БОБИ 9
«Худо ҳамаро бо як чашм мебинад»
Оғози мавъиза ба ғайрияҳудиён
Бар Корнома 10:1–11:30 асос ёфтааст
1–3. Петрус дар рӯъё чиро дид ва чаро мо бояд ба маънои он сарфаҳм равем?
СОЛИ 36-уми милодӣ. Дар бандаршаҳри Ёфо Петрус дар болои боми хонае, ки дар лаби соҳил буд, зери офтоби тирамоҳӣ дуо мегӯяд. Ӯ якчанд вақт боз меҳмони ин хонадон аст. Дар ин хона зиндагӣ кардани ӯ каму беш аз он дарак медиҳад, ки ӯ рӯйбинӣ надошт. Соҳиби ин хона Шимъӯни чармгар буд ва на ҳар яҳудӣ дар хонаи чунин одамон зиндагӣ карданро ба худ раво медидa. Ба ҳар ҳол Петрус ба наздикӣ дарси муҳимеро омӯхта, хубтар мефаҳмад, ки то чӣ андоза Яҳува рӯйбин нест.
2 Петрус ҳангоми дуо гуфтанаш рӯъёе дид. Чизи дар рӯъё дидаи ӯ ҳар як яҳудиро нороҳат месохт. Дар рӯъё Петрус чизеро ба монанди дастархон дид, ки аз осмон мефаромад ва дар он ҳайвоноте буданд, ки аз рӯйи Шариат нопок ҳисоб меёфтанд. Ҳамон лаҳза аз осмон овозе ба гӯши Петрус расид. Ин овоз ба ӯ гуфт, ки ин ҳайвонотро бикушаду бихӯрад. Аммо Петрус гуфт: «Ман ҳеҷ гоҳ чизи ҳаром ва нопокро ба даҳон нагирифтаам». Овоз ба гӯши Петрус на як бору ду бор, балки се маротиба чунин гуфт: «Минбаъд чизеро, ки Худо пок гардонидааст, ҳаром нагӯй» (Кор. 10:14–16). Сари Петрус гиҷ шуд, ӯ фикр мекард, ки ин чӣ маъно дошта бошад, лекин баъдтар Яҳува сари калобаи ин рӯъёро ба ӯ кушод.
3 Ба мо хеле муҳим аст, ки ба маънои ин рӯъё сарфаҳм равем, зеро он назари Яҳуваро нисбати одамон ошкор месозад. Мо, ходимони Яҳува, то даме ба одамон мисли ӯ муносибат накунем, дар бораи хушхабари Подшоҳӣ як ба як шаҳодат дода наметавонем. Биёед як қатор воқеаҳои ҳаяҷонбахшеро дида бароем, ки чигили рӯъёи Петрусро мекушоянд.
«Доимо ба Худо дуо мегуфт» (Корнома 10:1–8)
4, 5. Корнилюс кӣ буд ва ҳангоми дуо гуфтани ӯ чӣ рӯй дод?
4 Петрус ҳатто дар хаёлаш набуд, ки як рӯз пеш дар Қайсария, тахминан 50 километр шимолтар аз Ёфо, Худо ба Корнилюс ном марде низ рӯъёе нишон дод. Корнилюс мирисади лашкари Рум шуда хизмат мекард ва ӯ одами диндор будb. Инчунин «аҳли оилааш одамони... худотарс буданд», чунки Корнилюс дар оила сардори хубу меҳрубон буд. Корнилюс аз ҷумлаи шахсоне набуд, ки дини яҳудиро қабул карда буданд. Ӯ ғайрияҳудии бехатна буд. Корнилюс ба яҳудиёни муҳтоҷ дилаш месӯхт ва ба онҳо хайру садақот мекард. Ин марди самимӣ «доимо ба Худо дуо мегуфт» (Кор. 10:2).
