МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 33
Аз корҳое, ки ба Яҳува карда метавонед, хурсандӣ гиред
«Бо он чӣ дар пеши чашмат аст, қаноат кунӣ, беҳ аз он ки аз пайи ҳавасҳо шавӣ» (ПАНДГӮ 6:9).
СУРУДИ 28 Суруди нав
ПЕШГУФТОРa
1. Чӣ тавр бисёри бародару хоҳаронамон кӯшиш мекунанд, ки ба Яҳува бештар хизмат кунанд?
АЗБАСКИ мо дар охири ин замона зиндагӣ дорем, корамон хеле зиёд аст (Мат. 24:14; Луқ. 10:2; 1 Пет. 5:2). Ҳамаи мо мехоҳем, ки ҳар чӣ бештар ба Яҳува хизмат кунем. Бисёриҳо доираи хизматашонро васеъ карданд. Баъзеҳо пешрав шудан мехоҳанд, дигарон бошанд, мехоҳанд дар Байт-Ил хизмат кунанд ё дар корҳои сохтмонии ташкилотамон иштирок намоянд. Бисёри бародаронамон кӯшиш мекунанд, ки чун хизматгузор ё пири ҷамоат хизмат кунанд (1 Тим. 3:1, 8). Вақте Яҳува мебинад, ки халқаш бо омодагӣ ба ӯ хизмат кардан мехоҳад, ӯ беҳад хурсанд мешавад (Заб. 110:3; Иш. 6:8).
2. Агар мо ба мақсадҳое, ки дар хизмати Яҳува гузоштаем, расида натавонем, чӣ ҳис мекунем?
2 Агар мо ба баъзе мақсадҳоямон, ки дар хизмати Яҳува гузоштаем, ба зудӣ расида натавонем ё шояд аз сабаби синну сол ё дигар вазъиятҳо баъзе корҳоро дар ташкилоти Яҳува карда натавонем, аз ин рӯҳафтода шуданамон мумкин аст (Пнм. 13:12). Масалан, хоҳарамон Мелиссаb бисёр мехост, ки дар Байт-Ил хизмат кунад ё дар Мактаби воизони хушхабар таҳсил намояд, лекин ӯ мегӯяд: «Синну соли ман ба ҷое расидааст ва ба ин мақсадҳо расидан бароям танҳо орзую хаёл аст. Баъзан аз ин ман рӯҳафтода мешавам».
3. Ба баъзеҳо барои соҳиби ягон таъйинот шудан чӣ кор кардан лозим аст?
3 Ба баъзеҳо, ки ҷавону солим мебошанд, шояд лозим аст, ки пеш аз соҳиби таъйинотҳо шудан баъзе хислатҳоро дар худ инкишоф диҳанд. Аз як тараф шояд онҳо доно, боҷуръат ва боғайрат бошанд, вале аз тарафи дигар шояд ба онҳо лозим аст, ки пуртоқаттар шаванд, корашонро хубтар ба ҷо оранд ва дигаронро бисёртар ҳурмат кунанд. Агар шумо саъю кӯшиш намуда хислатҳои даркориро инкишоф диҳед, шояд бародарон ба шумо масъулиятро ҳамон вақт диҳанд, ки интизор нестед. Мисоли бародар Никро меорем. Дар 20-солагиаш, вақте ӯро хизматгузори ҷамоат таъйин накарданд, ӯ сахт зиқ шуд. Ӯ мегӯяд: «Ман фикр мекардам, ки ягон камбудӣ дорам». Вале Ник ноумед намешуд ва кӯшиш мекард, ки хислатҳои даркориро инкишоф диҳад. Ӯ дар ҷамоат ва хизмат фаъолона иштирок мекард. Имрӯз ӯ узви Кумитаи филиал мебошад.
4. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
4 Оё шумо аз сабаби ҳоло ба ягон мақсади рӯҳонӣ нарасиданатон рӯҳафтодаед? Агар ҳа, пас, дилатонро ба Яҳува холӣ кунед (Заб. 37:5–7). Шумо ҳамчунин метавонед аз бародарони ботаҷриба пурсед, ки чӣ тавр дар хизмати Яҳува беҳтар шуда метавонед ва сипас кӯшиш кунед, ки аз рӯйи маслиҳати онҳо амал намоед. Агар чунин кунед, шумо, эҳтимол, ба он мақсадатон мерасед. Лекин мисли Мелисса мумкин шумо айни замон кор ё таъйиноти дӯстдоштаатонро карда натавонед. Агар ин тавр бошад, пас, чӣ тавр хурсандиро нигоҳ дошта метавонед? Дар ин мақола мо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: 1) Хурсандиро аз куҷо ёбем? 2) Чӣ тавр хурсандиамонро зиёд кунем? 3) Барои бисёр кардани хурсандӣ кадом мақсадҳоро монда метавонем?
