Боби 2
Китобе, ки доир ба худо дониш медиҳад
1, 2. Барои чӣ мо ба роҳнамоии Офаридгорамон мӯҳтоҷ ҳастем?
МАНТИҚАН дуруст аст, ки Офаридгори меҳрубони мо бароямон китобе бахшид, ки дар он дастурот ва роҳбарият барои инсоният мавҷуд аст. Оё розӣ нестед, ки инсоният ба ҳидояту роҳбарӣ эҳтиёҷ дорад?
2 2 500 сол пеш пайғамбар ва таърихшиносе чунин навиштааст: «Касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд» (Ирмиё 10:23). Ҳақиқати ин гуфтаҳо имрӯзҳо беш аз ҳар замони дигар равшан аст. Ба ҳамин далел, Уилям Ҳ. Макнил ном таърихшиносе қайд мекунад: “Таърихи башарият дар сайёраи мо — ин силсилаи беохири бӯҳронҳо ва фалокатҳои тамомнашаванда дар тартиботи ҷоришудаи ҷамъиятӣ мебошад”.
3, 4. а) Ба омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ тавр муносибат бояд намуд? б) Шиносоиро бо Китоби Муқаддас аз чӣ оғоз бояд кард?
3 Китоби Муқаддас ба мо ҳидояти хирадмандонаеро, ки бар он ниёз дорем, медиҳад. Ҳақиқатан, дар аввал ба назари бисёриҳо чунин менамояд, ки аз ӯҳдаи онро фаҳмидан намебароянд. Ин китоб калон аст ва баъзе қисмҳои онро фаҳмидан на он қадар осон аст. Аммо агар ба шумо ҳуҷҷатеро супоранд, ки дар он тарзи ба даст овардани мероси пурарзиш фаҳмонида шуда бошад, оё барои мутолиаи дақиқи он вақт сарф намекунед? Агар фаҳмидани баъзе қисмҳои ҳуҷҷат душвор бошад, шумо бешубҳа барои ёрӣ ба касе, ки аз ин корҳо огоҳ аст, муроҷиат мекунед. Пас чаро бо Китоби Муқаддас низ чунин накунем? (Аъмол 17:11). Сухан дар бораи чизе меравад, ки назар ба мероси муқаррарӣ хеле муҳимтар аст. Ҳамон тавре ки аз боби гузашта фаҳмидем, дониш дар бораи Худо ба ҳаёти ҷовидонӣ роҳнамоӣ мекунад.
4 Биёед, бо китобе ки дар бораи Худо дониш медиҳад, аз наздик ошно гардем. Дар аввал Китоби Муқаддасро мухтасар шарҳ медиҳем. Сипас муҳокима мекунем, ки чаро бисёр шахсони бомаърифат Китоби Муқаддасро Каломи илҳомбахшидаи Худо мешуморанд.
МУНДАРИҶАИ КИТОБИ МУҚАДДАС
5. а) Кадом маълумот дар Навиштаҳои Ибронӣ мавҷуд аст? б) Кадом маълумот дар Навиштаҳои Юнонӣ мавҷуд аст?
5 Китоби Муқаддас дорои 66 китоб ва ду қисм мебошад, ки одатан онҳоро Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид меноманд. Сию нӯҳ китоб аз Китоби Муқаддас асосан ба забони ибронӣ ва 27-тоаш ба забони юнонӣ навишта шудааст. Навиштаҳои Ибронӣ китобҳои аз Ҳастӣ то Малокиро дар бар гирифта, офариниш ва 3 500 соли таърихи минбаъдаи инсониятро тасвир мекунанд. Бо ин қисми Китоби Муқаддас шинос шуда, мо дар бораи он мефаҳмем, ки Худо бо исроилиён чӣ тавр муносибат мекард — аз вақти пайдоиши ин қавм дар асри XVI қ. д. мо то асри V қ. д. моa. Навиштаҳои Юнонӣ, ки аз Инҷили Матто оғоз ёфта, бо Ваҳй хотима меёбанд, асосан таълимот ва фаъолияти Исои Масеҳ ва шогирдони ӯро дар асри I д. мо дар бар мегиранд.
6. Барои чӣ Китоби Муқаддасро пурра бояд омӯхт?