5 Соатҳои сеи рӯз буд. Корнилюс дуо мегуфт ки, дар рӯъё фариштаеро дид. Фаришта чунин гуфт: «Дуоҳо ва хайру садақоти ту ба даргоҳи Худованд қабул гардидаанд ва ӯ онҳоро дар хотир дорад» (Кор. 10:4). Пас аз рӯъё Корнилюс аз рӯйи гуфти фаришта амал карда ба назди Петрус кас фиристод. Ӯ аз дигар халқҳо аввалин шахсе буд, ки ба рӯяш дари наҷот кушода шуд.
6, 7. а) Мисоле оред, ки чӣ тавр Яҳува ба дуои шахсони худоҷӯй ҷавоб медиҳад. б) Ин гуна воқеаҳо аз чӣ гувоҳӣ медиҳанд?
6 Оё Худо имрӯз ба дуои одамони софдилу ҳақиқатҷӯй ҷавоб медиҳад? Биёед мисолеро дида бароем. Дар Албания ба зане маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ»-ро медиҳанд, ки дар бораи тарбияи фарзанд мақолае доштc. Ин зан ба воизе, ки дари ӯро кӯфта буд, чунин мегӯяд: «Бовар мекунед, навакак аз Худо барои тарбияи кӯдаконам мадад пурсидам. Ӯ шуморо назди ман фиристод. Шумо маҳз ҳамон чизеро додед, ки ба ман даркор буд». Ин зан ҳамроҳи духтаронаш омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Андак пас бошад, шавҳараш низ ба онҳо ҳамроҳ шуд.
7 Чунин воқеаҳо дар саросари дунё тез-тез рӯй медиҳанд, аз ин рӯ онҳоро тасодуф гуфтан мумкин нест. Ин рӯйдодҳо гувоҳи чиянд? Якум ин ки, Яҳува ба дуои одамони самимиву худоҷӯй ҷавоб медиҳад (3 Подш. 8:41–43; Заб. 65:2). Дуюм, фариштаҳо ба мо дар паҳн кардани хушхабар кумак мерасонанд (Ошкор. 14:6, 7).
«Петрус... фикру андеша мекард» (Корнома 10:9–23а)
8, 9. Рӯҳи муқаддас ба Петрус чиро ошкор сохт ва ӯ ба ин чӣ тавр муносибат кард?
8 Вақте ки Петрус ҳанӯз дар болои бом буду «дар бораи маънои рӯъёи дидааш фикру андеша мекард», фиристодагони Корнилюс таги дараш омаданд (Кор. 10:17). Петрус, ки се бор хӯрдани хӯрокеро, ки мувофиқи Шариат нопок буд, рад кард, магар бо ин мардон ба хонаи ғайрияҳудӣ меравад? Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддас нияташро ба Петрус ошкор карда буд. Рӯҳ ба Петрус гуфт: «Ана, се мард туро суроғ мекунанд. Бархеста, поён фаро ва бе дудилагӣ бо онҳо равона шав, зеро онҳоро ман фиристодаам» (Кор. 10:19, 20). Рӯъёе, ки Петрус дид, дили ӯро тайёр кард, ки аз рӯйи дастури рӯҳи муқаддас амал кунад.
9 Петрус фаҳмид, ки Худо ба Корнилюс амр додааст, ки ба назди Петрус кас фиристад, барои ҳамин ӯ хабаррасонҳои ғайрияҳудиро ба хона роҳ дода, «меҳмондорӣ кард» (Кор. 10:23а). Бо ин кор Петруси расул нишон дод, ки тайёр аст фикрашро дигар карда, мувофиқи хости Худо рафтор намояд.
10. Чӣ тавр Яҳува имрӯз халқашро роҳнамоӣ мекунад ва мо ба худ кадом саволҳоро дода метавонем?
10 Имрӯз низ Яҳува ба халқаш ниятҳои худро торафт бештар кушода истодааст (Пнм. 4:18). Ӯ бо рӯҳи муқаддасаш «ғуломи бовариноку боандеша»-ро роҳнамоӣ мекунад (Мат. 24:45). Баъзан ягон фаҳмиши Калом ё дастуроти ташкилот дигар мешавад. Барои ҳамин хуб мебуд, ки аз худамон пурсем: «Оё ман ин гуна дигаргуниҳоро даррав қабул мекунам? Оё дар чунин мавридҳо ба роҳнамоии рӯҳи Худо фармонбардорам?»
