Ба Яҳува гузоред, ки шуморо ба озодии ҳақиқӣ роҳнамоӣ кунад
«Ба шариати комил, ба шариати озодӣ диққат [кунед]» (ЯЪҚ. 1:25).
ОЁ ШУМО ҶАВОБ ДОДА МЕТАВОНЕД?
Кадом қонун сӯи озодӣ роҳнамоӣ мекунад ва кӣ аз он манфиат мебарад?
Калиди озодии ҳақиқӣ чист?
Ҳамаи онҳоеро, ки дар роҳи ҳаёт мемонанд, кадом озодӣ интизор аст?
1, 2. а) Бо озодии ин ҷаҳон чӣ рӯй дода истодааст ва чаро? б) Хизматгорони Яҳуваро дар пеш чӣ гуна озодӣ интизор аст?
МО ДАР замоне зиндагӣ мекунем, ки чашмгуруснагӣ, беқонунӣ ва зӯроварӣ торафт афзуда истодааст (2 Тим. 3:1–5). Барои ҳамин, давлатдорон қонунҳои бештар мебароранд, қувваҳои полисро пурзӯр мегардонанд ва барои назорат кардани рафтори одамон камераҳои назоратӣ мешинонанд. Дар баъзе давлатҳо шаҳрвандони алоҳида барои муҳофизати худ мекӯшанд, ки дар хонаҳояшон воситаҳои бонгсадо (сигнализатсия) ва қулфҳои иловагӣ шинонанд ва ҳатто дар деворҳои хонаашон симҳои токи электрикӣ дошта мегузаронанд. Бисёриҳо шабона ба кӯча баромаданро хатарнок меҳисобанд ва намегузоранд, ки фарзандонашон дар кӯча танҳо бозӣ кунанд. Равшан аст, ки озодии одамон торафт кам шуда истодааст ва эҳтимол аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд.
2 Дар боғи Адан Шайтон арз кард, ки калиди озодии ҳақиқӣ — ин мустақилият аз Яҳува аст. Чӣ дурӯғи бадқасдона ва даҳшатноке буд ин! Дар ҳақиқат, чӣ қадаре ки одамон меъёрҳои ахлоқиву рӯҳонии Худоро поймол кунанд, ин ҳамон қадар бештар ба кулли ҷамъият зарар меорад. Ин вазъияти бадшудаистода ҳамчунин ба мо, хизматгорони Яҳува, таъсир мекунад. Бо вуҷуди ин, мо умед дорем, ки инсоният рӯзе аз бандагии гуноҳ ва фано озод мешавад ва ба «озодии ҷалоли фарзандони Худо» мерасад (Рум. 8:21). Дар асл, Яҳува аллакай хизматгоронашро ба ин озодӣ тайёр карда истодааст. Чӣ тавр?
3. Яҳува ба хизматгоронаш кадом қонунро додааст ва кадом саволҳоро мо дида мебароем?
3 Барои моро ба озодии оянда тайёр кардан, Яҳува бароямон чизеро фароҳам овардааст, ки Яъқуби шогирд онро «шариати комил... шариати озодӣ» номидааст. (Яъқуб 1:25–ро бихонед.) Дар тарҷумаҳои дигари Китоби Муқаддас ин ибора чун «қонуни комили озодӣ» («Тарҷумаи тафсирии форсӣ») ва «қонуне, ки моро озод мекунад» («The New English Bible») омадааст. Вақте ки гап дар бораи қонун меравад, одамон дар бораи чизҳои манъшуда фикр мекунанд, на дар бораи доштани озодӣ. Пас, «шариати комил... шариати озодӣ» чист? Ва чӣ тавр он шариат, яъне он қонун моро озод мекунад?
ҚОНУНЕ, КИ МОРО ОЗОД МЕКУНАД
4. «Шариати комил»–и озодӣ чист ва кӣ аз он манфиат мегиранд?
4 «Шариати комил»–и озодӣ ин Қонуни Мусо нест, зеро он қонун барои он дода шуда буд, ки гунаҳкор будани исроилиёнро нишон медод ва бо омадани Масеҳ вазифааш ба охир расид (Мат. 5:17; Ғал. 3:19). Пас, Яъқуб ба кадом қонун ишора мекард? Вай «шариати Масеҳ»–ро дар назар дошт, ки он ҳамчунин «шариати имон» номида шудааст (Ғал. 6:2; Рум. 3:27). Аз ин рӯ, «шариати комил» ҳамаи он чизҳоеро, ки Яҳува аз мо талаб мекунад, дар бар мегирад. Ҳам масеҳиёни тадҳиншуда ва ҳам «гӯсфандони дигар» аз он манфиат мегиранд (Юҳ. 10:16).
