Чаро рӯҳулқудс бояд моро ҳидоят кунад?
«Худои ман Ту ҳастӣ; бигзор рӯҳи неки Ту маро... ҳидоят намояд» (ЗАБ. 142:10).
1. Фаҳмонед, ки чӣ тавр қувваи ноаён барои ёфтани роҳ кӯмак карда метавонад.
ОЁ ШУМО барои ёфтани роҳ ягон бор аз қутбнамо истифода бурдаед? Қутбнамо асбоби оддие мебошад, ки одатан ба ҷадвали доирашакл монанд аст ва он дорои ақрабаки магнитнок буда, ҳамеша ба самти шимол ишора мекунад. Ақрабаки қутбнаморо чӣ ба ҳаракат медарорад, то он ба самти даркорӣ ишора кунад? Байни ду қутби Замин қувваи ноаёни магнитӣ вуҷуд дорад, ки ба туфайли он ақрабаки қутбнамо ҳамеша ба самти шимол ишора мекунад. Ин қувваи ноаён — магнитизм номида мешавад. Дар давоми асрҳо, тадқиқотчиёну сайёҳон, ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар баҳр барои ёфтани роҳ аз қутбнамо истифода мебурданд.
2, 3. а) Яҳува кадом қувваи пуриқтидорро миллиардҳо сол пеш истифода бурд? б) Чаро мо медонем, ки имрӯз қувваи фаъоли Худо моро роҳнамоӣ карда метавонад?
2 Лекин қувваи ноаёни дигаре низ вуҷуд дорад, ки барои ҳидояти мо заруртар аст. Ин кадом қувва аст? Ин қувваест, ки оиди он мо дар оятҳои аввалини Китоби Муқаддас хонда метавонем. Китоби Ҳастӣ ба мо нақл мекунад, ки Яҳува миллиардҳо сол пеш чиро ба вуҷуд оварда буд: «Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид». Мо медонем, ки Яҳува қувваи пуриқтидорашро барои офариниш истифода бурд, зеро дар ояти навбатӣ мо мехонем: «Рӯҳи Худо бар рӯи об дар парвоз буд» (Ҳас. 1:1, 2). Худо кадом қувваро истифода бурд? Ин қувва рӯҳулқудс буд, яъне қувваи фаъоли Худо. Мо миннатдорем, ки Яҳува барои ба вуҷуд овардани мо ва дигар чизҳо рӯҳулқудсашро истифода бурд (Айюб 33:4; Заб. 103:30).
3 Мо медонем, ки Яҳува барои моро офаридан қувваи фаъолашро истифода бурд, аммо оё ин қувва дар ҳаёти мо бо роҳи дигар таъсир карда метавонад? Бале, метавонад ва инро Писари Худо медонист, барои ҳамин ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Рӯҳи ростӣ... шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ хоҳад кард» (Юҳ. 16:13). Ин рӯҳ чист ва чаро мо бояд хоҳиш дошта бошем, ки он моро ҳидоят кунад?
Рӯҳулқудс чист?
4, 5. а) Тасаввуроти нодурусти баъзеҳо оиди рӯҳулқудс чӣ гуна аст? б) Чӣ тавр шумо мефаҳмондед, ки рӯҳулқудс дар асл чист?
4 Шояд шумо дар хизмат бо одамоне, сӯҳбат кунед, ки онҳо ба шахсият будани рӯҳулқудс боварӣ доранд. Баъзе одамон нодуруст гумон мекунанд, ки рӯҳулқудс ин шахсияти рӯҳиест, ки ба Худо баробар аст (1 Қӯр. 8:6). Чаро онҳо ба чунин хулоса омаданд? Сабаб дар он аст, ки баъзеи тарҷумонон дар Китоби Муқаддас калимаи “рӯҳулқудс”-ро тавре тарҷума кардаанд, ки гуё рӯҳулқудс шахсияти ноаён аст. Аммо тарҷумонони дигари Китоби Муқаддас ба “рӯҳулқудс” чун ба шахсияти ноаён ишора накардаандa.