6 Баъзеҳо фикр мекунанд, ки Аҳди Қадим барои яҳудиён аст ва Аҳди Ҷадид барои масеҳиён. Аммо мувофиқи 2 Тимотиюс 3:16 «тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳӣ буда ... фоиданок аст». Бинобар ин, тамоми далелҳо барои пурра омӯхтани Китоби Муқаддас мавҷуданд. Дар ҳақиқат ду қисми Китоби Муқаддас якдигарро мукаммал сохта, дар якҷоягӣ мавзӯи умумиро ривоҷ медиҳанд.
7. Мавзӯи асосии Китоби Муқаддас кадом аст?
7 Шояд шумо дар маросимҳои мазҳабӣ иштирок карда ва бахшҳое аз Китоби Муқаддас шунида бошед. Ё эҳтимол баъзе қисмҳои онро хондаед. Оё медонистед, ки аз Ҳастӣ то Ваҳй Китоби Муқаддасро риштаи ягонаи воқеаҳо мепайвандад? Бале, аз байни тамоми Китоби Муқаддас як мавзӯъ мегузарад. Кадом? Тасдиқи он ки Худо ҳуқуқи бар инсоният ҳукмронӣ карданро дорад ва мақсади пурмуҳаббаташро бо воситаи Салтанати худ иҷро менамояд. Баъдтар хоҳем дид, ки чӣ гуна Худо ин мақсадро ба анҷом хоҳад расонид.
8. Дар бораи шахсияти Худо Китоби Муқаддас чиро ошкор месозад?
8 Китоби Муқаддас ғайр аз фаҳмонидани мақсуди Худо шахсияти Ӯро низ ошкор мекунад. Масалан, аз Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки Худо дорои эҳсосот аст ва барои Ӯ аҳамият дорад, ки мо дар ҳаётамон ба чӣ гуна қарорҳо меоем (Забур 77:40, 41; Масалҳо 27:11; Ҳизқиёл 33:11). Дар Забур 102:8–14 гуфта шудааст: «Худованд раҳим ва бахшанда аст, собир ва пур аз эҳсон». Ӯ моро хуб мефаҳмад ва дар ёд дорад, ки мо «аз хок» офарида шудаем ва баъди марг боз ба хок бармегардем (Ҳастӣ 2:7; 3:19). Чӣ қадар олиянд хусусиятҳои Худо! Магар ба парастиши чунин Худо моил нестед?
9. Чӣ гуна Китоби Муқаддас дар бораи меъёрҳои Худо тасаввуроти равшан медиҳад ва мо чӣ тавр метавонем аз ин дониш фоида бигирем?
9 Китоби Муқаддас меъёрҳои Худоро барои мо рӯшан тасвир мекунад. Баъзан ин меъёрҳо дар қонунҳо ифода шудаанд. Аммо дар бисёр мавридҳо онҳо дар принсипҳо акс ёфтаанд, ки аз намунаҳои зиндаи омӯзиш бармеоянд. Бо иродаи Худо баъзе рӯйдодҳо аз таърихи Исроили қадим барои истифодаи мо навишта шудаанд. Ин маълумотҳо нишондиҳандаи он ҳастанд, ки ҳангоми тибқи ниятҳои Худо амал кардан бо одамон чӣ рӯй медод ва ё пеш гирифтани роҳи истиқлол чӣ натиҷаи андӯҳоваре дошт (3 Подшоҳон 5:4; 11:4–6; 2 Вақоеънома 15:8–15). Хондани ин воқеаҳои таърихӣ ҳеҷ касро бетараф намегузорад. Ин воқеаҳоро тасаввур карда, мо метавонем худро дар ҷои он одамон монда, аз мисолҳои мусбат дарси ибрат гирем ва аз фиребе ки ба он баъзе касон афтода буданд, раҳоӣ ёбем. Аммо саволи муҳиме ҷавоб металабад: чӣ гуна метавон итминон ҳосил кард, ки чизе ки дар Китоби Муқаддас мехонем, ҳақиқатан аз илҳоми Худост?
ОЁ МЕТАВОН БА КИТОБИ МУҚАДДАС ЭЪТИМОД КАРД?
10. а) Барои чӣ баъзеҳо андеша доранд, ки Китоби Муқаддас кӯҳна шудааст? б) Дар бораи Китоби Муқаддас дар 2 Тимотиюс 3:16, 17 чӣ гуфта шудааст?
