Ба Худо наздик шавед
«Атиқулайём нишаста буд»
«ХУДОРО ҳаргиз касе надидааст»,— гуфта мешавад дар Китоби Муқаддас (Юҳанно 1:18). Худо чунон бузург аст, ки ягон офаридаи заминӣ наметавонад Ӯро бинад ва зинда монад (Хуруҷ 33:20). Вале дар баъзе мавридҳо Яҳува ба одамони интихобкардааш дар рӯъё осмонро нишон дод. Яке аз ин мардон Дониёл–пайғамбар буд. Дидани рӯъё барои Дониёл бешубҳа таъсирбахш буд ва дар ӯ ҳисси эҳтироми амиқро пайдо кард ва ба мо низ бояд чунин таъсир кунад. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Дониёл чизи дар рӯъё дидаашро тасвир кардa. (Дониёл 7:9, 10-ро бихонед.)
«Атиқулайём». Ин унвон аз калимаи «атиқ», ки маънояш кӯҳан, қадим ва калимаи «айём», яъне замон, вақт сохта шудааст ва ба шахсияте, ки аз қадим вуҷуд дорад, ишора мекунад (Дониёл 7:9, 13, 22). Унвони «Атиқулайём», ки танҳо Дониёл онро истифода бурдааст, ба Яҳува мувофиқ мебошад, зеро Ӯ «Подшоҳи ҷовид» аст ва мавҷудияти Ӯ аввалу охир надорад (1 Тимотиюс 1:17; Яҳудо 25). Вуҷудияти ҷовидонии Худо моро бовар мекунонад, ки хиради Ӯ ҳадду канор надорад, зеро дар Китоби Муқаддас синну сол бо хирад алоқаманд карда мешавад (Айюб 12:12). Дуруст аст, ки фикри ҷовидона вуҷуд доштан барои мо душворфаҳм мебошад. Лекин мо набояд аз ин ҳайрон шавем, чунки хиради беҳамтои Худоро низ пурра дарк карда наметавонем (Румиён 11:33, 34).
Диққат диҳед, ки Атиқулайём «нишаста буд». Бо кадом мақсад? Чӣ тавре ки оятҳои дигар нишон медиҳанд, Ӯ барои «доварӣ» нишаста буд (Дониёл 7:9, 10, 22, 26). Ӯ киҳоро доварӣ мекунад? Халқҳои рӯи заминро, ки дар рӯъёи пештар дидаи Дониёл чун ҳайвонҳо тасвир гардида будандb (Дониёл 7:1–8). Яҳува чӣ гуна Довар аст?
«Либоси Ӯ мисли барф сафед, ва мӯйсари Ӯ мисли пашм пок буд». Ранги сафед рамзи адолат ва покӣ аст. Пашми табиӣ метавонад ранги сафед дошта бошад. Барои ҳамин мӯй, ки мисли пашм аст, сафед мебошад. Оё шумо рӯъёи Дониёлро тасаввур карда метавонед? Оё шумо Довари сарсафедро, ки эҳтимол либосҳояш мисли барф сафеданд, пеши назаратон овардед? Ин калимаҳои рамзӣ моро бовар мекунонанд, ки Яҳува аз рӯи адолат ва хирад доварӣ мекунад. Ӯ Доварест, ки сазовори боварӣ ва ҳурмати бепоёни мо мебошад.
«Ҳазорон–ҳазор ба Ӯ хизмат мекарданд, ва беварҳо–бевар ба ҳузури Ӯ меистоданд». Ин хизматгорони осмонӣ киҳо мебошанд? Китоби Муқаддас фариштагонро хизматгорони Худо меномад (Ибриён 1:7). Азбаски калимаи «бевар» маънои даҳ ҳазорро дорад, ибораи «беварҳо–бевар [«даҳ ҳазор карат даҳ ҳазор», ТДН]» ба он ишора мекунад, ки шумораи фариштагон эҳтимол садҳо миллион мебошад. Ҳамаи онҳо калом ва иродаи Худоро ба ҷо меоваранд (Забур 102:20, 21). Магар ин бори дигар аз хиради бепоёни Худо шаҳодат намедиҳад? Кӣ ғайр аз Яҳува метавонист чунин лашкари азими осмониро идора кунад ва дар тӯли солҳои бениҳоят зиёд ба онҳо супоришҳо диҳад?
Рӯъёи Дониёл эътимоди моро ба Яҳува — Атиқулайём зиёд мегардонад. Доварии Ӯ одилона ва хирадаш сазовори боварӣ аст. Хуб мебуд, ки дар бораи Худо, ки дар хирад бемисл аст, дониши бештар гирифта, ба Ӯ наздиктар шавед.
[Эзоҳҳо]
a Дониёл дар асл Худоро надида буд. Аниқтараш Худо дар майнаи ӯ тасвирҳои равшанеро пайдо кунонд. Сипас, ҳангоми баён кардани чизи дар рӯъё дидааш, ӯ аз калимаҳои образнок истифода бурда, Худоро тавре тасвир намуд, ки одамон Ӯро тасаввур карда тавонанд. Чунин калимаҳои образнок барои Худоро шинохтан ёрӣ медиҳанд ва набояд ба маънои аслӣ фаҳмида шаванд.
b Барои гирифтани маълумоти зиёдтар ба брошураи «Яҳува “Ошкоркунандаи розҳо мебошад”» (bw523), саҳ. 3–9 ва китоби «Ба пешгӯиҳои Дониёл таваҷҷӯҳ кунед!» (рус.), боби 9 нигаред.
[Тасвир дар саҳифаи 32]
Ӯ Доварест, ки сазовори боварӣ ва ҳурмати бепоёни мо мебошад