Тайёр бошед!
«Тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд» (МАТ. 24:44).
1, 2. а) Кадом рӯйдоди дар Китоби Муқаддас пешгӯишударо ба ҳамлаи паланг монанд кардан мумкин аст? б) Ин ҳамлаи оянда ҳоло ба шумо бояд чӣ гуна таъсир расонад?
СОЛҲОИ ЗИЁД як артисти машҳур бо палангҳои ромкардааш озодона бозӣ карда тамошобинонро ба завқ меовард. Ӯ мегӯяд: «Вақте ки боварии ҳайвонро ба даст меоред, фикр мекунед, ки гӯё ба шумо чизи зеботаринро тӯҳфа кардаанд». Лекин 3 октябри соли 2003 он боварӣ гум шуд. Бе ягон сабаби муайян як паланги сафеди ромкардааш, ки 172 кг вазн дошт, ба вай ҳамла овард. Ин ҳамла тамоман ногаҳонӣ буд ва артист ба он тайёр набуд.
2 Ҷолиби диққат аст, ки Китоби Муқаддас ҳамлаи «ҳайвони ваҳшӣ»–еро пешгӯӣ мекунад, ки мо бояд ба он тайёр бошем. (Ваҳй 17:15–18-ро бихонед.) Ин ҳайвон ба кӣ ҳамла мекунад? Ба таври ғайричашмдошт ҷаҳони Иблис бар зидди худ мебарояд ва аз ҳам ҷудо мешавад. Ҳайвони ваҳшии арғувонӣ Созмони Миллали Муттаҳидро тасвир мекунад, «даҳ шох» бошад, тамоми қудратҳои сиёсиро. Онҳо ба «фоҳиша», яъне Бобили Бузург, ки империяи ҷаҳонии динҳои дурӯғин мебошад, ҳамла меоранд ва бераҳмона онро несту нобуд мекунанд. Ин кай рӯй медиҳад? Мо рӯз ва соати онро намедонем (Мат. 24:36). Лекин мо медонем, ки он дар соате меояд, ки мо онро интизор нестем ва медонем, ки то ин ҳамла вақт кам мондааст (Мат. 24:44; 1 Қӯр. 7:29). Пас, ҳаётан муҳим аст, ки мо ҳамеша аз ҷиҳати рӯҳонӣ тайёр бошем, то ин ки вақте ки ин ҳамла сар мешаваду Масеҳ чун Иҷрокунандаи ҳукмҳои Худо меояд, наҷот ёбем! (Луқ. 21:28). Барои ба ин воқеаҳо тайёр будан, ба мо намунаи хизматгорони содиқи Худо, ки ба иҷрои супориши Худо тайёр буданду шоҳиди иҷрошавии ниятҳои Худо гаштанд, кӯмак мекунад. Биёед бубинем, ки баъзеи онҳо чӣ кор карданд ва чӣ тавр мо ба онҳо монанд шуда метавонем.
Мисли Нӯҳ тайёр бошед
3. Барои содиқона ба Худо хизмат кардан кадом вазъиятҳо ба Нӯҳ халал мерасонданд?
3 Нигоҳ накарда ба он ки дар рӯзҳои Нӯҳ вазъият дар рӯи замин бениҳоят бад буд, ӯ ба омадани рӯзи таъинкардаи Худо тайёр буд. Тасаввур кунед, ки вақте ки фариштагони исёнкор бадани одамӣ гирифта духтарони зеборо ба занӣ гирифтанд, Нӯҳ бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуд! Дар натиҷаи ин алоқаҳои ғайритабиӣ кӯдаконе таваллуд меёфтанд, ки қуввати онҳо аз қувваи одамӣ бузург буд. Ин бузургҷуссагон қувваташонро барои тарсондану азоб додани дигарон истифода мебурданд (Ҳас. 6:4). Оиди он фикр кунед, ки ба ҳар куҷое, ки ин бузургҷуссагон нараванд он ҷоро ба харобазор табдил медоданд ва тухми зулму ситам мекоштанд. Аз ин рӯ, ҳама ҷо аз бадӣ пур шуда буд ва фикру рафтори одамон тамоман фасод шуд. Оқибат Ҳокими Олӣ, Яҳува, вақтеро муайян намуд, ки дар он одамони золим бояд несту нобуд карда мешуданд. (Ҳастӣ 6:3, 5, 11, 12–ро бихонедa.)