10 Шояд пай бурдаед, ки маслиҳатҳое ки дар бисёр китобҳо дода шудаанд, бо гузашти солҳо аз истеъмол мебароянд. Дар бораи Китоби Муқаддас чӣ метавон гуфт? Ин китоб хеле қадимист — аз нигоришоти охирин суханҳои он қариб 2 000 сол гузашт. Бинобар ин баъзеҳо мепиндоранд, ки Китоби Муқаддас дар замони мо қобили истифода нест. Аммо агар Китоби Муқаддас аз ҷониби Худо илҳом шуда бошад, бо вуҷуди қадимӣ буданаш тавсияҳои он мисли пештара имрӯз ҳам бояд бамавқеъ бошанд. Навиштаҳо чун ҳамешагӣ бояд «барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок бошанд, то ки марди Худо комил гардида ба ҳар амали нек муҳайё бошад» (2 Тимотиюс 3:16, 17).
11–13. Чаро метавон гуфт, ки Китоби Муқаддас дар рӯзҳои мо лоиқи корбурд аст?
11 Вақте ки бо Китоби Муқаддас хубтар ошно мешавед, равшан мегардад, ки принсипҳои он имрӯз низ чун дар замоне ки онҳо навишта шуда буданд, қобили корбурданд. Масалан, вақте ки Китоби Муқаддас дар бораи табиати инсонӣ сухан меронад, он моҳирона хусусиятҳоеро, ки ба ҳар як насли инсонӣ хосанд, тасвир мекунад. Ин аз Мавъизаи болои кӯҳии Исо аён мегардад, ки дар Инҷили Матто, дар бобҳои 5 то 7 навишта шудааст. Зери таассуроти мавъиза сарвари машҳури ҳиндӣ Мохандас К. Ганди, ҷониби як амалдори бритонӣ чунин гуфт: «Агар мамлакатҳои мову шумо дар асоси таълимоти Мавъизаи болои кӯҳии Исо ҳамфикр гарданд, мо на танҳо душвориҳои мамлакатҳои худамон, балки душвориҳои тамоми ҷаҳонро бартараф хоҳем кард».
12 Тааҷҷубовар нест, ки таълимоти Исо мавриди таваҷҷӯҳи одамон қарор мегирад! Дар Мавъизаи болои кӯҳ ӯ ба мо роҳи ёфтани хушбахтии ҳақиқиро нишон дод. Исо тавзеҳ дод, ки чӣ гуна ба низоъҳо поён диҳем. Нишон дод, ки чӣ гуна дуо кунем. Чӣ тавр ба талаботи моддӣ оқилона рафтор карданро қайд кард ва «қонуни тиллоӣ»-и муносибати байни одамонро дод. Ғайр аз ин, Исо дар ин мавъиза ошкор кардани дурӯғро дар таълимоти мазҳабӣ фаҳмонид. Инчунин Исо баён кард, ки чӣ гуна рафтор бояд кард, то ба зиндагии бехатари оянда ноил гардем.
13 Китоби Муқаддас дар Мавъизаи болои кӯҳ ва дар саҳифаҳои дигараш дар бораи он ки барои беҳтар шудани вазъияти ҳаётамон чӣ бояд кард ва аз чӣ канорагирӣ бояд намуд, возеҳ сухан меронад. Маслиҳатҳои он чунон коршояманд, ки як омӯзгор ба чунин гуфтан водор гашт: «Ҳарчанд ки дар мактаби миёна мушовир шуда кор мекунам ва дараҷаи бакалавр ва магистрро дорам, ҳамчунин бисёр китобҳои психиатрия ва равоншиносиро хондаам, ман дарёфтам, ки маслиҳатҳои Китоби Муқаддас дар бораи комёбона сохтани оила, мубориза бар зидди ҷинояти наврасон, чӣ тавр ёрони ҳақиқӣ пайдо кардан ва дӯстии онҳоро нигоҳ доштан — аз чизе ки ман дар коллеҷ хондам ва омӯхтам, бартарии зиёд дорад». Китоби Муқаддас на фақат пуртаҷриба ва ҳозиразамон аст, он лоиқи боварии пурра аст.