Петрус «ба онҳо фармуд, ки... таъмид гиранд» (Корнома 10:23б–48)
11, 12. Петрус ба Қайсария омада, чӣ кор кард ва чиро дарк намуд?
11 Рӯзи дигар Петрус баъди рӯъё диданаш бо нуҳ мард — се фиристодаи Корнилюс ва «шаш бародар»-и яҳудӣ, аз Ёфо ба Қайсария раҳсипор шуд (Кор. 11:12). Корнилюс бошад, «хешу табор ва дӯстони наздикашро», ки, эҳтимол, ҳамаашон ғайрияҳудӣ буданд, ҷамъ карда, омадани Петрусро интизор буд (Кор. 10:24). Петрус ба он ҷо омада, коре кард, ки пеш ҳатто ба хаёлаш намеомад, яъне ӯ ба хонаи ғайрияҳудии бехатна қадам монд. Петрус мефаҳмонад, ки чаро ба ин кор ҷуръат кард: «Шумо хуб медонед, ки барои яҳудӣ бо касе, ки аз халқи дигар аст, сарукор доштан ё ба вай наздик шудан раво нест. Аммо Худо ба ман нишон дод, ки ман набояд касеро ҳаром ё нопок шуморам» (Кор. 10:28). Акнун Петрус фаҳмид, ки рӯъёи дидааш на танҳо ба хӯрок дахл дорад. Ӯ дарк кард, ки «набояд касеро [ҳатто ғайрияҳудиро] ҳаром ё нопок» шуморад.
12 Корнилюс, ки бо дӯстону пайвандонаш бесаброна интизори суханони Петрус буд, чунин гуфт: «Ҳамаи мо дар ҳузури Худо ҷамъ омадаем, то ҳар он чиро, ки Яҳува ба ту амр фармудааст, шунавем» (Кор. 10:33). Агар шавқманде ба шумо чунин мегуфт, саратон ба осмон мерасид, ҳамин тавр не? Петрус чунин суханони таъсирбахш гуфт: «Акнун ман фаҳмидам, ки Худо ҳамаро бо як чашм мебинад, ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст» (Кор. 10:34, 35). Петрус фаҳмид, ки Худо одамонро аз рӯйи нажод, миллат ё афту андомашон баҳо намедиҳад. Ӯ суханашро давом дода ба ҳозирон дар бораи хизмат, марг ва зиндашавии Исо шаҳодат дод.
13, 14. а) Вақте соли 36-уми милодӣ Корнилюс ва ҳамроҳонаш масеҳӣ шуданд, ин чиро нишон дод? б) Чаро мо набояд одамонро аз рӯйи намуди зоҳирияшон баҳо диҳем?
13 Сипас воқеаи ҳайратоваре рӯй дод: «Петрус ҳанӯз гапашро тамом накарда,.. рӯҳи муқаддас ба халқҳои дигар низ ато шуд» (Кор. 10:44, 45). Ин ягона ҷоест, ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки рӯҳи муқаддас то таъмид дода шуд. Петрус фаҳмид, ки ин аломати ризои Худост, «аз ин рӯ ӯ ба онҳо [он ғайрияҳудиён] фармуд, ки... таъмид гиранд» (Кор. 10:48). Дар соли 36-уми милодӣ масеҳӣ шудани ин ғайрияҳудиён нишон медод, ки замони лутфу марҳамати Худо нисбати яҳудиён ба охир расид (Дон. 9:24–27). Он вақт Петрус аз «калидҳои Подшоҳӣ» калиди сеюму охиронро истифода бурд (Мат. 16:19). Ин калид ба рӯйи ғайрияҳудиёни бехатна имконияти бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуданро кушод.
