Барои паҳн кардани биҳишти рӯҳонӣ кӯшиш кунед
«Ман қадамгоҳи Худро ҷалол хоҳам дод» (ИШ. 60:13).
1, 2. Дар Навиштаҳои ибронӣ калимаи «қадамгоҳ» чӣ маъно дошта метавонад?
ЯҲУВА ХУДО эълон карда буд: «Осмон курсии Ман аст ва замин — қадамгоҳи Ман» (Иш. 66:1). Дар бораи замин Ӯ чунин мегӯяд: «Ман қадамгоҳи Худро ҷалол хоҳам дод» (Иш. 60:13). Ӯ ин корро чӣ тавр мекунад? Ин ба мо, ки дар қадамгоҳи Худо зиндагӣ мекунем, чӣ аҳамият дорад?
2 Калимаи «қадамгоҳ» дар Навиштаҳои ибронӣ на танҳо ба маънои замин меояд, балки маъбади қадимаи Исроилро низ ифода мекунад (1 Вақ. 28:2; Заб. 131:7). Он дар рӯи замин ҷойгир буд ва маркази ибодати ҳақиқӣ ҳисоб мешуд. Аз ҳамин сабаб он дар назари Яҳува хеле зебо буд ва танҳо вуҷуд доштани он ҷойи қадами Ӯро ҷалол медод.
3. Маъбади бузурги рӯҳонии Худо чист ва он кай пайдо шуд?
3 Имрӯз маркази ибодати ҳақиқӣ дигар маъбади аслӣ нест. Ин маъбади рӯҳонист ва ягон маъбади заминӣ дар ҷалол додани Яҳува ба он баробар шуда наметавонад. Ба воситаи ин сохтори Худо одамон бо Ӯ муносибати дӯстона пайдо карда, Ӯро ибодат карда метавонанд. Ин танҳо ба туфайли қурбонии Исо имконпазир мешавад. Маъбади рӯҳонӣ соли 29-уми эраи мо пайдо шуд, вақте ки Исо таъмид гирифта Саркоҳини он гардид (Ибр. 9:11, 12).
4, 5. а) Таронаи 98-уми Забур дар бораи ходимони ҳақиқии Яҳува чӣ мегӯяд? б) Мо бояд ба худ кадом саволро диҳем?
4 Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки барои маъбади рӯҳонӣ аз Яҳува миннатдорем? Агар дар хизмат номи Яҳуваро ҷалол диҳем ва барои фидия Ӯро сипос гӯем. Танҳо тасаввур кунед, ки қариб ҳашт миллион масеҳиёни ҳақиқӣ имрӯз бо ҷидду ҷаҳд номи Яҳуваро ҷалол медиҳанд. Баъзе одамони диндори ин ҷаҳон фикр мекунанд, ки танҳо баъд аз он ки мемуранд ва ба осмон мераванд, Худоро ҳамду сипос мегӯянд. Шоҳидони Яҳува бошанд, дарк мекунанд, ки онҳо бояд худи ҳозир Худоро ҷалол диҳанд.
5 Мо ба намунаи ходимони содиқи Яҳува, ки дар Забур 98:1–3, 5–7 навишта шудааст, пайравӣ мекунем. (Оятҳоро хонед.) Чи хеле ки забурнавис мегӯяд, Мусо, Ҳорун ва Самуил дар замони худ сохтори ибодати ҳақиқиро дастгирӣ карданд. Имрӯз низ боқимондаи масеҳиёни тадҳиншуда пеш аз он ки ба осмон рафта, ҳамроҳи Исо чун коҳин хизмат кунанд, дар замин меҳнат мекунанд. Миллионҳо гӯсфандони дигар онҳоро дар ин кор дастгирӣ мекунанд (Юҳ. 10:16). Ҳар ду гурӯҳ Яҳуваро дар ягонагӣ парастиш мекунанд. Лекин ҳар яки мо дар алоҳидагӣ ба худ савол дода метавонем: «Оё ман сохтори ибодати ҳақиқии Яҳуваро аз таҳти дил дастгирӣ карда истодаам?»
