«Ӯ хастаро қувват мебахшад»
Ояти соли 2018: «Умедворони Худованд қуввати тоза пайдо мекунанд» (ИШ. 40:31).
1. Бо кадом душвориҳо мо рӯ ба рӯ мешавем? Чаро гуфтан мумкин аст, ки Яҳува аз хизматгорони содиқаш розӣ аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
ЧУНОНЕ КИ маълум аст, дар замони мо ҳаёт пур аз ғаму ташвиш аст. Бисёри бародару хоҳаронамон бо бемориҳои ҷиддӣ мубориза мебаранд. Дигарон бошанд, ҳарчанд худашон калонсоланд, ба волидон ё хешу табори пиронсолашон нигоҳубин мекунанд. Баъзеҳо ба ҳаёти бароҳат накӯшанд ҳам, оилаашонро ба як азоб бо чизҳои зарурӣ таъмин менамоянд. Мо медонем, ки бисёриҳо на бо як, балки якбора бо ҳамаи ин душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳалли ин душвориҳо ғайр аз вақту қувват, боз маблағу хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Лекин, азбаски шумо ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда ба ваъдаҳои Худо ва ояндаи дурахшон боварии қавӣ доред, шумо сазовори таърифед. Яҳува аз ин хеле хурсанд аст!
2. Чӣ тавр Ишаъё 40:29 моро рӯҳбаланд мекунад? Мо ба кадом хатогӣ роҳ дода метавонем?
2 Оё шумо баъзан худро чунон хаста ҳис мекунед, ки гӯё ғаму ташвишҳои зиндагӣ тамоми қуввататонро ҷаббида гирифтааст? Агар ҳамин хел бошад, рӯҳафтода нашавед. Баъзе ходимони содиқи замони пеш низ ҳис мекарданд, ки ба душвориҳо дигар тоб оварда наметавонанд (3 Подш. 19:4; Айюб 7:7). Вале ба ҷойи таслим шудан онҳо аз Яҳува қувват мепурсиданд, зеро медонистанд, ки Худо «хастаро қувват мебахшад» (Иш. 40:29). Афсӯс, баъзе хизматгорони Худо дар рӯзҳои мо фикр мекунанд, ки роҳи ҳалли мушкилиҳо ин муддате бас кардани хизмати Худо аст. Онҳо ба Худо ибодат карданро баракат неву бори гарон меҳисобанд. Дар натиҷа онҳо хондани Китоби Муқаддас, ба ҷамъомад рафтан ва мавъиза карданро бас мекунанд. Шайтон мехоҳад, ки мо маҳз ҳамин гуна рафтор кунем.
3. а) Чӣ тавр ба Шайтон роҳ надиҳем, ки имони моро суст кунад? б) Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?
3 Иблис хуб медонад, ки агар мо дар хизмати Худо фаъол бошем, имонамон мустаҳкам мешавад. Аммо ӯ намехоҳад, ки имони мо бақувват бошад. Аз ин рӯ, вақте шумо ҳис мекунед, ки монда шудаед ва асабҳоятон хароб шудааст, худро аз Яҳува дур нагиред. Баръакс, ба Ӯ наздиктар шавед ва «Ӯ шуморо устувор ва қавӣ мегардонад» (1 Пет. 5:10; Яъқ. 4:8). Дар ин мақола мо дида мебароем, ки кадом ду ҳолат моро дар хизмати Яҳува суст карда метавонанд ва чӣ тавр дар ин ҳолатҳо принсипҳои Китоби Муқаддас ёрӣ медиҳанд. Биёед дар аввал оятҳои Ишаъё 40:26–31-ро дида бароем, ки чӣ тавр Яҳува бо қудрати Худ моро устувор карда метавонад.
УМЕДВОРОНИ ЯҲУВА ҚУВВАТИ ТОЗА ПАЙДО МЕКУНАНД
4. Аз суханони Ишаъё 40:26 мо чӣ мефаҳмем?