5. Чаро риояи қонуни озодӣ гарон нест?
5 Баръакси қонунҳои бисёр давлатҳо, «қонуни комил» душворфаҳм ва гарон нест, балки он аз аҳкомҳои оддию фаҳмо ва принсипҳои асосӣ иборат аст (1 Юҳ. 5:3). «Юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст»,— гуфт Исо (Мат. 11:29, 30). Илова бар ин, «шариати комил» рӯйхати дурударози ҷазоҳову ҷаримаҳоро дар бар намегирад, зеро он бар муҳаббат асос ёфтааст ва дар ақлҳову дилҳо навишта шудааст, на дар лавҳаҳои сангин. (Ибриён 8:6, 10–ро бихонед.)
ЧӢ ТАВР «ШАРИАТИ КОМИЛ» МОРО ОЗОД МЕКУНАД?
6, 7. Дар бораи меъёрҳои Яҳува чӣ гуфтан мумкин аст ва чаро қонуни озодӣ моро озод мекунад?
6 Меъёрҳое, ки Яҳува барои офаридаҳои боақлаш муқаррар менамояд, барояшон фоиданоканд ва онҳоро муҳофизат мекунанд. Масалан, дар бораи қонунҳои табиат, ба монанди қонуни ҷозиба ва ивазшавии шабу рӯз фикр кунед. Одамон шикоят намекунанд, ки ин қонунҳо онҳоро маҳдуд мекунанд. Баръакс, онҳо ин чизҳоро қадр мекунанд ва дарк менамоянд, ки қонунҳои табиат барои беҳбудии онҳо даркоранд. Ба ҳамин монанд, меъёрҳои ахлоқиву рӯҳонии Яҳува, ки дар «қонуни комил»–и Масеҳ акс ёфтаанд, бар фоидаи одамон мебошанд.
7 Ғайр аз муҳофизат кардани мо, қонуни озодӣ инчунин ба мо имконият медиҳад, ки ҳамаи хоҳишҳои дурусти худро қонеъ кунем ва на ба худамон зарар расонему на ҳуқуқу озодии дигаронро поймол кунем. Озодӣ — ин иҷро карда тавонистани хоҳишҳои худ аст. Пас, калиди озодии ҳақиқӣ — ин доштани хоҳишҳои дуруст аст, хоҳишҳое, ки бо шахсияти Яҳува ва меъёрҳояш мувофиқ мебошанд. Дигар хел карда гӯем, мо бояд дӯст доштани он чизеро, ки Яҳува дӯст медорад ва нафрат аз он чизеро, ки Ӯ бад мебинад, ёд гирем. Барои ин ба мо қонуни озодӣ ёрдам мекунад (Омӯс 5:15).
8, 9. Онҳое, ки қонуни озодиро риоя мекунанд, чӣ манфиат ба даст меоранд? Мисол оред.
8 Азбаски мо нокомилем, мо бояд барои ба хоҳишҳои нодуруст роҳ надодан мубориза барем. Бо вуҷуди ин, агар қонуни озодиро содиқона риоя кунем, мо ҳатто ҳозир ба андозае озодӣ дошта метавонем. Мисоле меорем. Омӯзандаи нави Китоби Муқаддас, ки Ҷей ном дошт, ба сигоркашӣ сахт одат карда буд. Вақте вай фаҳмид, ки ин кораш ба Худо маъқул нест, дарк кард, ки бояд қарор қабул кунад: ба хоҳиши ҷисм итоат карданро давом диҳад ё ба Яҳува итоат кунад? Бохирадона амал карда, вай ба Худо хизмат карданро интихоб кард, ҳарчанд ҷисмаш ташнаи маводи никотин буд. Баъди бар ин одат ғолиб омадан вай чӣ ҳис кард? «Ман як озодии калоне ба даст овардам ва хеле хушбахт будам»,— гуфт ӯ баъдтар.
