Оё решаи ҳар гуна бадиҳо пул аст?
Ҷавоби Китоби Муқаддас
Не. Китоби Муқаддас намегӯяд, ки пул ягон бадӣ дорад. Инчунин дар он гуфта намешавад, ки сабаби асосии ҳамаи бадиҳо пул мебошад. Ибораи ба ҳама шиноси «пул решаи ҳама гуна бадиҳост» аз Каломи Худо нопурра гирифта шудааст ва фикри нодурустро ифода мекунад. Аслан дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «пулпарастӣ решаи ҳама гуна бадиҳост»a (1 Тимотиюс 6:10).
Китоби Муқаддас дар бораи пул чӣ мегӯяд?
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки агар пулро аз рӯйи хирад истифода барем, он фоида меорад ва ҳатто касро «муҳофизат» мекунад (Воиз 7:12). Инчунин Каломи Худо онҳоеро, ки ба дигарон тӯҳфа мекунанд, аз ҷумла пул тақдим менамоянд, таъриф мекунад (Масалҳо 11:25).
Ҳамзамон Каломи Худо огоҳ мекунад, ки пул набояд маънои ҳаётамон бошад. Дар он гуфта мешавад: «Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед ва бо он чӣ доред, қаноат кунед» (Ибриён 13:5). Яъне мо бояд пулро дуруст истифода барем ва аз пушти боигарӣ надавем. Мо бояд ба ҳар чизи доштаамон, аз ҷумла барои хӯрок, либос ва сарпаноҳ, шукр кунем (1 Тимотиюс 6:8).
Чаро Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки пулпараст нашавем?
Шахсони чашмгурусна соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ намешаванд (Эфсӯсиён 5:5). Сабаб дар он аст, ки чашмгуруснагӣ як намуди «бутпарастӣ» ё ибодати бардурӯғ аст (Қӯлассиён 3:5). Инчунин одами чашмгурусна барои ба даст овардани чизи дилхоҳаш аз баҳри меъёрҳои ахлоқӣ мебарояд. Дар Масалҳо 28:20 гуфта мешавад, ки «касе ки аз паи сарват шитоб кунад, беҷазо намемонад». Ин гуна одамон ҳатто ба ҷиноят, аз ҷумла таҳдид, зӯроварӣ, фиреб ва одамкушӣ даст зада метавонанд.
Ҳатто пулпарастӣ ба рафтори одам таъсири бад нарасонад ҳам, он аз дигар ҷиҳат зарар расонда метавонад. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки «касоне, ки дар пайи сарватманд шудан ҳастанд, гирифтори васваса, дом ва бисёр ҳавасҳои беақлонаву зарарнок мешаванд» (1 Тимотиюс 6:9).
Чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддас дар хусуси пул ба мо кӯмак карда метавонанд?
Агар мо аз пушти пул шуда меъёрҳои ахлоқиро вайрон насозем, нисбати худ эҳтиромамонро аз даст намедиҳем ва розигию дастгирии Худоро соҳиб мешавем. Худо ба онҳое, ки розигии Ӯро ба даст овардан мехоҳанд, чунин ваъда медиҳад: «Ҳеҷ гоҳ туро намепартоям ва ҳеҷ гоҳ туро танҳо намемонам» (Ибриён 13:5, 6). Худо моро боварӣ мебахшад, ки «шахси амин баракати бисёр меёбад» (Масалҳо 28:20).
a Ин оят инчунин ба таври зерин тарҷума шудааст: «Пулпарастӣ решаи ҳар гуна чизҳои зараровар аст».