САҲЕҲ ВА САЗОВОРИ БОВАРИСТ
14. Чӣ нишондиҳандаи он аст, ки Китоби Муқаддас аз нуқтаи назари илм саҳеҳ аст?
14 Ҳарчанд ки Китоби Муқаддас китоби дарсӣ нест, он аз нуқтаи назари илмӣ саҳеҳ аст. Масалан, вақте ки одамони зиёд боварӣ доштанд, ки Замин — ҳамвор аст, пайғамбар Ишаъё дар бораи “доира”-шакл будани он гуфта буд (калимаи ибронии «хуг» маънои «кура»-ро медиҳад; Ишаъё 40:22). Тасаввурот дар бораи курашакл будани Замин танҳо пас аз ҳазор соли зиндагии Ишаъё эътирофи ҳамагониро гирифт. Илова бар ин, зиёда аз 3 000 сол пеш дар китоби Айюб 26:7 навишта шуда буд, ки Худо «заминро бар нестӣ овехтааст». Яке аз муҳаққиқони Китоби Муқаддас қайд кард: «Айюб аз куҷо такягоҳи аён надоштани заминро медонист, дар ҳоле ки ситорашиносон ин ҳақиқатро баъдтар кашф кардаанд?» Ёфтани ҷавоб ба ин савол барои онҳое ки аз илҳоми Худо будани Навиштаҳои Муқаддасро инкор мекунанд, осон нест.
15. Чӣ тавр сабки нигориши Китоби Муқаддас эътимоди моро ба ин китоб қавитар месозад?
15 Услуби воқеанигорӣ низ боварии моро ба ин китоби қадимӣ қавитар месозад. Воқеаҳое ки дар Китоби Муқаддас омадаанд, аз ривоятҳо бо он фарқ мекунанд, ки онҳо бо одамон ва санаҳои аниқи таърихӣ алоқаманданд (3 Подшоҳон 14:25; Ишаъё 36:1; Луқо 3:1, 2). Ва дар замоне ки таърихчиёни қадим қариб ҳама вақт дар бораи пирӯзиҳои ҳокимонашон муболиға мекарданд, вале дар бораи шикаст ва хатоҳояшон ҳарфе намегуфтанд, нигорандагони Китоби Муқаддас ҳамеша ростгӯй ва бовиҷдон буданд — ҳатто вақте ки сухан дар бораи гуноҳҳои шахсӣ ва ҷиддии онҳо мерафт (Ададҳо 20:7–13; 2 Подшоҳон 12:7–14; 24:10).
КИТОБИ НУБУВВАТ
16. Далели муҳимтарини он ки Китоби Муқаддас аз рӯи илҳоми Худост, чист?
16 Пешгӯиҳои иҷрошуда гувоҳи қотеъ бар онанд, ки Китоби Муққаддас аз рӯи илҳоми Илоҳӣ навишта шудааст. Дар Китоби Муқаддас пешгӯиҳои зиёде мавҷуданд, ки то хурдтарин ҷузъиёт иҷро шудаанд. Яқинан, инсонҳо наметавонистанд боиси он бошанд. Дар паси ҳамаи ин пешгӯиҳо чӣ қарор дорад? Китоби Муқаддас худ мегӯяд, ки «ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс онро ба забон рондаанд» (2 Петрус 1:21). Ба чанд намуна таваҷҷӯҳ кунед.
17. Дар кадом пешгӯиҳо дар бораи мағлубшавии Бобил гуфта шуда буд ва ин пешгӯиҳо чӣ тавр иҷро шудаанд?
17 Мағлубияти Бобил. Мағлубияти Бобилро аз дасти модай ва форсҳо Ишаъё ва Ирмиё пешгӯӣ карда буданд. Қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки пешгӯиҳои Ишаъё дар бораи ин воқеаҳо тақрибан 200 сол пеш аз забт шудани Бобил навишта шудаанд! Ҷанбаҳои дигари пешгӯиҳо таърихан тасдиқ шудаанд: ба кӯли сунъӣ равона кардани дарёи Фурот (Ишаъё 44:27; Ирмиё 50:38); бо сабаби бепарвоӣ баста нашудани дарвозаҳои Бобил, ки дар назди дарё буданд (Ишаъё 45:1); бомуваффиқият забт кардани шаҳр бо сарварии шоҳ Куруш (Ишаъё 44:28).
