Аз як гиребон сар бароред!
«Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда... афзоиш меёбад» (ЭФС. 4:16).
1. Аз аввали офариниш дар корҳои Яҳува чиро дидан мумкин буд?
ДАР аввали офариниш Яҳува ва Исо бо якдигар ҳамкорӣ мекарданд. Яҳува Исоро пеш аз ҳама чиз офарид. Баъдтар бошад, Исо «назди Ӯ дастпарвард» буд (Мас. 8:30). Аз замонҳои қадим ходимони Яҳува бо якдигар ҳамкорӣ мекарданд. Масалан, Нӯҳ ҳамроҳи оилааш киштӣ сохт. Баъдтар исроилиён якҷоя хайма сохтанд ва ҳангоми аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчидан онро ба қисмҳо ҷудо карда мебурданд. Дар маъбад бошад, онҳо бо асбобҳои мусиқӣ суруд сароида якҷоя Яҳуваро ҷалол медоданд. Хизматгорони Худо бо якдигар ҳамкорӣ мекарданд, барои ҳамин аз ӯҳдаи ҳамаи ин кор мебаромаданд (Ҳас. 6:14–16, 22; Ад. 4:4–32; 1 Вақ. 25:1–8).
2. а) Дар ҷамъомади асри як чӣ ҷолиби диққат буд? б) Мо бояд дар бораи кадом саволҳо фикр кунем?
2 Масеҳиёни асри як низ бо якдигар ҳамкорӣ мекарданд. Павлуси ҳавворӣ фаҳмонд, ки гарчанд ба масеҳиёни тадҳиншуда «бахшоишҳо», «хизматҳо» ва «амалҳо»-и гуногун дода шуда буд, ҳамаи онҳо «як бадан»-ро ташкил медоданд. Ҳамаи онҳо ба Сарвари худ — Масеҳ пайравӣ мекарданд. (1 Қӯринтиён 12:4–6, 12-ро хонед.) Лекин дар бораи рӯзҳои мо чӣ гуфтан мумкин аст? Чӣ тавр мо дар кори мавъиза, ҷамъомад ва оила бо якдигар ҳамкорӣ карда метавонем?
ҲАМКОРӢ ДАР МАВЪИЗА
3. Юҳаннои ҳавворӣ чӣ гуна рӯъё дид?
3 Дар асри як Юҳаннои ҳавворӣ дар рӯъё дид, ки ҳафт фаришта карнай менавохт. Вақте фариштаи панҷум карнай навохт, Юҳанно «ситораи аз осмон ба замин афтодаро» дид. Ин ситора бо калид чоҳи вартаро кушод. Аз чоҳ дуди ғафсе берун омад ва баъд «аз дуд бар замин малахҳо баромаданд». Ин малахҳо ба ҷойи он ки ба дарахту растаниҳо зарар расонанд, «фақат ба одамоне ки бар пешонии худ мӯҳри Худоро надоранд», ҳамла оварданд (Ваҳй 9:1–4). Юҳанно хуб медонист, ки то чӣ андоза селаи малахҳо зараровар буда метавонанд. Дар рӯзҳои Мусо дар Миср малахҳо зарари калон оварда буданд (Хур. 10:12–15). Малахҳое ки Юҳанно дар рӯъё дид, масеҳиёни тадҳиншударо, ки довариҳои Яҳуваро ба дини дурӯғ эълон мекунанд, тасвир менамояд. Миллионҳо масеҳиёни дигар, ки умеди заминӣ доранд, бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Ин кор ба бисёри одамон кӯмак мекунад, ки дини дурӯғро тарк кунанд ва аз таъсири Шайтон озод шаванд.
4. Хизматгорони Худо бо кадом кор машғуланд? Чӣ тавр онҳо аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонанд?
4 Халқи Яҳува пеш аз анҷоми ҷаҳони Шайтон дар тамоми рӯи замин хушхабарро мавъиза мекунанд. Дар ҳақиқат, ин кори хеле бузург аст! (Мат. 24:14; 28:19, 20). Мо ҳама ташнагони ҳақиқатро даъват мекунем, ки «оби ҳаётро муфт» нӯшанд (Ваҳй 22:17). Чӣ тавр? Агар бо аъзоёни ҷамъомад ҳамкорӣ кунем (Эфс. 4:16).
5, 6. Чӣ тавр дар кори мавъиза ягонагӣ дида мешавад?
