Дар дилатон суханони Худоро ҷо кунед!
«Ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд» (ЛУҚ. 12:34).
1, 2. а) Кадом се ганҷи рӯҳониро Яҳува ба мо додааст? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
ҲЕҶ кас дар сарватмандӣ ба Яҳува баробар намешавад (1 Вақ. 29:11, 12). Ӯ чун Падари саховатманд боигариҳои рӯҳониро ба ҳамаи онҳое медиҳад, ки ба қадри он мерасанд. Мо хеле миннатдорем, ки Яҳува ба мо боигариҳои рӯҳонии зеринро додааст: 1) Салтанати Худо, 2) кори мавъиза ва 3) ҳақиқатҳои бебаҳои Китоби Муқаддас. Агар эҳтиёт нашавем, ин чизҳо дар назарамон қадрашонро гум мекунанд ва бароямон нодаркор мешаванд. Барои чунин нашудан мо бояд арзиши онҳоро дар ёд дорем ва нагузорем, ки муҳаббатамон нисбати онҳо сард шавад, зеро Исо гуфт: «Ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд» (Луқ. 12:34).
2 Биёед дида бароем, ки чӣ тавр нисбати Салтанат, хизмат ва ҳақиқат муҳаббатамонро зиёд гардонда онро нигоҳ дорем ва чӣ тавр нишон диҳем, ки онҳоро қадр мекунем. Дар вақти муҳокимаи ин мақола мулоҳиза ронед, ки чӣ тавр шумо муҳаббататонро нисбати ганҷҳои рӯҳонӣ зиёд карда метавонед.
САЛТАНАТИ ХУДО МИСЛИ МАРВОРИДИ ҚИМАТБАҲОСТ
3. Тоҷире аз масали Исо барои ба даст овардани марворид ба чӣ кор тайёр буд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
3 Матто 13:45, 46-ро хонед. Исо дар масали худ дар бораи тоҷире нақл мекунад, ки марворид меҷуст. Тоҷир тӯли солҳо садҳо марворидро мехариду мефурӯхт. Аммо акнун ӯ марвориди чунон зебоеро ёфт, ки аз диданаш сер намешуд. Вай хеле хурсанд буд ва барои ба даст овардани он тайёр буд, ки тамоми дороияшро фурӯшад. Оё шумо тасаввур мекунед, ки то чӣ андоза ин марворид барои тоҷир қиматбаҳо буд?
4. Агар мо Салтанати Худоро дӯст дорем, чӣ кор мекунем?
4 Мо аз ин масал чӣ дарс гирифта метавонем? Салтанати Худо мисли ин марворид аст. Агар мо монанди тоҷир онро дӯст дорем, ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то ки тобеони Салтанати Худо гардем. (Марқӯс 10:28–30-ро хонед.) Биёед мисоли ду нафарро дида бароем, ки Салтанати Худоро қадр карданд.
5. Чӣ тавр Заккай нишон дод, ки ҳақиқати Салтанати Худоро қадр мекунад?
5 Заккай ном сардори боҷгирон ҳаққи мардумро хӯрда сарват ҷамъ карда буд (Луқ. 19:1–9). Аммо, вақте ӯ хушхабари Салтанатро шунид, ба қадри он чизи шунидааш расида ҳаёташро тағйир дод. Ӯ ба Исо гуфт: «Нисфи дороии худро ман ба мискинон медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофона гирифта бошам, чор баробар подош медиҳам». Ӯ ноинсофона пул ҷамъ карданро бас кард ва дигар аз паси чизу чора намедавид.
6. Чӣ тавр Роза ҳаёташро дигар кард ва барои чӣ?
6 Чанд сол пеш зане, ки шартан номашро Роза мегӯем, хушхабари Салтанатро шунид. Ӯ пеш ҳамҷинсбоз (лесбиянка) буд. Роза сардори ташкилоте буд, ки ҳуқуқҳои ҳомосексуалистонро ҳимоя мекард. Лекин, вақте ӯ Китоби Муқаддасро омӯзиш кард, арзиши ҳақиқати Салтанатро фаҳмид ва қарор кард, ки тарзи ҳаёташро пурра тағйир диҳад (1 Қӯр. 6:9, 10). Муҳаббат ба Яҳува ӯро водор кард, ки аз вазифааш даст кашад ва ахлоқашро дигар кунад. Роза соли 2009 таъмид гирифт ва пас аз як сол пешрави доимӣ шуд. Муҳаббати вай ба Яҳува ва Салтанати Ӯ аз хоҳишҳои ҷисмаш пурзӯртар баромад (Марқ. 12:29, 30).
7. Чӣ тавр мо муҳаббати худро ба Салтанати Худо нигоҳ дошта метавонем?
