1 Қӯринтиён
2 Эй бародарон, вақте ки назди шумо барои эълон кардани сирри муқаддаси+ Худо омадам, суханони дабдабанок нагуфтам+ ё хиради худро намоиш надодам, 2 зеро қарор додам, ки диққати шуморо, ғайр аз Исои Масеҳ ва дар сутун кушта шудани ӯ,+ дигар ба чизе ҷалб накунам. 3 Ман сусту нотавон ва бо тарсу ларзи зиёд назди шумо омадам. 4 Гуфтору насиҳатам низ аз рӯйи далелу хиради инсонӣ набуд, балки рӯҳ ва қудрати Худоро нишон медод,+ 5 то ки имони шумо на бар хиради инсонӣ, балки бар қудрати Худо асос ёбад.
6 Мо дар бораи хирад байни касони баркамол+ сухан меронем, вале на дар бораи хиради ин ҷаҳон* ва на дар бораи хиради ҳокимони он, ки нобуд мешаванд,+ 7 балки дар бораи хиради Худо, ки сирри муқаддас аст.+ Он хиради пинҳонест, ки Худо аз қадим* барои ҷалоли мо муқаррар кардааст. 8 Ин хирадро ҳеҷ яке аз ҳокимони ин ҷаҳон* нафаҳмид,+ зеро, агар мефаҳмиданд, Ҳазрати пурҷалоли моро намекуштанд. 9 Лекин, чуноне ки навишта шудааст, «Худо он чиро, ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба хаёли касе наомадааст, барои дӯстдорони худ тайёр кардааст».+ 10 Ба мо бошад, Худо ҳамаи инро бо рӯҳаш+ ошкор намудааст,+ зеро рӯҳ ҳама чизро, ҳатто ҳикмати ниҳони Худоро маълум месозад.+
11 Кист аз одамон, ки фикрҳои инсонро, ғайр аз худи* ӯ, дониста тавонад? Ба ин монанд, ҳеҷ кас фикрҳои Худоро намедонад, ғайр аз рӯҳи Худо. 12 Мо бошем, на рӯҳи ин ҷаҳон, балки рӯҳи Худоро қабул кардаем,+ то ба он чизе, ки Худо ба мо ато кардааст, сарфаҳм равем. 13 Мо дар бораи ин атоҳои Худо на бо суханоне, ки хиради одамӣ таълим медиҳад,+ балки бо суханоне, ки рӯҳ таълим медиҳад,+ гап мезанем ва ҳамин тавр масъалаҳои рӯҳониро бо суханони рӯҳонӣ мефаҳмонем.
14 Одами ҷисмонӣ бошад, он чиро, ки аз рӯҳи Худост, қабул намекунад, зеро ин чизҳо дар назари ӯ беақлиянд, ва ӯ онҳоро фаҳмида наметавонад, чунки ба онҳо аз назари рӯҳонӣ баҳо додан лозим аст. 15 Одами рӯҳонӣ ҳама чизро дуруст баҳо медиҳад,+ вале ӯро ҳеҷ кас дуруст баҳо дода наметавонад, 16 зеро «кист, ки фикрронии Яҳуваро дониста бошад, то ба ӯ роҳ нишон диҳад?»+ Мо бошем, фикрронии Масеҳро дорем.+