Муваффақияти худро аён гардонед
«Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад» (1 ТИМ. 4:15).
1, 2. Дар бораи солҳои наврасии Тимотиюс ва дигаргуниҳое, ки тақрибан дар 20–солагиаш ба амал омаданд, ба мо чӣ маълум аст?
ҲАНГОМИ хурдсол буданаш Тимотиюс дар яке аз вилоятҳои Рум, дар Ғалотия (қаламрави Туркияи ҳозира) зиндагӣ мекард. Дар он ҷо чанде пас аз марги Исо якчанд ҷамъомади масеҳӣ пайдо шуда буд. Тимотиюси ҷавон ва модару модаркалони вай масеҳиятро қабул намуданд ва дар яке аз ҷамъомадҳо фаъолона хидмат мекарданд (2 Тим. 1:5; 3:14, 15). Бешубҳа, ба Тимотиюси ҷавон дар он ҷойҳо хидмат кардан маъқул буд. Лекин баногоҳ дар ҳаёти ӯ дигаргуниҳо ба амал омаданд.
2 Ин дигаргуниҳо ҳангоми бори дуввум ба он ҷо омадани Павлуси расул оғоз шуданд. Он вақт Тимотиюс эҳтимол тақрибан 20–сола буд. Шояд ҳангоми ташрифорӣ ба Лустра Павлус шунид, ки бародарони ҷамъомадҳои маҳаллӣ Тимотиюсро «таъриф мекарданд» (Аъм. 16:2). Аз афташ, Тимотиюси ҷавон аз ҷиҳати рӯҳонӣ хеле баркамол буд. Зери ҳидояти рӯҳулқудс Павлус ва ҳайати пирони маҳаллӣ бар Тимотиюс даст гузоштанд ва ӯро ба хидмати махсус таъин намуданд (1 Тим. 4:14; 2 Тим. 1:6).
3. Ба Тимотиюс дар хидмат чӣ имтиёзи ғайриоддие дода шуд?
3 Ба Тимотиюс вазифаи ғайриоддие дода шуд: ӯ бояд чун ҳамсафари Павлуси расул хидмат мекард. (Аъм. 16:3). Тасаввур кунед, ки чӣ қадар тааҷҷубовар ва хурсандибахш буд ин барои Тимотиюс! Солҳои минбаъда Тимотиюс бояд бо Павлус ва баъзан бо дигарон сафар мекард ва ҳар гуна вазифаҳоеро, ки расулон ва пирон медоданд, иҷро менамуд. Павлус ва Тимотиюс чун нозирони сайёр хидмат мекарданд, ки ин ба беҳбудии рӯҳонии бародарон хеле мусоидат менамуд. (Аъмол 16:4, 5–ро бихонед.) Ҳамин тавр, Тимотиюс бо муваффақияти рӯҳониаш ба бисёр масеҳиён маълум гашт. Пас аз тахминан даҳ соли ҳамкорӣ бо Тимотиюс Павлуси расул ба масеҳиёни шаҳри Филиппӣ навишт: «Каси дигаре мисли ӯ [Тимотиюс] надорам, ки дар бораи шумо аз самими қалб ғамхорӣ мекарда бошад ...Шумо бовафоии ӯро медонед, чунки ӯ ба ман, мисли писар ба падар, дар башорат хизмат кардааст» (Фил. 2:20–22).
4. а) Ба Тимотиюс чӣ вазифаи пурмасъул супорида шуд? б) Дар алоқамандӣ бо 1 Тимотиюс 4:15 кадом саволҳо ба миён меоянд?
4 Тахминан ҳамон вақте ки Павлус ба филиппиён нома навишт, ӯ ба Тимотиюс вазифаи пурмасъул — таъин кардани пирону ходимони ёварро — супорид (1 Тим. 3:1; 5:22). Ин нишон медиҳад, ки Тимотиюс нозири масеҳии сазовори эътимод гашта буд. Бо вуҷуди ин, Павлус Тимотиюсро ташвиқ кард, ки муваффақияташро ба ҳама намоён гардонад (1 Тим. 4:15). Оё муваффақиятҳои калони Тимотиюс аллакай ба ҳама аён набуданд? Пас, Павлус бо ин суханон чӣ гуфтанӣ буд ва мо аз маслиҳати ӯ чӣ омӯхта метавонем?
Чӣ тавр муваффақияти рӯҳонии худро аён созем
5, 6. Ба покии рӯҳонии ҷамъомади Эфсӯс чӣ таҳдид мекард ва чӣ тавр Тимотиюс ҷамъомадро муҳофизат карда метавонист?