4, 5. Аз кадом ҷиҳатҳо вазъият дар рӯзҳои мо ба вазъияти рӯзҳои Нӯҳ монанд аст?
4 Исо пешгӯӣ намуд, ки дар рӯзҳои мо вазъият дар рӯи замин мисли рӯзҳои Нӯҳ хоҳад буд (Мат. 24:37). Масалан, мо ҳам шоҳиди он ҳастем, ки фариштаҳои бад дар рӯи замин амал мекунанд (Ваҳй 12:7–9, 12). Ин девҳо дар рӯзҳои Нӯҳ бадани одамӣ гирифта буданд. Ҳарчанд имрӯз онҳо ин корро карда наметавонанд, онҳо мекӯшанд, ки ҳам ҷавонон ва ҳам пиронро идора кунанд. Аз пушти парда истода ин фариштагони ахлоқан вайронгашта аз бадкорӣ ва рафтори пасту нафратовари касони гумроҳ кардаашон ҳаловат мебаранд (Эфс. 6:11, 12).
5 Каломи Худо Иблисро чун «қотил» тасвир мекунад ва мегӯяд, ки вай «соҳиби қудрати мамот» аст, яъне вай метавонад сабаби марг шавад (Юҳ. 8:44; Ибр. 2:14). Ин маънои онро надорад, ки вай ҳар киро ки хоҳад кушта метавонад. Лекин ба ҳар ҳол ин рӯҳи бераҳм бо истифодаи фиребу васваса дар ақлу дили одамон майли одамкуширо мепарварад. Масалан, аз 142 кӯдаконе, ки дар Амрико таваллуд мешаванд, 1 нафарашон аз дасти қотилон кушта мешавад. Яҳува ба зӯровариҳои замони Нӯҳ чашм напӯшид. Пас, ба фикри шумо оё Ӯ ба бераҳмиҳои беасосе, ки дар замони мо ин қадар паҳн гаштаанд, аҳамият намедиҳад? Магар Ӯ амал намекунад?
6, 7. Чӣ тавр Нӯҳ ва оилаи ӯ имон ва худотарсии худро нишон доданд?
6 Бо гузашти вақт, Худо Нӯҳро аз қарори худ огоҳ намуда гуфт, ки бар замин тӯфони об меоварад ва ҳамаи махлуқотро нест мекунад (Ҳас. 6:13, 17). Яҳува ба Нӯҳ дастур дод, ки киштие созад, ки шаклаш ба сандуқи хеле калон монанд аст. Нӯҳ ҳамроҳи оилааш ба сохтани киштӣ сар кард. Чӣ ба онҳо кӯмак мекард, ки ба Худо итоат намоянд ва ба омадани рӯзи доварии Ӯ тайёр бошанд?
7 Имони қавӣ ва худотарсӣ Нӯҳ ва оилаашро бармеангехт, ки мувофиқи амри Худо амал намоянд (Ҳас. 6:22; Ибр. 11:7). Чун сарвари оила Нӯҳ ҳушёрии рӯҳониро аз даст надод ва аз таъсироти он ҷаҳони қадими фасодгашта худро дар канор гирифт (Ҳас. 6:9). Ӯ мефаҳмид, ки оилаи вай бояд ҳушёр бошад ва ба корҳои бераҳмона ва рӯҳияи беитоатии одамони гирду атроф пайравӣ накунад. Ҳамчунин муҳим буд, ки онҳо ба корҳои ҳаррӯзаи худ дода нашаванд. Худо ба онҳо супориш дод ва бисёр муҳим буд, ки диққати ҳамаи аъзоёни оила пурра ба он равона шуда бошад. (Ҳастӣ 6:14, 18–ро бихонед.)
Нӯҳ ва оилааш тайёр буданд
8. Чӣ нишон медод, ки аъзоёни оилаи Нӯҳ ба Худо садоқатмандӣ зоҳир менамуданд?
8 Ҳарчанд Китоби Муқаддас бештар дар бораи сарвари оила, Нӯҳ, хабар медиҳад, лекин ба мо маълум аст, ки зани Нӯҳ ва писарону келинҳояш низ хизматгорони Яҳува буданд. Ин фикрро Ҳизқиёл–пайғамбар тасдиқ мекунад. Ӯ гуфт, ки агар Нӯҳ дар замони Ҳизқиёл зиндагӣ мекард, фарзандони вай ба туфайли одилии падарашон наҷот ёфта наметавонистанд. Онҳо аллакай калон буданд ва итоат кардан ё накарданро худашон интихоб карда метавонистанд. Пас, маълум мегардад, ки онҳо шахсан нишон доданд, ки Худо ва роҳҳои Ӯро дӯст медоранд (Ҳиз. 14:19, 20). Оилаи Нӯҳ дастуроти ӯро қабул карданд, мисли ӯ имон оварданд ва нагузоштанд, ки дигарон ба иҷрои супориши Худо ба онҳо халал расонанд.