14 Имрӯз, вақте мо хабари Подшоҳиро паҳн мекунем, мебинем, ки «Худо ба ҳама бо як чашм менигарад» (Рум. 2:11). «Ӯ мехоҳад, ки ҳама гуна одамон наҷот ёбанд» (1 Тим. 2:4). Барои ҳамин мо бояд одамонро аз рӯйи зоҳирашон баҳо надиҳем. Вазифаи мо як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат додан мебошад ва мо бояд ба ҳама одамон, новобаста ба миллату нажод, афту андом ва дину эътиқодашон, хушхабарро расонем.
«Онҳо... ором шуданд ва Худоро» ҷалол доданд (Корнома 11:1–18)
15, 16. Барои чӣ баъзе масеҳиёни яҳудӣ аз рафтори Петрус норозӣ буданд ва Петрус ба онҳо чӣ гуфт?
15 Петрус хост, ки ба Ерусалим рафта, воқеаи рухдодаро ба бародарон нақл кунад. Чунин ба назар мерасад, ки хабар дар бораи он ки яҳудиёни бехатна «каломи Худоро қабул карданд», аз Петрус пештар рафта расид. «Вақте Петрус ба Ерусалим омад, тарафдорони хатна ӯро» танқид карданд. Онҳо норозӣ буданд, ки Петрус «ба хонаи бехатнагон даромада, бо онҳо хӯрок хӯрд» (Кор. 11:1–3). Гап сари он набуд, ки ғайрияҳудиён пайрави Масеҳ шуда метавонанд ё не. Шогирдон талаб мекарданд, ки ғайрияҳудиён Шариатро риоя намоянд, масалан, худро хатна кунанд, то ки парастишашон ба Худо писанд ояд. Маълум мешавад, ки барои баъзе масеҳиёни яҳудӣ аз Шариати Мӯсо дил кандан душвор буд.
16 Петрус чӣ кор кард? Ӯ ба бародарон фаҳмонд, ки бо амру хости Худо ба хонаи бехатнагон рафт. Барои тасдиқи ин Петрус, чуноне ки дар Корнома 11:4–16 гуфта мешавад, чор далел овард: 1) рӯъёи дидааш аз тарафи Худо буд (оятҳои 4–10), 2) ӯ бо амри рӯҳи муқаддас амал кард (оятҳои 11, 12), 3) ба Корнилюс фаришта намудор шуд (оятҳои 13, 14), 4) ба ғайрияҳудиён рӯҳи муқаддас ато шуд (оятҳои 15, 16). Петрус суханонашро бо чунин далели раднопазир ҷамъбаст кард: «Мо ба Ҳазратамон Исои Масеҳ имон овардем ва Худо ба мо [яҳудиён] рӯҳи муқаддасро ато кард; ҳоло ӯ ин аторо ба онҳо [ғайрияҳудиёни имондор] низ додааст. Пас, ман кистам, ки ба Худо зид бароям?» (Кор. 11:17).
17, 18. а) Вақте масеҳиёни яҳудӣ суханони Петрусро шуниданд, чӣ гуна савол ба миён омад? б) Барои чӣ дар ҷамоат нигоҳ доштани ягонагӣ осон нест ва мо кадом саволҳоро ба худ дода метавонем?
17 Он масеҳиёни яҳудӣ баъди суханони Петрусро шунидан бояд ба як хулоса меомаданд. Оё онҳо ҳар гуна бадгумониро як сӯ монда, ғайрияҳудиёни навтаъмидро чун бародарони худ қабул мекунанд? Дар ин бора чунин гуфта шудааст: «Вақте онҳо [расулон ва дигар масеҳиёни яҳудӣ] суханони Петрусро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҷалол дода гуфтанд: “Пас, Худо ба халқҳои дигар низ дари тавбаву наҷотро боз кардааст”» (Кор. 11:18). Азбаски масеҳиёни яҳудӣ бо омодагӣ фикрашонро дигар карданд, ягонагии ҷамоат вайрон нашуд.