5 Биёед контексти 1 Тимотиюс 4:15-ро дида бароем. (1 Тимотиюс 4:11–16-ро бихонед.) Ҳангоми навиштани ин суханон Павлус дар Мақдуния буд. Вале пеш аз сафар кардан ба он ҷо ӯ аз Тимотиюс хоҳиш намуд, ки дар Эфсӯс бимонад. Чаро? — Зеро баъзеҳо дар он шаҳр таълимоти бардурӯғро паҳн карда, дар ҷамъомад ҷудоӣ меандохтанд. Тимотиюс бояд покии рӯҳонии ҷамъомадро ҳифз мекард. Чӣ тавр? — Масалан бо он ки ба дигарон намунаи хуби ибрат нишон медод.
6 Павлус ба Тимотиюс навишт: «Барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рӯҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош». Павлус илова намуд: «Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад» (1 Тим. 4:12, 15). Ин муваффақиятро бояд хислатҳои рӯҳонии Тимотиюс муайян мекарданд, на ин ки мавқеи намоёни ӯ. Барои ба даст овардани маҳз ҳамин гуна муваффақият бояд ҳар яки мо бикӯшем.
7. Аз ҳама аъзоёни ҷамъомад Худо чӣ интизор аст?
7 Имрӯз чун дар рӯзҳои Тимотиюс масеҳиён дар ҷамъомад масъулиятҳои гуногунро ба ӯҳда доранд. Баъзеҳо чун пирон ё ходимони ёвар хидмат менамоянд. Дигарон пешрав мебошанд. Бархеи дигар чун нозирони сайёр, ходимони Байт–Ил, ё миссионерон хидмат мекунанд. Пирон дар гузаронидани барномаҳои гуногуни таълимӣ иштирок менамоянд, масалан дар анҷуманҳо нутқ мегӯянд. Лекин ҳамаи масеҳиён — ҳам мардон, ҳам занон ва ҳам ҷавонон — метавонанд муваффақиятҳои рӯҳонии намоён ба даст оранд (Мат. 5:16). Чун дар мавриди Тимотиюс, ҳатто аз масеҳиёне, ки масъулиятҳои махсусро ба ӯҳда доранд, Худо интизор аст, ки муваффақиятҳои рӯҳонии худро ба ҳама аён созанд.
Дар сухан намуна бош
8. Чӣ тавр нутқи мо ба ибодати мо таъсир мекунад?
8 Яке аз ҷонибҳое, ки Тимотиюс дар он бояд намунаи ибрат нишон медод — ин сухангӯӣ буд. Чӣ тавр мо дар ин ҷода муваффақият ба даст оварда метавонем? Нутқи мо дар бораамон бисёр чизҳоро ошкор мекунад. Исо дуруст қайд кард: «Забон аз пурии дил сухан мегӯяд» (Мат. 12:34). Ҳамчунин бародари ҳамбатни Исо, Яъқуб гуфт, ки нутқи мо ба ибодати мо таъсир карда метавонад. Ӯ навишт: «Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст, ва ҷилави забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд,— диндории вай бефоида аст» (Яъқ. 1:26).
9. Аз кадом ҷиҳатҳо нутқи мо бояд намунавӣ бошад?
9 Сухангӯиамон аз дараҷаи рушди рӯҳонии мо шаҳодат медиҳад. Масеҳиёни рӯҳан баркамол суханони ношоиста, манфӣ, танқидомез ва аламовар намегӯянд, баръакс, онҳо мекӯшанд дигаронро бо суханони худ тақвияту тасаллӣ бахшанд, ором кунанд ва рӯҳбаланд гардонанд (Мас. 12:18; Эфс. 4:29; 1 Тим. 6:3–5, 20). Вақте ки мо бо омодагӣ ва кушоду равшан меъёрҳои баланди ахлоқии Худоро ҳифз менамоем ва нишон медиҳем, ки мувофиқи онҳо зиндагӣ кардан мехоҳем, ин аз садоқатмандии мо ба Худо шаҳодат медиҳад (Рум. 1:15, 16). Одамони самимӣ албатта мебинанд, ки мо чӣ тавр забони худро истифода мебарем ва шояд мисли мо рафтор кунанд (Фил. 4:8, 9).
Дар рафтор ва покӣ намуна бошед
10. Чаро доштани имони бериё муҳим аст?
