Он чиро, ки «Худо бо ҳам пайвастааст», эҳтиром кунед
«Он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (МАРҚ. 10:9).
1, 2. Ибриён 13:4 моро ба чӣ бармеангезад?
ҲАМАИ мо Яҳуваро ҷалол додан мехоҳем. Ва Ӯ дар ҳақиқат сазовори иззату ҳурмати мост. Яҳува ваъда медиҳад, ки эҳтиромкунандагони Худро албатта эҳтиром хоҳад кард (1 Подш. 2:30; Мас. 3:9; Ваҳй 4:11). Ӯ инчунин мехоҳад, ки мо одамонро, масалан ҳукуматдоронро эҳтиром кунем (Рум. 12:10; 13:7). Вале як соҳаи ҳаёт вуҷуд дорад, ки ба он мо бояд эҳтироми махсус нишон диҳем. Ин издивоҷ мебошад.
2 Павлуси расул навишт: «Бигзор ҳама нисбати издивоҷ ҳурмату эҳтиром дошта бошад ва ҷойхоби зану шавҳар нопок нагардад» (Ибр. 13:4). Ин суханонро Павлус дар омади гап нагуфт, ӯ масеҳиёнро барангехт, ки издивоҷро қадр кунанд ва ба он чун атои бебаҳо муносибат кунанд. Оё шумо ба сохтори издивоҷ ва ба издивоҷи худ чунин муносибат мекунед?
3. Исо дар бораи издивоҷ чӣ насиҳат дод? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
3 Агар шумо издивоҷро гиромӣ доред, шумо ба намунаи Исо пайравӣ мекунед. Исо сохтори издивоҷро эҳтиром мекард. Масалан, вақте фарисиён аз Исо дар бораи ҷудошавӣ пурсиданд, ӯ суханони зерини Худоро оиди издивоҷи аввалин хотиррасон кард: «Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк мекунад ва бо занаш як тан мешавад». Сипас, чунин илова намуд: «Он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Марқӯс 10:2–12-ро хонед; Ҳас. 2:24).
4. Аз рӯйи нияти Яҳува издивоҷ бояд чӣ гуна бошад?
4 Ҳамин тавр Исо нишон дод, ки издивоҷ сохтори Яҳува аст ва он бояд якумра бошад. Вақте Худо Одаму Ҳавворо дар издивоҷ бо ҳам пайваст, Ӯ ба онҳо нагуфт, ки аз якдигар ҷудо шуда метавонанд. Баръакс, Ӯ ният дошт, ки пайванди издивоҷи онҳо абадӣ бошад.
ДИГАРГУНИҲОИ МУВАҚҚАТӢ ДАР ИЗДИВОҶ
5. Марг ба издивоҷ чӣ гуна таъсир мерасонад?
5 Лекин чи хеле ки шумо медонед, аз сабаби гуноҳи Одам бисёр дигаргуниҳо рӯй доданд. Яке аз онҳо пайдо шудани марг буд, ки он ба издивоҷ таъсир расонд. Павлуси расул ба масеҳиён фаҳмонд, ки бо марги яке аз ҳамсарон издивоҷ хотима меёбад ва ҳамсари зинда аз нав оиладор шуда метавонад (Рум. 7:1–3).
6. Чӣ тавр Шариати Мӯсо нуқтаи назари Худоро оиди издивоҷ ба мо мефаҳмонад?
6 Шариате, ки Худо ба исроилиён дод, оиди издивоҷ дастуроти муфассал медод. Аз аввал бисёрзанӣ дар нияти Худо набуд, вале он то дода шудани Шариат аллакай ба одат даромада буд. Барои ҳамин Худо ба воситаи Шариат занон ва кӯдаконро аз муносибати бад муҳофизат мекард. Масалан, агар марди исроилӣ ба канизе оиладор мешуду, баъдтар зани дигар мегирифт, вай набояд зани аввалашро аз хӯрок, либос ва ҳуқуқи заношӯӣ маҳрум мекард. Худо аз шавҳар талаб мекард, ки мисли пештара ӯро муҳофизат ва таъмин кунад (Хур. 21:9, 10). Ҳарчанд мо имрӯз зери Шариати Мӯсо нестем, вале то ҳол мебинем, ки Худо ба издивоҷ эҳтироми калон дорад. Ва ин ба мо низ кӯмак мекунад, ки сохтори издивоҷро қадр кунем.
