Луқо
19 Исо ба Ериҳӯ даромада, аз он мегузашт. 2 Дар он ҷо Заккай ном марди бое зиндагӣ мекард, ки сардори ҷамъоварони андоз буд. 3 Ӯ бисёр мехост, ки Исоро бубинад, аммо, азбаски мардум зиёд буду Заккай қади паст дошт, ӯро дида натавонист. 4 Барои ҳамин вай давида пеш гузашту ба дарахти тутанҷир баромад, то Исоро ҳангоми аз он ҷо гузаштанаш бубинад. 5 Вақте Исо ба он ҷо расид, боло нигоҳ карда, гуфт: «Заккай, зудтар фаро, ман имрӯз дар хонаи ту меистам». 6 Инро шунида Заккай саросемавор поён фаромад ва бо хурсандӣ Исоро ба хонааш бурда, меҳмондорӣ кард. 7 Ҳамаи онҳое, ки инро диданд, норозигӣ карда гуфтанд: «Ӯ дар хонаи одами гунаҳкор меҳмон шуд».+ 8 Вале Заккай бархоста, ба Ҳазрат гуфт: «Ҳазратам, нисфи дороии худро ба камбағалон медиҳам ва ҳар чиро, ки ноҳақ* аз одамон кашида гирифтаам, чор баробар зиёд бармегардонам».+ 9 Он гоҳ Исо ба ӯ гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омад, чунки ӯ ҳам писари Иброҳим аст. 10 Охир, Фарзанди одам барои пайдо кардан ва наҷот додани гумшудагон омадааст».+
11 Вақте шогирдон ба суханони Исо гӯш медоданд, ӯ мисоли дигаре овард, зеро онҳо гумон мекарданд, ки, ҳамин ки ба Ерусалим расанд, Подшоҳии Худо намоён мегардад.+ 12 Ӯ гуфт: «Марде аз хонадони шоҳ ба кишвари дурдасте сафар кард,+ то дар он ҷо подшоҳ таъйин шуда, баргардад. 13 Ӯ даҳ ғуломашро даъват кард ва ба онҳо 1000 тангаи нуқра* доду гуфт: “То вақти баргаштанам бо ин пулҳо харидуфурӯш карда фоида ба даст оред”.+ 14 Аҳли он сарзамин бошанд, аз ӯ нафрат доштанд ва аз паси ӯ сафиронро фиристода, гуфтанд: “Мо намехоҳем, ки ин мард подшоҳамон шавад”.
15 Вақте он мард подшоҳ таъйин шуд ва ниҳоят ба хона баргашт, ғуломонеро, ки ба онҳо пул дода буд, назди худ даъват кард, то фаҳмад, ки онҳо чӣ қадар фоида ба даст оварданд.+ 16 Ғуломи якум пеш омада, гуфт: “Хӯҷаин, 100 тангаи* додаат даҳ баробар фоида овард”.+ 17 Ӯ ба вай гуфт: “Офарин, эй ғуломи нек! Азбаски дар чизи хурд боваринок будӣ, туро бар даҳ шаҳр ҳоким мемонам”.+ 18 Ғуломи дуюм омада, гуфт: “Хӯҷаин, 100 тангаи* додаат панҷ баробар фоида овард”.+ 19 Ӯ ба ин ғулом гуфт: “Ту бар панҷ шаҳр ҳукмронӣ кун”. 20 Вале ғуломи дигаре омада, гуфт: “Хӯҷаин, ана 100 тангаи* ту, ман онро ба латта печонида, пинҳон карда будам. 21 Ман аз ту метарсидам, зеро ту одами сахтгир ҳастӣ, пулеро, ки насупоридаӣ, мегирӣ ва он чиро, ки накоштаӣ, медаравӣ”.+ 22 Хӯҷаинаш бошад, ба вай гуфт: “Эй ғуломи бадкор, туро аз рӯйи гапи худат ҳукм мекунам. Охир, ту медонистӣ, ки ман одами сахтгирам, пулеро, ки насупоридаам, мегирам ва он чиро, ки накоштаам, медаравам.+ 23 Пас, чаро пули маро ба кор наандохтӣ, то омада, онро бо фоидааш гирам?”