9. Дар замони мо киҳо имони ба имони Нӯҳ монандро зоҳир мекунанд?
9 Чӣ рӯҳбаландкунанда аст, ки мо имрӯз дар бародарияти умумиҷаҳониамон чунин сарварони оиларо мебинем, ки барои ба Нӯҳ пайравӣ кардан ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд! Онҳо мефаҳманд, ки танҳо бо ғизо, либос ва ҷои зист таъмин кардани аъзоёни оила ва маълумотнок кардани онҳо кофӣ нест. Онҳо ҳамчунин бояд дар бораи ниёзҳои рӯҳонии оилаашон ғамхорӣ кунанд. Ҳамин тавр онҳо нишон медиҳанд, ки ба он коре, ки Яҳува ба наздикӣ мекунад, тайёранд.
10, 11. а) Ҳангоми дар даруни киштӣ буданашон Нӯҳ ва оилаи вай бешубҳа чӣ эҳсос мекарданд? б) Кадом саволро мо бояд ба худ диҳем?
10 Нӯҳ, занаш, писаронаш ва келинҳояш барои сохтани киштӣ эҳтимол тақрибан 50 сол меҳнат карданд. То сохта шудани киштӣ онҳо аз афташ ба даруни он садҳо маротиба даробаро мекарданд. Онҳо онро обногузар карданд, дар он хӯрокворӣ захира намуданд ва ҳайвонҳоро дар даруни он ҷой карданд. Акнун чунин манзараро тасаввур кунед. Рӯзе, ки онҳо интизор буданд, фаро расид. Ин рӯзи 17–уми моҳи дуюми соли 2370–и то эраи мо аст ва онҳо ҳоло ба киштӣ медароянд. Яҳува дарро аз қафои онҳо мебандад ва борон сар мешавад. Ин саршавии тӯфони оддӣ нест. Борони ин тӯфон чунон сахт аст, ки гӯё уқёнуси осмонӣ шикофта шуда ба замин мерезад. Борони сел чунон бошиддат меборад, ки овози гӯшкаркунандаи он аз даруни киштӣ шунида мешавад (Ҳас. 7:11, 16). Одамони дар беруни киштӣ буда мурда истодаанд, одамони даруни он бошанд, наҷот ёфта истодаанд. Ба фикри шумо аъзоёни оилаи Нӯҳ эҳтимол чӣ эҳсос карданд? Албатта, миннатдории чуқур ба Худо. Лекин онҳо бешубҳа ба худ мегуфтанд: «Хайрият ки мо пеши Худои ҳақиқӣ роҳ рафтем ва ба омадани тӯфон тайёр будем!» (Ҳас. 6:9). Оё тасаввур карда метавонед, ки шумо дар Ҳармиҷидӯн зинда мондеду дилатон аз ҳамин гуна миннатдорӣ лабрез аст?
11 Ҳеҷ чиз Худои Қодирро боздошта наметавонад, ки ваъдаи худро оиди нест кардани ин тартиботи Шайтон иҷро кунад. Аз худ бипурсед: «Оё ман боварии комил дорам, ки тамоми ваъдаҳои Худо бо қисмҳои хурдтаринашон ҳатман амалӣ мегарданд ва ҳамаи онҳо дар вақти муайянкардаи Худо иҷро мешаванд?». Агар ҳа, пас рӯзи босуръат наздикшудаистодаи Яҳуваро маҳкам дар хотир нигоҳ доред ва бо ин нишон диҳед, ки ба он тайёред (2 Пет. 3:12).
Мусо ҳушёриро аз даст надод
12. Барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ бедору ҳушёр мондан чӣ ба Мусо халал расонида метавонист?
12 Биёед мисоли дигарро дида бароем. Аз нуқтаи назари одамӣ ба назар чунин менамуд, ки Мусоро дар Миср ояндаи хеле дурахшон интизор буд. Чун писархонди духтари фиръавн вайро эҳтимол хеле эҳтиром мекарданд ва ӯ аз хӯроку пӯшоки беҳтарин баҳраманд буд ва дар хонаи боҳашаматтарин зиндагӣ мекард. Ӯ соҳиби маълумоти олӣ гашт. (Аъмол 7:20–22-ро бихонед.) Шояд вайро мероси хеле калоне интизор буд.