7, 8. а) Мувофиқи Такрори Шариат 24:1 дар Шариати Мӯсо оиди ҷудошавӣ чӣ гуфта шуда буд? б) Яҳува ба ҷудошавӣ чӣ гуна менигарад?
7 Дар Шариати Мӯсо оиди ҷудошавӣ чӣ гуфта шуда буд? Яҳува асло ният надошт, ки зану шавҳар аз ҳам ҷудо шаванд. Лекин мувофиқи Шариат агар марди исроилӣ дар занаш «чизи нафратоваре» медид, аз ӯ ҷудо шуда метавонист. (Такрори Шариат 24:1-ро хонед.) Шариат намефаҳмонд, ки «чизи нафратовар» чиро дар бар мегирад. Ин аз афташ ягон хатогии ночизро не, балки рафтори аз ҳад бешармона ё ифлосиву палидиро дар бар мегирифт (Такр. Ш. 23:14). Афсӯс, ки дар замони Исо бисёри исроилиён «бо ҳар сабаб аз зани худ ҷудо» мешуданд (Мат. 19:3). Мо ҳеҷ гоҳ ба онҳо монанд шудан намехоҳем.
8 Пайғамбар Малокӣ нуқтаи назари Яҳуваро оиди ҷудошавӣ равшан баён кард. Дар замони ӯ бисёри яҳудиён аз «завҷаи ҷавонии» худ ҷудо мешуданд, то аз халқҳои бутпараст занони ҷавонтар гиранд. Вале Худо ба воситаи Малокӣ фикрашро оиди ҷудошавӣ аниқ баён карда гуфт: «Ман аз талоқ нафрат дорам» (Мал. 2:14–16). Ин бо суханони Худо, ки оиди издивоҷи аввалин гуфта буд, мувофиқат мекунад: «[Мард] бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд» (Ҳас. 2:24). Исо фикри Падарашро дастгирӣ карда гуфт: «Он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Мат. 19:6).
ЯГОНА САБАБ БАРОИ ҶУДОШАВӢ
9. Суханони Исо аз Марқӯс 10:11, 12 чӣ маъно доранд?
9 Касе шояд чунин савол диҳад: «Оё масеҳиён бо ягон сабаб аз ҳамсарашон ҷудо шуда аз нав оиладор шуда метавонанд?» Аҳамият диҳед, ки Исо чӣ гуфт: «Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо шуда, зани дигаре гирад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад. Ва, агар зан аз шавҳари худ ҷудо шуда, бо марди дигаре оиладор шавад, ба шавҳараш хиёнат мекунад» (Марқ. 10:11, 12; Луқ. 16:18). Мо аниқ мебинем, ки Исо издивоҷро гиромӣ медошт ва мехост, ки дигарон низ чунин кунанд. Марде, ки аз зани вафодораш (ё зане, ки аз шавҳари вафодораш) бо баҳонае, ҷудо мешуду бо каси дигар оиладор мегашт, зинокор ҳисоб меёфт. Чаро? Зеро агар ҳамсарон бе сабаби хиёнат аз ҳам ҷудо шаванд, онҳо дар назари Худо то ҳол «як тан» мебошанд. Исо ҳамчунин гуфт, ки агар мард аз зани бовафояш ҷудо шавад, вай ӯро ба зино тела медиҳад. Чӣ тавр? Дар замони қадим чунин зан барои аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ накашидан, маҷбур мешуд, ки боз оиладор шавад. Ин гуна издивоҷ зино ҳисоб меёфт.
10. Дар кадом асос масеҳӣ метавонад аз ҳамсараш ҷудо шуда, аз нав оиладор шавад?