18 Дар замони мо ҳам ягонагиро нигоҳ доштан душвор буда метавонад, зеро хизматгорони ҳақиқии Худо «аз ҳар миллат, қабила, халқ ва забонҳо» мебошанд (Ошкор. 7:9). Дар бисёр ҷамоатҳои мо одамон аз ҳар халқу маданият ҳастанд. Барои ҳамин аз худ пурсидан хуб аст: «Оё ман бадгумониву рӯйбиниро аз дилам решакан кардаам? Оё ақлу диламро нигаҳбонӣ мекунам, то рӯҳияи ҷудоиандози ин ҷаҳон, аз ҷумла миллатгароиву нажодпарастӣ ва ғурури фарҳангиву маданӣ, ба муносибатам нисбати бародару хоҳарон таъсир накунад?» Ба ёд оред, ки пас аз якчанд соли масеҳӣ шудани Корнилюсу дигар ғайрияҳудиён Петрус (Кифо) чӣ кор кард. Бо гузашти вақт бадгумонии дигарон ба дили ӯ низ роҳ ёфт, барои ҳамин аз масеҳиёни ғайрияҳудӣ «худро дур кашид» ва ин рафтори нодурусти ӯ аз назари Павлус дур намонд (Ғал. 2:11–14). Пас, биёед эҳтиёт шавем, то ба доми бадгумонӣ наафтем.
«Бисёр одамон... имон» оварданд (Корнома 11:19–26а)
19. Масеҳиёни яҳудӣ дар Антиохия ба кӣ расондани хушхабарро сар карданд ва ин чӣ натиҷа овард?
19 Вақте пайравони Масеҳ аз нияти Худо хабардор шуданд, оё ба дигар халқҳо расондани хушхабарро сар карданд? Аҳамият диҳед, ки баъдтар дар Антиохияи Сурияd чӣ рӯй дод? Дар ин шаҳр яҳудиёни зиёде умр ба сар мебурданд ва онҳо бо ғайрияҳудиён муросо мекарданд. Аз ин рӯ Антиохия барои мавъиза ҷойи мувофиқ буд. Маҳз дар ҳамин шаҳр масеҳиёни яҳудӣ хушхабарро «ба мардуми юнонизабон расонданд» (Кор. 11:20). Онҳо на танҳо ба яҳудиёни юнонизабон, инчунин ба яҳудиёни бехатна мавъиза мекарданд. Яҳува ин кори онҳоро баракат дод ва «бисёр одамон... имон» оварданд (Кор. 11:21).
20, 21. Чӣ нишон медиҳад, ки Барнаббо хоксору ҳадшинос буд, ва чӣ хел мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем?
20 Барои дастгирӣ кардани кори мавъиза ҷамоати Ерусалим Барнабборо ба Антиохия фиристод. Азбаски дар он ҷо одамони зиёд ба хушхабар шавқманд шуданд, кор бисёр шуд ва Барнаббо танҳо худаш аз уҳдаи он намебаромад. Барои кумак дар ин кор беш аз ҳама Шоул, ки бояд расули халқҳо мешуд, мувофиқ буд (Кор. 9:15; Рум. 1:5). Оё Барнаббо Шоулро рақиби худ ҳисоб мекард? Не. Барнаббо хоксору ҳадшинос буд. Ӯ ҳатто худаш ба Тарсус рафта, Шоулро ёфту ӯро ба Антиохия овард. Онҳо якҷоя дар ҷамоати Антиохия тӯли як сол шогирдонро дастгирӣ карданд (Кор. 11:22–26а).
21 Чӣ тавр мо дар хизмат хоксору ҳадшинос буда метавонем? Ҳар яки мо қуввату қобилияти гуногун дорем. Масалан, баъзеҳо, шояд, дар хизмати хона ба хона ё ғайрирасмӣ устоянд, лекин дар боздид намудан ё омӯзиш сар кардан душворӣ мекашанд. Агар шумо аз ягон ҷиҳат дар хизмат беҳтар шудан хоҳед, аз дигарон кумак пурсед. Агар ин тавр кунед, хизмататон пурсамар мегардаду хурсандиатон бештар (1 Қӯр. 9:26).