7 Дар ҳақиқат, ҳар яки мо барои тобеи Салтанати Худо шудан дар ҳаётамон бисёр тағйирот даровардем (Рум. 12:2). Лекин мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошем ва ҳамеша бо чизпарастиву хоҳишҳои ҷисм мубориза барем (Мас. 4:23; Мат. 5:27–29). Яҳува ба мо боз як ганҷи дигарро додааст, то мо муҳаббати худро ба Салтанаташ нигоҳ дорем. Биёед бинем, ки он кадом ганҷ аст.
ХИЗМАТЕ, КИ ОДАМОНРО НАҶОТ МЕДИҲАД
8. а) Чаро Павлус хизмати моро ба ганҷе «дар зарфҳои гилин» монанд кард? б) Чӣ тавр Павлус нишон дод, ки хизматро қадр мекунад?
8 Исо ба мо супориш додааст, ки хушхабари Салтанати Худоро ба ҳама мавъиза кунем (Мат. 28:19, 20). Павлуси ҳавворӣ хизматро хеле пурарзиш меҳисобид ва онро ба ганҷе, ки «дар зарфҳои гилин» аст, монанд кард (2 Қӯр. 4:7; 1 Тим. 1:12). Мо «зарфҳои гилин», ё одамони нокомил, бошем ҳам, хушхабаре, ки ба дигарон мерасонем, ҳаёти мо ва онҳоеро, ки ба он гӯш медиҳанд, наҷот медиҳад. Павлус инро хуб дарк мекард, барои ҳамин вай дар ҳар намуди хизмат иштирок карда гуфт: «Инро ман барои Инҷил мекунам, то ки шарики баракоти он бошам» (1 Қӯр. 9:23). Дар ҳақиқат, муҳаббате, ки Павлус нисбат ба хизмат дошт, ӯро бармеангехт, то бисёртар мавъиза карда шогирд тайёр кунад. (Румиён 1:14, 15 ва 2 Тимотиюс 4:2-ро хонед.) Ин муҳаббаташ ба вай ёрдам мекард, ки таъқиботи сахтро паси сар кунад (1 Тас. 2:2). Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки хизматро дӯст медорем?
9. Бо кадом роҳҳо мо нишон дода метавонем, ки хизматро қадр мекунем?
9 Павлус ҳар як имкониятро истифода бурда ба дигарон мавъиза мекард. Мо низ мисли ҳаввориён ва дигар масеҳиёни асри як хушхабарро ғайрирасмӣ ва хона ба хона мавъиза мекунем (Аъм. 5:42; 20:20). Аз рӯйи имконият баъзеҳо пешрави ёвар ё доимӣ шуда хизмат мекунанд. Дигарон бошанд, забонҳои дигарро омӯхта ба дигар ҷойи мамлакаташон ва ё давлати дигар мекӯчанд (Аъм. 16:9, 10).
10. Айрин соҳиби кадом баракатҳо шуд?
10 Хоҳари муҷарраде бо номи Айрин, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад, хоҳиш дошт, ки ба муҳоҷирони русзабон мавъиза кунад. Вақте ӯ соли 1993 ба русзабонон мавъиза карданро сар кард, дар шаҳри Ню-Йорк танҳо як гурӯҳ буд, ки он ҳам аз 20 воиз иборат буд. Ҳоло қариб 20 сол аст, ки Айрин бо ин забон ба одамон мавъиза мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман то ҳол ба забони русӣ нағз гап зада наметавонам». Ба ин нигоҳ накарда Яҳува кӯшишу ғайрати ӯ ва дигар бародару хоҳаронро баракат дод. Имрӯз дар шаҳри Ню-Йорк шаш ҷамъомади русӣ ҳаст. Понздаҳ нафаре, ки Айрин бо онҳо омӯзиш мекард, таъмид гирифтанд. Баъзе аз онҳо дар Байт-Ил, баъзеашон пешрав ва чун пири ҷамъомад хизмат мекунанд. Айрин мегӯяд: «Ман фикр намекунам, ки ягон мақсади дигар ба ман ин қадар хурсандӣ мебахшид». Дар ҳақиқат, Айрин хизматашро қадр мекунад.
11. Агар мо хизматро давом диҳем, ин чӣ натиҷа меорад?
11 Агар мо мисли Павлус хизматро қадр кунем, ба таъқибот нигоҳ накарда мавъизаро давом медиҳем (Аъм. 14:19–22). Масалан, байни солҳои 1930 ва 1944 бародарони мо дар Иёлоти Муттаҳида бо таъқиботи сахте рӯ ба рӯ шуданд. Аммо онҳо мисли Павлус мавъиза карданро давом доданд. Вақте ҳукуматдорон кӯшиш карданд, ки кори мавъизаро манъ кунанд, бародарон ба суд муроҷиат карданд ва дар бисёр мурофиаҳои судӣ ғолиб омаданд. Соли 1943 бародар Нейтан Норр яке аз ин ғалабаҳоро, ки дар Суди олии ИМА ба даст оварда буданд, қайд кард. Ӯ гуфт, ки агар бародарон мавъиза карданро давом намедонанд, онҳо барои ба суд муроҷиат кардан асос намедоштанд. Сипас илова кард, ки бародарони тамоми дунё мавъиза карданро давом дода нишон доданд, ки чунин таъқибот пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонад. Дар дигар мамлакатҳо низ бародарон дар ин гуна мурофиаҳои судӣ ғолиб омаданд. Бале, агар мо хизматро дӯст дорем, ҳеҷ чиз пеши роҳи моро гирифта наметавонад.