5 Пас, рӯҳулқудс чист? Дар «Тарҷумаи Дунёи Нав — Навиштаҳои Муқаддас бо шарҳҳо», дар эзоҳи Ҳастӣ 1:2 гуфта шудааст: «Калимаи ибронии ru’ach (руах), ки чун “рӯҳ” ва дар дигар оятҳо чун “бод” ё бо калимаҳои дигар низ тарҷума карда шудааст ба қувваи фаъоли ноаён ишора мекунад». (Бо эзоҳи Ҳастӣ 3:8; 8:1 муқоиса кунед.) Масалан, бод ба чашм ноаён аст, лекин қувваи таъсиркунанда дорад. Ба монанди ин, рӯҳулқудс низ шахсият набуда чизи ноаён мебошад, ки қувваи таъсиркунанда дорад. Ин рӯҳ — нерӯи Худо мебошад, ки Ӯ онро барои иҷрои иродаи худ ба шахс ё ба чизе равона мекунад. Магар чунин қувва аз ҷониби Худои Қодир омада метавонад? Албатта! (Ишаъё 40:12, 13–ро бихонед.)
6. Довуд аз Яҳува чӣ хоҳиш кард?
6 Оё Яҳува имрӯз низ рӯҳи худро истифода бурда, моро ҳидоят карда метавонад? Ӯ ба Довуди забурнавис ваъда дод: «Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард» (Заб. 31:8). Оё Довуд мехост, ки Худо ӯро ҳидоят кунад? Бале, чунки ӯ аз Яҳува пурсид: «Маро таълим деҳ, то ки иродаи Туро ба ҷо оварам, зеро ки Худои ман Ту ҳастӣ; бигзор рӯҳи неки Ту маро... ҳидоят намояд» (Заб. 142:10). Мо низ мисли Довуд бояд чунин хоҳиш дошта бошем ва тайёр бошем, то рӯҳи Худо моро ҳидоят кунад. Чаро? Чор сабабро дида мебароем.
Мо худро ҳидоят карда наметавонем
7, 8. а) Чаро бе кӯмаки Худо мо худро ҳидоят карда наметавонем? б) Кадом мисол нишон медиҳад, ки чаро дар ин ҷаҳони шарир бароямон ҳидояти Худо даркор аст?
7 Сабаби якум, ки чаро мо бояд хоҳиш дошта бошем, ки рӯҳулқудси Худо моро ҳидоят кунад, дар он аст, ки мо худро ҳидоят карда наметавонем. Касеро ҳидоят кардан маънои нишон додани роҳи дурустро дорад. Лекин Яҳува моро бо қобилияти худҳидояткунӣ наофаридааст. Ҳамчунин, агар мо худро ҳидоят карданӣ бошем, аз сабаби нокомилиамон бисёр вақт хато хоҳем кард. Пайғамбар Ирмиё навишт: «Ман, эй Худованд, медонам, ки роҳи одам дар ихтиёри вай нест ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд» (Ирм. 10:23). Чаро? Яҳува сабабашро ба Ирмиё гуфт: «Дил аз ҳама чиз маккортар аст ва он шифонопазир аст; кист, ки онро тавонад дарк кунад?» (Ирм. 17:9; Мат. 15:19).
8 Тасаввур кунед, ки шахсе аз ҷои хатарнок, масалан, аз ҷангал ё биёбон гузаштанӣ аст. Бехирадона мебуд, агар вай бе роҳнамо ё бе қутбнамо ба он ҷо равад. Агар ӯ дар биёбон ё ҷангал чӣ тавр зинда мондан ва бо кадом роҳи даркорӣ рафтанро надонад, ҳаёташро зери хатар мегузорад. Ба ин монанд, агар шахс фикр кунад, ки дар ин ҷаҳони Шайтон бе ҳидояти Худо худашро ҳидоят карда метавонад, пас ӯ ҳаёташро зери хатар мегузорад. Дар ин ҷаҳони имрӯза, мо танҳо дар он маврид бо роҳи дуруст рафта метавонем, агар мисли Довуд дар дуо аз Яҳува чунин пурсем: «Қадамҳоямро дар роҳҳои Худ қоим гардон, то ки пойҳоям налағҷад» (Заб. 16:5; 22:3). Чӣ тавр чунин ҳидоятро ба даст оварда метавонем?
9. Чӣ тавр рӯҳулқудси Худо барои мо ҳидояти хуб буда метавонад? (Ба тасвири саҳифаи 15 нигаред.)
9 Агар мо фурӯтан бошем ва ба Яҳува таваккал кардан хоҳем, он гоҳ Ӯ тавассути рӯҳулқудс қадамҳои моро ҳидоят менамояд. Чӣ тавр ин қувваи фаъол ба мо кӯмак мекунад? Исо ба шогирдонаш фаҳмонд: «Пуштибон, яъне Рӯҳулқудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард» (Юҳ. 14:26). Вақте ки мо мунтазам ва бо дуо Каломи Худо, аз ҷумла гуфтаҳои Масеҳро меомӯзем, рӯҳулқудс барои фаҳмидани хиради чуқури Яҳува ба мо кӯмак мекунад. Ҳамин тавр, ҳидояти Ӯ ба мо ёрдам мекунад, ки роҳгум назанем (1 Қӯр. 2:10). Ғайр аз ин, вақте ки дар ҳаётамон вазъиятҳои ногаҳонӣ пайдо мешаванд, рӯҳулқудс ба мо роҳи дурустро нишон хоҳад дод. Рӯҳулқудс принсипҳои Китоби Муқаддасро, ки мо аллакай омӯхтем, ба хотирамон меорад ва ба мо ҳангоми қабул кардани қарор фаҳмиш медиҳад, то ки ин принсипҳоро дуруст истифода барем.
