МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 7
Аз хониши Калом бештар манфиат гиред
«Мефаҳмӣ, ки чӣ хонда истодаӣ?» (КОР. 8:30).
СУРУДИ 48 Ҳар рӯз бо Яҳува роҳ меравем
ПЕШГУФТОРa
1. Чӣ нишон медиҳад, ки Навиштаҳо барои Исо аҳамият дошт?
ТАСАВВУР кунед, ки шумо дар назди Исо истодаеду таълими ӯро гӯш мекунед; ӯ гаштаю баргашта ба Навиштаҳои илҳомбахшида ишора карда, оятҳоро аз ёд мегӯяд. Бояд гуфт, ки аввалин суханони Исо баъд аз таъмид гирифтанаш иқтибос аз Навиштаҳо буданд. Баъзе аз суханони охиринаш низ, ки пеш аз марг гуфта буд, иқтибос аз Навиштаҳои илоҳияндb (5 Мӯсо 8:3; Заб. 31:5; Луқ. 4:4; 23:46). Инчунин дар давоми сею ним соли хизматаш Исо гаштаю баргашта дар назди мардум Навиштаҳоро мехонд ва аз онҳо иқтибос оварда, маънидод мекард (Мат. 5:17, 18, 21, 22, 27, 28; Луқ. 4:16–20).
2. Чӣ ба Исо кумак кард, ки ҳангоми ба воя расиданаш бо Навиштаҳо нағз шинос шавад? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
2 Давоми солҳо, пеш аз оғози хизматаш, Исо Каломи Худоро пайваста мехонд ва қироати онро гӯш мекард. Шакке нест, ки ҳангоми суҳбатҳои оилавӣ ӯ гӯш мекард, ки чӣ тавр Марям ва Юсуф аз Навиштаҳо иқтибос меорандc (5 Мӯсо 6:6, 7). Бешубҳа, Исо ҳар рӯзи шанбе ҳамроҳи оилааш инчунин ба ибодатхона мерафт (Луқ. 4:16). Дар он ҷо ӯ, эҳтимол, қироати Навиштаҳоро бодиққат гӯш мекард. Бо гузашти вақт Исо хондани Навиштаҳоро ёд гирифт. Дар натиҷа ӯ Каломро на танҳо хуб аз худ кард, балки онро дӯст дошт ва мегузошт, ки он ба рафтору кирдораш таъсир расонад. Масалан, воқеаеро ба ёд оред, ки дар 12-солагии Исо дар маъбад рӯй дода буд: Устодон, ки Шариати Мӯсоро хуб медонистанд, «аз фаҳмиш ва ҷавобҳои Исо ҳайрон мешуданд» (Луқ. 2:46, 47, 52).
3. Дар ин мақола чӣ баррасӣ мешавад?
3 Мо низ, вақте Каломи Худоро мунтазам мехонем, онро фаҳмида дӯст медорем. Лекин чӣ тавр хониши Китоби Муқаддасро самаранок гардонем? Дар ин кор ба мо суханони Исо кумак мекунанд, ки ба донандагони Шариат гуфта буд, аз ҷумла китобдонон, фарисиён ва саддуқиён. Ин пешвоёни дин Навиштаҳои Муқаддасро доим мехонданд. Валекин аз чизҳои хондаашон манфиат намегирифтанд. Барои ҳамин Исо се ҷиҳатро қайд кард, ки онҳо аз хондани Навиштаҳо бебаҳра мемонданд. Гуфтаҳои Исо ба мо кумак мекунад, ки қобилияти худро беҳтар гардонда 1) ба мазмуни чизҳои хондаамон сарфаҳм равем, 2) ганҷҳои Каломро ёбем ва 3) гузорем, ки Каломи Худо моро шакл диҳад.
БА МАЗМУНИ ЧИЗҲОИ ХОНДААТОН САРФАҲМ РАВЕД
4. Мо аз Луқо 10:25–29 дар бораи хондани Китоби Муқаддас чӣ мефаҳмем?
