БОБИ 98
Расулон боз мансабталошӣ мекунанд
МАТТО 20:17–28 МАРҚӮС 10:32–45 ЛУҚО 18:31–34
ИСО БОРИ ДИГАР МАРГИ ХУДРО ПЕШГӮЙӢ МЕКУНАД
ИСО МЕХОҲАД МАЙЛИ МАНСАБТАЛОШИИ ШОГИРДОНРО РЕШАКАН КУНАД
Сафари Исо аз вилояти Перея ба тарафи ҷануб, ба Ерусалим, ба охир мерасад. Ӯву шогирдонаш ба он тарафи дарёи Урдун мегузаранд ва ба шаҳри Ериҳӯ наздик мешаванд. Дигарон низ ҳамроҳашон ба ҷашни иди Раҳоии соли 33-и милодӣ рафта истодаанд.
Исо аз шогирдонаш каме пештар роҳ рафта истодааст, ӯ мехоҳад ба иди Раҳоӣ сари вақт рафта расад. Шогирдонро тарс фаро гирифтааст. Чанде пеш, вақте Лаъзор мурд ва Исо аз Перея ба Яҳудия рафтанӣ буд, Тумо чунин гуфт: «Биёед мо ҳам равем, то бо ӯ бимирем» (Юҳанно 11:16, 47–53). Ҳоло ба Ерусалим рафтан хатарнок аст, барои ҳамин фаҳмост, ки барои чӣ шогирдон метарсанд.
Барои он ки расулонро ба воқеаҳои оянда тайёр кунад, Исо онҳоро як тараф мебарад ва мегӯяд: «Дар Ерусалим, ки мо ба он ҷо рафта истодаем, Писари одам ба дасти коҳинони калон ва шариатдонон супорида мешавад. Онҳо ӯро ба марг маҳкум мекунанд ва ба дасти халқҳои дигар месупоранд, он халқҳо бошанд, ӯро мазоҳу масхара менамоянд, бо қамчин мезананд ва дар сутун ба қатл мерасонанд, лекин ӯ дар рӯзи сеюм зинда мешавад» (Матто 20:18, 19).
Ин бори сеюм аст, ки Исо ба шогирдонаш дар бораи марг ва зиндашавиаш гап мезанад (Матто 16:21; 17:22, 23). Лекин ҳоло ӯ мегӯяд, ки ӯро дар сутун ба қатл мерасонанд. Шогирдон ӯро гӯш мекунанд, лекин ба суханонаш сарфаҳм намераванд. Шояд, онҳо гумон мекунанд, ки Исо дар Исроил подшоҳиро барқарор карда, подшоҳи он мешавад, онҳо бошанд, ҳамроҳаш ҳукмронӣ мекунанд ва шӯҳрату ҷалол меёбанд.
Модари Яъқуб ва Юҳанно (аз афташ, Салӯмит) низ ҳамроҳи онҳо ба Ерусалим сафар карда истодааст. Исо ин ду расулро барои бадҷаҳлиашон «писарони раъд» номида буд (Марқӯс 3:17; Луқо 9:54). Аллакай чанд вақт боз ин ду нафар ташнаи он буданд, ки дар Подшоҳии Масеҳ соҳиби мансабу мартаба мешаванд. Модарашон аз ин хабардор аст. Ҳоло Салӯмит пеши Исо меояд ва ба ӯ таъзим карда, чизе илтимос карданӣ мешавад. Исо мепурсад: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» Ӯ мегӯяд: «Илтимос, иҷозат деҳ, ки ин ду писарам дар Подшоҳии ту яке аз тарафи ростат ва дигаре аз тарафи чапат шинанд» (Матто 20:20, 21).
Дар асл, ин хоҳиши Яъқубу Юҳанно аст. Инро пай бурда Исо мегӯяд: «Шумо намефаҳмед, ки чиро хоҳиш карда истодаед. Оё аз пиёлае, ки ман хоҳам нӯшид, нӯшида метавонед?» Онҳо мегӯянд: «Метавонем» (Матто 20:22). Исо навакак ба шогирдонаш гуфт, ки ӯро шармандаву шармсор мекунанд ва ба қатл мерасонанд. Лекин онҳо намефаҳманд, ки ӯ «пиёлае, ки ман хоҳам нӯшид» гуфта, маҳз ҳамин азобу уқубатҳоро дар назар дорад.
Исо ба онҳо мегӯяд: «Аз пиёлаи ман, албатта, хоҳед нӯшид, аммо муайян кардани он ки дар тарафи рост ва чапи ман кӣ мешинад, дар ихтиёри ман нест. Ин ҷойҳо аз они касоне мебошанд, ки Падарам барояшон тайёр кардааст» (Матто 20:23).
Ин дархости Яъқубу Юҳанноро фаҳмида даҳ расули дигар дарғазаб мешаванд. Чанде пеш расулон дар бораи он ки кадоме аз онҳо бузургтар аст, баҳс карда буданд. Оё он вақт Яъқубу Юҳанно низ кушоду равшан мегуфтанд, ки онҳо аз дигарон бузургтаранд? (Луқо 9:46–48). Ҳар чи ҳам бошад, хоҳиши ин ду бародар нишон медиҳад, ки дувоздаҳ расули Исо маслиҳати ӯро ба кор набурданд. Исо ба онҳо гуфта буд, ки чун хурдтаринҳо рафтор кунанд, лекин ҳушу хаёли онҳо то ҳол ба ҷоҳу мансаб аст.
Исо мехоҳад ин душвориро ҳал кунад ва душманиеро, ки байни шогирдон пайдо шуд, бартараф созад. Барои ҳамин ӯ дувоздаҳ расулро ҷамъ мекунад ва бо меҳрубонӣ мегӯяд: «Шумо медонед, касоне, ки ҳокими халқҳо ҳисоб меёбанд, бар одамон ҳукмронӣ мекунанд ва онҳое, ки соҳибқудрат ҳастанд, бар дигарон фармонфармоӣ менамоянд. Вале дар байни шумо набояд чунин бошад. Ҳар кӣ дар байнатон бузург будан хоҳад, бояд хизматгори шумо шавад ва ҳар кӣ дар байни шумо аввалин будан хоҳад, бояд ғуломи ҳама шавад» (Марқӯс 10:42–44).
Шогирдон бояд ба кӣ пайравӣ кунанд? Ба худи Исо. Ӯ мегӯяд: «Писари одам низ на барои он омад, ки ба вай хизмат кунанд, балки, барои он ки ба дигарон хизмат кунад ва ҷони худро барои фидияи бисёр касон диҳад» (Матто 20:28). Тахминан се сол боз Исо ба дигарон хизмат карда истодааст. Каме пас ӯ ҳатто ҳаёти худро барои тамоми одамон қурбон мекунад! Шогирдонаш бояд фикрронии Масеҳро аз худ кунанд ва мисли ӯ рафтор намоянд. Онҳо набояд интизор шаванд, ки дигарон ба онҳо хизмат кунанд, балки бо омодагӣ ба дигарон хизмат кунанд. Онҳо набояд мансабталошӣ кунанд, балки худро аз дигарон хурд донанд.