10 Барои намунаи хуб будан ба масеҳиён танҳо суханони рӯҳбаландкунанда гуфтан кифоя нест. Суханони дуруст бе корҳои дуруст шахсро риёкор карда метавонанд. Павлус риёкории фарисиён ва натиҷаҳои бади чунин рафторро хуб медонист. Вай Тимотиюсро борҳо аз чунин риёкорӣ ва рафтори сохтакорона огоҳ кард (1 Тим. 1:5; 4:1, 2). Вале ин маънои онро надошт, ки Тимотиюс риёкор буд. Дар номаи дуюми худ ба Тимотиюс Павлус навишт: «Имони бериёи туро ... ба хотир меоварам» (2 Тим. 1:5). Бо вуҷуди ин, Тимотиюс чун шахси масеҳӣ бояд самимияти худро ба дигарон нишон медод. Ӯ бояд дар рафтор намунаи ибрат мебуд.
11. Павлус ба Тимотиюс дар бораи сарвату боигарӣ чӣ навишт?
11 Дар ду номаи ба Тимотиюс навиштааш Павлус дар мавриди рафтор маслиҳатҳои гуногун дод. Масалан, Тимотиюс набояд аз паи ғун кардани сарвату боигарӣ мешуд. Павлус навишт: «Решаи ҳамаи бадиҳо зарпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд» (1 Тим. 6:10). Муҳаббат ба пулу сарват шаҳодат медиҳад, ки шахс аз ҷиҳати рӯҳонӣ заиф аст. Ва баръакс, масеҳие, ки аз доштани «хӯрок ва либос» ва аз ҳаёти хоксорона қаноатманд аст, нишон медиҳад, ки муваффақияти рӯҳонӣ ба даст овардааст (1 Тим. 6:6–8; Фил. 4:11–13).
12. Чӣ тавр дар ҷонибҳои ҳаёти шахсӣ муваффақиятҳои мо аён шуда метавонанд?
12 Павлус ба Тимотиюс хотиррасон кард, ки барои масеҳизанон худро бо «сару либоси шоиста, маҳҷубона ва боисмат» оро додан муҳим аст (1 Тим. 2:9). Заноне, ки дар сарулибос, намуди зоҳирӣ ва ҳамчунин дар ҷонибҳои дигари ҳаёти шахсӣ хоксор ва боисматанд, намунаи хуби ибрат мебошанд (1 Тим. 3:11). Ин принсип ба мардони масеҳӣ низ дахл дорад. Павлус нозиронро насиҳат кард, ки «ҳушёр, боисмат, боодоб» бошанд (1 Тим. 3:2). Вақте ки мо ин хусусиятҳоро дар ҳаёти ҳаррӯза зоҳир мекунем, мо муваффақиятҳои худро ба ҳама аён месозем.
13. Чӣ тавр мо мисли Тимотиюс дар покӣ намунаи ибрат буда метавонем?
13 Тимотиюс ҳамчунин бояд дар покӣ намунаи ибрат мебуд. Павлус бо истифодаи калимае, ки «покӣ» тарҷума шудааст, ба ҷониби махсуси ҳаёт — ба муносибат бо ҷинси муқобил ишора кард. Хусусан дар ин ҷониби ҳаёт Тимотиюс бояд тавре рафтор мекард, ки касе ӯро таъна карда натавонад. Ӯ бояд бо пиразанон чун бо модарон, бо ҷавонзанон чун бо хоҳарон «бо камоли покӣ» муносибат мекард (1 Тим. 4:12; 5:2). Ҳатто агар рафтори бадахлоқона муддате аз назари одамон пӯшида монад ҳам, Худо онро медонад ва бо гузашти вақт он албатта ба дигарон ошкор мешавад. Ва баръакс, корҳои неки масеҳиён низ пинҳон монда наметавонанд (1 Тим. 5:24, 25). Ҳама аъзоёни ҷамъомад имконият доранд, ки дар рафтор ва покӣ муваффақияти худро аён созанд.
Муҳиммияти муҳаббат ва имон
14. Чӣ тавр Навиштаҳо муҳиммияти ба якдигар зоҳир кардани муҳаббатро таъкид мекунанд?
14 Хусусияти муҳими масеҳиёни ҳақиқӣ муҳаббат аст. Исо ба шогирдонаш гуфт: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:35). Чӣ тавр мо ин гуна муҳаббатро зоҳир мекунем? Каломи Худо моро ташвиқ мекунад, ки «якдигарро дар муҳаббат таҳаммул» намоем, «ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз» бошем, «якдигарро афв» намоем ва меҳмоннавоз бошем (Эфс. 4:2, 32; Ибр. 13:1, 2). «Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред»— навиштааст Павлуси расул (Рум. 12:10).
15. Чаро барои ҳар яки мо ва хусусан барои нозирони масеҳӣ зоҳир намудани муҳаббат муҳим аст?