КӢ ДАР МАЪБАДИ РӮҲОНИИ ХУДО ХИЗМАТ МЕКУНАД?
6, 7. Ҷамъомади асри як бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ шуд ва асрҳо пас чӣ рӯй дод?
6 Тақрибан як аср пас баъд аз ба миён омадани ҷамъомади масеҳӣ, чуноне ки пешгӯӣ шуда буд, осият паҳн шудан гирифт (Аъм. 20:28–30; 2 Тас. 2:3, 4). Баъд аз ин муайян кардани ходимони ҳақиқии Худо, ки дар маъбади рӯҳонии Ӯ хизмат мекунанд, душвор буд. Танҳо баъди садсолаҳо вақти он расид, ки Яҳува Исоро подшоҳ таъин карда, ба ин масъала равшанӣ андозад.
7 Соли 1919 аллакай маълум буд, ки кӣ ба Яҳува писанд аст ва дар маъбади рӯҳонии Ӯ хизмат мекунад. Ин шахсон аз ҷиҳати рӯҳонӣ пок карда шудаанд, то хизматашон ба Худо бештар писанд ояд (Иш. 4:2, 3; Мал. 3:1–4). Он чизе ки Павлуси ҳавворӣ асрҳо пеш дар рӯъё дида буд, қисман иҷро шудан гирифт.
8, 9. Се ҷониби биҳиштеро ки Павлус дар рӯъё дида буд, фаҳмонед.
8 Рӯъёе ки Павлус дид, дар 2 Қӯринтиён 12:1–4 навишта шудааст. (Оятҳоро хонед.) Он воқеаи ояндаро дар бар мегирифт, на он чизеро ки дар рӯзҳои ӯ иҷро шуд. Вақте ки Павлус ба «осмони сеюм бурда шуд», ӯ чӣ гуна биҳиштро дид? Рӯъёи Павлус бояд аз се ҷиҳат иҷро мешуд: осмонӣ, рӯҳонӣ ва заминӣ. Ба он Биҳишти рӯи замин, ки қариб аст, дохил мешавад (Луқ. 23:43, ТДН). Он ҳамчунин биҳишти рӯҳониро, ки дар дунёи нав пурра барпо мегардад, дар бар мегирад. Илова бар ин ба он муҳити олиҷанобе ки дар «биҳишти Худо», яъне дар осмон ҳукмфармост, дохил мешавад (Ваҳй 2:7).
9 Лекин чаро Павлус дар бораи суханони шунидааш гуфт, ки онҳо баённашавандаанд ва «инсон иҷоза надорад аз онҳо сухан бигӯяд»? (2 Қӯр. 12:4, ТҶФ). Он замон вақти батафсил фаҳмондани он чизҳои аҷоибе ки ӯ дар рӯъё дид, наомада буд. Аммо имрӯз дар бораи он баракатҳое ки халқи Худо онҳоро соҳиб мебошад, гап задан мумкин аст.
10. Оё биҳишти рӯҳонӣ ва маъбади рӯҳонӣ як чиз мебошанд? Фаҳмонед.
10 Ибораи «биҳишти рӯҳонӣ» аллакай ба нутқи ҳаррӯзаи Шоҳидон дохил шудааст. Он шароити бемислу монанди рӯҳониро тасвир мекунад, ки ба туфайли он мо бо Худо ва бародаронамон дар сулҳ буда метавонем. Ибораҳои «биҳишти рӯҳонӣ» ва «маъбади рӯҳонӣ» як чиз нестанд. Маъбади рӯҳонӣ сохторест, ки Яҳува барои ибодати ҳақиқӣ пешбинӣ кардааст. Биҳишти рӯҳонӣ бошад, нишон медиҳад, ки кадом шахсон ба Худо писанданд ва кӣ дар маъбади рӯҳонӣ Яҳуваро ибодат мекунад (Мал. 3:18).
11. Мо имрӯз чӣ гуна имконияти пуршараф дорем?