18. Пешгӯиҳои Калом дар бораи зуҳур ва заволи «шоҳи Юнон» чӣ гуна анҷом ёфтанд?
18 Зуҳур ва заволи «подшоҳи Юнон». Дар рӯъё Дониёл нарбузеро дид, ки қӯчқорро зарба зада, ду шохи онро шикаст. Пас аз он шохи калони буз шикаст ва дар ҷои он чор шохи дигар пайдо шуд (Дониёл 8:1–8). Ба Дониёл чунин шарҳ дода шуд: «Қӯчқори соҳиби ду шох, ки ту дидаӣ, подшоҳони Модай ва Форс мебошанд. Ва он нарбуз подшоҳи Юнон аст ва шохи калоне, ки дар мобайни чашмони ӯ буд, подшоҳи аввалин аст. Ва ин ки он шох шикаст ва дар ҷояш чортои дигар баромад, ин яъне аз он халқ чаҳор салтанат барпо хоҳанд шуд, вале қувваташон мисли қуввати ӯ нахоҳад буд» (Дониёл 8:20–22). Мутобиқ ба ин пешгӯӣ, тақрибан баъд аз дусад сол «подшоҳи Юнон» Искандари Мақдунӣ давлати «душохаи» Модаю Форсро забт кард. Искандар дар соли 323 қ. д. мо даргузашт ва ҷои ӯро чор сарлашкар гирифтанд. Аммо ҳеҷ яке аз ин салтанатҳои навпайдошуда ба салтанати пурқудрати Искандар баробар шуда наметавонист.
19. Кадом пешгӯиҳо дар Исои Масеҳ иҷро шуданд?
19 Ҳаёти Исои Масеҳ. Дар Навиштаҳои Ибронӣ бисёр пешгӯиҳо мавҷуданд, ки дар вақти таваллуди Исо, вақти хидмати рӯҳонӣ, фавт ва эҳёи ӯ иҷро шудаанд. Масалан, тақрибан 700 сол пеш Мико пешгӯӣ кард, ки Масеҳ, ё ки Тадҳиншуда, дар Байт-Лаҳм таваллуд мешавад (Мико 5:2; Луқо 2:4–7). Ҳамзамони Мико Ишаъё пешгӯӣ карда буд, ки Масеҳро мезананд ва ба рӯяш туф мекунанд (Ишаъё 50:6; Матто 26:67). 500 сол пеш аз вуқӯъ Закарё пешгӯӣ кард, ки Масеҳ ба 30 тангаи нуқра фурӯхта мешавад (Закарё 11:12; Матто 26:15). Довуд зиёда аз ҳазор сол пеш ҳодисаҳои ба марги Исои Масеҳ алоқаманд бударо пешгӯӣ кард (Забур 21:8, 9, 19; Матто 27:35, 39–43). Ва тақрибан панҷ аср пештар Дониёл дар пешгӯии худ замони пайдошавии Масеҳ, муддати хидмати рӯҳонӣ ва вақти марги ӯро пешгӯӣ кард (Дониёл 9:24–27). Ин танҳо қисме аз пешгӯиҳост, ки дар Исои Масеҳ иҷро шудаанд. Дар бораи Исои Масеҳ дониш андӯхтан ба шумо судманд хоҳад буд.
20. Анҷоми пурраи нубувватҳое, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, чӣ гуна итминоне ба мо медиҳанд?
20 Бисёр пешгӯиҳои Калом аллакай иҷро шудаанд. Шояд бипурсед, ки “ҳамаи инҳо ба ман чӣ дахл доранд?” Агар касе солҳои зиёд ҳақиқатро баён карда бошад, оё ба сухани ӯ шубҳа мекардед? Албатта, не! Худо ба воситаи Китоби Муқаддас ҳақиқатро баён кардааст. Оё ин боварии шуморо ба ваъдаҳои Китоби Муқаддас дар бобати замини биҳиштӣ қавитар намесозад? Бешубҳа, мо низ монанди яке аз шогирдони Исо — Павлус, ки дар асри якум зиндагӣ мекард, боэътимод гуфта метавонем, ки: «Худо наметавонад дурӯғ бигӯяд» (Титус 1:2). Илова бар он, ҳангоме ки Навиштаҳои Муқаддасро мехонем ва бо пандҳои он амал мекунем, соҳиби хираде мегардем, ки ба даст оварданаш бе мадади Худо имконнопазир аст, зеро он дар бораи Худо донише медиҳад, ки роҳнамои зиндагии ҷовидонист.