5 Кори мавъиза бояд аз рӯи тартибу низом ба роҳ монда шавад, то хушхабари Салтанатро шумораи ҳар чи зиёди одамон шунаванд. Дар ин кор ба мо дастуроте ки аз ҷамъомад мегирем, кӯмак мекунад. Масалан, баъди вохӯрӣ барои мавъиза мо ба хизмат рафта ба одамон дар бораи хушхабари Салтанат гап мезанем. Ҳамчунин ба воситаи миллионҳо нусхаҳои адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта мо ин хабарро дар саросари дунё паҳн намудем. Оё шумо дастуроти ташкилотро қабул карда дар маъракаҳои махсус иштирок мекунед? Ҳамин тавр халқи Худо дар тамоми дунё як хабарро мавъиза мекунад. Ҳамчунин шумо бо фариштаҳо, ки дар кори мавъиза ба халқи Худо кӯмак мекунанд, ҳамкорӣ мекунед (Ваҳй 14:6).
6 Вақте аз «Солнома» дар бораи натиҷаҳои кори мавъиза мехонем, ин моро хеле рӯҳбаланд месозад. Дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр мо якҷоя пеш аз анҷуманҳо даъватнома тақсим мекунем. Дар анҷуманҳо мо як хел маълумот мегирем. Нутқҳо, драмаҳо ва намоишҳо моро бармеангезанд, ки чизи беҳтаринамонро ба Яҳува диҳем. Ҳамчунин ягонагии мо дар он дида мешавад, ки мо ҳар сол Шоми ёдбудро ҷашн мегирем. Ҳамаи мо дар як рӯз баъди ғуруби офтоб ҷамъ меоем. Бо ин мо нишон медиҳем, ки аз Яҳува барои қурбонии Исо миннатдорем ва ба амри Исо гӯш медиҳем (1 Қӯр. 11:23–26). Дар арафаи Шоми ёдбуд мо кӯшиш мекунем, ки шумораи ҳар чӣ бештари одамонро ба ин маърака даъват кунем.
7. Чӣ тавр бо якдигар ҳамкорӣ карда Яҳуваро ҷалол дода метавонем?
7 Як малах зарари калон расонда наметавонад. Ба ин монанд мо ҳам дар алоҳидагӣ ба ҳамаи одамон мавъиза карда наметавонем. Азбаски мо бо якдигар ҳамкорӣ мекунем, мо метавонем ба миллионҳо одамон дар бораи Яҳува гап занем ва ба онҳо ёрдам кунем, ки Ӯро ҷалол диҳанд.
ҲАМКОРӢ ДАР ҶАМЪОМАД
8, 9. а) Бо кадом мисол Павлус ба масеҳиён муҳим будани ягонагиро фаҳмонд? б) Чӣ тавр мо дар ҷамъомад ҳамкорӣ карда метавонем?
8 Павлус ба Эфсӯсиён фаҳмонд, ки ҷамъомад бояд аз рӯи тартибу низом амал кунад ва ҳама аъзоёни он аз ҳар ҷиҳат рушд намояд. (Эфсӯсиён 4:15, 16-ро хонед.) Павлус бо мисоли бадан фаҳмонд, ки аъзоёни ҷамъомад бояд дар ягонагӣ ба Сарвари ҷамъомад — Исо итоат кунанд. Ӯ гуфт, ки ҳама узвҳои бадан ба воситаи «ҳар навъ пайвандҳо» ҳамкорӣ мекунанд. Тасаввур кунед, ки агар байни онҳо носозӣ шавад, чӣ рӯй медиҳад? Тамоми аъзои бадан зарар мебинад. Чӣ тавр ҳар яки мо, пиру ҷавон, бақуввату нотавон ба ягонагӣ ва гул–гулшукуфии ҷамъомад мусоидат карда метавонем?
9 Исо дар ҷамъомад пиронро таъин кардааст, ки онро роҳбарӣ кунанд ва ӯ мехоҳад, ки мо онҳоро ҳурмат карда аз рӯи дастуроташон амал кунем (Ибр. 13:7, 17). Ин на ҳама вақт осон аст. Аммо бо кӯмаки рӯҳи муқаддаси Яҳува мо метавонем ба ҳама дастуроти пирон итоат кунем. Агар фурӯтанона бо пирон ҳамкорӣ кунем, мо ба ҷамъомади худ фоида меорем. Ҳамчунин бо ин корамон мо дар ҷамъомад ягонагиро нигоҳ медорем ва муҳаббатамон нисбати якдигар зиёд мегардад.
