1 Тимотиюс
5 Ба пирамард сахт гап назан,+ балки ба ӯ чун ба падар насиҳат деҳ. Ба ҷавонмардон бошад, чун ба бародар, 2 ба пиразанон чун ба модар ва ба ҷавонзанон чун ба хоҳар, бо дилу нияти пок, насиҳат деҳ.
3 Бевазанони бекасу муҳтоҷро эҳтиром кун*.+ 4 Вале, агар бевазан фарзанд ё набера дошта бошад, бигзор онҳо худотарсиро аввал дар оилаи худ нишон диҳанд+ ва қарзи фарзандиро дар пеши падару модар ва бобою бибӣ иҷро кунанд,+ зеро ин ба Худо писанд аст.+ 5 Бевазани бекасу муҳтоҷ ба Худо умед мебандад+ ва шабу рӯз дуову илтиҷо мекунад,+ 6 аммо бевазане, ки дар пайи айшу ишрат аст, зинда бошад ҳам, дар асл, мурда аст. 7 Пас, додани ин дастурҳоро давом деҳ, то онҳо беайбияшонро нигаҳ доранд. 8 Агар касе ба наздикони худ, махсусан ба аҳли оилааш, ғамхорӣ накунад, ӯ тарки имон кардааст ва аз беимон бадтар аст.+
9 Ба рӯйхат номи бевазанеро навис, ки синну солаш аз 60 кам набошад, бевазанеро, ки ба шавҳари худ вафодор* будааст, 10 бо корҳои некаш ном баровардааст,+ фарзандонашро хуб тарбия кардааст,+ меҳмоннавоз будааст,+ пойҳои поконро шустааст,+ ба ғамзадагон ёрӣ додааст+ ва кардани ҳар кори некро пешаи худ сохтааст.
11 Аммо номи бевазанони ҷавонро ба рӯйхат нанавис, зеро, вақте ҳавасҳои шаҳвонӣ онҳоро аз Масеҳ дур месозад, оиладор шудан мехоҳанд 12 ва, азбаски ба ваъдаи аввалаи* худ вафо накарданд, маҳкум мешаванд. 13 Ҳамзамон онҳо хона ба хона гашта, ба бекорагардӣ одат мекунанд ва на танҳо ба бекорагардӣ, балки ҳамчунин ба ғайбату дахолат ба корҳои дигарон+ ва гуфтани суханоне, ки набояд гӯянд. 14 Аз ин рӯ мехоҳам, ки бевазанони ҷавон шавҳар кунанд,+ фарзанддор шаванд+ ва бо корҳои рӯзгор машғул бошанд, то забони душмани бадгӯ кӯтаҳ бошад. 15 Охир, баъзеи ин занон аллакай аз роҳи имон гашта, аз пайи Шайтон рафтанд. 16 Агар зани имондоре хешованди бевазане дошта бошад, бигзор ба ӯ ёрӣ диҳад, то ба ҷамоат вазнинӣ накунад. Он гоҳ ҷамоат метавонад ба бевазанони бекасу муҳтоҷ ёрӣ расонад.+
17 Пироне, ки нағз назорат мекунанд,+ сазовори эҳтироми дучанданд,+ махсусан онҳое, ки дар сухангӯйӣ ва таълим бисёр меҳнат мекунанд,+ 18 зеро дар Навиштаҳо гуфта шудааст: «Даҳони буққаро ҳангоми хирман кӯфтанаш набанд»,+ ҳамчунин: «Коргар сазовори музди худ аст».+ 19 Бе тасдиқи ду ё се шоҳид айберо, ки бар зидди пири ҷамоат мегӯянд, қабул накун.+ 20 Онҳоеро, ки гуноҳ мекунанд,+ дар пеши ҳама сарзаниш кун,+ то ба дигарон дарс шавад*. 21 Туро дар пеши Худо, Исои Масеҳ ва фариштагони интихобшуда қасам медиҳам, ки дастуроти додаамро бе ягон бадгумонӣ ё рӯйбинӣ риоя кунӣ.+
22 Бар касе саросемавор даст нагузор*,+ ба гуноҳи дигарон шарик нашав, покдоман бимон.
23 Дигар об* нанӯш, балки барои меъдаат ва аз сабаби зуд-зуд нотоб шуданат каме шароб нӯш.
24 Гуноҳҳои баъзе касон ба ҳама маълуманду дарҳол сӯйи доварӣ мебаранд, лекин гуноҳҳои дигарон баъдтар маълум мешаванд.+ 25 Ба ин монанд, корҳои нек ба ҳама маълуманд,+ вале маълум набошанд ҳам, пинҳон монда наметавонанд.+