БОБИ 68
Писари Худо «нури ҷаҳон» аст
ИСО МЕФАҲМОНАД, КИ ПИСАР КИСТ
ЯҲУДИЁН ҒУЛОМИ КИСТАНД?
Дар рӯзи охири иди Хаймаҳо, яъне рӯзи ҳафтум, Исо дар он қисми маъбад, ки «зарфҳои хайриякунӣ» меистанд, таълим медиҳад (Юҳанно 8:20; Луқо 21:1). Аз афташ, он дар саҳни занон ҷойгир аст.
Дар рӯзҳои ид шабона ин қисми маъбад ба таври махсус равшан карда мешавад. Дар он ҷо чор чароғпояи калон мегузоранд, ки ҳар яки он чор чароғдони пур аз равған дорад. Равшании ин чароғҳо чунон баланд аст, ки аз масофаи дур онро дидан мумкин аст.
Чизе, ки Исо ҳозир мегӯяд, ба шунавандагонаш ин манзараро хотиррасон мекунад:
— Ман нури ҷаҳон ҳастам. Ҳар касе, ки маро пайравӣ мекунад, ҳаргиз дар торикӣ роҳ нахоҳад рафт, балки соҳиби нури ҳаёт хоҳад гашт (Юҳанно 8:12).
Он гоҳ фарисиён ба Исо мегӯянд:
— Ту худат дар бораат шаҳодат медиҳӣ, бинобар ин шаҳодати ту сазовори боварӣ нест.
— Гарчанде ман худам дар бораам шаҳодат медиҳам, шаҳодати ман боваринок аст, зеро медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам. Вале шумо намедонед, ки ман аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам,— мегӯяд Исо ва илова мекунад: — Дар Шариати шумо низ навишта шудааст: «Шаҳодати ду нафар сазовори боварист». Ман дар бораи худ шаҳодат медиҳам ва Падар низ, ки маро фиристодааст, дар бораи ман шаҳодат медиҳад (Юҳанно 8:13–18).
Аммо фарисиён паст наомада мегӯянд:
— Падари ту куҷост?
— Шумо на маро мешиносед ва на Падарамро. Агар шумо маро мешинохтед, Падарамро низ мешинохтед,— мегӯяд Исо (Юҳанно 8:19). Ҳарчанд фарисиён Исоро дастгир кардан мехоҳанд, ҳеҷ кас ба ӯ даст намерасонад.
Исо боз ба онҳо мегӯяд:
— Ман меравам ва шумо маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, вале бо вуҷуди ин дар гуноҳи худ хоҳед мурд. Ба он ҷое, ки ман меравам, шумо рафта наметавонед.
Яҳудиён суханони ӯро нодуруст мефаҳманд ва мегӯянд:
— Магар ӯ худро куштанӣ аст ки, мегӯяд: «Ба он ҷое, ки ман меравам, шумо рафта наметавонед»?
Онҳо намедонанд, ки ӯ аз куҷо омадааст, барои ҳамин ба маънои суханонаш сарфаҳм намераванд.
— Шумо аз поёнед, ман бошам, аз боло,— мефаҳмонад ӯ.— Шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, вале ман аз ин ҷаҳон нестам (Юҳанно 8:21–23).
Исо гуфтанист, ки пеш аз таваллудаш дар осмон буд ва ҳамон Масеҳи ваъдашудаест, ки сарварони дин бояд ӯро интизор мешуданд.
Лекин фарисиён бо қаҳру ғазаби бештар мегӯянд:
— Ту кистӣ? (Юҳанно 8:25).
Азбаски яҳудиён Исоро рад мекунанд ва ба ӯ муқобил мебароянд, ӯ ба онҳо мегӯяд:
— Чаро ман беҳуда бо шумо гап зада истодаам?
Баъд ӯ дар бораи Падараш гап мезанад ва мефаҳмонад, ки барои чӣ яҳудиён бояд Писарро гӯш кунанд:
— Ман ба ҷаҳон суханонеро мегӯям, ки аз Фиристандаи худ шунидаам, ва суханони Ӯ ҳаққанд (Юҳанно 8:25, 26).
Баръакси ин яҳудиён Исо аз Падараш дилпур аст, барои ҳамин мегӯяд:
— Пас аз он ки шумо Писари одамро боло мебардоред, хоҳед фаҳмид, ки ман ҳамоне ҳастам, ки ба шумо гуфтам, ва ҳеҷ кореро аз пеши худ намекунам, балки он чиро, ки Падар ба ман таълим додааст, ҳамонро мегӯям. Фиристандаи ман бо ман аст; Ӯ маро танҳо нагузоштааст, зеро ман ҳамеша корҳоеро ба ҷо меорам, ки ба Ӯ маъқуланд (Юҳанно 8:28, 29).
Лекин баъзе яҳудиён ба Исо имон доранд ва ӯ ба онҳо мегӯяд:
— Агар ҳамеша аз рӯйи суханони ман рафтор кунед, пас, дар ҳақиқат шогирдони ман ҳастед. Шумо ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард (Юҳанно 8:31, 32).
Барои баъзеҳо суханони Исо дар бораи озод шудан бегонаанд.
— Мо насли Иброҳим ҳастем,— мегӯянд онҳо,— ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем. Пас, чӣ тавр ту мегӯӣ, ки «озод хоҳед шуд»?
Яҳудиён медонанд, ки вақт аз вақт халқҳои бегона бар онҳо ҳукмфармоӣ мекарданд, лекин онҳо худро ғулом намеҳисобанд. Исо бошад, қайд мекунад, ки онҳо то ҳол ғуломанд:
— Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар касе, ки гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст (Юҳанно 8:33, 34).
Онҳо ба гардан намегиранд, ки ғуломи гуноҳанд ва ин худбоварии онҳо оқибати нохуш дорад.
— Ғулом як умр дар хонаи хӯҷаин намемонад,— мефаҳмонад Исо,— вале писар ҳамеша дар хонаи падари худ мемонад (Юҳанно 8:35).
Ғулом ба гирифтани мерос ҳақ надорад ва соҳибонаш кадом вақте, ки хоҳанд, ӯро аз хона пеш карда метавонанд. Фақат писар ё писархонд метавонад як умр дар хонаи падар зиндагӣ кунад.
Пас, вақте Исо «ростӣ шуморо озод хоҳад кард» гуфт, ӯ дар назар дошт, ки ҳақиқат дар бораи Писар ба таври ҳамешагӣ одамонро аз банди гуноҳу марг озод мекунад.
— Агар Писар шуморо озод кунад, дар ҳақиқат озод хоҳед буд,— мегӯяд Исо (Юҳанно 8:36).