ХУРСАНДИРО АЗ КУҶО ЁБЕМ?
5. Барои хурсандиро пайдо намудан мо бояд диққатро ба чӣ равона кунем? (Пандгӯ 6:9).
5 Чи хеле ки дар Пандгӯ 6:9 гуфта шудааст, мо хурсандиро ҳамон вақт меёбем, агар онро дар ҷойи даркорӣ кобем. (Оятро хонед.) Агар шахс диққаташро ба чизе, ки «дар пеши чашм»-онаш аст, равона кунад, аз вазъияте, ки дорад, қаноатманд мегардад. Вале, баръакс, агар шахс «аз пайи ҳавасҳо»-яш гардад, ҳеҷ гоҳ қаноатмандӣ ҳис намекунад. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Барои хурсандиро пайдо кардан мо бояд диққатро ба чизҳое равона кунем, ки ҳозир дорем, на ба мақсадҳое, ки бароямон дастнорасанд.
6. Дар ин мақола мо кадом мисолро дида мебароем ва аз он чӣ меомӯзем?
6 Оё мо бо чизҳое, ки ҳозир дорем, қонеъ буда метавонем? Бисёр одамон фикр мекунанд, ки ин ғайриимкон аст, чунки ба мо чизҳои навро ёд гирифтан маъқул мебошад, вале ин имконпазир аст. Дар ҳақиқат, мо аз чизҳое, ки аллакай дорем, хурсандӣ гирифта метавонем. Чӣ тавр? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан биёед мисоли Исоро дар бораи талантҳо дида бароем. Он дар Матто 25:14–30 оварда шудааст. Аз он мо мефаҳмем, ки аз куҷо шодиро ёбем ва ҳатто хурсандиро дар вазъияти ҳозираамон зиёд кунем.
ЧӢ ТАВР ХУРСАНДИАМОНРО ЗИЁД КУНЕМ?
7. Мисоли Исоро дар бораи талантҳо мухтасар гуфта диҳед.
7 Дар ин мисол гап дар бораи марде меравад, ки ба сафар мебарояд. Пеш аз он ки ба роҳ барояд, ӯ ғуломонашро ҷамъ оварда, ба ҳар яки онҳо талант медиҳадc. Хӯҷаин қобилияти онҳоро ба назар гирифта, ба як ғулом панҷ талант, ба дигаре ду талант ва ба сеюмӣ як талант медиҳад. Ду ғуломи аввалин аз таҳти дил меҳнат карда ба хӯҷаинашон фоида меоранд. Ғуломи сеюм бошад, бо пуле, ки хӯҷаинаш дода буд, ягон кор намекунад. Барои ҳамин хӯҷаин ӯро аз кор холӣ мекунад.
8. Чаро ғуломи якум хурсанд шуд?
8 Эҳтимол, ғуломи якум хеле хурсанд буд, ки хӯҷаинаш ба ӯ бовар карда панҷ талант додааст. Панҷ талант пули калон буд ва ин нишон медод, ки хӯҷаинаш аз ӯ дилпур аст. Дар бораи ғуломи дуюм чӣ гуфтан мумкин аст? Ӯ метавонист рӯҳафтода шавад, чунки хӯҷаинаш ба ӯ мисли ғуломи якум панҷ талант надода буд. Лекин ӯ чӣ кор кард?
9. Исо дар бораи ғуломи дуюм чӣ нагуфта буд? (Матто 25:22, 23).
9 Матто 25:22, 23-ро хонед. Исо дар масалаш намегӯяд, ки ғуломи дуюм барои танҳо ду талант гирифтанаш зиқу хафа шуд. Боз Исо нақл намекунад, ки ин ғулом шикоят карда гуфта бошад: «Чаро хӯҷаин ба ман пули кам дод? Ман ҳам охир ранги ғуломе, ки панҷ талант гирифт, ҷон меканам! Аз вай чӣ камӣ дорам? Агар хӯҷаинам ба қадри меҳнати ман нарасад, беҳтараш ду таланти ӯро пинҳон карда барои худам кор мекунам».
