Корнома
16 Ҳамин тавр Павлус ба Дарба ва баъд ба Лустра+ омад. Дар он ҷо Тимотиюс+ ном шогирде буд, ки модараш яҳудизани имондору падараш юнонӣ буд, 2 ва бародарон дар Лустра ва Иқуния ӯро таъриф мекарданд. 3 Павлус хост, ки Тимотиюс ӯро ҳамроҳӣ кунад, лекин пеш аз ин ба хотири яҳудиёни он ҷойҳо ӯро хатна кард,+ зеро ҳамаи онҳо медонистанд, ки падари вай юнонӣ аст. 4 Онҳо шаҳр ба шаҳр гашта, дастурҳои расулону пирони Ерусалимро ба бародарон мерасонданд, то аз рӯйи он дастурҳо амал кунанд.+ 5 Аз ин рӯ имони ҷамоатҳо мустаҳкам мешуд ва шумораи имондорон рӯз аз рӯз меафзуд.
6 Азбаски рӯҳи муқаддас ба онҳо нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё паҳн кунанд, онҳо аз Фриҷияву Ғалотия+ гузашта, роҳашонро давом доданд. 7 Баъд аз ин онҳо ба Мисия расида, ба Битуния+ рафтанӣ шуданд, аммо Исо ба воситаи рӯҳ ба онҳо иҷозат надод. 8 Он гоҳ аз Мисия гузашта, ба шаҳри Трӯос омаданд. 9 Шабона Павлус дар рӯъё марди мақдуниеро дид, ки дар наздаш истода, аз ӯ илтиҷо мекард: «Ба Мақдуния омада, ба мо ёрӣ деҳ». 10 Пас аз он ки ӯ ин рӯъёро дид, мо дарҳол ба Мақдуния рафтанӣ шудем, зеро ба чунин хулоса омадем, ки Худо моро даъват намудааст, то хушхабарро ба мардуми он ҷо бирасонем.
11 Бинобар ин мо ба киштӣ савор шуда, аз Трӯос рост ба Сомӯтрокӣ омадем, рӯзи дигар бошад, ба Ниёполис расидем. 12 Аз он ҷо ба Филиппӣ,+ шаҳри тобеи Рум, ки шаҳри асосии вилояти Мақдуния аст, равона шудем ва дар он ҷо якчанд рӯз истодем. 13 Рӯзи шанбе мо аз дарвозаи шаҳр берун баромада, назди дарё рафтем, зеро шунида будем, ки он ҷо ҷойи дуогӯйӣ аст, ва бо заноне, ки ҷамъ омада буданд, нишаста, гуфтугӯ кардем. 14 Лидия ном зани худотарсе аз шаҳри Тиётира,+ ки савдогари матову либосҳои бунафшранг* буд, дар он ҷо истода, Павлусро гӯш мекард ва Яҳува дилашро кушод, то суханони ӯро қабул кунад. 15 Вақте ки Лидия ва аҳли хонаводааш таъмид гирифтанд*,+ ӯ илтиҷо карда гуфт: «Агар маро бандаи бовафои Яҳува ҳисобед, омада, дар хонаам истед». Ӯ он қадар илтимос кард, ки мо розӣ шудем.
16 Як рӯз, вақте ки ба ҷойи дуогӯйӣ мерафтем, канизеро вохӯрдем, ки дев дошту фол медид.+ Ӯ ояндаро пешгӯйӣ карда ба соҳибони худ даромади калон меовард. 17 Он духтар аз қафои мову Павлус гашта, фарёд мезад: «Ин одамон бандагони Худои Таолоянд+ ва ба шумо роҳи наҷотро нишон медиҳанд». 18 Вай чандин рӯз ҳамин тавр мекард. Оқибат Павлус аз ин безор шуду ба ақиб нигоҳ карда, ба рӯҳи нопок гуфт: «Ба номи Исои Масеҳ ба ту амр мефармоям, ки аз вай берун шав!» Ҳамон лаҳза дев аз духтар берун шуд.+
19 Чун соҳибони каниз диданд, ки умеди даромад аз даст рафт,+ Павлус ва Силоро дастгир карда, кашолакунон ба бозор, назди ҳокимон, бурданд.+ 20 Онҳоро назди амалдорон оварда, гуфтанд: «Ин мардон оромии шаҳри моро вайрон мекунанд.+ Онҳо яҳудиянд ва 21 урфу одатҳоеро паҳн мекунанд, ки ба мо, румиён, қабул ва риоя кардан раво нест». 22 Он гоҳ мардум бар зидди онҳо бархостанд, амалдорон бошанд, либоси онҳоро даррониданд ва фармон доданд, ки онҳоро химчакорӣ кунанд.+ 23 Павлусу Силоро зарбаҳои зиёд зада, ба зиндон партофтанд ва ба зиндонбон фармон доданд, ки онҳоро нағзакак посбонӣ кунад.+ 24 Вақте ки зиндонбон чунин фармон гирифт, онҳоро ба хонае, ки дар қисми дохилии зиндон ҷойгир буд, партофт ва ба пойҳояшон кунда зад.