Исоро рӯҳи Худо ҳидоят мекард
10, 11. Мувофиқи пешгӯӣ рӯҳулқудс барои Исо чӣ кор бояд мекард ва Исо таъсири онро чӣ тавр ҳис кард?
10 Сабаби дуюм, ки чаро мо бояд хоҳиш дошта бошем, ки рӯҳулқудси Худо моро ҳидоят кунад, дар он аст, ки Худо Писарашро тавассути он роҳнамоӣ мекард. Писари ягоназоди Худо пеш аз ба замин омаданаш пешгӯии зеринро медонист: «Бар Ӯ Рӯҳи Худованд, рӯҳи ҳикмат ва хирад, рӯҳи машварат ва қудрат, рӯҳи шинохтани Худованд ва тарси Ӯ қарор хоҳад гирифт» (Иш. 11:2). Исо ба замин омада бояд бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ мешуд. Танҳо тасаввур кунед, ки то чӣ андоза Исо мехост, ки кӯмаки рӯҳулқудси Худоро дошта бошад!
11 Ин суханони Яҳува иҷро шуданд. Инҷили Луқо ба мо мегӯяд, ки дарҳол баъд аз таъмиди Исо чӣ ҳодиса рӯй дод: «Исои пур аз Рӯҳулқудс аз Ӯрдун баргашт ва Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд» (Луқ. 4:1). Ҳангоме ки дар он ҷо Исо рӯза медошт, дуо мегуфт, мулоҳиза меронд, Яҳува эҳтимол ба ӯ дастур медод ва ба он чизе ки дар оянда бояд бо ӯ рӯй медод, тайёр кард. Қувваи фаъоли Худо ба ақлу дили Исо таъсир мерасонд ва ҳамин тавр тарзи фикрронӣ ва қарорҳояшро ҳидоят мекард. Дар натиҷа, Исо дар кадом вазъияте, ки қарор надошта бошад, чӣ кор карданашро медонист ва он чизе ки Падараш аз ӯ хоҳиш менамуд, аниқ иҷро мекард.
12. Барои чӣ роҳнамоии рӯҳулқудси Худоро талаб кардан муҳим аст?
12 Исо медонист, ки рӯҳулқудси Худо дар ҳаёти ӯ то чӣ андоза муҳим аст, барои ҳамин ӯ шогирдонашро барангехт, ки рӯҳулқудсро талаб кунанд ва гузоранд, ки он ҳаёти онҳоро ҳидоят кунад. (Луқо 11:9–13-ро бихонед.) Чаро ин ба мо низ муҳим аст? Барои он ки рӯҳулқудс метавонад тарзи фикрронии моро тағйир диҳад ва ёрдам кунад то мо тарзи фикрронии Масеҳро дар бар кунем (Рум. 12:2; 1 Қӯр. 2:16). Агар гузорем, ки рӯҳулқудси Худо ҳаётамонро роҳбарӣ кунад, он гоҳ мо фикрронии Исоро дар бар карда, ба намунаи ӯ пайравӣ карда метавонем (1 Пет. 2:21).
Рӯҳи ин ҷаҳон моро гумроҳ карда метавонад
13. Рӯҳи ин ҷаҳон чист ва он чиро ба амал меорад?
13 Сабаби сеюм, ки чаро мо бояд хоҳиш дошта бошем, ки рӯҳулқудси Худо моро ҳидоят кунад, дар он аст, ки бе кӯмаки рӯҳулқудс рӯҳи нопок, ки дар аксарияти одамони имрӯза амал мекунад, моро гумроҳ карда метавонад. Рӯҳи нопок қувваи пурзӯре мебошад, ки одамонро водор мекунад, ки зидди ҳидояти рӯҳулқудс амал кунанд. Ба ҷои он ки ин рӯҳи нопок ба одамон кӯмак расонад, ки тарзи фикрронии Масеҳро дошта бошанд, он водор менамояд, ки одамон тарзи фикррониву рафтори ҳокими ин ҷаҳон, Шайтонро, инъикос кунанд. (Эфсӯсиён 2:1–3; Титус 3:3-ро бихонед.) Агар шахс гузорад, ки рӯҳи ин ҷаҳон вайро идора кунад ва бо «корҳои ҷисм» машғул шудан гирад, оқибати он бо бадӣ меанҷомад. Чунин шахсон «Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт» (Ғал. 5:19–21).