10. Ғуломи дуюм бо талантҳои гирифтааш чӣ кор кард?
10 Мисли ғуломи якум, ғуломи дуюм ҳам мефаҳмид, ки кори супоридаи хӯҷаинаш хеле муҳим аст, барои ҳамин аз таҳти дил хизмати ӯро ба ҷо овард. Дар натиҷа, аз ду таланти хӯҷаинаш, ду таланти дигар фоида овард. Хӯҷаин ин ғуломро барои заҳматаш мукофот дод. Ӯ ба ин ғулом на танҳо барои хурсанд шуданаш мукофот дод, балки меҳнати ғуломашро қадр карда ба ӯ ҳатто вазифаи зиёдтар дод.
11. Мо чӣ тавр хурсандиамонро зиёд гардонда метавонем?
11 Ба ин монанд, агар мо дар хизмати Яҳува ҳар супоришеро, ки мегирем, аз таҳти дил иҷро кунем, бо ин роҳ хурсандиамонро зиёд мегардонем. Бо кори мавъиза ва ҷамоат «пурра» машғул бошед (Кор. 18:5; Ибр. 10:24, 25). Ба вохӯриҳо нағз тайёрӣ бинед, то ки шарҳҳои рӯҳбаландкунанда дода тавонед. Ба супоришҳое, ки дар вохӯриҳои байни ҳафта медиҳанд, ҷиддӣ муносибат кунед. Агар ба шумо кори муайянеро супориш диҳанд, онро дар вақташ иҷро намоед ва бомасъулият бошед. Фикр накунед, ки коре, ки ба шумо супориш доданд, муҳим нест ва барои он вақт сарф накунед ҳам, мешавад. Ҳаракат кунед, ки маҳорати худро зиёд гардонед (Пнм. 22:29). Чи қадаре ки шумо бо корҳои Яҳува ва таъйинотатон банд бошед, ҳамон қадар зудтар пешравӣ мекунед ва хурсандиатон меафзояд (Ғал. 6:4). Ҳамчунин агар таъйиноти дӯстдоштаи шуморо ба ягон каси дигар диҳанд, он гоҳ ба шумо хурсандӣ кардан осонтар мегардад (Рум. 12:15; Ғал. 5:26).
12. Кадом чизҳо ба ду Шоҳиди Яҳува кумак кард, ки хурсандиашонро зиёд намоянд?
12 Мисоли хоҳарамон Мелиссаро ба ёд оред. Ӯ орзу дошт, ки дар Байт-Ил хизмат кунад ё дар Мактаби воизони хушхабар таҳсил намояд. Ҳарчанд ин барояш ғайриимкон буд, ӯ мегӯяд: «Ман кӯшиш мекунам, ки пурра ба хизмати пешравӣ банд бошам ва дар ҳар намуди хизмат иштирок намоям. Ин ба ман хурсандии зиёд меорад». Вақте бародар Никро хизматгузори ҷамоат таъйин нанамуданд, ӯ чӣ хел бар ноумедиаш ғолиб омад? Ӯ мегӯяд: «Ман диққатамро ба корҳое, ки аз дастам меомад, равона менамудам. Масалан, хизмат мекардам, дар вохӯриҳо ҷавобҳои пурмазмун медодам. Ман ҳамчунин барои дар Байт-Ил хизмат кардан варақа пур намудам ва як сол пас маро ба он ҷо даъват намуданд».
13. Агар шумо таъйиноти ҳозираатонро аз таҳти дил ба ҷо оред, ин чӣ натиҷа меорад? (Пандгӯ 2:24).
13 Агар шумо таъйиноти ҳозираатонро аз таҳти дил ба ҷо оред, оё ба шумо дар оянда таъйиноти зиёдтар дода мешавад? Чи хеле аз мисоли бародар Ник фаҳмидем, чунин шуданаш мумкин аст. Агар ин тавр нашавад ҳам, мисли хоҳар Мелисса шумо хурсандиатонро зиёд карда метавонед ва аз коре, ки барои Яҳува мекунед, хеле хушбахт хоҳед буд. (Пандгӯ 2:24-ро хонед.) Ғайр аз ин, шумо аз донистани он хурсанд хоҳед буд, ки ба Хӯҷаинамон, Исои Масеҳ, писанд омадед.