9 Ҷей аз таҷрибаи худ фаҳмид, ки озодие, ки ин ҷаҳон пешниҳод мекунад, одамонро ба иҷро кардани «фикрҳои ҷисмонӣ» водор карда, дар асл онҳоро ғулом мекунад. Вале озодии Яҳува, яъне зиндагӣ зери роҳбарии рӯҳулқудси Ӯ, моро озод мекунад ва сӯи «ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ» мебарад (Рум. 8:5, 6). Ҷей бо кадом қувват аз ғуломии одати худ озод шуд? Ӯ на бо қуввати худ, балки бо қуввати Худо инро карда тавонист. Вай гуфт: «Ман мунтазам Китоби Муқаддасро омӯзиш мекардам, дар бораи рӯҳулқудс дуо мегуфтам ва аз кӯмаки меҳрубононае, ки дар ҷамъомад бароям дастрас буд, истифода мебурдам». Ин чизҳо ба ҳар яки мо низ дар ҷустуҷӯи озодии ҳақиқӣ ёрдам карда метавонанд. Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр.
БА КАЛОМИ ХУДО ДИҚҚАТ КУНЕД
10. Ба қонуни Худо «диққат» кардан чӣ маъно дорад?
10 Дар Яъқуб 1:25 гуфта шудааст: «Касе ки ба шариати комил, ба шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад... хушо он кас дар амали худ». Калимаи аслии юноние, ки ин ҷо «диққат» тарҷума шудааст, маънои «хам шуда аз наздик нигоҳ кардан»–ро дорад. Ин ба кӯшишу ҳаракати шахс ишора мекунад. Бале, агар мо хоҳем, ки қонуни озодӣ ба ақлу дили мо таъсир кунад, мо бояд аз тарафи худ кӯшиш кунем, яъне Китоби Муқаддасро боғайратона омӯзем ва оиди чизҳои хондаамон бо дуо мулоҳиза ронем (1 Тим. 4:15).
11, 12. а) Чӣ тавр Исо қайд кард, ки мо бояд ҳақиқатро роҳи ҳаёти худ созем? б) Чӣ тавре ки мисоли болоӣ нишон медиҳад, ҷавонон хусусан аз кадом чизи хатарнок бояд канорагирӣ кунанд?
11 Ҳамзамон, мо бояд Каломи Худоро «устувор»–она ба кор барем ва ҳамин тавр ҳақиқатро роҳи ҳаёти худ созем. Исо фикри ба ин монандро изҳор карда, ба баъзе шахсони ба ӯ имоноварда гуфт: «Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд, ва ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳ. 8:31, 32). Дар як маълумотнома гуфта мешавад, ки ин ҷо калимаи «шинохтан» ҳамчунин ба миннатдор будани шахс ишора мекунад, зеро «он чизе, ки ӯ “мешиносад” барояш пурарзиш ва муҳим аст». Яъне, мо ҳақиқатро ба андозаи пурра ҳамон вақт хоҳем «шинохт», ки агар онро роҳи ҳаёти худ созем. Он гоҳ, мо барҳақ гуфта метавонем, ки «каломи Худо» дар мо «амал мекунад». Чӣ тавр? Он шахсияти моро дигар мекунад, то мо боз ҳам бештар ба Падари осмониамон пайравӣ кунем (1 Тас. 2:13).
12 Аз худ бипурсед: «Оё ман дар асл ҳақиқатро мешиносам? Оё ман онро роҳи ҳаёти худ сохтаам? Ё то ҳол дили ман ба баъзе намудҳои “озодии” ин ҷаҳон кашол аст?» Як хоҳар, ки дар оилаи масеҳӣ ба воя расида буд, солҳои навҷавонии худро ба ёд оварда навишт: «Вақте ки касе дар ҳақиқат тарбия меёбад, Яҳува гӯё барои вай як шахси муқаррарӣ мешавад. Масалан, ҳарчанд ман ба Яҳува бовар мекардам, дар асл ман ҳеҷ гоҳ вайро нашинохта будам. Ман аз чизе, ки Ӯ бад мебинад, нафрат намекардам. Ва ман пурра боварӣ надоштам, ки он чизе, ки мекунам, барои Ӯ аҳамият дорад. Ман ҳеҷ гоҳ дар вақти ба мушкилӣ дучор шуданам ба Ӯ муроҷиат намекардам. Ман ба фаҳмиши худам такя мекардам, ки ин ҳозир ба ман беақлӣ метобад, чунки ман ҳеҷ чизро намедонистам». Хушбахтона, он хоҳар баъдтар дарк кард, ки тарзи фикррониаш хеле нодуруст аст ва ба ҳаёташ баъзе дигаргуниҳои калон даровард. Вай ҳатто чун пешрави доимӣ хизмат карданро сар кард.
РӮҲУЛҚУДС ЁРДАМ МЕДИҲАД, КИ ОЗОД ШАВЕД
13. Чӣ тавр рӯҳи Худо ба мо барои озод будан ёрдам медиҳад?
