӣ иборат аст. Ҳангоми ба ин савол ҷавоб ҷустан, дар хотир доштан муфид аст, ки ду навъи вақтхушиҳо вуҷуд доранд. Навъи якумро мо аниқ рад мекунем; дар бораи навъи дуюм бошад, мо бояд фикр кунем. Навъи якум чиро дар бар мегирад? Дар ин ҷаҳони шарир бисёр вақтхушиҳо корҳоеро дар бар мегиранд, ки ба принсипҳои Китоби Муқаддас тамоман зиданд ё қонуни Худоро мешикананд (1 Юҳ. 5:19). Масеҳиёни ҳақиқӣ чунин намуди вақтхушиҳоро бечунучаро рад мекунанд. Ин вақтхушиҳо масалан, корҳои зеринро дар бар мегиранд: сеҳру ҷоду, ҳомосексуализм, порнография, зӯроварӣ. Ин ҳамчунин тамошои филмҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо касе аз ҷисман азоб додани дигарон ҳаловат мебарад ё дар он филмҳо корҳои бадахлоқона чун чизи нағз нишон дода мешаванд (1 Қӯр. 6:9, 10; Ваҳй 21:8–ро бихонед). Мо хоҳ танҳо бошем, хоҳ дар ҳузури дигарон, бо рад кардани чунин вақтхушиҳо ба Яҳува нишон медиҳем, ки «аз бадӣ нафрат» дорем (Рум. 12:9; 1 Юҳ. 1:5, 6).
7, 8. Чӣ тавр мо муайян карда метавонем, ки ин ё он намуди вақтхушӣ хуб аст ё бад? Мисол оред.
7 Навъи дуюми вақтхушиҳо он намуди вақтхушиҳоро дар бар мегиранд, ки корҳои ба Каломи Худо зид дар онҳо ҷои асосиро ишғол намекунанд. Пас, пеш аз машғул шудан бо чунин вақтхушиҳо мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки онҳо ба принсипҳои Китоби Муқаддас муқобил нестанд (Мас. 4:10, 11). Баъд ба мо лозим аст, ки шахсан барои худ қарореро қабул кунем, ки виҷдонамон пок монад (Ғал. 6:5; 1 Тим. 1:19). Мо инро чӣ тавр карда метавонем? Боз дар бораи мисоли хӯрок фикр кунед: пеш аз хӯрдани хӯроки бароямон нав, мо аввал мехоҳем фаҳмем, ки он асосан аз чӣ тайёр шудааст. Ба ҳамин монанд, пеш аз бо ягон намуди вақтхушӣ машғул шудан, ба мо фаҳмидан лозим аст, ки он асосан кадом корҳоро дар бар мегирад (Эфс. 5:17).
8 Масалан, шумо мумкин варзишро дӯст доред ва фаҳмост, ки барои чӣ. Варзиш метавонад шавқовар бошад ва касро ба ҳаяҷон орад. Вале дар баъзе намудҳои варзиш мусобиқачиён ба якдигар зӯроварӣ мекунанд ва сахт рақобат доранд. Баъзе намудҳои варзиш хатарноканд ва бисёр вақт зарари ҷисмонӣ мерасонанд; дар баъзе намудҳои дигари варзиш одамон ғалабаро дида аз худ мераванд ва вайронкориҳо мекунанд; баъзе намудҳои варзиш ба миллатпарастӣ бармеангезанд. Чӣ кор бояд кард, агар варзиши дӯстдоштаи шумо чунин чизҳоро дар бар гирад? Дар бораи ин фикр карда, шумо эҳтимол ба хулоса меоед, ки ин намуди вақтхушӣ ба тарзи фикрронии Яҳува ва бо он хабари осоиштагиву муҳаббат, ки мо ба дигарон мавъиза мекунем, мувофиқат намекунад (Иш. 61:1; Ғал. 5:19–21). Аз тарафи дигар, агар ин ё он намуди вақтхушию истироҳат ба принсипҳои Яҳува мувофиқ бошанд, он гоҳ он метавонад бароятон фоиданок бошад ва ба шумо тароват бахшад (Ғал. 5:22, 23; Филиппиён 4:8–ро бихонед).
«Кай» ман бо вақтхушӣ машғул мешавам?
9. Ҷавоби мо ба саволи «Кай ман бо вақтхушӣ машғул мешавам?» чиро нишон медиҳад?
9 Саволи дуюме, ки ба худ додан лозим аст — «Кай?» мебошад, яъне мо аз худ бояд пурсем, ки «Кай ман бо вақтхушӣ машғул мешавам? Ба ин ман чӣ қадар вақт сарф мекунам?». Ҷавоби мо ба саволи «Чӣ?» бисёртар онро ошкор мекунад, ки мо ба чӣ майл дорем, яъне чиро мо раво меҳисобему чиро не. Лекин ҷавоб ба саволи «Кай?» нишон медиҳад, ки чӣ барои мо дар ҷои аввал меистад, яъне чӣ барои мо муҳим асту чӣ не. Пас, чӣ тавр муайян кунем, ки ба вақтхушию истироҳат чӣ қадар вақт сарф кардан дуруст аст?
