Юҳанно
8 12 Исо боз ба мардум рӯ оварда гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам.+ Ҳар касе маро пайравӣ кунад, ҳаргиз дар торикӣ роҳ намеравад, балки соҳиби нури ҳаёт мешавад».+ 13 Он гоҳ фарисиён ба ӯ гуфтанд: «Ту худат дар бораи худат шаҳодат медиҳӣ, бинобар ин шаҳодати ту рост нест». 14 Исо дар ҷавоб гуфт: «Гарчанде ман худам дар бораам шаҳодат медиҳам, шаҳодати ман рост аст, зеро медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам.+ Вале шумо намедонед, ки ман аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам. 15 Шумо аз нигоҳи инсонӣ* ҳукм мекунед,+ ман бошам, ҳеҷ касро ҳукм намекунам. 16 Ҳукм кунам ҳам, ҳукми ман ҳақ аст, чунки ман танҳо нестам, балки Падар, ки маро фиристодааст, бо ман аст.+ 17 Дар Шариати шумо низ навишта шудааст: “Шаҳодати ду нафар рост аст”.+ 18 Ман худам дар бораам шаҳодат медиҳам ва Падар низ, ки маро фиристодааст, дар бораи ман шаҳодат медиҳад».+ 19 Онҳо аз вай пурсиданд: «Падари ту куҷост?» Исо ҷавоб дод: «Шумо на маро мешиноседу на Падарамро.+ Агар шумо маро мешинохтед, Падарамро низ мешинохтед».+ 20 Исо ин суханонро вақте гуфт, ки дар хазинаи ибодатгоҳ+ таълим медод. Аммо ҳеҷ кас вайро дастгир накард, зеро вақту соаташ ҳанӯз нарасида буд.+
21 Исо боз ба онҳо гуфт: «Ман мераваму шумо маро ҷустуҷӯ мекунед, вале бо вуҷуди ин дар гуноҳи худ мемуред.+ Ба он ҷое ки ман меравам, шумо рафта наметавонед».+ 22 Инро шунида яҳудиён гуфтанд: «Барои чӣ ӯ мегӯяд: “Он ҷое ки ман меравам, шумо рафта наметавонед”? Ӯ худро куштанӣ аст, чӣ бало?» 23 Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо аз поёнед, ман бошам, аз боло.+ Шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, вале ман аз ин ҷаҳон нестам. 24 Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ мемуред. Агар бовар накунед, ки ман ҳамоне ҳастам, ки ба шумо гуфтам, дар гуноҳҳои худ мемуред». 25 Он гоҳ онҳо аз Исо пурсиданд: «Ту кистӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ман беҳуда бо шумо гап зада истодаам. 26 Бисёр чиро бояд дар бораи шумо бигӯям ва бисёр чиро доварӣ кунам, лекин ман ба ҷаҳон суханонеро мегӯям, ки аз Фиристандаи худ шунидаам, ва суханони ӯ ҳаққанд».+ 27 Аммо онҳо нафаҳмиданд, ки Исо дар бораи Падар сухан мегуфт. 28 Сипас ӯ гуфт: «Пас аз он ки шумо Фарзанди одамро боло бардоред*,+ мефаҳмед, ки ман ҳамоне ҳастам, ки ба шумо гуфтам,+ ва ҳеҷ кореро аз пеши худ намекунам,+ балки он чиро, ки Падар ба ман таълим додааст, ҳамонро мегӯям. 29 Фиристандаи ман бо ман аст; ӯ маро танҳо нагузоштааст, зеро ман ҳамеша корҳоеро ба ҷо меорам, ки ба ӯ маъқул аст».+ 30 Вақте ки ин суханонро мегуфт, бисёриҳо ба ӯ имон оварданд.
