Волидон, ба фарзандатон кӯмак кунед, то пешравӣ карда, таъмид гирад
«Чаро то ҳол нишастаӣ? Бархез, таъмид гир» (АЪМ. 22:16).
1. Волидони масеҳӣ пеш аз таъмид гирифтани фарзандашон ба чӣ боварӣ ҳосил кардан мехоҳанд?
«МОҲҲОИ дароз ман ба падару модарам дар бораи хоҳиши таъмид гирифтанам мегуфтам ва онҳо чандин бор оиди ин бо ман сӯҳбат карданд. Онҳо мехостанд боварӣ ҳосил кунанд, ки оё қарори ман ҷиддӣ аст. Рӯзи 31-уми декабри соли 1934 орзуям ҷомаи амал пӯшид». Бо ин суханон, хоҳар Блоссом Брандт, воқеаҳои пеш аз таъмид гирифтанашро тасвир кард. Ба ин монанд, имрӯз низ волидони масеҳӣ мехоҳанд, ки ба фарзандонашон ёрӣ расонанд, то онҳо қарорҳои бохирадона қабул кунанд. Бесабаб ба қафо партофтани таъмид, метавонад ба душвориҳои рӯҳонӣ оварда расонад (Яъқ. 4:17). Лекин аз рӯйи хирад аст, ки пеш аз таъмид гирифтани фарзандашон, волидон мехоҳанд фаҳманд, ки оё ӯ ба шогирди Масеҳ будан тайёр аст ё не.
2. а) Чаро баъзе нозирони ноҳиявӣ ба ташвиш меоянд? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?
2 Баъзе нозирони ноҳиявӣ ба ташвиш меоянд, чунки дар ҷамъомадҳо наврасону ҷавононеро мебинанд, ки дар оилаи Шоҳидони Яҳува калон шуданд, лекин то ҳол таъмид нагирифтаанд. Бисёре аз онҳо ба ҷамъомадҳо меоянд, дар хизмат иштирок мекунанд ва худро Шоҳиди Яҳува меҳисобанд. Лекин онҳо бо баъзе сабабҳо ҳаёти худро ба Яҳува намебахшанд ва таъмид намегиранд. Барои чӣ? Баъзан сабаб дар он аст, ки волидон онҳоро бармеангезанд, то таъмидро ба қафо партоянд. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки аз кадом чор сабаб волидон ҳамин тавр рафтор мекунанд?
ОЁ СИННУ СОЛИ ФАРЗАНДАМ МУВОФИҚ АСТ?
3. Волидони Блоссом аз чӣ хавотир буданд?
3 Волидони Блоссом, ки дар сархати якум оиди онҳо гуфта шудааст, хавотир буданд, ки оё синну соли духтарашон барои сарфаҳм рафтани маънои таъмид ва ҷиддӣ будани он мувофиқ аст. Чӣ тавр волидон фаҳмида метавонанд, ки фарзандашон барои худро ба Яҳува бахшидан тайёр аст ё не?
4. Чӣ тавр суханони Матто 28:19, 20 ба волидон ёрдам мекунанд, ки кӯдаконашонро таълим диҳанд?
4 Матто 28:19, 20-ро хонед. Чи тавре ки дар мақолаи гузашта муҳокима кардем, дар Китоби Муқаддас синну соли шахси таъмидгиранда аниқ гуфта нашудааст. Лекин волидон метавонанд дар бораи маънои шогирд тайёр кардан мулоҳиза ронанд. Калимаи юноние, ки дар Матто 28:19 чун «шогирд тайёр» кардан тарҷума шудааст, маънои онро дорад, ки шахс бо мақсади муайян, яъне шогирд сохтан, таълим медиҳад. Шогирд ин шахсест, ки таълимоти Исоро омӯхта сарфаҳм меравад ва бо иродаи қавӣ мехоҳад онҳоро риоя кунад. Ҳамин тавр мақсади волидони масеҳӣ дар он аст, ки фарзандонашонро аз кӯдакӣ таълим диҳанд, то онҳо шогирди таъмидёфтаи Исо шаванд. Албатта кӯдаки навзод таъмид гирифта наметавонад. Лекин Каломи Худо нишон медиҳад, ки ҳатто фарзандони хурд метавонанд ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро аз худ намуда онҳоро қадр кунанд.
5, 6. а) Гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи Тимотиюс ба мо оиди таъмиди ӯ чиро мефаҳмонад? б) Волидони бомулоҳиза чӣ гуна амал мекунанд?