11 Чӣ хурсандиовар аст донистани он ки аз соли 1919 инҷониб Яҳува ба одамони нокомил имконият додааст, ки бо Ӯ ҳамкорӣ кунанд! Онҳо метавонанд дар обод, мустаҳкам ва паҳн кардани биҳишти рӯҳонӣ саҳми худро гузоранд. Оё шумо дар ин кор саҳми худро гузошта истодаед? Оё шумо дар ҷалол додани «қадамгоҳ»-и Яҳува бо Ӯ ҳамкорӣ мекунед?
ТАШКИЛОТИ ЯҲУВА ГУЛ-ГУЛ ШУКУФОН АСТ
12. Мо аз куҷо медонем, ки суханони Ишаъё 60:17 иҷро шудаанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
12 Пайғамбар Ишаъё пешгӯӣ карда буд, ки дар қисми заминии ташкилоти Яҳува тағйироту дигаргуниҳои олиҷанобе ба амал меоянд. (Ишаъё 60:17-ро бихонед.) Онҳое ки ҷавонанд ва ё нисбатан нав ба ҳақиқат омадаанд, шояд дар бораи ин тағйиротҳо хонда ва ё шунида бошанд. Лекин баъзе бародару хоҳарон худашон шоҳиди ин воқеаҳо буданд. Онҳо боварӣ доранд, ки Яҳува Исоро подшоҳ таъин карда, ташкилоти худро ба воситаи ӯ роҳбарӣ мекунад. Мо низ мисли онҳо боварӣ дорем, ки имони мо асоси мустаҳкам дорад. Суханони самимии онҳо имони моро қавӣ ва боварии моро ба Яҳува мустаҳкам месозад.
13. Забур 47:13–15 моро ба чӣ вазифадор мекунад?
13 Новобаста аз он ки чанд сол боз дар ҳақиқат ҳастем, мо бояд ба дигарон дар бораи ташкилоти Яҳува нақл кардан гирем. Оне ки дар ин дунёи бад, ифлос ва бемеҳр чунин биҳишти зебои рӯҳонӣ вуҷуд дорад, мӯъҷизаи бузургест! Мо бояд дар бораи чизҳои осмонӣ ва биҳишти рӯҳоние ки дар рӯи замин аст, ба «насли оянда» нақл кунем. (Забур 47:13–15-ро бихонед.)
14, 15. Соли 1970 кадом тағйиротҳо дароварда шуданд ва онҳо ба кори ташкилот чӣ фоида оварданд?
14 Баъзе масеҳиёни пиронсол, ки дар байни мо хизмат мекунанд, шоҳиди тағйиротҳое буданд, ки қисми заминии ташкилоти Яҳуваро зеботар карданд. Онҳо замонеро дар ёд доранд, ки дар ҷамъомадҳо ба ҷои ҳайати пирон ходими ҷамъомад ва ба ҷои Кумитаи мамлакат ходими филиал хизмат мекард. Кори ташкилотро ба ҷои Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува президенти Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ идора мекард. Гарчанд ба ҳамаи он бародарон одамони дигар низ кӯмак мерасонданд, қарорро дар ҷамъомадҳо, дар филиалҳо ва дар идораи марказӣ дар асл як нафар қабул мекард. Соли 1970 тағйиротҳо дароварда шуданд, то ки масъулият ба гардани як нафар набошад, балки бар ӯҳдаи гурӯҳи пирон.
15 Чаро гуфтан мумкин аст, ки ин тағйиротҳо бар фоидаи ташкилот буданд? Чунки онҳо дар натиҷаи беҳтар фаҳмидани Навиштаҳо дароварда шуданд. Дар рӯзҳои мо на як нафар, балки гурӯҳи пирон қарор қабул мекунад. Ин фоидаи бештар меорад, чунки дар чунин ҳолат ба кори ташкилот хислатҳои хуби якчанд нафар дар якҷоягӣ таъсир мерасонанд (Эфс. 4:8; Мас. 24:6).
16, 17. Кадом тағйиротҳои охирон ба шумо бештар маъқул шуданд ва барои чӣ?