15 Агар Тимотиюс дар муносибат бо ҳамимонон дағал ё номеҳрубон мебуд, ин корҳои некеро, ки ӯ чун устод ва нозир мекард, ҳеҷ мегардонд. (1 Қӯринтиён 13:1–3-ро бихонед.) Аз тарафи дигар, муҳаббати самимии ӯ ба бародарон дар якҷоягӣ бо меҳмоннавозиву корҳои неке, ки ӯ баҳри беҳбудии онҳо мекард, бешубҳа, аз муваффақияти рӯҳонии вай шаҳодат медоданд. Аз ин рӯ, Павлуси расул дар номааш ба Тимотиюс муҳаббатро чун яке аз хусусиятҳое, ки дар зоҳир кардани он Тимотиюс бояд намунаи ибрат мебуд, махсусан қайд намуд.
16. Чаро Тимотиюс бояд имони қавӣ зоҳир мекард?
16 Ҳангоми дар Эфсӯс буданаш имони Тимотиюс зери озмоиш қарор гирифт. Баъзеҳо таълимотеро, ки ба ҳақиқати Навиштаҳо зид буданд, паҳн менамуданд. Дигарон «қиссаҳо» нақл мекарданд, ё ба таҳлилу таҳқиқоте, ки ҳеҷ ба рушди рӯҳонии ҷамъомад мусоидат намекард, дода шуда буданд. (1 Тимотиюс 1:3, 4–ро бихонед.) Павлус дар бораи шахсе, ки чунин рафтор мекунад, гуфт: «Вай мағрур аст, ҳеҷ чизро намедонад, балки ба бемории муҷодилот ва мубоҳисот дучор шудааст» (1 Тим. 6:3, 4). Оё дида баромадани он таълимоту ақидаҳои зараровари ба ҷамъомад дохилшуда метавонистанд ба Тимотиюс зарар расонанд? Бале, метавонистанд ва аз ин рӯ Павлус Тимотиюсро барангехт, ки «дар роҳи имон ба таври нек талош» намояд ва «аз ёвагӯии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурӯғ дониш номида мешавад, рӯй» гардонад (1 Тим. 6:12, 20, 21). Бешубҳа, Тимотиюс мувофиқи ин маслиҳати хирадмандонаи Павлус амал намуд (1 Қӯр. 10:12).
17. Чӣ тавр имони мо имрӯз зери озмоиш қарор гирифта метавонад?
17 Ҷолиб аст, ки Павлус ба Тимотиюс гуфт: «Дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гӯш хоҳанд андохт» (1 Тим. 4:1). Ҳама аъзоёни ҷамъомад, аз он ҷумла онҳое, ки масъулиятҳо доранд, бояд мисли Тимотиюс имони қавӣ ва шикастнопазир зоҳир намоянд. Агар мо мавқеи мустаҳкам ишғол кунем ва тарғиботу таълимоти осиёнро боқатъият рад кунем, мо муваффақиятҳоямонро аён месозем ва имонамон намунаи ибрат хоҳад буд.
Бикӯшед, то муваффақиятҳоятон аён шаванд
18, 19. а) Чӣ тавр шумо муваффақиятҳои худро ба ҳама аён карда метавонед? б) Дар мақолаи навбатӣ чӣ муҳокима хоҳад шуд?
18 Инак, муваффақиятҳои рӯҳонии масеҳии ҳақиқӣ бо намуди зоҳирӣ, қобилиятҳои табиӣ ва мавқеи ӯ алоқаманд нестанд. Ва онҳоро на ҳамеша солҳои дар хидмати Яҳува гузаронидаи шахс муайян мекунанд. Аниқтараш, муваффақиятҳои ҳақиқии рӯҳонии мо дар он аён мегарданд, ки мо дар фикр, сухан ва рафтор ба Яҳува итоат мекунем (Рум. 16:19). Мо бояд ба аҳкоми дӯст доштани якдигар ва инкишоф додани имони қавӣ гӯш диҳем. Биёед дар бораи суханоне, ки Павлус ба Тимотиюс гуфт, мулоҳиза намоем ва ғарқи он шавем, то ки муваффақиятҳои мо ба ҳама намоён гарданд.
19 Хусусияти дигаре, ки муваффақиятҳои рӯҳонӣ ва камолоти масеҳии моро муайян мекунад — ин хурсандӣ, қисми самари рӯҳулқудси Худо мебошад (Ғал. 5:22, 23). Дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳад шуд, ки чӣ тавр мо дар ин замонҳои нотинҷ метавонем хурсандиро инкишоф диҳем ва онро нигоҳ дорем.
Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
• Нутқи мо дар бораи мо чӣ мегӯяд?
• Чӣ тавр муваффақиятҳои мо дар покӣ ва рафторамон инъикос меёбанд?
• Чаро масеҳиён бояд дар муҳаббат ва имон намунаи ибрат бошанд?