14, 15. Чӣ тавр мо бар рӯҳи ин ҷаҳон ғолиб баромада метавонем?
14 Яҳува барои ба рӯҳи ин ҷаҳон муқобилат кардан, ба мо кӯмаки худро пешниҳод кардааст. Павлуси ҳавворӣ мегӯяд: «Дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед... То ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед» (Эфс. 6:10, 13). Яҳува тавассути рӯҳулқудсаш ба мо қувват мебахшад, то бар зидди кӯшиши Шайтон, ки моро гумроҳ карданӣ аст, истодагарӣ кунем (Ваҳй 12:9). Рӯҳи ин ҷаҳон пурзӯр аст ва мо аз он пурра дар канор буда наметавонем. Аммо мо ба он муқобилат карда метавонем, зеро рӯҳулқудс пурзӯртар аст ва он ба мо кӯмак хоҳад кард!
15 Дар бораи онҳое, ки дар асри як аз ҳақиқат дур шуданд, Петруси ҳавворӣ гуфт: «Онҳо роҳи ростро тарк карда, гумроҳ шудаанд» (2 Пет. 2:15). То чӣ андоза мо миннатдор буда метавонем, ки «мо на рӯҳи ин ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост»! (1 Қӯр. 2:12). Агар мо гузорем, ки рӯҳулқудс моро ҳидоят кунад ва ҳар он чизе ки Яҳува барои бо Ӯ муносибати наздик доштан фароҳам овардааст, истифода барем, мо бар рӯҳи ҷаҳони шарир ғолиб баромада метавонем (Ғал. 5:16).
Рӯҳулқудс самари хуб меорад
16. Рӯҳулқудс дар мо кадом хислатҳоро ба амал оварда метавонад?
16 Сабаби чорум, ки чаро мо бояд хоҳиш дошта бошем, ки рӯҳулқудси Худо моро ҳидоят кунад, дар он аст, ки рӯҳулқудс дар ҳаёти онҳое, ки мувофиқи ҳидояти он амал мекунанд, самари хубро ба вуҷуд меорад. Ин маънои онро дорад, ки рӯҳулқудс барои зоҳир кардани хислатҳои хуб кӯмак мерасонад. (Ғалотиён 5:22, 23–ро бихонед.) Дар ҳақиқат ҳамаи мо мехоҳем, ки муҳаббат, шодмонӣ ва осоиштагиро ба таври зиёд зоҳир созем. Мо боз хислатҳои пурсабрӣ, меҳрубонӣ ва марҳамати зиёдро доштан мехоҳем. Ҳамчунин ҳамаи мо мехоҳем, ки имони бештар дошта бошем ва фурӯтаниву парҳезгории бисёр зоҳир кунем. Рӯҳулқудси Худо дар мо хислатҳои хубро ба амал меорад, ки аз ин, ҳам худи мо манфиат мегирем ва ҳам аъзои оилаамон ва ҳам ҳамимононамон. Мо минбаъд низ барои зоҳир кардани самари рӯҳ бояд бисёр кӯшиш кунем, зеро дар инкишоф додани самари рӯҳ ҳадду канор вуҷуд надорад.
17. Чӣ тавр мо хусусиятҳои самари рӯҳро бештар инкишоф дода метавонем?
17 Оиди саволи зерин мулоҳиза рондан бохирадона мебуд: Оё суханон ва рафтори мо нишон медиҳанд, ки моро рӯҳулқудс ҳидоят мекунад ва оё мо самари рӯҳро зоҳир мекунем? (2 Қӯр. 13:5а; Ғал. 5:25). Агар бинем, ки ба инкишоф додани баъзе хусусиятҳои самари рӯҳ ниёз дорем, мо метавонем аз рӯи ҳидояти рӯҳулқудс бештар амал кунем. Ин маънои онро дорад, ки мо ҳар як хусусияти самари рӯҳро бо истифодаи Китоби Муқаддас ва адабиётҳоямон омӯхта метавонем. Ҳамчунин мо бояд оиди чӣ тавр дар ҳаёти ҳаррӯзаамон зоҳир кардани самари рӯҳ фикр намоем, сипас кӯшиш кунем, ки онро бештар дар амал иҷро намоемb. Вақте мебинем, ки чӣ тавр ҳидояти рӯҳулқудс дар ҳаёти мо ва ҳаёти бародарону хоҳаронамон натиҷаи хуб меорад, мо дарк мекунем, ки то чӣ андоза ба кӯмаки рӯҳулқудс ниёз дорем.