10 Исо қайд кард, ки танҳо аз як сабаб шахс метавонад аз ҳамсараш ҷудо шавад. Ӯ гуфт: «Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ аз зани худ, ғайр аз сабаби бадахлоқии ҷинсӣ [юнонӣ «порнейа»], ҷудо шуда, зани дигаре гирад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад» (Мат. 19:9). Ӯ ин фикрро дар Мавъизаи болои кӯҳ низ қайд карда буд (Мат. 5:31, 32). Дар ҳар ду маврид Исо дар бораи «бадахлоқии ҷинсӣ» гап мезад. Ба ин гуноҳҳое дохил мешаванд, ки бо алоқаи ҷинсии берун аз издивоҷ алоқаманданд, ба мисли хиёнати ҳамсарӣ, фоҳишагӣ, алоқаи ҷинсӣ байни одамоне, ки дар издивоҷ нестанд, алоқаи ҷинсӣ байни одамоне, ки ҷинсашон як аст, ҳамчунин алоқаи ҷинсӣ бо ҳайвон. Мисол, агар марди оиладоре ба бадахлоқии ҷинсӣ даст занад, занаш метавонад қарор кунад, ки аз ӯ ҷудо шавад ё не. Агар ӯ аз шавҳараш ҷудо шавад, риштаи издивоҷи онҳо дар назари Худо канда мешавад.
11. Чаро масеҳӣ бо вуҷуди хиёнати ҳамсараш метавонад қарор диҳад, ки аз ҳамсараш ҷудо намешавад?
11 Ба суханони Исо бори дигар аҳамият диҳед. Ӯ нагуфт, ки агар шахси оиладор зино содир кунад, ҳамсараш ҳатман бояд аз ӯ ҷудо шавад. Масалан, зан шояд қарор мебарорад, ки ҳамсараш зино содир карда бошад ҳам, аз ӯ ҷудо намешавад. Шояд ӯ шавҳарашро то ҳол дӯст медораду тайёр аст, ки ӯро бахшад ва оилаашро мустаҳкам кунад. Агар ӯ ҷудо шаваду аз нав шавҳар накунад, бо баъзе душвориҳо рӯ ба рӯ мешавад. Вай аз ҷиҳати моддӣ ва норасоии муносибатҳои маҳрамона азоб кашиданаш мумкин аст. Мушкилии дигар ин ҳисси танҳоӣ ва тарбияи фарзандон аст. Ба як худи ӯ фарзандонашро дар роҳи ҳақиқат ба воя расондан мушкилтар мегардад (1 Қӯр. 7:14). Чӣ тавре ки дидем, агар ҳамсари беайб ҷудо шавад, ӯ бо душвориҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавад.
12, 13. a) Дар издивоҷи Ҳушаъ чӣ рӯй дод? б) Барои чӣ Ҳушаъ Ҷумарро аз нав гирифт ва мо аз издивоҷи ӯ чӣ дарс мегирем?
12 Аз ҳаёти пайғамбар Ҳушаъ мо хубтар мефаҳмем, ки Яҳува ба издивоҷ чӣ тавр менигарад. Худо ба Ҳушаъ гуфт, ки бо Ҷумар ном зан, ки зинокор мегардад ва «фарзандони зиноро» мезояд, оиладор шавад. Ҷумар «ҳомила шуда, писаре барои ӯ [Ҳушаъ] зоид» (Ҳуш. 1:2, 3). Баъдтар, ӯ як духтару як писар таваллуд кард, ки аз афташ аз марди дигар буданд. Нигоҳ накарда ба он ки Ҷумар зинокориашро такрор мекард, Ҳушаъ аз ӯ ҷудо нашуд. Оқибат он зан Ҳушаъро тарк карда, ба ғуломӣ афтод. Ҳушаъ бошад, боз ӯро барои худ харид (Ҳуш. 3:1, 2). Яҳува дар мисоли Ҳушаъ нишон дод, ки чӣ тавр Ӯ такрору батакрор исроилиёни хиёнаткорро мебахшид. Мо аз ин чӣ дарс мегирем?