13. Чӣ ба Мусо кӯмак мекард, ки ваъдаҳои Худоро пеши назараш нигоҳ дорад?
13 Аз афташ, таълиму тарбияе, ки Мусо дар аввал аз волидонаш гирифта буд, ба ӯ кӯмак карданд, то дарк намояд, ки бутпарастии мисриён кори бемаънову бефоида аст (Хур. 32:8). Ҳикмату дониши Миср ва сарвату боигарии дарбори фиръавн ӯро аз ибодати ҳақиқӣ дур накарданд. Вай шояд дар бораи ваъдаҳои ба падаронаш додаи Худо чуқур мулоҳиза мекард ва сахт мехост, ки барои иҷрои иродаи Худо тайёр бошад. Ин аз он маълум аст, ки Мусо ба писарони Исроил гуфт: «Худованд... Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб, маро назди шумо фиристод». (Хуруҷ 3:15–17-ро бихонед.)
14. Чӣ тавр имон ва далерии Мусо зери озмоиш қарор гирифт?
14 Баръакси ҳамаи бутҳое, ки худоҳои беҷони Мисрро тасвир мекарданд, Яҳува, Худои ҳақиқӣ, барои Мусо шахси воқеӣ буд. Ӯ тавре зиндагӣ мекард, ки гӯё «Нонамоёнро дида бошад». Мусо имон дошт, ки халқи Худо аз ғуломӣ озод мешавад, вале ӯ намедонист, ки ин кай рӯй медиҳад (Ибр. 11:24, 25, 27). Ӯ сахт мехост, ки ибриён озод шаванд. Ин аз он маълум мегардад, ки вай як ғуломи исроилиро, ки оғояш азоб медод, ҳимоя кард (Хур. 2:11, 12). Лекин ин вақт — вақти муайянкардаи Яҳува набуд ва барои ҳамин Мусо маҷбур шуд, ки чун гуреза дар сарзамини дур зиндагӣ кунад. Албатта барои вай ҳаёти бароҳати дарбори фиръавнро тарк карда, дар биёбон зиндагӣ кардан осон набуд. Бо вуҷуди ин, Мусо ба иҷро кардани ҳар як дастуроте, ки Яҳува ба ӯ медод, тайёр буд. Барои ҳамин, баъди 40 соли дар Мидён гузаронидааш, Худо метавонист ӯро барои аз ғуломӣ озод кардани бародаронаш истифода барад. Ба дастуроти Худо итоат карда Мусо ба Миср баргашт. Акнун барои Мусо вақти он расида буд, ки супориши Худоро ба иҷро расонад ва кори Худоро бо ҳамон тавре ки Ӯ мехоҳад, иҷро кунад (Хур. 3:2, 7, 8, 10). Дар Миср ба Мусо, ки «марди бағоят фурӯтан» буд, имон ва далерӣ лозим буд, то ки ба пеши фиръавн равад (Ад. 12:3). Ва ӯ танҳо як бор не, балки гаштаву баргашта ин корро кард ва ҳар дафъа балои навбатиро ба вай хабар медод ва ҳамзамон худаш намедонист, ки чанд бори дигар назди фиръавн рафтан лозим меояд.
15. Қатъи назар аз нобарориҳо чӣ Мусоро бармеангехт, ки ҳар як имкониятро барои ҷалол додани Падари осмониаш истифода барад?
15 Дар тӯли 40 соли минбаъда, аз соли 1513 то эраи мо то соли 1473 то эраи мо, Мусо бо нобарориҳо дучор шуд. Бисёр вақт воқеа тавре ранг мегирифт, ки Мусо онро интизор набуд. Лекин ӯ ҳар як имкониятро барои ҷалол додани Яҳува истифода мебурд ва исроилиёни дигарро низ самимона ба ин ташвиқ мекард (Такр. Ш. 31:1–8). Чаро? Зеро ӯ бештар дар бораи манфиати худаш неву дар бораи обрӯву эътибори Яҳува ва ҳокимияти Ӯ фикр мекард (Хур. 32:10–13; Ад. 14:11–16). Қатъи назар аз нобарориҳо мо низ бояд дастгирӣ кардани ҳокимияти Худоро давом диҳем ва боварӣ дошта бошем, ки ҳама роҳҳои Яҳува оқилона, одилона ва беҳтаринанд (Иш. 55:8–11; Ирм. 10:23). Оё шумо бо ин розиед?