31 Баъд Исо ба яҳудиёне, ки ба ӯ бовар карданд, рӯ оварда, гуфт: «Агар ҳамеша ба гуфти ман кунед, дар ҳақиқат, шогирдони ман ҳастед. 32 Шумо ростиро хоҳед шинохт+ ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард».+ 33 Яҳудиёни дигар ба ӯ гуфтанд: «Мо насли Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем. Пас, чӣ хел ту мегӯӣ, ки “озод мешавед”?» 34 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар касе, ки гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст.+ 35 Ғулом як умр дар хонаи хӯҷаин намемонад, вале писар ҳамеша дар хонаи падараш мемонад. 36 Пас, агар Писар шуморо озод кунад, дар ҳақиқат, озод мешавед. 37 Ман медонам, ки шумо насли Иброҳим ҳастед, вале мехоҳед маро бикушед, зеро суханонамро қабул намекунед. 38 Ман он чиро мегӯям, ки дар назди Падари худ дидаам,+ шумо бошед, корҳоеро мекунед, ки аз падари худ шунидаед». 39 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Падари мо Иброҳим аст». Исо ба онҳо гуфт: «Агар шумо фарзандони Иброҳим мебудед,+ мисли ӯ рафтор мекардед. 40 Вале шумо қасди куштани маро доред, ҳол он ки ман ба шумо ростии аз Падар шунидаамро мерасонам.+ Иброҳим ин тавр рафтор намекард. 41 Шумо корҳои падари худро мекунед». Онҳо гуфтанд: «Мо ҳаромзода нестем; мо як Падар дорем, ки Худост».
42 Исо ба онҳо гуфт: «Агар Падари шумо Худо мебуд, маро дӯст медоштед,+ зеро ман аз пеши Худо омадаам ва ҳоло дар ин ҷо мебошам. Ман аз пеши худ наомадаам, балки ӯ маро фиристодааст.+ 43 Чаро шумо он чиро, ки ман мегӯям, намефаҳмед? Барои он ки суханони маро қабул карда наметавонед. 44 Падари шумо Иблис аст ва шумо мехоҳед хости падари худро ба ҷо оред.+ Ӯ аз оғози роҳ одамкуш буд+ ва дар ростӣ устувор намонд, чунки дар ӯ ростӣ нест. Вақте ӯ дурӯғ мегӯяд, он чиро ба вай хос аст, мегӯяд, зеро ӯ дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст.+ 45 Вале шумо ба ман бовар намекунед, чунки ман ба шумо гапи ростро мегӯям. 46 Кадоме аз шумо маро дар гуноҳе айбдор карда метавонад? Агар ман гапи ростро мегуфта бошам, чаро ба ман бовар намекунед? 47 Касе, ки аз Худост, ба суханони Худо гӯш медиҳад.+ Шумо аз он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед».+
48 Яҳудиён дар ҷавоб ба ӯ гуфтанд: «Оё рост нагуфтем, ки ту сомарӣ+ ҳастиву дев дорӣ?»+ 49 Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари худро эҳтиром мекунам, лекин шумо маро бадном мекунед. 50 Ман худро ҷалол додан намехоҳам;+ Оне ҳаст, ки мехоҳад маро ҷалол диҳад, ва ӯ доварӣ мекунад. 51 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ сухани маро ба ҷо орад, ҳеҷ гоҳ маргро намебинад».+ 52 Яҳудиён ба ӯ гуфтанд: «Акнун аниқ донистем, ки ту дев дорӣ. Иброҳим мурд, пайғамбарон низ мурданд, ту бошӣ, мегӯӣ: “Ҳар кӣ сухани маро ба ҷо орад, ҳеҷ гоҳ маргро намечашад”. 53 Магар ту аз падарамон Иброҳим, ки мурдааст, бузургтарӣ? Охир, ҳатто пайғамбарон мурданд. Ту худатро кӣ мегирӣ?» 54 Исо ҷавоб дод: «Агар ман худро ҷалол диҳам, ҷалоли ман ҳеҷ аст. Маро Падарам ҷалол медиҳад,+ ҳамоне, ки шумо ӯро Худои худ меҳисобед, 55 лекин намешиносед.+ Ман бошам, ӯро мешиносам.+ Агар мегуфтам, ки ӯро намешиносам, мисли шумо дурӯғгӯй мешудам. Вале ман ӯро мешиносам ва гуфтаҳои ӯро ба ҷо меорам. 56 Падари шумо Иброҳим дидани рӯзи маро интизор буд ва аз ин бисёр шодӣ мекард. Ба шумо мегӯям, ки ӯ онро диду шод гашт».+ 57 Он гоҳ яҳудиён ба ӯ гуфтанд: «Ту 50-сола ҳам нестиву боз мегӯӣ, ки Иброҳимро дидаӣ?» 58 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки Иброҳим ба дунё ояд, ман вуҷуд доштам».+ 59 Инро шунида онҳо барои сангсор кардани Исо ба даст санг гирифтанд, лекин ӯ пинҳон шуда, аз ибодатгоҳ берун рафт.