13 Агар шахс зино содир кунад, ҳамсари беайби ӯ бояд қарор қабул кунад, ки чӣ тавр рафтор мекунад. Исо гуфт, ки ҳамсари беайб метавонад ҷудо шуда аз нав оиладор шавад. Лекин агар вай қарор диҳад, ки ӯро мебахшад, ин ҳам нодуруст намешавад. Ҳушаъ Ҷумарро аз нав гирифт. Вақте ки Ҷумар ба назди Ҳушаъ баргашт, вай дигар набояд бо мардони бегона алоқаи ҷинсӣ мекард. Ҳушаъ низ бо занаш муддате «муносибати маҳрамона надошт» (Ҳуш. 3:3, ТДН, эзоҳ). Бо гузашти вақт, Ҳушаъ аз нав муносибатҳои заношӯиро бо Ҷумар барқарор кард. Бо ин мисол Худо нишон дод, ки тайёр аст исроилиёни хиёнаткорро аз нав қабул кунад ва муносибаташро бо онҳо барқарор намояд (Ҳуш. 1:11; 3:3–5). Ин ба мо дар бораи издивоҷ чиро таълим медиҳад? Агар шахс аз ҳамсараш ҷудо нашавад ва бо ӯ муносибати маҳрамонаро барқарор кунад, бо ин нишон медиҳад, ки ӯ ҳамсарашро бахшидааст (1 Қӯр. 7:3, 5). Баъд аз ин дигар барои ҷудошавӣ асос намемонад. Акнун он зану шавҳар бояд якҷоя кӯшиш кунанд, ки издивоҷашонро мустаҳкам карда, ба он мисли Яҳува муносибат кунанд.
ҲАТТО ДАР САХТИҲОИ ЗИНДАГӢ ИЗДИВОҶРО ГИРОМӢ ДОРЕД
14. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 7:10, 11 дар издивоҷ чӣ рӯй дода метавонад?
14 Ҳама масеҳиён мисли Яҳува ва Исо бояд издивоҷро эҳтиром кунанд. Вале аз сабаби нокомилӣ барои баъзеҳо ин душвор аст (Рум. 7:18–23). Барои ҳамин, ҷойи тааҷҷуб нест, ки баъзе масеҳиёни асри як дар издивоҷашон душвориҳои ҷиддӣ доштанд. Павлус навишта буд, ки «зан аз шавҳараш ҷудо нашавад», лекин гоҳ вақтҳо ин рӯй медод. (1 Қӯринтиён 7:10, 11-ро хонед.)
15, 16. а) Ҳатто ҳангоми дар издивоҷ рӯй додани мушкилиҳо ҳамсарон бояд чӣ мақсад дошта бошанд ва чаро? б) Агар яке аз ҳамсарон хизматгори Яҳува набошад, оё ин принсип ба кор бурда мешавад?
15 Ҳарчанд Павлус дар ин оятҳо аз кадом сабаб ҷудо шудани ҳамсаронро нагуфт, мо аниқ медонем, ки ин ҷо гап дар бораи хиёнати ҳамсарӣ намеравад. Чунки хиёнати шавҳар ба зан ҳуқуқ медиҳад, ки расман ҷудо шуда, аз нав оиладор шавад. Павлус бошад, навишт, ки зане, ки аз шавҳараш меравад, бояд «дигар шавҳар накунад ё бо шавҳараш оштӣ шавад». Барои ҳамин, бо кадом сабаби дигаре, ки ҳамсарон ҷудо нашаванд, онҳо дар назари Худо зану шавҳар мемонанд. Павлус маслиҳат медиҳад, ки агар зино содир нашуда бошад, хуб мебуд, ки ҳамсарон бо ҳам оштӣ шаванд ва якҷоя бошанд. Онҳо метавонанд аз пирони ҷамъомад кӯмак пурсанд. Ва пирон тарафи яке аз ҳамсаронро нагирифта, дар асоси Навиштаҳо ба онҳо маслиҳат дода метавонанд.