10, 11. Аз суханони ояти Матто 6:33 мо чӣ тавр муайян карда метавонем, ки барои вақтхушию истироҳат чӣ қадар вақт сарф кардан лозим аст?
10 Исои Масеҳ ба пайравонаш гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дӯст бидор» (Марқ. 12:30). Барои ҳамин, муҳаббат ба Яҳува дар ҳаёти мо дар ҷои аввал меистад. Мо инро бо итоат ба амри зерини Исо нишон медиҳем: «Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Мат. 6:33). Суханони Исо барои фаҳмидани он ёрӣ медиҳанд, ки вақтхушию истироҳат дар ҳаёти мо бояд кадом ҷойро ишғол кунад ва мо бояд барои он чӣ қадар вақт сарф кунем.
11 Ба ин чиз аҳамият диҳед: Исо моро ташвиқ кард, ки «аввал Малакути Худо»–ро ҷӯем. Ӯ нагуфт, ки «фақат Малакути Худоро ҷӯед». Исо медонист, ки ғайр аз ҷустани Салтанат мо дар бораи бисёр чизҳои дигар низ фикр карданамон лозим аст. Мо ба хонаву ҷой, хӯрок, либос, маълумоти зарурӣ, кор, вақтхушӣ ва ғайраҳо ниёз дорем. Аммо, дар байни ҳамаи ин чизҳо танҳо як чиз — кори Салтанат бояд дар ҷои аввал истад (1 Қӯр. 7:29–31). Фаҳмидани ин моро бармеангезад, ки бо корҳои дуюмдараҷаи худ, аз он ҷумла бо вақтхушию истироҳат тавре машғул шавем, ки кори асосии худ —кори Салтанатро иҷро карда тавонем. Агар мо ин тавр кунем, вақтхушӣ метавонад барои мо фоиданок бошад.
12. Чӣ тавр принсипи дар Луқо 14:28 овардашударо дар мавриди вақтхушӣ ба кор бурдан мумкин аст?
12 Пас, вақте гап дар бораи вақтхушию истироҳат меравад, хуб мебуд, ки мо «аввал нишаста харҷи онро» ҳисоб кунем (Луқ. 14:28). Мо бояд аниқ кунем, ки барои ин ё он намуди вақтхушӣ чӣ қадар вақт харҷ хоҳем кард. Баъд, мо бояд муайян кунем, ки чӣ қадар вақти мо ба он меарзад. Агар мо бо ягон намуди вақтхушӣ машғул мешудему барои чунин корҳои муҳим — омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас, ибодати оилавӣ, вохӯриҳои ҷамъомад ё мавъиза вақти кофӣ намемонд, пас, «нарх»–и он вақтхушӣ ба ин намеарзид (Марқ. 8:36). Вале агар мо тавре вақтхушӣ ва истироҳат кунем, ки он барои давом додани хизмати Худо ба мо қувват бахшад, чунин сарф кардани вақт арзанда аст.
Ҳамроҳи «кӣ» ман вақтхушӣ мекунам?
13. Чаро дар мавриди касоне, ки бо онҳо ҳамроҳ вақтхушӣ мекунем, эҳтиёт будан лозим аст?
13 Саволи сеюме, ки ба худ додан лозим аст — «Кӣ?» мебошад, яъне мо бояд аз худ пурсем, ки «Ман ҳамроҳи кӣ вақтхушӣ кардан мехоҳам?». Ин ҷониби вақтхуширо дида баромадан муҳим аст. Чаро? Зеро ки одамоне, ки мо бо онҳо муошират мекунем ба фоиданок ё зарарнок будани вақтхушии мо таъсир карда метавонанд. Чӣ тавре ки хӯрдани хӯрок ҳамроҳи дӯстони хуб бештар ҳаловат мебахшад, вақтхушӣ низ хурсандии бештар меорад агар рафиқони хуб ба мо ҳамроҳ бошанд. Аз ин рӯ, фаҳмост, ки барои чӣ бисёре аз мо, хусусан ҷавонон ҳамроҳи дигарон вақтхушию истироҳат мекунем. Лекин, пеш аз интихоби вақтхушӣ ба мо аниқ кардан лозим аст, ки кӣ ба мо таъсири хуб расонида метавонаду кӣ таъсири бад. Аз ин мо дилпур хоҳем буд, ки вақтхушии мо бароямон фоиданок мегардад (2 Вақ. 19:2; Масалҳо 13:20–ро бихонед; Яъқ. 4:4).
14, 15. а) Дар интихоби рафиқони хуб Исо чӣ намунае гузоштааст? б) Ҳангоми интихоби дӯстон кадом саволҳоро ба худ додан лозим аст?