5 Тимотиюс шогирде буд, ки ҳақиқатро аз навҷавонӣ қабул кард. Павлуси расул дар бораи Тимотиюс гуфт, ки ӯ ҳақиқати Навиштаҳоро аз давраи кӯдакиаш меомӯхт. Падари Тимотиюс ба Яҳува хизмат намекард, вале модару бибиаш, ки яҳудӣ буданд, ба ӯ ёрдам доданд, то ӯ Каломи Худоро дӯст дорад. Дар натиҷа имони ӯ хеле мустаҳкам шуд (2 Тим. 1:5; 3:14, 15). Дар синни тақрибан 20-солагӣ вай аллакай барои дар ҷамъомад гирифтани таъйиноти махсус мувофиқат мекард (Аъм. 16:1–3).
6 Бале ҳар як кӯдак нотакрор аст ва дар синну соли гуногун ба камол мерасад. Баъзе фарзандон дар айёми наврасӣ ҳақиқатро мефаҳманд, қарорҳои бохирадона қабул мекунанд ва таъмид гирифтан мехоҳанд. Дигарон бошанд, каме калонтар шуда барои таъмид гирифтан тайёр мешаванд. Барои ҳамин волидони бомулоҳиза ба фарзандон фишор намеоранд, ки таъмид гиранд. Баръакс, онҳо ба камол расидани ҳар як фарзандашонро ба назар гирифта барои пешравии рӯҳониаш кӯмак мекунанд. Вақте фарзанд бохирадона амал мекунад, волидон хурсанд мешаванд. (Масалҳо 27:11-ро хонед.) Лекин онҳо набояд мақсади худро фаромӯш кунанд, яъне ба фарзандонашон ёрӣ диҳанд, ки шогирди Масеҳ шаванд. Барои ин онҳо метавонанд ба худ чунин савол диҳанд: «Оё фарзанди ман барои ҳаёти худро ба Худо бахшидан ва таъмид гирифтан дониши кофӣ дорад?»
ОЁ ФАРЗАНДИ МАН ДОНИШИ КОФӢ ДОРАД?
7. Оё ба шахс барои таъмид пурра донистани Китоби Муқаддас шарт аст? Фаҳмонед.
7 Волидон чун таълимдиҳандаи оила мехоҳанд фарзандашон дар бораи ҳақиқат дониши хуб дошта бошад. Ин дониш барои ба Худо бахшидани ҳаёташ асоси мустаҳкам мегардад. Бо вуҷуди ин барои бахшидани худ ба Худо ва таъмид гирифтан ба шахс ҳар як тафсилоти таълимоти Китоби Муқаддасро донистан шарт нест. Ҳар як шогирд бояд баъд аз таъмид низ дониши аниқ гирифтанро давом диҳад. (Қӯлассиён 1:9, 10-ро хонед.) Пас, то таъмид чӣ қадар дониш доштан зарур аст?
8, 9. Мо аз воқеаи Павлус ва зиндонбон чӣ гуна дарсҳо гирифта метавонем?
8 Воқеае, ки дар асри як бо оилае рӯй дод, ба волидон ёрдам мекунад (Аъм. 16:25–33). Павлус дар давоми сафари дуюми миссионерии худ, тақрибан соли 50-уми милод, ба шаҳри Филиппӣ омад. Дар он ҷо ӯ ва ҳамсафараш Силоро тӯҳмат карда, ба ҳабс гирифтанд. Дар нисфи шаб, заминҷунбии сахте ба амал омад ва ҳамаи дарҳои зиндон кушода шуданд. Зиндонбон аз тарси он ки ҳама зиндониён гурехтанд, худро куштанӣ шуд, аммо Павлус ӯро боздошт. Павлусу Сило ба зиндонбон ва оилааш дар бораи Исо шаҳодати хуб доданд. Чӣ тавр онҳо нишон доданд, ки барои ҳақиқати фаҳмидаашон миннатдоранд? Онҳо дарҳол таъмид гирифтанд. Мо аз мисоли онҳо чӣ меомӯзем?
9 Шояд ин зиндонбон пештар дар сафи лашкари Рум хизмат мекард. Ӯ дар бораи Навиштаҳо маълумот надошт. Барои масеҳӣ шудан, ӯ бояд аввал таълимоти асосии Китоби Муқаддасро ёд мегирифт, меъёрҳои Худоро мефаҳмид ва онҳоро риоя мекард. Дониши гирифтааш ва миннатдорӣ ба он вайро барангехт, то дар муддати кӯтоҳ таъмид гирад. Бешубҳа, ӯ баъд аз таъмид низ дониш гирифтанро давом дод. Пас, вақте фарзандатон гӯяд, ки Яҳуваро дӯст медорад ва ба Ӯ итоат кардан мехоҳад, барои ҳамин таъмид гирифтанӣ аст, шумо чӣ кор карда метавонед? Шумо, волидони масеҳӣ, метавонед иҷозат диҳед, ки ӯ оиди ин бо пирони ҷамъомад гап занад. Пирон дар навбати худ қарор мекунанд, ки оё ӯ ба талабот барои таъмид мувофиқат мекунад ё не.a Ва баъди таъмид низ ӯ чун дигар хизматгорони Худо дониши худро оиди ниятҳои Яҳува, ҳамеша ва ҳатто то абад, инкишоф медиҳад (Рум. 11:33, 34).