12. Шумо ба чӣ азми қавӣ доред?
12 Агар мо, дар ҳақиқат, хизматро ганҷи бебаҳо ҳисобем, танҳо барои соат мавъиза намекунем. Баръакс мо мехоҳем, ки бо тамоми қувват кӯшиш карда «мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом» диҳем (Аъм. 20:24; 2 Тим. 4:5). Вале мо бояд ба одамон дар бораи чӣ гап занем? Инро аз зерсарлавҳаи навбатӣ мефаҳмем.
ҲАҚИҚАТҲОИ БЕБАҲОЕ, КИ МО ФАҲМИДЕМ
13, 14. Дар Матто 13:52 гап дар бораи кадом «ганҷина» меравад ва чӣ тавр мо онро пур карда метавонем?
13 Сеюм ганҷе, ки Яҳува ба мо додааст, ин ҳақиқатҳое мебошад, ки мо фаҳмидем. Яҳува сарчашмаи ҳақиқат, Худои ростист (2 Подш. 7:28; Заб. 30:6). Ӯ чун Падари саховатманд ба мо ҳақиқатҳои бебаҳоро ошкор мекунад. Бисёри ҳақиқатҳоро мо аз Китоби Муқаддас, аз адабиётҳоямон, анҷуманҳо ва вохӯриҳои ҷамъомад фаҳмидем. Ҳақиқатҳое, ки мо пеш фаҳмида будем ва ё нав мефаҳмем, ҷамъ шуда «ганҷинаи» ҳақиқатҳои «наву кӯҳна»-ро, ки Исо дар борааш гуфта буд, ташкил медиҳанд. (Матто 13:52-ро хонед.) Агар мо ҳар як ҳақиқатро мисли ганҷ ҷӯё бошем, Яҳува ба мо ёрдам мекунад, ки ба «ганҷина»-и худ боз ганҷҳои навро зам кунем. (Масалҳо 2:4–7-ро хонед.) Чӣ тавр мо ҳақиқатҳои навро ҷуста метавонем?
14 Мо бояд Китоби Муқаддас ва адабиётҳоямонро мунтазам ва бодиққат омӯзем. Ин ба мо ёрдам мекунад, то ҳақиқатҳоеро, ки пеш намедонистем, фаҳмем (Еҳ. 1:8, 9; Заб. 1:2, 3). Дар шумораи якуми маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ», ки соли 1879 нашр гардид, ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас ба гулҳое монанд карда шуда буд, ки дар байни алафҳои бегона пинҳонанд. Барои ёфтани онҳо шахс бояд эҳтиёткорона кофтуков кунад. Вақте ӯ як гулро меёбад, бо ин қаноат накарда бояд ҷустуҷӯяшро давом диҳад. Ба ин монанд, мо ҳам бояд бо ҳақиқатҳое, ки аллакай фаҳмидем, қаноат накунем, балки ҷустуҷӯ кардани ҳақиқатҳои нав ба навро давом диҳем.
15. Чаро мо баъзе ҳақиқатҳоро «кӯҳна» меномем ва кадоме аз онҳо барои шумо пурарзиштаранд?
15 Вақте мо омӯхтани Китоби Муқаддасро сар кардем, баъзе ҳақиқатҳои бебаҳои онро фаҳмидем. Мо ин ҳақиқатҳоро «кӯҳна» гуфта метавонем, чунки онҳоро пештар фаҳмидем. Баъзе аз онҳо кадоманд? Дар аввал мо фаҳмидем, ки Яҳува Офаридгор аст ва нисбати одамизод нияти олиҷаноб дорад. Инчунин мо фаҳмидем, ки Худо барои моро аз гуноҳ ва марг озод кардан Писарашро қурбон кард. Мо боз фаҳмидем, ки Салтанати Ӯ ба ранҷу азоб хотима мебахшад ва мо имконият дорем, ки дар сулҳу амонӣ, хушбахтона зиндагӣ кунем (Юҳ. 3:16; Ваҳй 4:11; 21:3, 4).
16. Вақте дар фаҳмиши ҳақиқатҳо дигаргуниҳо мешаванд, мо бояд чӣ кор кунем?