Ба бародарон кумаки моддӣ фиристоданд (Корнома 11:26б–30)
22, 23. Чӣ тавр масеҳиёни Антиохия меҳру муҳаббати бародарона зоҳир карданд ва чӣ тавр имрӯз халқи Худо ба онҳо пайравӣ мекунад?
22 «Маҳз дар Антиохия шогирдон аввалин бор бо роҳнамоии Худо масеҳӣ номида шуданд» (Кор. 11:26б). Дар ҳақиқат, ин ном ба шахсоне муносиб аст, ки ба Масеҳ пайравӣ мекунанд. Вақте одамони дигар халқҳо масеҳӣ шуданд, оё байни онҳову яҳудиён меҳру муҳаббати бародарӣ буд? Биёед фаҳмем, ки, вақте тақрибан соли 46-уми милодӣ гушнагии сахт сар зад, чӣ рӯй додe. Дар он замонҳо аз гушнагӣ асосан камбағалон азоб мекашиданд, чунки онҳо на пул доштанду на захира. Ҳангоми гушнагӣ дар Яҳудия масеҳиёни яҳудӣ, ки бисёрашон, аз афташ, бенаво буданд, базӯр нони хӯрдан меёфтанд. Инро фаҳмида бародарони Антиохия, аз ҷумла масеҳиёни ғайрияҳудӣ, «ба бародарони Яҳудия кумак»-и моддӣ фиристоданд (Кор. 11:29). Чӣ намунаи хуби муҳаббати самимӣ!
23 Имрӯз низ дар байни халқи Худо чунин аст. Вақте мо мефаҳмем, ки бародару хоҳаронамон аз дигар давлат ё ҷойи худамон ба кумак муҳтоҷанд, ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекунем. Масалан, вақте ҳамдинонамон аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла обхезиву заминҷунбӣ ва тӯфони шадид, зарар мебинанд, Кумитаи филиал дарҳол Кумитаи ёрӣ ба осебдидагонро ташкил дода, ба он бародару хоҳарон ғамхорӣ менамояд. Ҳамаи ин аз бародардӯстии ҳақиқиямон шаҳодат медиҳад (Юҳ. 13:34, 35; 1 Юҳ. 3:17).
24. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки аз рӯъёи Петрус дарс гирифтем?
24 Рӯъёе, ки Петрус дар шаҳри Ёфо, дар болохона дид, барои мо, масеҳиён, ибратбахш аст. Мо Худоеро мепарастем, ки рӯйбин нест. Хости Худо ин аст, ки мо як ба як дар бораи Подшоҳии ӯ ба ҳама шаҳодат диҳем. Ӯ мехоҳад, ки ҳар гуна одамон, новобаста ба нажод, миллат ва мавқеи иҷтимоияшон, хушхабарро шунаванд. Пас, биёед ба ҳар касе, ки ба хушхабар гӯш медиҳад, кумак кунем, ки дар бораи Яҳува дониш гирад (Рум. 10:11–13).
a Баъзе яҳудиён ба чармгарон бо назари паст менигаристанд, чунки онҳо бо пӯсту ҷасади ҳайвонот ва дигар чизҳои нафратангезу нопок сарукор доштанд. Чунин шахсонро ба ибодатгоҳ роҳ намедоданд. Онҳо корашонро на кам аз 50 газ, яъне тахминан 20 м, дур аз шаҳр мекарданд. Ин, шояд, яке аз сабабҳое буд, ки Шимъӯни чармгар «дар назди баҳр» зиндагӣ мекард (Кор. 10:6).
b Нигаред ба чорчӯбаи «Корнилюс ва лашкари Рум».
c Ин мақола «Маслиҳатҳои беҳтарин барои тарбияи фарзанд» ном дошта, дар «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми ноябри с. 2006, саҳ. 4–7, (рус.) нашр шуда буд.
d Нигаред ба чорчӯбаи «Антиохияи Сурия».
e Мувофиқи маълумоти таърихшиноси яҳудӣ Юсуф Флавиюс, ин «гушнагии сахт» дар рӯзҳои қайсар Клавдиюс (солҳои ҳукмронияш — 41–54-и милодӣ) рӯй дод.