13 Дар 2 Қӯринтиён 3:17 мо мехонем: «Ҳар куҷо Рӯҳи Худованд аст, он ҷо озодист». Чӣ тавр рӯҳулқудс дар озодии мо нақш мебозад? Дар қатори дигар чизҳо, он рӯҳ дар мо хислатҳоеро ба вуҷуд меорад, ки барои озод будан даркоранд. Онҳо «муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ» мебошанд (Ғал. 5:22, 23). Бе ин хислатҳо, хусусан бе муҳаббат ягон ҷамъият дар ҳақиқат озод буда наметавонад ва мо инро аз ҷаҳони имрӯза равшан мебинем. Ҷолиби диққат аст, ки баъди номбар кардани хусусиятҳои самари рӯҳ, Павлуси ҳавворӣ илова кард: «Ба инҳо шариат муқобил нест». Вай чиро дар назар дошт? Ягон қонуне нест, ки инкишоф додани самари рӯҳи Худоро маҳдуд кунад (Ғал. 5:18). Охир, вуҷуд доштани чунин қонун бемазмун мебуд! Ин иродаи Яҳува аст, ки мо чунин хислатҳоро абадӣ инкишоф диҳем ва бемаҳдуд зоҳир кунем.
14. Бо кадом роҳҳо рӯҳи ин ҷаҳон одамонро ғулом мегардонад?
14 Онҳое, ки ба таъсири рӯҳи ин ҷаҳон дода шудаанд ва ҳавасҳои ҷисмашонро қонеъ мекунанд шояд худро одамони озод фикр кунанд. (2 Петрус 2:18, 19–ро бихонед.) Лекин дар асл бошад, тамоман баръакс аст. Барои идора кардани нафсу хоҳишҳо ва рафтори зараровари онҳо ба давлатдорон лозим аст, ки як дунё қоидаву қонун бароранд. «Шариат на барои одил дар миён гузошта шудааст, балки барои шарирон ва беитоатон» — мегӯяд Павлус (1 Тим. 1:9, 10). Он шахсон ҳамчунин ғуломони гуноҳанд, чунки «аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ», ки оғои бераҳм аст, зиндагӣ мекунанд (Эфс. 2:1–3). Аз як ҷиҳат, чунин шахсон ба ҳашаротҳое монанданд, ки сӯи косаи асал мехазанд. Аз паи қонеъ кардани нафси худ гашта, онҳо дере нагузашта худро ба дом меафтонанд (Яъқ. 1:14, 15).
ДАР ҶАМЪОМАД ОЗОД ШУДЕД
15, 16. Қисми ҷамъомад будани шумо то чӣ андоз муҳим аст ва дар он ҷо шумо аз кадом озодӣ баҳра мебаред?
15 Вақте ки шумо ба ҷамъомади масеҳӣ омадед, шумо барои ба он аъзо шудан ягон имтиҳон насупурдед, балки худи Яҳува шуморо ба ҷамъомадаш ҷалб кард (Юҳ. 6:44). Чаро Худо шуморо интихоб кард? Оё Ӯ дар шумо шахси одилу беайберо дид? «Не албатта!» — шояд гӯед шумо. Пас, Худо дар шумо чиро дид? Ӯ дилеро дид, ки ба қабул кардани қонуни озодии Ӯ тайёр аст — диле, ки роҳнамоии меҳрубононаи Ӯро қабул карда метавонад. Ва Ӯ ба воситаи ташкилоташ дили рамзии шуморо боз беҳтар мегардонад. Чӣ тавр? Ӯ ба шумо ғизои рӯҳонӣ медиҳад, шуморо аз дурӯғҳои динӣ ва хурофотпарастӣ озод мекунад ва инкишоф додани хислатҳои масеҳиро ёд медиҳад. (Эфсӯсиён 4:22–24-ро бихонед.) Дар натиҷа, шумо имконияти беҳамто пайдо мекунед, ки дар байни ягона халқе бошед, ки барҳақ худро «касони озод» меноманд (1 Пет. 2:16).
16 Дар бораи ин чиз фикр кунед: вақте ки шумо дар иҳотаи шахсоне, ки Яҳуваро аз таҳти дил дӯст медоранд, қарор доред, оё шумо тарс ҳис мекунед? Оё шумо ҳар гоҳ бо қирраи чашм ба қафо менигаред? Ҳангоми дар Толори Салтанат бо бародар ё хоҳар муошират кардан, оё шумо сумкаатонро маҳкам дар даст медоред, то онро ягон кас нагирад? Албатта не! Шумо он ҷо худро орому озод ҳис мекунед. Оё дар ягон ҷои дигари ҷамъиятӣ, масалан дар консерт ё театр ин хел буда метавонад? Не, албатта! Беш аз ин, озодие, ки ҳоло дар байни халқи Худо ҳаст, фақат як қисми он озодиест, ки дар оянда моро интизор аст.