4 Ишаъё 40:26-ро хонед. Ҳеҷ кас то ҳол наметавонад, ки тамоми ситораҳои коинотро шуморад. Олимон мегӯянд, ки танҳо дар галактикаи Роҳи Каҳкашон 400 миллиард ситора мавҷуд аст, вале Яҳува номи ҳар яки онҳоро медонад. Агар Ӯ ба ситораҳои беҷон чунин диққат диҳад, пас тасаввур кунед, ки ба шумо то чӣ андоза зиёдтар аҳамият медиҳад. Охир, баръакси офаридаҳои беҷон, шумо аз муҳаббат ба Ӯ хизмат мекунед (Заб. 18:2, 4, 15). Бешубҳа, Падари азизамон ҳолу аҳволи ҳар як ходимашро медонад. Ҳатто «ҳар як тори мӯйи шумо шумурда шудааст» (Мат. 10:30). Забурнавис боварӣ мебахшад, ки Яҳува аз ҳамаи чизҳое, ки мо аз сар мегузаронем, бохабар аст (Заб. 36:18). Бале, Ӯ медонад, ки мо бо кадом озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавем ва барои тоб овардан ба мо қувват мебахшад.
5. Чаро мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува ба мо қувват бахшида метавонад?
5 Ишаъё 40:28-ро хонед. Яҳува Сарчашмаи қуввати бепоён аст. Масалан, дар бораи энергия ё худ нерӯе, ки Яҳува ба Офтоб мебахшад, фикр кунед. Олим Дейвид Боданис мегӯяд: «Офтоб ҳар сония як андоза массаи худро ба нерӯ табдил медиҳад. Нерӯе, ки ҳар сония аз он хориҷ мешавад, ба нерӯи миллиардҳо бомбаи атомӣ баробар аст». Мувофиқи як таҳқиқоти дигар «нерӯе, ки ҳар як сония Офтоб хориҷ мекунад, барои бо нерӯ таъмин кардани одамизод дар тӯли 200 000 сол бас аст»! Магар Худо, ки сарчашмаи нерӯи Офтоб аст, барои ҳалли душвориҳоямон ба мо қуввати лозима бахшида наметавонад?
6. Ба кадом маъно юғи Исо сабук аст ва чӣ тавр донистани ин ба шумо ёрдам мекунад?
6 Ишаъё 40:29-ро хонед. Хизмат ба Яҳува хурсандии зиёд меорад. Боре Исо ба шогирдонаш гуфт: «Юғи маро ба гардани худ гиред... ва шумо қувват хоҳед ёфт. Зеро юғи ман қулай ва бори ман сабук аст» (Мат. 11:28–30). Ин суханон ҳаққ асту рост! Баъзан мо пеш аз рафтан ба ҷамъомад ё хизмат худро монда ҳис мекунем, лекин вақти ба хона баргаштан пай мебарем, ки қуввати нав пайдо кардаем ва тайёрем бори ҳар гуна душвориҳоро бардорем. Дар ҳақиқат, юғи Исо сабук аст!
7. Мисоле оред, ки дуруст будани суханони Матто 11:28–30-ро нишон диҳад.
7 Як хоҳар бо хастагии доимӣ, депрессия ва дарди сар мубориза мебарад. Аз ин рӯ баъзан ба ҷамъомад рафтанаш душвор аст. Рӯзе ӯ як илоҷ карда ба ҷамъомад меравад ва баъд аз анҷоми вохӯрӣ мегӯяд: «Нутқ дар бораи рӯҳафтодагӣ буд. Бародар онро чунон дилсӯзона пешкаш кард, ки гӯё ҳиссиёт ва дарди дили маро нағз ҳис мекард. Ин нутқро шунида чашмонам пури об шуд. Ман фаҳмидам, ки ҷамъомад маҳз ҳамон ҷоест, ки ман бояд дар он ҷо бошам». Ӯ хеле хурсанд буд, ки кӯшиш карда ба ҷамъомад омад.
8, 9. «Вақте суст ҳастам, он гоҳ бақувватам» гуфта, Павлус чиро дар назар дошт?
8 Ишаъё 40:30-ро хонед. Мо чи қадар ботаҷриба ва қобилиятнок набошем, бо қувваи худ ҳамаи мушкилиҳоямонро ҳал карда наметавонем. Ин ҳақиқатест, ки мо бояд ҳамеша дар хотир дорем. Ҳарчанд Павлуси расул марди болаёқат буд, қуввати маҳдуд дошт ва ӯ ҳама кори хостаашро карда наметавонист. Вақте ӯ ташвишашро ба Яҳува баён кард, Худо гуфт, ки қуввати Ӯ дар сустии одам зоҳир мегардад. Павлус инро фаҳмид ва гуфт: «Вақте суст ҳастам, он гоҳ бақувватам» (2 Қӯр. 12:7–10). Ин чӣ маъно дорад?