10. Чӣ тавр ходимони ёвар барои дар ҷамъомад нигоҳ доштани ягонагӣ кӯмак мерасонанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
10 Ходимони ёвар низ барои нигоҳ доштани ягонагӣ дар ҷамъомад кӯмак мерасонанд. Онҳо барои дастгирӣ кардани пирон сахт меҳнат мекунанд ва мо аз онҳо хеле миннатдорем. Масалан, онҳо моро бо адабиёт таъмин мекунанд ва меҳмононро пешвоз мегиранд. Инчунин онҳо дар таъмиркунӣ ва тоза нигоҳ доштани Толори Салтанат бисёр меҳнат мекунанд. Агар бо ин бародарон ҳамкорӣ кунем, мо якдилона ба Яҳува хизмат карда метавонем. (Бо Аъмол 6:3–6 муқоиса кунед.)
11. Чӣ тавр ҷавонон ба ягонагии ҷамъомад мусоидат карда метавонанд?
11 Бисёри пирон солҳои сол дар ҷамъомад меҳнат мекунанд. Аммо аз сабаби синну сол онҳо мисли пештара хизмат карда наметавонанд. Бародарони ҷавон бошанд, ба онҳо ёрдамчии хуб буда метавонанд. Вақте бародарони ҷавон аз пирони ботаҷриба таълим мегиранд, онҳо метавонанд дар ҷамъомад масъулияти бештарро ба ӯҳда гиранд. Вақте ходимони ёвар сахт меҳнат мекунанд, бо гузашти вақт онҳо метавонанд пири ҷамъомад шаванд (1 Тим. 3:1, 10). Баъзе пирони ҷавон рӯҳан пешравӣ карда чун нозири ноҳиявӣ хизмат мекунанд ва ба ҷамъомадҳо кӯмак мекунанд. Мо хизмати фидокоронаи бародарони ҷавонро хеле қадр мекунем. (Забур 109:3 ва Воиз 12:1-ро хонед.)
ҲАМКОРӢ ДАР ОИЛА
12, 13. Чӣ кӯмак мекунад, ки ҳама аъзоёни оила бо якдигар ҳамкорӣ кунанд?
12 Чӣ тавр мо дар оила бо якдигар ҳамкорӣ карда метавонем? Ба бисёриҳо ибодати оилавӣ барои мустаҳкам кардани пайвандҳои оила кӯмак кард. Вақте волидон бо фарзандонашон вақт мегузаронанд ва дар бораи Яҳува таълим мегиранд, ин муҳаббати онҳоро ба якдигар мустаҳкам месозад. Дар ибодати оилавӣ онҳо метавонанд ба хизмат тайёрӣ бинанд. Вақте аъзоёни оила шарҳҳои якдигарро гӯш мекунанд, онҳо ба ҳамдигар наздик мешаванд, чунки ҳамаашон як Худоро дӯст медоранд ва ҳамаашон дар бораи иҷро кардани хости Ӯ фикр мекунанд.
13 Чӣ тавр ҳамсарон метавонанд бо якдигар ҳамкорӣ карда Худоро ҷалол диҳанд? Вақте онҳо Яҳуваро дӯст медоранд ва якҷоя ба Ӯ хизмат мекунанд, онҳо ба якдигар наздик мешаванд ва аз ин хурсандӣ мегиранд. Онҳо бояд мисли Иброҳиму Соро, Исҳоқу Ривқо ва Элқонову Ҳанно ба якдигар меҳру муҳаббаташонро нишон диҳанд (Ҳас. 26:8; 1 Подш. 1:5, 8; 1 Пет. 3:5, 6). Ин онҳоро ба ҳамсарашон ва Яҳува боз ҳам наздиктар мекунад. (Воиз 4:12-ро хонед.)
14. Агар ҳамсаратон ба Яҳува хизмат накунад, чӣ тавр шумо оилаатонро мустаҳкам нигоҳ дошта метавонед?