Оё мегузоред, ки рӯҳулқудси Худо шуморо ҳидоят кунад?
18. Аз он ки Исо мегузошт, ки рӯҳулқудс ӯро ҳидоят кунад, мо чӣ дарс гирифта метавонем?
18 Вақте ки Худо олами ҷисмониро меофарид, Исо назди Ӯ «меъмори моҳир» буд. Ҳамин тавр, Исо ҳама чизро дар бораи қувваи магнитии замин, ки ба одамон барои истифодаи қутбнамо кӯмак мекунад, медонист (Мас. 8:30 ТДН; Юҳ. 1:3). Аммо дар ягон ҷои Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Исо ҳангоми дар замин буданаш аз ин қувваи магнитии замин барои ҳидояти ҳаёташ истифода мебурд. Баръакс, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки рӯҳулқудси Худо дар ҳаёти заминии Исо қувваи бузурге буд, ки ӯро ҳидоят мекард. Ӯ хоҳиш дошт, ки рӯҳулқудс ӯро ҳидоят кунад. Вақте ки рӯҳулқудс ӯро барои иҷро намудани ягон кор роҳнамоӣ мекард, Исо ҳидояти онро қабул менамуд ва мувофиқи он амал мекард (Марқ. 1:12, 13; Луқ. 4:14). Оё шумо мисли Исо мегузоред, ки рӯҳулқудс шуморо ҳидоят кунад?
19. Мо бояд чӣ кор кунем, то рӯҳулқудс моро ҳидоят кунад?
19 Нерӯи фаъоли Худо то ҳол дар ақлу дили хоҳишмандон амал карда истодааст, то онҳоро ба корҳои хуб барангезад ва ҳидоят кунад. Чӣ тавр ба рӯҳулқудс роҳ дода метавонед, то шуморо ба самти дуруст ҳидоят кунад? Дар дуо мунтазам аз Яҳува пурсед, ки рӯҳулқудсашро ато кунад ва барои ҳидояти онро қабул намудан, ёрдам диҳад. (Эфсӯсиён 3:14–16-ро бихонед.) Бо омӯхтани Китоби Муқаддас, ки тавассути рӯҳулқудси Худо навишта шудааст, нишон диҳед, ки шумо ҳидояти рӯҳулқудси Худоро хоҳон ҳастед (2 Тим. 3:16, 17). Ба дастуроти бохирадонаи Китоби Муқаддас гӯш кунед ва сипас бо омодагӣ ҳидояти рӯҳулқудсро қабул намоед. Ҳамин тавр амал карда, шумо нишон медиҳед, ки ба қобилияти Яҳува боварӣ доред, ки Ӯ дар ин ҷаҳони Шайтон шуморо ба роҳи аз ҳама беҳтарин ҳидоят карда метавонад.
[Эзоҳҳо]
a Масалан, луғатшиноси амрикоӣ, Вебстер Ноа медонист, ки зери калимаи «рӯҳулқудс» шахсияти ноаён дар назар дошта нашудааст. Вай дар пешгуфтори тарҷумаи худ навишт: «Агар калимаҳо бар хилофи маънои аслӣ фаҳмонда шаванд ва бо Китоби Муқаддаси аслӣ низ мувофиқат накунанд, чунин калимаҳо хонандагони Каломи Худоро гумроҳ месозанд ва Каломи Худоро нодуруст маънидод мекунанд».
b Барои дида баромадани ҳар як хусусияти самари рӯҳ ба «Индекси адабиётҳои ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.) нигаред.
Оё шумо фикрҳои асосиро дар хотир доред?
• Рӯҳулқудси Худо ба ҳаёти мо чӣ тавр таъсир карда метавонад?
• Аз рӯи кадом чор сабаб мо бояд хоҳиш дошта бошем, ки рӯҳулқудси Худо моро ҳидоят кунад?
• Мо шахсан чӣ кор карда метавонем, то ки аз ҳидояти рӯҳулқудс пурра манфиат гирем?
[Tасвир дар саҳифаи 13]
Исо ҳидояти рӯҳулқудси Худоро қабул мекард
[Tасвир дар саҳифаи 15]
Рӯҳулқудси Худо ба ақлу дили одамон таъсир расонда, онҳоро бармеангезад ва ҳидоят мекунад