14 Пайравӣ кардан ба намунаи Исо ба мо дар интихоби дӯстон кӯмак мекунад. Аз замони офариниш Исо одамонро дӯст медорад (Мас. 8:31). Ҳангоми дар замин буданаш, вай ба ҳама муҳаббат ва ҳурмату эҳтиром зоҳир мекард (Мат. 15:29–37). Лекин Исо медонист, ки муносибати дӯстона доштан аз дӯсти наздик будан фарқ мекунад. Ҳарчанд ӯ бо ҳамаи одамон муносибати дӯстона дошт, ӯ бо ҳар кас дӯсти наздик намешуд. Суханони ба 11 ҳаввории содиқаш гуфтаи Исо ба мо нишон медиҳанд, ки ӯ дӯстони наздики худро чӣ тавр интихоб мекард. Ӯ гуфт: «Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред» (Юҳ. 15:14; ҳамчунин ба Юҳ. 13:27, 30 нигаред). Исо танҳо онҳоеро, ки ба ӯ пайравӣ мекарданду ба Яҳува хизмат мекарданд, дӯсти наздики худ меҳисобид.
15 Барои ҳамин, вақте ки шумо бо касе дӯсти наздик шудан мехоҳед, хуб мебуд, ки суханони гуфтаи Исоро ба ёд оред. Ба худ чунин саволҳо диҳед: «Оё гуфтору рафтори ин шахс нишон медиҳад, ки ӯ ба амрҳои Яҳува ва Исо итоат мекунад? Оё вай он чиро ки нек аст дӯст медорад ва аз он чи ки бад аст, нафрат дорад? Бо вай муошират кардан оё маро бармеангезад, ки Салтанатро дар ҳаётам дар ҷои аввал монам ва хизматгори содиқи Яҳува бошам? Агар шумо боварӣ дошта бошед, ки ҷавоби ин саволҳо «ҳа» аст, пас, шумо дӯсти хубе ёфтед, ки ҳамроҳи ӯ вақтхушиву истироҳат карда метавонед. (Забур 118:63–ро бихонед; 2 Қӯр. 6:14; 2 Тим. 2:22.)
Оё вақтхушии мо ба тафтиш тоб меорад?
16. Дар мавриди вақтхушӣ мо бояд ба худ кадом саволҳоро диҳем?
16 Ҳоло мо дар мавриди вақтхушиву истироҳат, се савол — «Чӣ?» «Кай?» ва «Кӣ?»–ро дида баромадем. Барои он ки вақтхушиву истироҳати интихобкардаи мо фоиданок бошад, он бояд аз ҳар яки ин ҷиҳатҳо ба меъёрҳои Китоби Муқаддас ҷавобгӯ бошад. Аз ин рӯ, пеш аз бо ягон намуди вақтхушӣ машғул шудан, ба мо лозим аст, ки онро тафтиш кунем. Вақте ки гап дар бораи сифати вақтхушӣ меравад, мо донистан мехоҳем, ки «Он аз чӣ иборат аст? Оё чунин намуди вақтхушӣ ба Яҳува маъқул аст ё ки он зӯроварию бадахлоқиро дар бар мегирад?» (Мас. 4:20–27). Дар бораи миқдори вақтхушӣ мо аз худ бояд пурсем, ки «Ман ба он чӣ қадар вақт сарф карданиям? Он ба сарф кардани вақт меарзад ё не?» (1 Тим. 4:8). Ва дар мавриди рафиқон бошад, ба мо аниқ кардан лозим аст, ки «Ҳамроҳи кӣ ман вақтхушӣ мекунам? Оё онҳо барои ман дӯстони хубанд ё “ёрони бад”?» (Воиз 9:18; 1 Қӯр. 15:33).
17, 18. а) Чӣ тавр мо тафтиш карда метавонем, ки оё вақтхушии мо ба меъёрҳои Китоби Муқаддас мувофиқанд ё не? б) Шахсан шумо дар мавриди интихоби вақтхушӣ чӣ тавр амал карданиед?
17 Агар вақтхушии мо аз ягон ин се ҷиҳат ба меъёрҳои Китоби Муқаддас мувофиқ наояд, пас, он ба тафтиш тоб намеорад. Аз дигар тараф, агар мо боварӣ дошта бошем, ки вақтхушиву истироҳати мо аз ҳар се ҷиҳат ба меъёрҳои Китоби Муқаддас мувофиқ аст, он гоҳ вақтхушиву дамгирии мо Яҳуваро ҷалол медиҳад ва ба мо фоида меорад (Заб. 118:33–35).
18 Пас, вақте ки гап дар бораи вақтхушӣ меравад, биёед кӯшиш кунем, ки чизи дуруст, вақти дуруст ва одамони дурустро интихоб кунем. Бале, бигзор ҳар яки мо аз таҳти дил мувофиқи маслиҳати зерини Китоби Муқаддас амал кунад: «Хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред» (1 Қӯр. 10:31).
Оё фаҳмонда метавонед?
Дар бобати вақтхушӣ шумо принсипҳои дар оятҳои зерин бударо чӣ тавр ба кор бурда метавонед...
[Tасвир дар саҳифаи 4]
Чӣ
[Tасвир дар саҳифаи 5]
Кай
[Tасвир дар саҳифаи 5]
Дар мавриди интихоби дӯстон ва вақтхушӣ мо чӣ тавр ба Исо пайравӣ карда метавонем?
[Tасвир дар саҳифаи 7]
Кӣ