25 Қарибиҳои нисфи шаб Павлусу Сило дуо мегуфтанду дар васфи Худо суруд мехонданд,+ зиндониёни дигар бошанд, онҳоро гӯш мекарданд. 26 Ногаҳон чунон заминҷунбии сахте шуд, ки таҳкурсии зиндон ба ларза омад. Ҳамон лаҳза ҳамаи дарҳо кушода шуданд ва занҷирҳои ҳама ба замин афтоданд.+ 27 Вақте зиндонбон бедор шуда, дид, ки дарҳои зиндон кушодаанд, шамшерашро бароварда, худро куштанӣ шуд, зеро гумон кард, ки зиндониён гурехта рафтанд.+ 28 Аммо Павлус бо овози баланд гуфт: «Ба худат зарар нарасон, ҳамаи мо дар ҳамин ҷоем!» 29 Он гоҳ зиндонбон хоҳиш кард, ки барояш чароғҳо биёранд. Сипас ӯ давида, ба дарун даромад ва тарсону ларзон пеши пойи Павлус ва Сило афтод. 30 Ӯ онҳоро берун бароварда, гуфт: «Эй ҷанобон, чӣ кор кунам, ки наҷот ёбам?» 31 Онҳо гуфтанд: «Ба Ҳазратамон Исо имон ор, он гоҳ ту ва аҳли хонаводаат наҷот меёбед».+ 32 Пас аз ин онҳо каломи Яҳуваро ба ӯ ва ба тамоми аҳли хонадонаш гуфтанд. 33 Ҳамон соат, шабона, зиндонбон онҳоро бо худ бурд ва захмҳояшонро шуст. Баъд аз ин ӯ ва аҳли хонаводааш дарҳол таъмид гирифтанд.+ 34 Ӯ Павлус ва Силоро ба хонаи худ оварда, ба пешашон хӯрок гузошт ва бо тамоми хонадонаш хеле хурсанд буд, ки ба Худо имон овард.
35 Вақте ки субҳ дамид, амалдорон навкаронро фиристоданд, то бигӯянд: «Он мардонро ҷавоб диҳед». 36 Зиндонбон суханони онҳоро ба Павлус расонида гуфт: «Амалдорон кас фиристоданд, то ҳар дуи шуморо озод кунам. Бароед, шумо озодед». 37 Аммо Павлус гуфт: «Онҳо мо, шаҳрвандони Румро,+ бе ҳукму доварӣ дар пеши ҳама зада, ба зиндон партофтанд. Ҳоло бошад, моро пинҳонӣ пеш карданиянд? Не! Бигзор омада, худашон моро бароранд». 38 Навкарон ин суханонро ба амалдорон расониданд, онҳо бошанд, вақте фаҳмиданд, ки он мардон шаҳрвандони Рум ҳастанд, ба ҳарос афтоданд.+ 39 Он гоҳ амалдорон омада, аз онҳо узр пурсиданд ва онҳоро аз зиндон бароварда, хоҳиш намуданд, ки шаҳрро тарк кунанд. 40 Вале онҳо аз зиндон баромада, ба хонаи Лидия рафтанд ва, вақте ки бародаронро диданд, онҳоро рӯҳбаланд карданд+ ва пас аз ин ба роҳ баромаданд.