4 Мо мехоҳем Каломи Худоро хонда, ба маънояш сарфаҳм равем. Зеро дар акси ҳол аз хониш ягон фоида намегирем. Масалан, суҳбати Исоро бо «як мард, ки донандаи Шариат буд», ба ёд оред. (Луқо 10:25–29-ро хонед.) Вақте ӯ пурсид, ки барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ чӣ кор кунад, Исо диққаташро ба Каломи Худо равона карда гуфт: «Дар Шариат чӣ навишта шудааст? Ту онро чӣ тавр мефаҳмӣ?». Мард дар ҷавоб аз Навиштаҳо иқтибос оварда гуфт, ки Худо ва ёри худро бояд дӯст дошт (3 Мӯсо 19:18; 5 Мӯсо 6:5). Ин ҷавоби дуруст буд, лекин бинед ӯ баъд чӣ гуфт: «Ёри ман кист?» Аз ин саволаш маълум мешавад, ки ӯ ба мазмуни чизҳои хондааш сарфаҳм намерафт. Барои ҳамин чӣ тавр ба кор бурдани онро ҳам намедонист.
Мазмуни чизи хондаро фаҳмидан қобилиятест, ки инкишоф додан мумкин
5. Чӣ тавр дуо ва саросема нашуда хондан фаҳмиши моро беҳтар мегардонад?
5 Чӣ хел Каломи Худоро беҳтар фаҳмем? Барои ин инкишоф додани одатҳои хуби хониш лозим аст. Биёед якчанд маслиҳатеро аз назар гузаронем, ки дар ин хусус корбурданд. Пеш аз хониш дуо гӯед. Мо бе кумаки Яҳува ба мазмуни Навиштаҳо сарфаҳм намеравем. Бинобар ин аз ӯ рӯҳи муқаддас пурсед, то ҳангоми хониш диққататонро ҷамъ карда тавонед. Сипас саросема нашуда ба хониш шурӯъ кунед. Ин кумак мекунад, ки маълумоти хондаатонро нағз фаҳмед. Шояд бароятон бо овоз хондани Китоби Муқаддас ё қироати онро гӯш карда, хат бурдан фоидабахш шавад. Бо ин роҳ эҳсосотатон бедор мегардад ва Калом ба ақлу дили шумо бештар таъсир мерасонад (Юшаъ 1:8). Дар охири хониш боз дуо гуфта ба Яҳува барои Каломаш раҳмат гӯед ва хоҳиш намоед, ки ба шумо кумак кунад, то чизҳои хондаатонро ба кор баред.
6. Чаро ҳангоми хониш ба худ савол додан ва қайдҳои кӯтоҳ мондан манфиатовар аст? (Ба расм нигаред.)
6 Боз ду маслиҳатро мебинем, ки барои нағзтар фаҳмидани Каломи Худо кумак мекунад. Дар бораи чизҳои хондаатон ба худ савол диҳед. Масалан, ҳангоми хондани воқеае аз худ пурсед: «Қаҳрамонони асосӣ киҳоянд? Кӣ сухан меронад ва чаро? Ӯ ба кӣ муроҷиат карда истодааст ва чаро? Ин воқеа кай ва дар куҷо рӯй медиҳад?» Ба воситаи чунин саволҳо шумо фикрҳои асосиро пайгирӣ мекунед. Инчунин ҳангоми хониш қайдҳои кӯтоҳ монед. Вақте хонанда қайд мемонад, мазмуни фикрҳоро нағзтар мефаҳмад. Қайд мондан инчунин кумак мекунад, ки чизҳои хондаатро фаромӯш накунӣ. Бинобар ин ҳангоми хониш кӯтоҳакак саволҳо тартиб диҳед, натиҷаи таҳқиқоти худро қайд кунед, фикрҳои асосиро такрор намоед, нависед, ки чӣ тавр чизҳои хондаатонро ба кор бурда метавонед ё эҳсосоти худро кӯтоҳ қайд кунед. Ин тавр карда, шумо Каломи Худоро чун хабаре қабул мекунед, ки Яҳува махсусан ба шумо расонданист.
7. Ҳангоми хониш кадом хислат ба мо зарур аст ва чаро? (Матто 24:15).