БАРОИ БИСЁР КАРДАНИ ХУРСАНДӢ КАДОМ МАҚСАДҲОРО МОНДА МЕТАВОНЕМ?
14. Вақте мо дар бораи мақсадҳоямон фикр мекунем, чиро бояд доимо дар хотир дорем?
14 Агар мо ҳозир аз таҳти дил ба Яҳува хизмат карда истода бошем, оё ин маънои онро дорад, ки дигар барои ба ӯ зиёдтар хизмат кардан кӯшиш накунем? Не, албатта. Мо бояд мақсадҳое гузорем, ки барои мавъизагар ва омӯзгори хубтар шудан ба мо кумак кунад ва ёрдамамон ба бародару хоҳарон бисёртар расад. Вақте мо бохирадона рафтор карда диққатро на ба худ, балки ба хизмати дигарон равона мекунем, муваффақият ба даст меорем (Пнм. 11:2; Кор. 20:35).
15. Гузоштани кадом мақсадҳо хурсандии шуморо зиёд мекунад?
15 Шумо чӣ гуна мақсадҳо гузошта метавонед? Аз Яҳува кумак пурсед, то бо ёрии ӯ фаҳмед, ки чӣ гуна мақсадҳоро гузошта метавонед (Пнм. 16:3; Яъқ. 1:5). Оё шумо ба яке аз мақсадҳое, ки дар аввали сархати ин мақола номбар шуданд, расида метавонед? Масалан, оё шумо пешрави ёвар ё пешрави доимӣ шуданӣ ҳастед ё ин ки дар хизмати Байт-Ил ё дар корҳоро сохтмони ташкилот иштирок карда метавонед? Ё шояд барои паҳн кардани хушхабар шумо имконият доред, ки забони навро омӯзед ё ҳатто ба дигар ҷо кӯчед? Дар бораи ин мақсадҳо шумо аз китоби «Созмоншудагон» (рус.), боби 10 ва аз пирони ҷамоататон фаҳмида метавонедd. Вақте шумо кӯшиш карда ба ин мақсадҳо мерасед, ба дигарон пешравии шумо маълум мешавад ва хурсандиатон зиёд мегардад.
16. Агар баъзе мақсадҳои дар боло номбаршуда айни ҳол бароятон дастнорас бошанд, шумо чӣ кор карда метавонед?
16 Вале айни ҳол агар ба мақсадҳое, ки дар боло номбар шуданд, расида натавонед-чӣ? Пас, кӯшиш кунед, то мақсаде монед, ки бароятон дастрас бошад. Биёед баъзе чунин мақсадҳоро дида бароем.
17. Мувофиқи 1 Тимотиюс 4:13, 15 чӣ ба бародар кумак мекунад, ки муаллими беҳтар шавад?
17 1 Тимотиюс 4:13, 15-ро хонед. Агар шумо бародари таъмидёфта бошед, метавонед маҳорати сухангӯйӣ ва таълимдиҳиатонро беҳтар гардонед. Чаро ин муҳим аст? Агар шумо бо хондан, сухан гуфтан ва таълим додан «андармон» бошед, ба шунавандагонатон бисёртар манфиат оварда метавонед. Мақсад гузоред, ки ҳар як маҳорати сухан гуфтанро, ки дар брошураи «Дар хониш ва таълим моҳир шавед» оварда шудааст, омӯхта ба кор баред. Ҳар як дарсро бо навбат омӯзед ва дар хона хуб машқ кунед. Сипас чизи омӯхтаатонро ҳангоми нутқ гуфтан ба кор баред. Аз бародари масъул ё пироне, ки «дар сухангӯйӣ ва таълим бисёр меҳнат мекунанд»e, маслиҳат пурсед (1 Тим. 5:17). Танҳо дар бораи ба кор бурдани маслиҳати дарс фикр накунед, балки ҳамчунин имони шунавандагонатонро мустаҳкам кунед ва онҳоро барои амал кардан барангезед. Ҳамин тавр шумо ҳам хурсандии худатонро зиёд мегардонед, ҳам хурсандии онҳоро.
18. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки дар хизмат ба мақсадҳоямон расем?