16 Вақт аз вақт фаҳмиши мо дар бораи пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас ё баъзе порчаҳои он дигар шуда метавонад. Вақте чунин дигаргуниҳо мешаванд, мо бояд вақт ҷудо карда он маълумотро чуқур омӯзем (Аъм. 17:11; 1 Тим. 4:15). Мо бояд фаҳмиши кӯҳнаро бо фаҳмиши нав муқоиса кунем ва на танҳо ба чизҳои асосӣ, балки ба ҷузъиёти он низ диққат диҳем. Ин тавр карда мо ҳақиқатҳои навро ба ганҷинаи худ мегузорем. Чаро ин кори арзанда аст?
17, 18. Чӣ тавр рӯҳи муқаддас ба мо ёрдам карда метавонад?
17 Исо гуфт, ки рӯҳи муқаддас ба мо кӯмак мекунад, то чизҳои пештар фаҳмидаву хондаамонро ба ёд орем (Юҳ. 14:25, 26). Чӣ тавр ин ба мо дар хизмат кӯмак мекунад? Масалан, бародаре бо номи Питер соли 1970 дар синни 19-солагиаш дар Байт-Или Бритониё хизмат карданро сар кард. Боре ӯ хона ба хона мавъиза мекард ва марди ришдори миёнасолро вохӯрд. Ӯ аз он мард пурсид, ки оё ӯ Китоби Муқаддасро фаҳмидан мехоҳад. Он мард, ки раввини яҳудиён буд, ҳайрон шуд, ки чӣ тавр ин писарча ба вай Китоби Муқаддасро фаҳмониданист. Барои ӯро санҷидан раввин аз Питер пурсид: «Хӯш, писарам, ту медонӣ, ки китоби Дониёл ба кадом забон навишта шуда буд?» Питер ҷавоб дод: «Он қисман ба забони арамӣ навишта шуда буд». Питер ба ёд меорад: «Раввин аз ҷавоби ман ҳайрон монд. Ман бошам, аз вай бисёртар ҳайрон будам, ки чӣ хел ба ин савол ҷавоб додам. Вақте ба хона баргаштам, моҳҳои пешинаи маҷаллаҳои “Бурҷи дидбонӣ” ва “Бедор шавед!”-ро варақ задам ва мақолаеро ёфтам. Дар он фаҳмонида шуда буд, ки китоби Дониёл ба забони арамӣ навишта шудааст»a. Бале, рӯҳи муқаддас ба мо ёрдам мекунад, ки маълумоти пештар хонда дар ганҷинаи худ гузоштаамонро ба ёд орем (Луқ. 12:11, 12; 21:13–15).
18 Агар мо ҳақиқатҳои аз Яҳува гирифтаамонро дӯст дорем ва барои онҳо миннатдор бошем, дар мо хоҳиш пайдо мешавад, ки ганҷинаамонро аз ҳақиқатҳои наву кӯҳна пур кунем. Чи қадаре ки мо дар ин кор кӯшишу ғайрат кунем, ҳамон қадар дар таълим додани дигарон моҳир мегардем.
ГАНҶҲОИ ХУДРО ЭҲТИЁТ КУНЕД
19. Чаро мо бояд ганҷҳои рӯҳониамонро эҳтиёт кунем?
19 Мо дар ин мақола дида баромадем, ки то чӣ андоза қадр кардани ганҷҳои рӯҳонӣ муҳим аст. Мо бояд эҳтиёт шавем, ки Шайтон ва дунёи нопоки ӯ муҳаббати моро нисбати ин ганҷҳо суст накунанд. Агар эҳтиёт нашавем, васвасаи ба даст овардани кори сердаромад, хоҳиши бодабдаба зиндагӣ кардан ва дороии худро ба дигарон нишон додан муҳаббати моро дуздида метавонанд. Юҳаннои ҳавворӣ ба мо ёдрас кард, ки ҷаҳон бо ҳавасҳои худ гузарон аст (1 Юҳ. 2:15–17). Аз ин рӯ мо бояд миннатдориамонро барои ганҷҳои рӯҳонӣ нигоҳ дорем ва онро эҳтиёт кунем.
20. Барои эҳтиёт кардани ганҷҳои рӯҳонии худ шумо чӣ кор карданиед?
20 Аз ҳар чизе ки муҳаббататонро ба Салтанати Худо суст карда метавонад, дурӣ ҷӯед. Боғайратона мавъиза карданро давом диҳед ва хизматро ҳамеша қадр кунед. Ҷустуҷӯйи ҳақиқатҳои бебаҳоро давом диҳед. Он вақт шумо дар осмон «ганҷи бепоён» пайдо мекунед, ки «дузд ба он наздик намешавад ва куя онро намезанад; зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд» (Луқ. 12:33, 34).
a Дониёл 2:4б то 7:28 ба забони арамӣ навишта шуда буд.