7 Исо гуфта буд, ки барои ба мазмуни Каломи Худо сарфаҳм рафтан фаҳму фаросат лозим аст. (Матто 24:15-ро хонед.) Фаҳму фаросат чист? Ин қобилияти дарк кардани алоқамандӣ ё фарқи ду фикр мебошад. Маънои он инчунин дидани чизҳоест, ки дарҳол ба назар намерасанд. Исо қайд кард, ки барои пайгирӣ кардани воқеаҳое, ки ба иҷрошавии пешгӯйиҳои Калом ишора мекунанд, ба мо фаросат лозим аст. Фаҳму дарк инчунин кумак мекунад, ки аз хониши Китоби Муқаддас пурра манфиат гирем.
8. Чӣ тавр ҳангоми хониш фаҳму фаросатро ба кор бурдан мумкин аст?
8 Яҳува ба хизматгоронаш фаҳму фаросат медиҳад. Аз ин рӯ ба ӯ дуо гӯед ва хоҳиш кунед, ки дар инкишоф додани ин хислат ба шумо кумак расонад (Пнм. 2:6). Сипас аз рӯйи дуоятон амал кунед. Чӣ тавр? Дар бораи чизи хондаатон бодиққат андеша ронед. Пай баред, ки чӣ тавр он бо чизҳое, ки аллакай медонед, алоқаманд аст. Дар ин кор ба шумо мавод барои омӯзиши Калом, ки дар «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува» ҷамъ оварда шудааст, кумак карда метавонад. Бо ёрии маводи мазкур шумо ба мазмуни порчае, ки аз Калом мехонед, сарфаҳм меравед. Инчунин мефаҳмед, ки бо кадом роҳҳо чизи хондаатонро дар амал истифода бурдан мумкин аст (Ибр. 5:14). Бале, агар ҳангоми хониш ақлу ҳушамонро кор фармоем, Навиштаҳоро беҳтар мефаҳмем.
ҲАНГОМИ ХОНИШ ГАНҶҲОИ КАЛОМРО ЁБЕД
9. Кадом ҳақиқати муҳими Навиштаҳоро саддуқиён дарк намекарданд?
9 Саддуқиён бо панҷ китоби аввали Навиштаҳои Ибронӣ нағз шинос буданд. Вале онҳо ҳақиқатҳои муҳими ин китобҳои илҳомбахшидаро сарфи назар мекарданд. Масалан, вақте онҳо бо Исо дар бораи эҳёшавӣ баҳс мекарданд, бинед ӯ ба саддуқиён чӣ гуфт: «Магар шумо дар китоби пайғамбар Мӯсо воқеаи хорбуттаро нахондаед? Худо он вақт ба Мӯсо гуфта буд: “Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам”» (Марқ. 12:18, 26). Ҳарчанд саддуқиён, бешак, ин ҷойи Навиштаҳоро борҳои зиёд хонда буданд, аз саволи Исо маълум гашт, ки онҳо ба мазмуни таълимот дар бораи зиндашавӣ сарфаҳм намерафтанд (Марқ. 12:27; Луқ. 20:38)d.
10. Ҳангоми хондани Китоби муқаддас мо бояд ба чӣ аҳамият диҳем?
10 Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Мо мехоҳем ҳангоми хониш ҳама чизеро, ки аз оят ё воқеаи Китоби Муқаддас таълим гирифтан мумкин аст, аз худ кунем. Мақсади мо танҳо фаҳмидани таълимоти асосии Калом нест. Мо мехоҳем ҳақиқат ва принсипҳоеро, ки мисли ганҷ дар паси оятҳои Китоби Муқаддас пинҳонанд, пайдо кунем.
11. Мувофиқи 2 Тимотиюс 3:16, 17 чӣ тавр шумо ганҷҳои Каломро ёфта метавонед?