16 Лекин агар яке аз ҳамсарон хизматгори Яҳува набошад, вазъият душвортар буда метавонад. Оё дар вақти рӯй додани мушкилиҳо, аз ҳам ҷудогона зиндагӣ кардани онҳо роҳи дурусти ҳалли масъала аст? Чуноне ки аллакай қайд кардем, дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки зино ба расман ҷудо шудан иҷозат медиҳад. Лекин дар он гуфта нашудааст, ки аз кадом сабабҳо ҳамсарон метавонанд ҷудогона зиндагӣ кунанд. Павлус навишт: «Агар зан шавҳар дошта бошаду вай ҳамимон набошад, вале розӣ бошад, ки бо занаш бимонад, бигзор ӯ шавҳарашро тарк накунад» (1 Қӯр. 7:12, 13). Ин ба замони мо низ дахл дорад.
17, 18. Чаро нигоҳ накарда ба душвориҳои ҷиддӣ баъзе масеҳиён бо ҳамсарашон мемонанд?
17 Баъзан шавҳари ҳамимоннабуда бо рафтораш нишон медиҳад, ки барои бо занаш мондан розӣ нест. Масалан, шояд ӯ бо занаш аз ҳад бераҳмона муносибат мекунад, ки ҳатто саломатӣ ё ҳаёти ӯ зери хатар монад. Шояд ӯ рӯзғорро таъмин намекунад, ё ба занаш барои содиқона Худоро ибодат кардан зиддияти сахт нишон медиҳад. Мумкин ӯ дар сухан мегӯяд, ки бо занаш зиндагӣ кардан мехоҳад, лекин бо рафтораш нишон медиҳад, ки дар асл розӣ нест. Дар чунин мавридҳо баъзе масеҳиён худашон қарор карданд, ки аз шавҳарашон ҷудо зиндагӣ мекунанд. Вале дигарон дар вазъиятҳои ба ин монанд қарор доданд, ки бо ҳамсарашон мемонанд. Онҳо ба душвориҳо тоб оварда кӯшиш мекунанд, ки вазъиятро беҳтар гардонанд. Чаро?
18 Чунки агар онҳо ҷудогона зиндагӣ кунанд ҳам, то ҳол Худо онҳоро зану шавҳар меҳисобад. Чи хеле ки дар боло гуфтем, ҷудо зиндагӣ карда, ҳар яки онҳо бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавад. Павлус боз як сабабро қайд кард, ки чаро бо ҳам мондани онҳо беҳтар аст. Ӯ навишт: «Шавҳаре, ки ҳамимон нест, ба воситаи зани имондораш муқаддас мегардад ва зане, ки ҳамимон нест, ба воситаи шавҳари имондораш муқаддас мегардад, вагарна фарзандони онҳо дар назари Худо нопок мебуданд, вале ҳоло онҳо муқаддасанд» (1 Қӯр. 7:14). Бисёр масеҳиёни содиқ дар вазъиятҳои мушкилтарин ҳамсари ҳамимоннабудаашонро тарк намекунанд. Онҳо тасдиқ карда метавонанд, ки ин фидокориашон арзанда буд, чунки баъдтар ҳамсарони онҳо низ хизматгори Яҳува гаштанд (1 Қӯринтиён 7:16-ро хонед; 1 Пет. 3:1, 2).
19. Чаро дар ҷамъомадҳои масеҳӣ оилаҳои хушбахт хеле бисёранд?
19 Мо суханони Исоро дар бораи ҷудошавӣ ва маслиҳати Павлусро оиди зиндагии ҷудогона дида баромадем. Ҳар дуи онҳо мехостанд, ки хизматгорони Худо издивоҷро гиромӣ доранд. Имрӯз дар тамоми рӯйи замин, дар ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува бисёр оилаҳо издивоҷи хушбахт доранд. Шояд шумо дар ҷамъомади худатон низ чунин оилаҳоро мебинед. Дар ин оилаҳо шавҳарони содиқ занони худро дӯст медоранд, ва занони вафодор шавҳарони худро эҳтиром мекунанд. Ҳамаи онҳо бо рафтори худ нисбати издивоҷ эҳтиром нишон медиҳанд. Мо хурсандем, ки миллионҳо занону шавҳарон ҳақ будани суханони зеринро тасдиқ мекунанд: «Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан хоҳанд буд» (Эфс. 5:31, 33).