9 Павлус дарк мекард, ки танҳо бо қуввати худ корҳои бисёрро иҷро карда наметавонад. Вале рӯҳи муқаддаси Худо метавонист ба ӯ қуввати лозима диҳад. Бо кӯмаки он Павлус корҳоеро ба амал меовард, ки ҳеҷ гоҳ бо қуввати худ карда наметавонист. Худо метавонад ба мо ҳам бо рӯҳи муқаддасаш кӯмак кунад. Бо ёрии он мо қуввати зиёд пайдо мекунем.
10. Чӣ тавр Яҳува ба Довуд барои тоб овардан ба душвориҳо ёрӣ медод?
10 Довуди забурнавис бисёр вақт ёрии рӯҳи муқаддаси Худоро ҳис мекард. Ӯ ба Яҳува месуруд: «Бо Ту ба қӯшуне тохт меоварам, ва бо Худои худ аз ҳисорҳо [деворҳои баланд] ҷаста мегузарам» (Заб. 17:30). Баъзан мо бо проблемаҳое дучор мешавем, ки мисли деворҳои баланданд. Мо аз чунин «деворҳо» бо қуввати худ гузашта наметавонем ва ба ёрии Яҳува мӯҳтоҷем.
11. Фаҳмонед, ки дар ҳалли душвориҳо рӯҳи муқаддас ба мо чӣ тавр ёрдам карда метавонад.
11 Ишаъё 40:31-ро хонед. Уқоб одатан дар ҳаво соатҳои дароз бол назада ба масофаи дурудароз парвоз мекунад. Барои ин танҳо қуввати худи уқоб намерасад. Вай ҷараёнҳои гарми ҳаворо истифода бурда ба боло меравад ва ин ҷараёнҳо ба уқоб ёрдам мекунанд, ки ба масофаи дурудароз парвоз кунад. Вақте ки шумо бо душвориҳои ба назар ҳалнашаванда рӯ ба рӯ мешавед, мисоли уқобро ба ёд оред. Аз Яҳува илтиҷо кунед, ки ба шумо «ёрдамчӣ, яъне рӯҳи муқаддас» диҳад, то он ба шумо қувват бахшад (Юҳ. 14:26). Хушбахтона, ин ёрдамчиро Яҳува ҳама вақт, яъне ҳар гоҳе ки мо ба он мӯҳтоҷ шавем, дода метавонад. Хусусан, вақте ки байни мову ягон ҳамимонамон дар ҷамъомад нофаҳмие рӯй диҳад, мо ба чунин ёрӣ бештар мӯҳтоҷ мешавем. Вале аз кадом сабаб чунин нофаҳмиҳо рӯй дода метавонанд?
12, 13. а) Чаро баъзан байни масеҳиён нофаҳмиҳо рӯй медиҳанд? б) Аз мисоли Юсуф мо дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?
12 Нофаҳмиҳо байни мову ҳамимонон аз сабаби нокомил буданамон рӯй медиҳанд. Барои ҳамин баъзан мо бо ягон сухан ё рафтор якдигарро хафа мекунем. Ин метавонад барои мо озмоиши ҷиддӣ гардад. Яҳува ба нокомилии бародару хоҳаронамон нигоҳ накарда онҳоро дӯст медорад. Чун дар мавриди озмоишҳои дигар, Ӯ имконият медиҳад, ки мо бо ҳамимононамон дар ягонагӣ ҳамкорӣ карданро ёд гирем ва ҳамин тавр содиқиамонро ба Яҳува исбот кунем.
13 Дар мисоли Юсуф дидан мумкин аст, ки Яҳува хизматгоронашро аз озмоишҳо эмин намедорад. Дар айёми наврасӣ бародаронаш аз ҳасад Юсуфро ба ғуломӣ фурӯхтанд ва ӯ ба Миср бурда шуд (Ҳас. 37:28). Яҳува ҳамаи инро медид ва, бешубҳа, ғамгин буд, ки бо дӯсташ Юсуф беадолатона муносибат мекарданд. Ба ҳар ҳол, Ӯ дахолат накард. Баъдтар зани Фӯтифар Юсуфро ба таҷовуз айбдор кард ва ӯро ба зиндон партофтанд. Дар ин маврид низ Яҳува Юсуфро раҳо накард. Лекин оё Худо вайро тарк карда буд? Албатта не, чунки «дар ҳар кори ӯ Худованд муваффақият меовард» (Ҳас. 39:21–23).
14. Вақте мо аз хашм даст мекашем, ин чӣ манфиат меорад?