11 2 Тимотиюс 3:16, 17-ро хонед. Чӣ тавр ҳангоми хониш ганҷҳои Каломро ёфтан мумкин аст? Чи хеле аз оятҳо фаҳмидем, «тамоми Навиштаҳо...фоиданоканд». Барои чӣ? Барои 1) таълим, 2) нишон додани айбу хато, 3) ислоҳ ва 4) тарбия кардан. Шумо аз ин чор ҷиҳат ҳатто ҳангоми хондани китобҳое, ки аз Навиштаҳо шояд як-як истифода мебаред, манфиат гирифта метавонед. Чӣ тавр? Фикр кунед, ки аз порчае, ки хонда истодаед, дар бораи Яҳува, мақсадаш ё принсипҳои Калом чӣ таълим мегиред. Андеша ронед, ки чӣ тавр онро барои нишон додани айбу хато ба кор бурдан мумкин аст; диққат кунед, ки чӣ тавр оятҳо барои маълум кардан ё рад намудани рӯҳияи бад ва ба Яҳува содиқ мондан кумак мекунанд. Фикр кунед, ки чӣ тавр ин порчаро барои ислоҳ кардани ақидаи нодуруст дар хизмат истифода бурдан мумкин. Инчунин мулоҳиза ронед, ки барои фикрронии Яҳуваро аз худ намудан чӣ тавр оятҳо шуморо тарбия мекунанд. Агар ин чор манфиатро дар ёд доред, ганҷҳои Каломро меёбед, ганҷҳоеро, ки хониши Китоби Муқаддасро боз ҳам фоидабахш мегардонанд.
БИГЗОР ХОНИШ ШУМОРО ШАКЛ ДИҲАД
12. Исо ба фарисиён чӣ савол дод ва чаро?
12 Барои нишон додани он ки фарисиён ба Навиштаҳо назари хато доштанд, Исо ба онҳо низ савол дод: «Магар нахондаед?» (Мат. 12:1–7)e. Он вақт фарисиён шогирдони Исоро танқид карда мегуфтанд, ки онҳо рӯзи шанберо риоя намекунанд. Дар ҷавоб Исо аз Навиштаҳо ду мисол ва оятеро аз китоби Ҳушаъ иқтибос овард. Ӯ нишон дод, ки фарисиён маънои қонун дар бораи рӯзи шанберо намефаҳманд ва раҳмдилӣ нишон намедиҳанд. Чаро хониши Навиштаҳо фарисиёнро шакл намедод? Зеро онҳо бо мақсади айбҷӯйӣ ва рӯҳияи мағрурона Навиштаҳоро мехонданд. Маҳз аз пушти ҳамин рӯҳияи худ онҳо мазмуни чизҳои хондаашонро намефаҳмиданд (Мат. 23:23; Юҳ. 5:39, 40).
13. Мо бояд бо кадом ният Китоби Муқаддасро хонем ва чаро?
13 Мо аз суханони Исо дарс мегирем, ки Китоби Муқаддасро бояд бо нияти дуруст хонем. Баръакси фарисиён мо бояд самимӣ ва таълимпазир бошем. Ба мо лозим аст, ки «каломеро, ки дар [мо] кошта мешавад», ҳалимона қабул кунем (Яъқ. 1:21). Бале, агар мо ҳалим бошем, Каломи Худо дар диламон реша медавонад. Мо набояд айбҷӯйӣ кунем ва мағрур бошем. Зеро танҳо дар ин сурат таълими Китоби Муқаддас дар бораи раҳмдилӣ, ҳамдардӣ ва муҳаббат моро шакл медиҳад.
14. Чӣ тавр фаҳмем, ки Китоби Муқаддас моро шакл медиҳад ё не? (Ба расм нигаред.)
14 Боз аз чӣ маълум мешавад, ки Каломи Худо моро шакл медиҳад? Аз муносибатамон бо дигарон. Фарисиён намемонданд, ки Каломи Худо ба дилашон таъсир кунад. Барои ҳамин онҳо «одамони бегуноҳро айбдор» мекарданд (Мат. 12:7). Ба ин монанд, аз назар ва муносибати мо нисбати дигарон маълум мешавад, ки Каломи Худо моро шакл медиҳад ё не. Масалан, оё мо одатан ба хислатҳои хуби дигарон аҳамият медиҳем ё аксар вақт ба камбудиҳои онҳо ишора мекунем? Оё меҳрубонему бо омодагӣ дигаронро мебахшем ё айбҷӯйӣ мекунему майли ба дил кина гирифтан дорем? Бо ёрии чунин саволҳо мо мефаҳмем, ки чизҳои хондаамон ба фикрронӣ, ҳиссиёт ва рафторамон таъсир мекунад ё не (1 Тим. 4:12, 15; Ибр. 4:12).