24 Сипас ӯ ба онҳое, ки дар наздаш истода буданд, гуфт: “Сад тангаи нуқраро* аз ӯ гирифта, ба касе диҳед, ки даҳ баробар фоида овард”.+ 25 Вале онҳо гуфтанд: “Хӯҷаин, охир, вай 1000 танга дорад-ку!” 26 Он гоҳ ӯ гуфт: “Ба шумо мегӯям, ки ҳар касе дорад, ба вай боз ҳам бештар дода мешавад, вале ҳар касе надорад, аз ӯ ҳатто он чизе, ки дорад, гирифта мешавад.+ 27 Душманонамро бошад, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ин ҷо биёред ва дар пеши чашми ман бикушед”».
28 Исо баъд аз гуфтани ин суханон сӯйи Ерусалим равона шуд. 29 Ҳангоме ки ӯ ба қишлоқҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки бар кӯҳи Зайтун+ ҷойгиранд, наздик мешуд, ду шогирдашро фиристода,+ 30 гуфт: «Ба ин қишлоқ, ки дар рӯ ба рӯйи шумост, дароед. Он ҷо харкурраи* бастаеро мебинед, ки ба он касе савор нашудааст. Бандро кушода, курраро ба ин ҷо биёред. 31 Вале, агар касе пурсад, ки “Чаро онро кушода истодаед?”, чунин ҷавоб диҳед: “Ин харкурра ба Ҳазрат даркор аст”». 32 Шогирдон рафта, онро, чунон ки Исо гуфта буд, ёфтанд.+ 33 Вақте ки курраро мекушоданд, соҳибонаш ба онҳо гуфтанд: «Чаро онро кушода истодаед?» 34 Онҳо ҷавоб доданд: «Ин харкурра ба Ҳазрат даркор аст». 35 Шогирдон онро гирифта, ба назди Исо оварданд. Сипас онҳо бар харкурра ҷомаҳояшонро гузошта, ӯро ба он савор карданд.+
36 Ҳангоме ки Исо ба харкурра савор шуда мерафт, одамон ҷомаҳои худро дар сари роҳаш пойандоз мекарданд.+ 37 Вақте ӯ ба роҳе, ки аз кӯҳи Зайтун поён мебурд, наздик шуд, тамоми шогирдон шодию хурсандӣ карданд ва Худоро барои ҳама муъҷизаҳои дидаашон бо овози баланд ҳамду сано хонда 38 гуфтанд: «Барака ёбад касе, ки чун подшоҳ ба номи Яҳува меояд! Осоиштагӣ дар осмон ва ҷалол дар арши аъло бод!»+ 39 Аммо баъзе фарисиён, ки дар байни мардум буданд, ба ӯ гуфтанд: «Эй Устод, ба шогирдонат фармон деҳ, ки хомӯш шаванд».+ 40 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки, агар онҳо хомӯш шаванд, ин сангҳо фарёд мезананд».
41 Вақте ки Исо ба Ерусалим наздик шуд, ба он назар карда, ба ҳолаш гиря кард+ 42 ва гуфт: «Кошки ту дар ин рӯз мефаҳмидӣ, ки чӣ бароят осоиштагӣ меорад... аммо ҳоло ин аз чашмони ту пинҳон аст.+ 43 Рӯзҳое ба сарат меоянд, ки душманони ту дар атрофат аз чӯбҳои нӯгтез девор сохта, туро иҳота мекунанд ва аз ҳар тараф ба танг меоранд.+ 44 Онҳо туро ба хок яксон карда, фарзандонатро несту нобуд месозанд+ ва дар ту санге бар санге намемонанд,+ зеро вақти доварӣ* шуданатро нафаҳмидӣ».
45 Исо ба ибодатгоҳ даромада, онҳоеро, ки харидуфурӯш мекарданд, пеш кард+ 46 ва гуфт: «Навишта шудааст: “Хонаи ман хонаи дуо номида мешавад”.+ Шумо бошед, онро ба макони ғоратгарон табдил додаед».+
47 Ӯ ҳар рӯз дар ибодатгоҳ таълим медод. Коҳинони калон, шариатдонон ва шахсони соҳибмартаба барои куштани ӯ фурсати муносиб мекофтанд,+ 48 вале илоҷи ин корро намеёфтанд, зеро мардум аз ӯ дур нашуда, суханонашро гӯш мекарданд.+