-
Нестшавии душмани охиринБурҷи дидбонӣ — 2014 | сентябр 15
-
-
10. а) Кадом оятҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки Яҳува маргро нест мекунад? б) Ин оятҳо дар бораи Яҳува ва Писараш чиро ошкор мекунанд?
10 Танҳо Яҳува Павлусро наҷот дода метавонист. Ишаъё пайғамбар баъди он ки дар бораи «рӯпӯш» навишт, дар ояти навбатӣ қайд кард: «Маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд, ва Худованд Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо пок хоҳад кард» (Иш. 25:8). Чи хеле ки падари меҳрубон фарзандашро аз азоб халос карда, обҳои дидаашро пок мекунад, ба монанди ин Яҳува низ бо омодагӣ маргро нест мекунад. Дар ин кор Исо ба Ӯ дастёрӣ хоҳад кард. Дар 1 Қӯринтиён 15:22 омадааст: «Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд». Ҳамчунин, Павлус вақте пурсид, ки «кӣ маро аз... мамот раҳоӣ медиҳад?», худаш ба саволаш ҷавоб дод: «Худоро ба воситаи... Исои Масеҳ шукр мегӯям» (Рум. 7:25). Равшан аст, ки бо исёни Одаму Ҳавво муҳаббати Яҳува нисбати инсоният хунук нагаштааст. Ва Исо, ки дар офариниши одам дастёри Худо буд, то ҳол одамонро дӯст медорад (Мас. 8:30, 31). Аммо ин наҷот чӣ тавр амалӣ мегардад?
-
-
Нестшавии душмани охиринБурҷи дидбонӣ — 2014 | сентябр 15
-
-
15, 16. а) Китоби Муқаддас «душмани охирин... мамот» гуфта чиро дар назар дорад ва он кай нест карда мешавад? б) Мувофиқи 1 Қӯринтиён 15:28 Исо дар вақти муносиб чӣ кор хоҳад кард?
15 Дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Салтанат одамони итоаткор аз тамоми душманоне, ки аз сабаби гуноҳи Одам пайдо шуда буданд, халосӣ меёбанд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд. Ҳар яке бо навбати худ: аввал Масеҳ, баъд онҳое ки аз они Масеҳанд [онҳое ки ҳамроҳаш подшоҳӣ мекунанд] дар вақти омадани Ӯ. Баъд охират фаро мерасад, ки он вақт Ӯ Малакутро ба Худо ва Падар месупорад ва ҳар гуна раёсат ва ҳар гуна қудрат ва қувватро барҳам медиҳад; зеро Ӯ бояд салтанат ронад то даме ки ҳамаи душманонро зери пойҳои Худ сарнагун созад. Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст» (1 Қӯр. 15:22–26). Бале, марге ки мо аз Одам мерос гирифтаем, оқибат нест мегардад. «Рӯпӯше», ки ҳоло бар тамоми инсоният пӯшонида шудааст, абадан нест карда хоҳад шуд (Иш. 25:7, 8).
-