«МУШТОҚИ» ДОНИШИ ХУДО БОШЕД
21. Агар дар аввал иҷрои баъзе аз талаботе, ки дар Китоби Муқаддас мехонед, ба назар имконнопазир тобад, чӣ бояд кард?
21 Ҳангоми омӯзиши Китоби Муқаддас ҳамчунин хоҳед фаҳмид, ки нуқтаи назари он дар мавриди баъзе саволҳо аз он чизе ки дар гузашта фаҳмида будед, фарқ мекунад. Ҳатто шояд маълум гардад, ки баъзе урфу одатҳои динии ба шумо азиз маъқули Худо нестанд. Шумо хоҳед фаҳмид, ки меъёрҳои Худо барои аъмоли дурусту нодуруст аз меъёрҳои мақбули умум, ки дар ҷаҳони имрӯза ҷоизанд, болотаранд. Дар аввал шояд ба назар чунин расад, ки онҳо хеле баланд ва дастнорасанд. Лекин ба хулоса баровардан шитоб накунед! Бодиққат Навиштаҳоро биомӯзед, то ки донишро дар бораи Худо дарёбед. Барои иҷрои пандҳои Китоби Муқаддас саъю кӯшиш кунед ва агар лозим гардад, ислоҳоте дар тарзи тафаккур ва рафтори худ ба амал биоваред.
22. Чаро ба омӯзиши Китоби Муқаддас пардохтед ва чӣ гуна метавонед ба дигарон кӯмак кунед, то сабаби ин корро дарк кунанд?
22 Дӯстон ва хешон аз рӯи ниятҳои нек метавонанд ба шумо барои омӯхтани Китоби Муқаддас монеъ гарданд, аммо Исо гуфт: «Пас, ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар Осмон аст, эътироф хоҳам кард; лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард» (Матто 10:32, 33). Баъзеҳо шояд ба ҳарос оянд, ки шумо аъзои ягон мазҳаб мегардед ва ё ба шахси мутаассиб табдил меёбед. Ҳол он ки дар воқеъ шумо танҳо дар кӯшиши омӯхтани дониши дақиқ дар бораи Худо ва ҳақиқати Ӯ ҳастед (1 Тимотиюс 2:3, 4). Барои ёрии дигарон дар дарки ин мавзӯъ, ҳангоми сӯҳбат дар бораи чизҳое, ки меомӯзед, бомулоҳиза бошед ва бо онҳо баҳс накунед (Филиппиён 4:5). Дар хотир дошта бошед, ки аксарият «бе калом тобеъ мегарданд», вақте ки таъсири мусбати Каломро дар ҳаёти дигарон мебинанд (1 Петрус 3:1, 2).
23. Маънии «муштоқ»–и дониши Худо будан чист?
23 Китоби Муқаддас моро даъват мекунад, ки «Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед» (1 Петрус 2:2). Тифл ба шири модар ниёз дорад ва ӯ то оне ки ин эҳтиёҷро рафъ накунад, ором намешавад. Монанди ин, ҳаёти мо низ аз донише ки Худо медиҳад, вобаста аст. «Муштоқ»-и Каломи Худо бошед ва омӯхтани онро идома диҳед. Хондани ҳаррӯзаи Китоби Муқаддасро ҳадафи худ қарор диҳед (Забур 1:1–3). Ин кор бароятон баракатҳои зиёде хоҳад овард, чӣ тавре ки дар Забур 18:12 дар бораи қонунҳои Худо гуфта шудааст: «Дар риояи онҳо подоши бузурге ҳаст».
[Эзоҳ]
a “Қ. д. мо” ихтисор аз “қабл аз даврони мо” аст, ки саҳеҳтар аз “то милод” мебошад; “д. мо” ба маънои “даврони мо” аст.
ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД
Аз кадом ҷиҳат Китоби Муқаддас беҳамтост?
Чаро метавон ба Китоби Муқаддас эътимод кард?