Ҳушёру бедор бошед!
16, 17. Чаро суханони дар Марқӯс 13:35–37 навишташуда барои шумо аҳамияти хеле калон доранд?
16 «Барҳазар ва бедор бошед... зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад» (Марқ. 13:33). Исо ин огоҳиро ҳангоми пешгӯӣ кардани аломати охирзамон дода буд. Биёед ҳоло суханони хотимавии ин пешгӯии бузурги Исоро аз китоби Марқӯс дида бароем: «Бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар шом, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурӯс, ё бомдодон; мабодо ногаҳон омада, шуморо хуфта ёбад. Аммо он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: “Бедор бошед”» (Марқ. 13:35–37).
17 Ин даъвати Исо моро ба фикр кардан водор мекунад. Исо чор поси гуногуни шаб, яъне чор ҳиссаи гуногуни шабро қайд кард, ки дар замони ӯ посбонон аз рӯи онҳо кор мекарданд. Дар поси охирони шаб барои посбон бедор мондан душвор буд, зеро он аз соатҳои сеи шаб то баромадани офтоб давом мекард. Сарлашкарон барои ба душман ҳамла кардан он вақтро вақти аз ҳама мувофиқ меҳисобанд, зеро маҳз дар ин вақт эҳтимолияти он зиёд аст, ки хоби посбонон мебарад. Мисли ин имрӯз, ки ҷаҳон ба маънои рӯҳонӣ ба хоби сахт рафтааст, барои мо бедор мондан муборизаи сахттарин буда метавонад. Оё мо пурра дарк мекунем, ки барои ба омадани Ҳармиҷидӯн ва наҷотёбӣ тайёр будан, ҳушёру бедор монданамон лозим аст?
18. Чун Шоҳидони Яҳува мо чӣ имконияти олиҷанобе дорем?
18 Артисте, ки дар аввали мақола дар борааш гуфта шуд, аз ҳамлаи паланг наҷот ёфт. Вале пешгӯии Китоби Муқаддас аниқу равшан қайд мекунад, ки на дини дурӯғин ва на ягон қисми ин ҷаҳони шарир дар рӯзи доварии Худо наҷот ёфта наметавонанд (Ваҳй 18:4–8). Нӯҳ ва оилаи вай ба омадани рӯзи Худо тайёр буд. Ва ба ҳамаи мо ходимони Худо,— чӣ ҷавон бошем ва чӣ пиронсол, дарк кардан лозим аст, ки барои ба омадани рӯзи Яҳува тайёр будан бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем. Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки он Худоро ҳурмат намекунад ва муаллимони дини дурӯғин ва ҳамчунин агностикону атеистон Офаридгорро бо гуфтори худ масхара мекунанд. Аз таъсироти хатарноки онҳо худро муҳофизат кунед! Биёед аз намунаҳои дидабаромадаамон ибрат гирем ва ҳар як имкониятро барои ҷалол додани Яҳува, «Худои худоён» ва «Худои бузург, ҷаббор ва саҳмгин» истифода барем (Такр. Ш. 10:17).
[Эзоҳ]
a Барои хубтар фаҳмидани «саду бист сол», ки дар Ҳастӣ 6:3 қайд шудааст, ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 декабри соли 2010, саҳ. 30 нигоҳ кунед.
Оё шумо дар хотир доред?
• Чаро Нӯҳ бояд пеш аз ҳама дар бораи ниёзҳои рӯҳонии оилааш ғамхорӣ мекард?
• Чӣ тавр рӯзҳои мо аз бисёр ҷиҳат ба рӯзҳои Нӯҳ монанданд?
• Чаро қатъи назар аз нобарориҳо Мусо ваъдаҳои Худоро дар пеши назараш нигоҳ медошт?
• Кадом пешгӯиҳои Китоби Муқаддас шуморо бармеангезанд, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёру бедор бимонед?
[Tасвир дар саҳифаи 25]
Нӯҳ ва оилаи вай диққаташонро пурра ба иҷрои супориши Яҳува равона карда буданд
[Tасвир дар саҳифаи 26]
Ваъдаҳои бовариноки Худо ба Мусо кӯмак мекарданд, ки ҳушёриро аз даст надиҳад