16 Дар бораи тағйиротҳое ки чанде пеш дар тарзи ороиш, мазмуну мундариҷа ва тарзи паҳн кардани адабиётҳо дароварда шуда буданд, фикр кунед. Дар адабиёти мо ки ба таври зебо оро дода шудааст, душвориҳои ҳаёти имрӯза муҳокима мешаванд. Мо аз он ки дар хизмати мавъиза ин маҷаллаҳоро пешниҳод мекунем, хурсандии зиёд мегирем. Вақте навовариҳои электронӣ, масалан сайтамонро барои паҳн кардани ҳақиқат истифода мебарем, мо ба ғамхории Яҳува пайравӣ мекунем ва ба одамон он дастуротеро ки онҳо ба он сахт ниёз доранд, медиҳем.
17 Чанде пеш дар реҷаи ҷамъомадҳоямон тағйирот дароварда шуд, ки ба туфайли он мо вақти бештарро барои омӯзиши шахсӣ ва ибодати оилавӣ ҷудо карда метавонем. Ҳамчунин дар анҷуманҳо дигаргуниҳо дароварда шуданд. Чунин менамояд, ки онҳо сол аз сол беҳтар мешаванд. Барои ҳамаи ин дигаргуниҳо мо аз Яҳува хеле миннатдорем! Мо хеле хурсандем, ки имкониятҳои зиёде дорем, ки дар мактабҳои гуногуни бар Навиштаҳо асосёфта таълим гирем. Ҳамаи ин тағйиротҳо нишон медиҳанд, ки Яҳува ташкилоти Худро роҳбарӣ мекунад ва биҳишти рӯҳониро боз ҳам зеботар мегардонад.
ЧӢ ТАВР МО ДАР ОБОД КАРДАНИ БИҲИШТИ РӮҲОНӢ ИШТИРОК КАРДА МЕТАВОНЕМ?
18, 19. Чӣ тавр мо барои боз ҳам зеботар гаштани биҳишти рӯҳонӣ саҳми худро гузошта метавонем?
18 Яҳува ба мо имконияти пуршараф додааст, то барои боз ҳам зеботар гардонидани биҳишти рӯҳонӣ саҳми худро гузорем. Аммо чӣ тавр мо ин корро карда метавонем? Бо он ки боғайратона хушхабари Салтанатро мавъиза мекунем ва дар кори шогирдсозӣ аз таҳти дил иштирок мекунем. Ҳар гоҳе ки мо ба шахсе барои ходими Худо шудан кӯмак мекунем, мо ҳамин тавр биҳишти рӯҳониро боз ҳам зеботар мегардонем (Иш. 26:15; 54:2).
19 Ҳамчунин мо бояд барои беҳтар кардани шахсиятамон сахт кӯшиш кунем. Ба туфайли ин биҳишти рӯҳонӣ барои дигарон боз ҳам дилкашу ҷолибтар мешавад. Бисёр вақт диққати одамонро на дониши мо дар бораи Китоби Муқаддас, балки тозагӣ ва хушмуомилагиамон ба ташкилот ва ба Яҳува ҷалб мекунад.
20. Мувофиқи Масалҳо 14:35 мо бояд сахт хоҳони чӣ бошем?
20 Ба Яҳува ва Исо дидани биҳишти зебои рӯҳониамон хеле писанд аст. Хурсандие ки мо дар оянда ҳангоми кор кардан дар Биҳишти рӯи замин мегирем, аз он хурсандие ки имрӯз аз зеботар гардонидани биҳишти рӯҳонӣ мегирем, садчандон зиёд хоҳад буд. Мо бояд ҳамеша суханони зерини дар Масалҳо 14:35 навишташударо дар хотир дорем: «Таваҷҷӯҳи подшоҳ бар бандаи соҳибфаҳм аст». Биёед доимо аз рӯи фаҳму хирад рафтор кунем ва барои зебо гардонидани биҳишти рӯҳонӣ аз таҳти дил кӯшиш кунем!