14 Биёед инчунин мисоли Довудро, ки бо муносибати хеле бад дучор шуда буд, дида бароем. Ба рафтори беадолатона нигоҳ накарда ин дӯсти содиқи Худо нагузошт, ки дар дилаш кинаю адоват ҷой шавад. Баръакс, ӯ навишт: «Аз хашм даст бикаш, ва ғазабро тарк намо... ки ин боиси бадкорӣ хоҳад шуд» (Заб. 36:8). Чаро мо бояд аз хашм даст кашем? Чунки Яҳува нисбати мо «мувофиқи хатоҳоямон амал» намекунад ва мо мехоҳем, ки дар ин ба Ӯ пайравӣ кунем (Заб. 102:10). Инчунин вақте мо аз қаҳру ғазаб даст мекашем, ин барои саломатиамон фоида дорад. Ғазаб метавонад сабаби баланд шудани фишори хун ва пайдо шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Он ба кори ҷигар, ғадуди зери меъда ва ба ҳазми хӯрок таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин дар сари қаҳру ғазаб одам ба вазъият дуруст баҳо дода наметавонад. Дар ин вақт мо бо сухан ё рафторамон дигаронро хафа карда, баъд муддати дурудароз зиқ шуда метавонем. Барои ҳамин то чӣ андоза беҳтар аст, ки ором бошем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дили ором ҳаёти ҷисм аст» (Мас. 14:30). Пас, агар ҳамимоне моро ранҷонад, чӣ гуна бояд рафтор кунем ва чӣ тавр бо ӯ сулҳро барқарор кунем? Дар ин маврид маслиҳати хирадмандонаи Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад.
ВАҚТЕ КИ МОРО ҲАМИМОНОН МЕРАНҶОНАНД
15, 16. Вақте аз ягон ҳамимонамон меранҷем, мо бояд чӣ кор кунем?
15 Эфсӯсиён 4:26-ро хонед. Вақте одамоне, ки хизматгори Яҳува нестанд, моро меранҷонанд, мо сахт хафа намешавем. Лекин сухан ё кирдори ҳамимон ё аъзои оила ба мо хеле сахт расида метавонад. Агар мо ба ин чашм пӯшида натавонем, чӣ кор кунем? Оё мо ин хафагиро солҳои дароз ба дил гирифта мегардем? Ё аз рӯйи гуфти Китоби Муқаддас амал карда, ҳар чӣ зудтар нофаҳмиро ҳал мекунем? Чи қадаре ки ҳалли масъаларо ба қафо партоем, ҳамон қадар барқарор кардани сулҳ бо бародарамон мушкилтар мегардад.
16 Тасаввур кунед, ки ҳамимоне шуморо хафа кард ва ин рафтори ӯ ҳеҷ аз фикратон намеравад. Дар ин ҳол барои барқарор кардани сулҳ кадом қадамҳо ба шумо кӯмак мекунанд? Якум, дар ин бора самимона ба Яҳува дуо гӯед. Аз Ӯ кӯмак пурсед, то бо бародар нағз гап зада тавонед. Дар ёд доред, ки он бародар ҳам яке аз дӯстони Яҳува аст (Заб. 24:14). Худо ӯро дӯст медорад. Азбаски Яҳува бо дӯстонаш меҳрубонона муносибат мекунад, аз мо низ инро интизор аст (Мас. 15:23; Мат. 7:12; Қӯл. 4:6). Дуюм, дар бораи он фикр кунед, ки ба бародар чӣ мегӯед. Саросемавор хулоса накунед, ки ӯ шуморо қасдан ранҷонд. Шояд вай нафаҳмида шуморо хафа кард ё шумо ӯро нодуруст фаҳмидед. Мумкин ба нофаҳмии рӯйдода қисман шумо ҳам айбдор бошед. Агар чунин бошад, инро бо омодагӣ ба гардан гиред. Шумо метавонед гапро тахминан ин хел сар кунед: «Мумкин ман худам хеле нозук шудаам, лекин, вақте дина ту бо ман гап мезадӣ, ман ҳис кардам, ки...» Агар сӯҳбат натиҷаи дилхоҳ надиҳад, барои барқарор кардани сулҳ боз имконият ҷӯед. Дар ҳаққи бародаратон дуо гуфта аз Яҳува барояш баракат пурсед. Инчунин дар дуо кӯмак пурсед, ки диққататонро ба хислатҳои хуби вай равона карда тавонед. Новобаста аз он ки ин кӯшишҳои шумо чӣ натиҷа меоранд, боварӣ дошта бошед, ки ин гуна рафторатон ба Яҳува писанд аст. Ӯ мебинад, ки шумо самимона мехоҳед бо бародаратон, ки дӯсти Худо аст, сулҳро барқарор кунед.