18 Ҳамаи мо вазифадорем, ки мавъиза кунем ва шогирд созем (Мат. 28:19, 20; Рум. 10:14). Оё шумо дар ин кори аз ҳама муҳим маҳорати худро сайқал додан мехоҳед? Брошураи «Хониш ва таълим»-ро омӯзед, сипас мақсадҳои аниқ гузоред, то ки чизҳои омӯхтаатонро ба кор баред. Шумо инчунин маслиҳатҳои иловагиро аз «Дафтари вохӯрии “Ҳаёт ва хизмати мо”» ва видеонаворҳои аз намунаҳо барои суҳбат, ки байни ҳафта нишон дода мешаванд, гирифта метавонед. Ҳар гуна маслиҳатҳои онро ба кор баред, то фаҳмед, ки кадомаш дар минтақаи шумо бештар мувофиқ аст. Вақте ин тавр мекунед, шумо мавъизагар ва омӯзгори беҳтар мешавад ва хурсандиатон зиёдтар мегардад (2 Тим. 4:5).
19. Чӣ тавр шумо хислатҳои ба Худо писандро инкишоф дода метавонед?
19 Шумо набояд фаромӯш кунед, ки яке аз мақсадҳои муҳимтарин ин инкишоф додани хислатҳое мебошанд, ки ба Худо маъқуланд (Ғал. 5:22, 23; Қӯл. 3:12; 2 Пет. 1:5–8). Чӣ тавр шумо ба ин мақсад расида метавонед? Фарз кардем шумо мехоҳед имонатонро мустаҳкам кунед. Нағз мебуд, ки барои ин мақолаҳои адабиётамонро, ки дар онҳо барои мустаҳкам кардани имон маслиҳатҳои хуб оварда шудаанд, хонед. Шумо ҳамчунин аз қисмҳои барномаи JW Бродкастинг мисоли баъзе бародару хоҳаронро, ки ҳангоми озмоишҳои гуногун имони қавӣ нишон доданд, тамошо карда метавонед. Баъд дида бароед, ки бо кадом роҳҳо ба имони онҳо пайравӣ кардан мумкин аст.
20. Барои хурсандии худро зиёд кардан ва ноумед нашудан мо чӣ кор карда метавонем?
20 Бешубҳа, ҳар яки мо мехоҳем, ки аз ҳозира дида ба Яҳува зиёдтар хизмат кунем. Дар дунёи нав ҳамаи мо имконият хоҳем дошт, ки ба ӯ пурра хизмат кунем. То омадани он вақт агар мо ҳама кори аз дастамон меомадаро кунем, шодии худро зиёд мегардонем ва ноумед намешавем. Аз ҳама муҳимаш, мо «Худои хушбахт»-амон Яҳуваро ҷалол медиҳем (1 Тим. 1:11). Барои ҳамин биёед аз корҳое, ки ба Яҳува карда метавонем, хурсандӣ гирем!
СУРУДИ 45 Шитобон рав ба пеш
a Мо Яҳуваро бениҳоят дӯст медорем ва барои ба ӯ хизмат кардан ба ҳама кор тайёрем. Барои ҳамин бисёри мо мехоҳем, ки ба ӯ зиёдтар хизмат кунем ва дар ҷамоат дар пайи ба даст овардани масъулиятҳои иловагӣ ҳастем. Вале нигоҳ накарда ба кӯшишу ғайратамон агар мо ба баъзе мақсадҳоямон расида натавонем-чӣ? Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки бо хизмати Яҳува банд бошему хурсандиамонро нигоҳ дорем? Ҷавоби ин саволҳоро мо аз мисоли Исо дар бораи талантҳо мефаҳмем.
b Баъзе номҳо иваз шудаанд.
c МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Талант, 20-сола музди кории коргари одӣ буд.
d Бародарони таъмидёфта даъват карда мешаванд, ки хизматгузор ва пири ҷамоат гарданд. Барои ба ин таъйинотҳо мувофиқат кардан ба бобҳои 5 ва 6-и китоби «Созмоншудагон» (рус.) нигаред.
e МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Бародари масъул пири таъйиншудае мебошад, ки ба хизматгузорон ва пирони ҷамоат дар мавриди баромадашон маслиҳатҳои даркорӣ медиҳад.
f ШАРҲИ РАСМ: Бародаре барои омӯзгори беҳтар шудан адабиётамонро тадқиқ мекунад.
g ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре мақсад мегузорад, ки ғайрирасмӣ шаҳодат медиҳад ва сипас ба пешхизмат корти сайтамонро пешниҳод мекунад.
h ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре мақсад мегузорад, ки саховатмандтар мешавад ва ба хоҳари дигар туҳфа дода, ӯро хурсанд мекунад.