БОБИ 16
Рашки Исо ба ибодати пок
ИСО САВДОГАРОНРО АЗ МАЪБАД ПЕШ МЕКУНАД
Баъд аз тамом шудани тӯй Исо аз Қоно ба Кафарнаҳум равона мешавад. Ҳамроҳи ӯ модараш ва бародаронаш Яъқуб, Юсуф, Шимъӯн ва Яҳудо сафар мекунанд.
Барои чӣ Исо ба Кафарнаҳум меравад? Аввал ин ки, Кафарнаҳум аз Қонову Носира калонтар аст ва мавқеи беҳтари ҷуғрофӣ дорад. Дуюмаш ин ки, бисёре аз шогирдони нави Исо дар Кафарнаҳум ва наздикии он зиндагӣ мекунанд. Ин барои Исо имконияти хубест, ки шогирдонашро дар ҷойи зисташон таълим диҳад.
Дар шаҳри Кафарнаҳум Исо бисёр корҳои аҷоибе ба амал меорад. Овозаи ӯ дар он шаҳр ва маҳалҳои ҳамсоя паҳн мешавад. Ҳоло соли 30-и милодист ва иди Раҳоӣ наздик аст. Яҳудиёни худотарс ҳар сол бояд ба Ерусалим барои ҷашн гирифтани он ид раванд. Исо ва шогирдонаш ҳам бо ин мақсад ба Ерусалим равона мешаванд.
Вақте онҳо ба Ерусалим мерасанду ба маъбад медароянд, Исо коре мекунад, ки шогирдонаш аз вай ҳеҷ интизор набуданд.
Мувофиқи Шариати Худо исроилиён бояд ба маъбади Ерусалим ягон ҳайвонро оварда қурбонӣ мекарданд. Лекин ба касоне, ки ба Ерусалим аз роҳи дур меомаданд, Шариати Худо иҷозат медод, ки ба ҷойи ҳайвон бо худ пул гиранд, то ки барои худ «гов, гӯсфанд» ва дигар чизи лозима харанд. Онҳо он пулро ҳам барои харидани хӯрока ва ҳам қурбонӣ истифода бурда метавонистанд (Такрори Шариат 14:24–26). Аз ин қонун суиистифода карда савдогарон дар даруни саҳни васеи маъбад ҳайвоноту парранда мефурӯхтанд. Баъзеи онҳо бошанд, ба моли худ нархи аз ҳад гарон гузошта мусофирони бечораро ғорат мекарданд.
Вақте Исо ба маъбад даромада, ин аҳволро мебинад, хашму ғазабаш аланга мезанад. Ӯ мизҳои касонеро, ки пул иваз мекунанд, чаппа карда, тангаҳояшонро ба ҳар тараф мепартояд. Худи савдогаронро Исо аз маъбад пеш карда мегӯяд: «Инҳоро аз ин ҷо бароред! Бас аст, хонаи Падари маро ба бозор табдил надиҳед!» (Юҳанно 2:16).
Вақте шогирдони Исо ин воқеаро мебинанд, як пешгӯӣ ба хотирашон меояд, ки он ба Исо дахл дорад: «Рашк нисбати хонаи Ту маро фаро хоҳад гирифт». Яҳудиён бошанд, аз ӯ мепурсанд: «Бо чӣ аломате исбот мекунӣ, ки ба чунин рафтор ҳақ дорӣ?» Исо ба онҳо ҷавоб медиҳад: «Ин маъбадро вайрон кунед ва ман онро дар се рӯз аз нав бино мекунам» (Юҳанно 2:17–19; Забур 68:10).
Яҳудиён гумон мекунанд, ки гап дар бораи маъбади аслӣ, маъбади Ерусалим меравад. Барои ҳамин онҳо чунин мегӯянд: «Ин маъбад дар давоми чилу шаш сол сохта шудааст, ту бошӣ, онро дар се рӯз бино мекунӣ?» (Юҳанно 2:20). Лекин Исо ин ҷо маъбад гуфта, бадани худашро дар назар дорад. Се сол пас, вақте Исо пас аз маргаш зинда мешавад, шогирдонаш ин суханонро ба хотир меоранд.