ВАҚТЕ ГУНОҲҲОИ ГУЗАШТА МОРО АЗОБ МЕДИҲАНД
17. Вақте мо гуноҳи ҷиддӣ содир мекунем, Яҳува чӣ тавр ба мо кӯмак мекунад ва чаро мо бояд ин кӯмакро қабул кунем?
17 Баъзеҳо аз сабаби гуноҳи ҷиддие, ки пеш содир кардаанд, барои хизмат ба Худо худро носазовор меҳисобанд. Азоби виҷдон метавонад касро аз оромиву хурсандӣ маҳрум созад ва хаставу бемадор кунад. Шоҳ Довуд, ки азоби виҷдон мекашид, инро чунин баён кард: «Вақте ки хомӯш будам, устухонҳоям аз фиғони ҳаррӯзаи ман мепӯсид, зеро ки рӯзу шаб дасти Ту бар ман фишор меовард». Хушбахтона, Довуд мардонавор ба гуноҳаш иқрор шуда, тавре рафтор кард, ки ба Яҳува писанд буд. «Хатоямро ба Ту маълум кардаам, ва гуноҳамро пинҳон надоштаам»,— гуфт ӯ,— «ва Ту айби хатоямро афв кардаӣ» (Заб. 31:3–5). Агар шумо гуноҳи ҷиддӣ содир карда бошед, Яҳува тайёр аст, ки барои аз нав муносибатро бо Ӯ барқарор кардан ба шумо ёрӣ диҳад. Барои ин шумо бояд кӯмаке, ки Худо тавассути пирони ҷамъомад пешкаш мекунад, қабул намоед (Мас. 24:16; Яъқ. 5:13–15). Ин корро ба ақиб напартоед, чунки аз ин ҷовидона зиндагӣ карданатон вобаста аст. Шояд ҳатто баъди он ки гуноҳи шумо бахшида шуд, виҷдонатон шуморо азоб диҳад. Дар ин ҳол шумо чӣ кор карда метавонед?
18. Чӣ тавр мисоли Павлус ба онҳое, ки аз рӯйи азоби виҷдон худро беқадр ҳис мекунанд, кӯмак карда метавонад?
18 Аз афташ, Павлус низ аз сабаби гуноҳҳои пешинааш рӯҳафтода мешуд. Ӯ иқрор шуда гуфт: «Ман хурдтарини расулон ҳастам ва сазовори он нестам, ки расул номида шавам, чунки ҷамъомади Худоро таъқиб мекардам». Бо вуҷуди ин, ӯ илова кард: «Вале ҳоло ба воситаи лутфу марҳамати Худо ин мавқеъро соҳиб гаштаам» (1 Қӯр. 15:9, 10). Яҳува ба хатоҳои пешинаи Павлус нигоҳ накарда ӯро расул таъйин кард ва мехост, ки Павлус низ ба худаш назари дуруст дошта бошад. Агар шумо аз гуноҳи дар гузашта кардаатон аз таҳти дил пушаймон шуда, дар пеши Яҳува иқрор шудед ва дар ҳолати зарурӣ ба пирон муроҷиат карда кӯмак пурсидед, боварӣ дошта метавонед, ки Яҳува шуморо мебахшад. Дар хотир доред, ки Яҳува Худои меҳрубон ва бахшанда аст (Иш. 55:6, 7).
19. Матни соли 2018 чӣ гуна аст ва чаро он бамаврид мебошад?
19 Бо наздик шудани охири ин тартибот душвориҳои ҳаёт торафт бештар мегарданд. Аммо, чи хеле ки мо фаҳмидем, Яҳува «хастаро қувват мебахшад, ва ба бемаҷол тавоноӣ афзун мекунад». Барои ҳамин мо метавонем дилпур бошем, ки Ӯ ба мо низ барои содиқона ба Ӯ хизмат кардан қуввати лозима медиҳад (Иш. 40:29; Заб. 54:23; 67:20). Ин ҳақиқати муҳимро суханони ояти соли 2018 тасдиқ мекунанд, ки чунин аст: «Умедворони Худованд қуввати тоза пайдо мекунанд» (Иш. 40:31).