«ОЗОДИИ ҶАЛОЛИ ФАРЗАНДОНИ ХУДО»
17. Чӣ тавр озодии инсоният бо «зуҳури фарзандони Худо» алоқаманд аст?
17 Дар вақти муҳокима кардани он озодие, ки Яҳува ба ходимони заминиаш доданӣ аст, Павлус навишт: «Махлуқот бо умед ба зуҳури фарзандони Худо мунтазир аст». Сипас, ӯ илова кард: «Худи махлуқот ҳам аз бандагии фано халосӣ ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд» (Рум. 8:19–21). «Махлуқот» гуфта инсонияти умеди заминӣ дошта дар назар дошта шудааст — онҳое, ки аз зуҳури фарзандони бо рӯҳ тадҳинёфтаи Худо баракат хоҳанд ёфт. Он зуҳур вақте сар мешавад, ки ин «фарзандон»–и Худо дар осмон эҳё шуда ҳамроҳи Масеҳ заминро аз бадӣ пок месозанд ва «анбӯҳи бузург»–ро ба дунёи нав роҳнамоӣ мекунанд (Ваҳй 7:9, 14).
18. Чӣ тавр инсонияти итоаткор торафт бештар ба озодӣ мерасад ва оқибат аз кадом озодӣ баҳра мебарад?
18 Одамон дар Биҳишт аз озодии тамоман нав баҳраманд хоҳанд шуд. Онҳо аз таъсири Шайтон ва девҳои вай озод мешаванд (Ваҳй 20:1–3). Ин чӣ сабукие хоҳад буд! Сипас, 144 000 нафар, ки ҳамроҳи Масеҳ чун коҳинону подшоҳон хизмат мекунанд, баҳои қурбонии фидияро истифода бурда, оҳиста–оҳиста инсониятро аз гуноҳ ва нокомилӣ пурра озод мекунанд (Ваҳй 5:9, 10). Аз озмоиши имон гузашта, инсонияти итоаткор оқибат озодии комилеро, ки Яҳува аз аввал барои онҳо ният карда буд, соҳиб мешаванд ва «ба озодии ҷалоли фарзандони Худо» мерасанд. Танҳо дар ин бора фикр кунед! Ба шумо иҷрои он чизе, ки дар чашми Худо дуруст аст, дигар душвор нахоҳад буд, зеро он гоҳ бадани шумо, дили шумо ва ақли шумо комил мешавад ва шумо метавонед ба хислатҳои Худо ба таври комил пайравӣ кунед.
19. Барои ба «озодии ҷалоли фарзандони Худо» соҳиб шудан, мо минбаъд низ бояд чиро давом диҳем?
19 Оё шумо ташнаи «озодии ҷалоли фарзандони Худо» ҳастед? Агар ҳа, гузоред, ки «шариати комил»–и озодӣ минбаъд низ ба ақлу дили шумо таъсир кунад. Навиштаҳоро бодиққат ва мунтазам омӯзиш кунед. Бо роҳи ҳақиқат зиндагӣ карда онро роҳи ҳаёти худ созед. Дар бораи рӯҳулқудс дуо гӯед. Аз вохӯриҳои ҷамъомад ва ғизои рӯҳоние, ки Яҳува медиҳад, пурра манфиат гиред. Ба Шайтон нагузоред, ки чун дар мавриди Ҳавво, шуморо фиреб дода ба чунин фикр барангезад, ки гӯё роҳҳои Худо аз ҳад маҳдудкунандаанд. Рост аст, ки Иблис хеле маккорона амал карда метавонад. Вале мо метавонем бар вай ғолиб оем, «зеро ки аз дасисаҳои вай бехабар нестем» (2 Қӯр. 2:11). Дар бораи ин аз мақолаи навбатӣ бештар хоҳем фаҳмид.
[Тасвир дар саҳифаи 5]
Оё то ҳол дили ман ба баъзе намудҳои «озодии» ин ҷаҳон сахт кашол аст?
[Тасвир дар саҳифаи 5]
Оё ман ҳақиқатро роҳи ҳаёти худ сохтаам?