Кадоме аз далелҳо барои шумо эътимодбахшанд, ки Китоби Муқаддас Каломи илҳомбахшидаи Худост?
[Замимаи саҳифаи 14]
ТАРЗИ ИСТИФОДАИ КИТОБИ МУҚАДДАС
Тарзи истифодаи Китоби Муқаддасро омӯхтан на он қадар душвор аст. Барои ин метавонед мундариҷаи Китоби Муқаддасро истифода бурда, кӯшиш намоед, ки тартиб ва ҷойгиршавии ин китобҳоро дар хотир нигоҳ доред.
Барои осонтар намудани истифодаи Китоби Муқаддас, он ба бобҳо ва оятҳо тақсим шудааст. Ба бобҳо тақсим кардани Китоби Муқаддас дар асри XIII оғоз шуда ва яқинан дар асри XVI як ношири фаронсавӣ Навиштаҳои Юнониро ба оятҳо тақсим кард ва дар ҳамин ҳол онҳо то ба мо расидаанд. Соли 1553 аввалин бор Китоби Муқаддасе, ки ба бобҳо ва оятҳо тақсим шуда буд, ба забони фаронсавӣ ба пуррагӣ аз чоп баромад.
Вақте ки матни Навиштаҳо дар ин китоб оварда мешавад, рақами якум боб, дуюмаш оятро ифода мекунад. Масалан, матни «Масалҳо 2:5» мефаҳмонад, ки ин оят дар китоби Масалҳо боби 2, ояти 5 ҷойгир аст. Агар оятҳоеро, ки дар китоб дода мешаванд, мунтазам кушоед, дар ояндаи наздик дарк хоҳед кард, ки ёфтани матнҳои лозимӣ тамоман душвор нест.
Беҳтарин усули омӯзиши истифодаи Китоби Муқаддас — ҳаррӯза хондани он аст. Дар аввал шояд ба назар аз имкон берун будани ин кор тобад. Вале агар ҳар рӯз се–панҷ боб (вобаста ба дарозии онҳо) хонед, шумо дар як сол Китоби Муқаддасро пурра хоҳед хонд. Чаро худи ҳамин рӯз хонданро оғоз накунед?
[Замимаи саҳифаи 19]
КИТОБИ МУҚАДДАС — КИТОБИ БЕҲАМТОСТ
• Китоби Муқаддас «аз рӯи илҳоми илоҳист» (2 Тимотиюс 3:16). Ҳарчанд ки онро инсонҳо ба қалам овардаанд, Худо фикрҳои онҳоро ҳидоят мекард, бинобар ин, Китоби Муқаддас ҳақиқатан «каломи Худост» (1 Таслӯникиён 2:13).
• Қариб 40 мард аз аслу насабҳои гуногун Китоби Муқаддасро дар муддати 16 аср навиштаанд. Новобаста ба ин, тамоми навиштаҷот аз ибтидо то интиҳо ба ҳам ҳамоҳангӣ ва мувофиқат доранд.
• Китоби Муқаддас назар ба китобҳои дигар ба ҳамлаҳо бештар дучор гашта, мавҷудияти худро нигоҳ дошт. Дар асрҳои миёна одамонро танҳо барои он ки Китоби Муқаддасро дар ихтиёр доштанд, дар оташ месӯзониданд.
• Китоби Муқаддас дар ҷаҳон бештар аз ҳама китобҳои дигар ба фурӯш меравад. Он ба зиёда аз 2 000 забонҳои мухталиф пурра ё ки қисман тарҷума шудааст. Миллиардҳо нусха аз он ба чоп расидаанд ва дар рӯи замин кам ҷое мондааст, ки дар он ин китоб ёфт нашавад.
• Қадимтарин қисми Китоби Муқаддас ба қарни XVI қ. д. мо тааллуқ дорад. Танҳо баъд аз солҳои зиёде дар ҷаҳон китоби муқаддаси ҳиндуия “Ригведа” (тақрибан соли 1300-уми қ. д. мо), қонуни буддоии “Се сабад” (асри V қ. д. мо), китоби муқаддаси ислом “Қуръон” (асри VII д. мо), китоби муқаддаси синтоизм “Ниҳонгӣ” (соли 720-уми д. мо) пайдо шудаанд.
[Тасвири саҳифаи 20]