ХОНИШЕ, КИ ХУРСАНДӢ МЕОРАД
15. Исо ба Навиштаҳои илоҳӣ чӣ гуна муносибат мекард?
15 Исо Навиштаҳои илҳомбахшидаро дӯст медошт. Ҳиссиёти ӯ дар Забур 40:8 навишта шудааст: «Иҷрои хостат, эй Худоям, ба ман чӣ қадар шодӣ меорад ва қонуни ту андаруни дили ман аст». Аз ин рӯ Исо дар хизмати Яҳува хурсандӣ дошт ва комёб буд. Мо низ, агар Каломи Худоро дар дили худ ҷо кунем, хурсандӣ эҳсос намуда, комёб мегардем (Заб. 1:1–3).
16. Бо кадом роҳҳо шумо аз хониши Китоби Муқаддас манфиат гирифтаниед? (Ба чорчӯбаи «Гуфтаҳои Исо кумак мекунанд, ки мазмуни чизҳои хондаатонро фаҳмед» нигаред.)
16 Биёед аз суханон ва намунаи Исо ибрат гирифта, маҳорати хондани Китоби Муқаддасро беҳтар гардонем. Мо фаҳмидем, ки, агар дуо гӯем, саросема нашуда хонем, ба худ савол диҳем ва қайдҳои кӯтоҳ монем, оятҳои Каломро беҳтар мефаҳмем. Инчунин фаҳму фаросатро ба кор бурда бо ёрии адабиёти бар Навиштаҳо асосёфта чизҳои хондаамонро таҳқиқ карда метавонем. Вақте кӯшиш мекунем, ки ҳатто аз воқеаҳои на он қадар машҳур ганҷҳои пурқиматро ёбем, беҳтар истифода бурдани Каломро ёд мегирем. Ғайр аз ин, агар бо нияти дуруст Каломи Худоро хонем, он моро шакл медиҳад. Ба кор бурдани ин маслиҳатҳо кумак мекунанд, ки аз хониши Китоби Муқаддас бештар манфиат гирем ва ба Худоямон Яҳува наздиктар гардем (Заб. 119:17, 18; Яъқ. 4:8).
СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
a Ҳамаи мо, хизматгорони Яҳува, кӯшиш мекунем, ки Каломи ӯро ҳар рӯз хонем. Бисёр одамон Китоби Муқаддасро имрӯз мехонанд, лекин ба маънои чизи хондаашон сарфаҳм намераванд. Дар замонҳои Исо низ баъзе одамон чунин мушкилӣ доштанд. Дар ин мақола мо мебинем, ки Исо ба онҳое, ки Китоби Муқаддас мехонданд, чӣ мегуфт ва мо чӣ тавр аз хониши Калом бештар манфиат гирем.
b Ҳангоми таъмид гирифта бо рӯҳи Худо тадҳин шуданаш, аз афташ, Исо ҳаёти осмониашро ба хотир овард (Мат. 3:16).
c Марям Навиштаҳоро хуб медонист ва ба онҳо рӯ меовард (Луқ. 1:46–55). Аз афташ, ӯву Юсуф шароит надоштанд, ки нусхаҳои Навиштаҳоро дошта бошанд. Барои ҳамин эҳтимол аст, ки онҳо қироати онро дар ибодатхона бодиққат гӯш мекарданд, то дар хона чизҳои шунидаашонро ба ёд оварда тавонанд.
d Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми феврали соли 2013, мақолаи «Приближайтесь к Богу “он Бог... живых”» нигаред.
e Инчунин Матто 19:4–6-ро хонед. Дар ин ҷо ҳам Исо ба фарисиён ҳамин саволро медиҳад. Онҳо дар бораи офариниш хонда бошанд ҳам, дарк намекарданд, ки назари Яҳува ба издивоҷ чӣ гуна аст.
f ШАРҲИ РАСМ: Ҳангоми вохӯрӣ дар Ибодатгоҳ бародаре, ки мусиқӣ ва видеонаворҳоро мемонад, якчанд хато мекунад. Бо вуҷуди ин дар анҷоми вохӯрӣ бародарон ӯро барои кӯшишҳояш таъриф мекунанд ва диққатро ба хатоҳояш равона намесозанд.