БОБИ 100
Мисол дар бораи ҳазор тангаи нуқра
ИСО ДАР БОРАИ ҲАЗОР ТАНГАИ НУҚРА МИСОЛ МЕОРАД
Шояд, Исо ҳамроҳи шогирдон то ҳол дар хонаи Заккай аст. Шогирдон фикр мекунанд, ки ҳамин ки онҳо ба Ерусалим меоянд, ҳукмронии Исо дар «Подшоҳии Худо» сар мешавад (Луқо 19:11). Лекин ин гумони онҳо хато аст, ҳамон тавре онҳо дар бораи марги Исо фикри нодуруст доранд. Барои ҳамин Исо мисоле оварда, ба шогирдонаш мефаҳмонад, ки Подшоҳии Худо ба ин зудӣ намеояд.
Ӯ мегӯяд: «Марде аз хонадони шоҳ ба кишвари дурдасте сафар кард, то дар он ҷо подшоҳ таъйин гардида, сипас баргардад» (Луқо 19:12). Барои ба кишвари дурдаст сафар кардан вақти зиёд даркор аст. Равшан аст, ки «марде аз хонадони шоҳ» худи Исо аст. Ӯ ба «кишвари дурдасте», яъне ба осмон, меравад ва дар он ҷо Падар ӯро подшоҳ таъйин мекунад.
Баъд Исо нақл мекунад, ки пеш аз сафар он мард даҳ ғуломро ба наздаш даъват карда, ба ҳар кадомашон сад тангаи нуқра медиҳаду мегӯяд: «То вақти баргаштанам бо ин пулҳо харидуфурӯш карда фоида ба даст оред» (Луқо 19:13). Сад тангаи нуқра пули кам нест. Барои кор кардани ин маблағ деҳқон бояд аз се моҳ зиёд меҳнат кунад.
Шояд, шогирдон мефаҳманд, ки худи онҳо мисли он даҳ ғуломанд, чунки чанде пеш Исо онҳоро ба даравгарон монанд карда буд (Матто 9:35–38). Албатта, ӯ аз онҳо талаб накарда буд, ки ба маънои аслӣ дарав кунанду ҳосилашро биёранд. Не, ҳосиле, ки онҳо бояд ҷамъ оваранд, шогирдони дигаре мебошанд, ки ба Подшоҳии Худо дохил шуда метавонанд. Шогирдон вақту қувват ва ҳатто дороии худро истифода бурда ба шумораи ҳар чӣ бештари одамон ёрӣ медиҳанд, ки вориси ин Подшоҳӣ гарданд.
Исо нақлашро давом дода мегӯяд, ки аҳли он сарзамин аз он мард «нафрат доштанд ва аз паси ӯ сафиронро фиристода, гуфтанд: “Мо намехоҳем, ки ин мард подшоҳи мо шавад”» (Луқо 19:14). Шогирдон медонанд, ки яҳудиён Исоро қабул намекунанд ва баъзеашон ҳатто ӯро куштан мехоҳанд. Баъди марг ва ба осмон рафтани Исо бисёре аз яҳудиён шогирдонро таъқиб карда нишон медиҳанд, ки аз ӯ нафрат доранд. Аз рафтори ин яҳудиён маълум аст, ки онҳо намехоҳанд Исо подшоҳашон бошад (Юҳанно 19:15, 16; Аъмол 4:13–18; 5:40).
Лекин он даҳ ғулом то омадани хӯҷаинашон ҳазор тангаи гирифтаашонро чӣ хел истифода мебаранд? Исо нақл мекунад: «Вақте он мард подшоҳ таъйин шуд ва ниҳоят ба хона баргашт, ғуломонеро, ки ба онҳо пул дода буд, ба назди худ даъват кард, то фаҳмад, ки онҳо чӣ қадар фоида ба даст оварданд. Ғуломи якум пеш омада, гуфт: “Хӯҷаин, сад тангаи додаат даҳ баробар фоида овард”. Ӯ ба вай гуфт: “Офарин, эй ғуломи нек! Азбаски дар чизи хурд сазовори боварӣ буданатро нишон додӣ, туро бар даҳ шаҳр ҳоким таъйин мекунам”. Ғуломи дуюм омада, гуфт: “Хӯҷаин, сад тангаи додаат панҷ баробар фоида овард”. Ӯ ба ин ғулом гуфт: “Ту бар панҷ шаҳр ҳукмронӣ кун”» (Луқо 19:15–19).
Агар шогирдон мисли он ғуломон ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд ва барои тайёр кардани шогирдон ҳамаи имкониятҳоро истифода баранд, онҳо боварӣ дошта метавонанд, ки Исо аз онҳо розӣ мешавад ва онҳоро барои кӯшишу ғайрат ҳатман мукофот медиҳад. Албатта, вазъият, имконият ва қобилиятҳои шогирдон гуногун аст ва ҳамаи онҳо дар кори шогирдсозӣ як хел иштирок карда наметавонанд. Лекин Исо, ки подшоҳ таъйин мегардад, инро мефаҳмад ва кӯшишҳои шогирдони вафодорашро ҳатман баракат медиҳад (Матто 28:19, 20).
Исо нақлашро давом дода мегӯяд: «Вале ғуломи дигаре омада, гуфт: “Хӯҷаин, ана сад тангаи ту, ман онро ба матое печонида, пинҳон карда будам. Ман аз ту метарсидам, зеро ту одами сахтгир ҳастӣ; пулеро, ки насупоридаӣ, мегирӣ ва он чиро, ки накоштаӣ, медаравӣ”. Лекин ӯ ба вай гуфт: “Эй ғуломи бадкор, туро аз рӯйи суханони худат ҳукм мекунам. Охир, ту медонистӣ, ки ман одами сахтгирам, пулеро, ки насупоридаам, мегирам ва он чиро, ки накоштаам, медаравам. Пас, чаро пули маро ба кор наандохтӣ, то омада, онро бо фоидааш гирам?” Ва ӯ ба онҳое, ки дар наздаш истода буданд, гуфт: “Сад тангаи нуқраро аз ӯ гирифта, ба касе диҳед, ки даҳ баробар фоида овард”» (Луқо 19:20–24).
Баръакси ду ғуломи аввал ин ғулом ақаллан кӯшиш накард, ки ба хӯҷаинаш даромад орад ва ҳамин тавр сарвати подшоҳии ӯро зиёд гардонад. Барои ҳамин ҳатто пуле, ки дошт, аз вай гирифта шуд. Расулон дар Подшоҳии Худо ҳукмронӣ кардани Исоро интизоранд. Барои ҳамин вақте онҳо суханонеро, ки Исо дар бораи ғуломи охирин гуфт, мешунаванд, эҳтимол, мефаҳманд, ки агар боғайрат набошанд, ба Подшоҳии Худо роҳ намеёбанд.
Суханони Исо бояд шогирдонро барангезанд, ки боз ҳам бештар ҷидду ҷаҳд кунанд. Ӯ дар охир мегӯяд: «Ба шумо мегӯям, ки ҳар касе дорад, ба вай боз ҳам бештар дода мешавад, вале ҳар касе надорад, аз ӯ ҳатто он чизе, ки дорад, гирифта мешавад». Баъд ӯ илова мекунад, ки душманонаш, яъне касоне, ки бар онҳо подшоҳӣ карданашро намехоҳанд, несту нобуд мешаванд. Сипас Исо роҳи худро ба Ерусалим давом медиҳад (Луқо 19:26–28).