ДАРСИ 16
Исо дар замин бо чӣ кор машғул буд?
Баъзе одамон Исои Масеҳро як тифлаки беозор тасаввур мекунанд, баъзеи дигар бошанд, ӯро пайғамбар ё одами бузург меҳисобанд. Вале, вақте мо дар бораи ҳаёти Исо бештар дониш мегирем, мефаҳмем, ки ӯ дар асл кӣ буд. Дар ин дарс мо дида мебароем, ки Исо кадом корҳои муҳимро карда буд ва мо аз ин чӣ меомӯзем.
1. Исои Масеҳ бо кадом кори муҳим банд буд?
Исо асосан бо паҳн кардани «хушхабари Подшоҳии Худо» банд буд. (Луқо 4:43-ро хонед.) Ӯ мегуфт, ки Худо подшоҳӣ, ё худ ҳукуматеро, барпо менамояд, ки тамоми мушкилиҳои одамизодро ҳал мекунадa. Исо ин хабари хушро тӯли сею ним сол бо ғайрати зиёд паҳн мекард (Матто 9:35).
2. Исо бо кадом мақсад муъҷиза мекард?
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «Худо ба воситаи Исо... корҳои бузург ва аломату муъҷизаҳо ба амал овард» (Корнома 2:22). Исо бо қудрати Худо қувваҳои табиатро идора мекард, ба ҳазорҳо одамон хӯрок медод, беморонро сиҳат менамуд ва мурдагонро зинда мекард (Матто 8:23–27; 14:15–21; Марқус 6:56; Луқо 7:11–17). Муъҷизаҳои Исо исбот карданд, ки ӯ фиристодаи Худо аст. Аз ин муъҷизаҳо инчунин маълум гашт, ки Худо барои ҳал кардани ҳамаи душвориҳоямон қудрат дорад.
3. Мо аз ҳаёти Исо чӣ меомӯзем?
Исо ҳама вақт ба Яҳува итоат мекард. (Юҳанно 8:29-ро хонед.) Ӯ новобаста ба зиддият то дами марг аз рӯйи гуфтаҳои Падараш амал менамуд. Исо исбот кард, ки инсон ҳатто дар вазъияти душвор ба Худо хизмат карда метавонад. Ҳамин тавр, Исо ба мо «намунаи ибрат гузошт, то аз пайи ӯ» равона шавем (1 Петрус 2:21).
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр Исо хушхабарро паҳн мекард ва муъҷиза ба амал меовард.
4. Исо хушхабарро ба ҳама нақл мекард
Исо садҳо километр роҳ рафта, ба одамони зиёд хушхабарро мерасонд. Луқо 8:1-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Оё Исо танҳо ба мардуме, ки наздаш ҷамъ меомаданд, хабари хушро мерасонд?
Исо барои ёфтани одамон чӣ кор мекард?
Худо пешгӯйӣ карда буд, ки Масеҳ ба одамон хушхабарро мерасонад. Ишаъё 61:1, 2-ро хонед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.
Чӣ тавр Исо ин пешгӯйиро иҷро кард?
Ба фикратон, одамон ба шунидани хабари хуш муҳтоҷанд?
5. Исо чизҳои муҳимро таълим медод
Исо, ғайр аз он ки дар бораи Подшоҳии Худо гап мезад, ба одамон панду насиҳате медод, ки зиндагиро беҳтар мекарданд. Биёед якчанд насиҳатро аз Суханронии болои кӯҳ дида бароем. Матто 6:14, 34 ва 7:12-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Мувофиқи ин оятҳо Исо чӣ маслиҳат дод?
Ба фикратон, ин маслиҳатҳо то ҳол фоиданоканд?
6. Исо муъҷиза мекард
Яҳува ба Исо қудрат дод, ки муъҷизаҳои бисёр ба амал орад. Марқус 5:25–34-ро хонед ё ВИДЕОРО тамошо кунед. Сипас саволҳоро дида бароед.
Зани бемор ба чӣ бовар дошт?
Дар ин муъҷиза ба шумо чӣ маъқул шуд?
Юҳанно 5:36-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Муъҷизаҳои Исо аз чӣ шаҳодат медоданд?
Оё шумо медонистед?
Аксар маълумоте, ки дар бораи Исо дорем, аз чор китоби Навиштаҳо — аз китобҳои Матто, Марқус, Луқо ва Юҳанно, гирифта шудааст. Дар ҳар кадоми ин китобҳо ҷузъиёти гуногуни ҳаёти Исо оварда шудааст. Ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ дар бораи ҳаёти Исо тасаввуроти пурра медиҳанд.
МАТТО
китобашро пеш аз дигарон навиштааст. Ин китоб таълимоти Исо, махсусан таълимот дар бораи Подшоҳии Худоро, дар бар мегирад.
МАРҚУС
дар бораи бисёр воқеаҳои шавқовар мухтасар навиштааст. Китоби Марқус дар байни ин чор китоб кӯтоҳтарин аст.
ЛУҚО
бисёртар ба он аҳамият додааст, ки то чӣ андоза дуо барои Исо муҳим буд ва ӯ ба занон чӣ тавр муносибат мекард.
ЮҲАННО
дар бораи суҳбатҳои Исо бо дӯстонаш ва дигарон навишта, диққатро бештар ба хислатҳои ӯ равона кардааст.
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Ҳазрати Исо пайғамбари одӣ аст, на Наҷотбахши одамизод».
Шумо чӣ фикр доред?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Исо дар бораи Подшоҳии Худо таълим медод. Ӯ инчунин муъҷизаҳо ба амал меовард ва дар ҳар вазъият ба Яҳува итоаткор буд.
Такрор
Исо дар замин асосан бо кадом кор банд буд?
Муъҷизаҳои Исо чиро исбот мекунанд?
Исо дар бораи чӣ таълим медод?
ДИДА БАРОЕД
Исо асосан дар бораи чӣ гап мезад?
«Чаро Подшоҳии Худо барои ҳазрати Исо муҳим аст?» («Бурҷи дидбонӣ», 1 октябри с. 2014)
Фаҳмед, ки чаро бовар дошта метавонем, ки Исо муъҷиза мекард.
«Аз муъҷизаҳои Исо чӣ меомӯзем?» («Бурҷи дидбонӣ», 15 июли с. 2004)
Фаҳмед, ки чӣ тавр фидокории Исо ба ҳаёти як мард таъсир кард.
«Ман танҳо барои худ мезистам» («Бурҷи дидбонӣ», 1 октябри с. 2014)
Воқеаҳои хизмати Исоро аз рӯйи тартиби ба амал омаданашон дида бароед.
«Рӯйдодҳои асосии зиндагонии заминии Исо» («Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав», Замимаи А7)
a Дар дарсҳои 31 то 33 дар бораи Подшоҳии Худо маълумоти бештар оварда шудааст.