14 Китоби Муқаддас аниқу равшан мегӯяд, ки мо набояд бо шахсе ки ба Яҳува хизмат намекунад, оиладор шавем (2 Қӯр. 6:14). Лекин баъзе бародару хоҳарон баъди оиладоршавӣ Шоҳиди Яҳува шуданд, лекин ҳамсарашон ҳақиқатро қабул накард. Дигарон бошанд, бо хизматгори Яҳува оиладор шуданд, аммо зан ё шавҳарашон аз ҳақиқат рафт. Дар ин гуна вазъиятҳо шахси масеҳӣ ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, то ба маслиҳати Китоби Муқаддас гӯш дода оилаашро мустаҳкам нигоҳ дорад. Ин на ҳама вақт осон аст. Масалан, Мэри ва Дэйвид якҷоя ба Яҳува хизмат мекарданд. Баъдтар Дэйвид ба ҷамъомадҳо рафтанро бас кард. Аммо Мэри кӯшиш мекард, ки зани хуб бошад ва хислатҳои масеҳиро зоҳир кунад. Ҳамчунин ӯ ба шаш фарзандаш дар бораи Яҳува таълим медод ва ҳамроҳаш ба ҷамъомаду анҷуманҳо мебурд. Вақте фарзандонашон калон шуда аз хона рафтанд, Мэри худро хеле танҳо ҳис мекард. Ба ин нигоҳ накарда ӯ ба Яҳува хизмат карданро давом медод. Баъдтар Дэйвид хондани маҷаллаҳоеро, ки Мэри барояш мемонд, сар кард. Бо гузашти вақт ӯ боз ба ҷамъомадҳо мерафтагӣ шуд. Набераи шашсолаи ӯ дар Толори Салтанат доимо барояш ҷо мегирифт. Вақте Дэйвид ба вохӯрӣ намерафт, наберачааш чунин мегуфт: «Бобоҷон, шумо имрӯз дар ҷамъомад набудед, ман шуморо ёд кардам». Дэйвид баъди 25 сол ба ҷамъомад баргашт ва ӯ бо ҳамсараш хушбахтанд, ки боз ба Яҳува якҷоя хизмат мекунанд.
15. Чӣ тавр ҳамсарони калонсол ба оилаҳои ҷавон кӯмак карда метавонанд?
15 Имрӯз Шайтон ба оилаҳо бисёр ҳамла меорад. Барои ҳамин хеле муҳим аст, ки ҳамсарон бо якдигар ҳамфикр бошанд. Нигоҳ накарда ба он ки чанд сол боз оиладоред, дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр шумо бо сухан ва рафтори худ оилаатонро мустаҳкам карда метавонед. Ҳамсарони калонсол метавонанд барои оилаҳои ҷавон кӯмак расонанд. Онҳо метавонанд ҳамсарони ҷавонро ба ибодати оилавиашон таклиф кунанд. Ҳамсарони ҷавон мебинанд, ки нигоҳ накарда ба он ки ҳамсарон чанд сол боз оиладоранд, бояд ба якдигар меҳру муҳаббат нишон диҳанд ва ҳамфикр бошанд (Тит. 2:3–7).
«БИЁЕД, БА КӮҲИ ХУДОВАНД... БАРОЕМ»
16, 17. Ходимони Худоро чӣ гуна оянда интизор аст?
16 Вақте ки исроилиён барои ҷашн гирифтани ид ба Ерусалим мерафтанд, онҳо бо якдигар ҳамкорӣ мекарданд. Онҳо бояд барои сафар ҳама чизи лозимаро тайёр менамуданд. Дар давоми сафар онҳо ҳамдигарро дастгирӣ менамуданд. Дар маъбад бошад, онҳо якҷоя Яҳуваро ҳамду сано мехонданд ва ибодат мекарданд (Луқ. 2:41–44). Имрӯз мо ба зиндагӣ дар дунёи нав тайёрӣ дида истодаем, барои ҳамин бояд ҳамаамон аз як гиребон сар барорем. Боз бо кадом роҳҳо шумо ба ягонагӣ дар ҷамъомад мусоидат карда метавонед?
17 Танҳо тасаввур кунед, ки моро чӣ гуна баракатҳо интизоранд! Мо ҳоло қисми ин ҷаҳони пур аз душманиву бадбинӣ нестем. Чи тавре ки Ишаъё ва Мико пешгӯӣ карда буданд, имрӯз халқи Худо дар ягонагӣ сӯи «кӯҳи Худованд» меравад. Ва ҳар яки мо иҷрошавии ин пешгӯиро бо чашмони худ мебинем. (Иш. 2:2–4; Мико 4:2–4-ро хонед.) Дар ҳақиқат, дар ин рӯзҳои охир ибодати пок аз пештара бештар гул-гулшукуфон аст. Дар ояндаи наздик ҳамаи одамони рӯи замин дар ягонагӣ Яҳуваро ибодат мекунанд. То чӣ андоза хурсандибахш хоҳад буд он замон!