МУВАФФАҚИЯТ АЗ ЧӢ ВОБАСТА АСТ?
10, 11. а) Баъзе волидон чӣ фикр мекунанд? б) Чӣ хушбахтии ҳақиқӣ оварда метавонад?
10 Баъзе волидон ба хулоса омаданд, ки беҳтараш фарзандашон пеш аз таъмид соҳиби маълумот шуда кори сердаромад ёбад, то ягон хавотирӣ надошта бошад. Шояд ин аз нияти нек бошад, лекин оё ин ба фарзандашон ёрдам мекунад, ки муваффақияти ҳақиқӣ ба даст орад? Оё ин фикр мувофиқи Навиштаҳо мебошад? Каломи Яҳува моро ба чӣ бармеангезад? (Воиз 12:1-ро хонед.)
11 Дар хотир доштан муҳим аст, ки ҷаҳон ва қисмҳои он бар зидди фикрронӣ ва хости Яҳува мебошад (Яъқ. 4:7, 8; 1 Юҳ. 2:15–17; 5:19). Муносибати наздик бо Яҳува фарзандатонро аз Шайтон, ҷаҳони ӯ ва аз тарзи фикрронии он ба таври беҳтарин муҳофизат мекунад. Агар волидон гирифтани маълумот ва кори хубро дар ҳаёти фарзандашон аввалиндараҷа ҳисобанд, вай бовар мекунад, ки ин чизҳо аз муносибат бо Яҳува дида муҳимтар мебошанд. Ин хеле хатарнок аст. Магар волидони ғамхор мехоҳанд, ки нуқтаи назари фарзандашон оиди муваффақият ба фикрронии ҷаҳон асос ёбад? Дар асл, танҳо ҳамон вақт хурсандӣ ва муваффақият ба даст меорем, агар Яҳуваро дар ҷойи аввали ҳаётамон гузорем. (Забур 1:2, 3-ро хонед.)
АГАР ФАРЗАНДАМ ГУНОҲ КУНАД-ЧӢ?
12. Чаро баъзе волидон мехоҳанд, ки фарзандашон таъмид гирифтанро ба қафо партояд?
12 Як модари масеҳӣ фаҳмонд, ки барои чӣ таъмид гирифтани духтарашро намехост. Ӯ мегӯяд: «Ман аз худ шарм медорам, чунки сабаби асосӣ ин аз ҷамъомад хориҷ кардани гунаҳкорон буд». Мисли ин хоҳар, баъзе волидон фикр мекунанд, ки беҳтараш ҳавою ҳаваси ҷавонӣ гузарад, баъд фарзандашон таъмид гирад (Ҳас. 8:21; Мас. 22:15). Онҳо ба чунин хулоса омада метавонанд: «То даме ки фарзандам таъмид нагирад, ӯро хориҷ карда наметавонанд». Чаро ин худфиребдиҳӣ мебошад? (Яъқ. 1:22).
13. Оё таъмидро ба қафо партофтан шахсро аз ҷавобгарӣ озод мекунад? Фаҳмонед.
13 Албатта, волидон мехоҳанд, ки фарзандашон пеш аз ҳаёти худро ба Худо бахшидан то андозае ба камол расида дар пеши Худо ҷавобгарӣ ҳис кунад. Аммо чунин фикр хатост, ки агар фарзанд таъмид нагирад, ӯ ба Яҳува ҳисобот намедиҳад. Чаро? Ҷавобгарӣ на аз таъмидгирӣ сар мешавад, балки аз вақте, ки ӯ нуқтаи назари Яҳуваро оиди неку бад мефаҳмад. (Яъқуб 4:17-ро хонед.) Ҳамин тавр волидони бохирад ба ҷойи он ки фарзандашонро аз таъмидгирӣ боздоранд, кӯшиш мекунанд, то дар риояи меъёрҳои Худо намуна бошанд. Онҳо мехоҳанд дар дили фарзандашон аз кӯдакӣ барои меъёрҳои ахлоқии Яҳува миннатдориро инкишоф диҳанд (Луқ. 6:40). Чунин миннатдорӣ барои фарзандонашон ҳимояи беҳтарин аст, чунки он фарзандонро бармеангезад, ки ҳамеша бо роҳи одилонаи Яҳува равона шаванд (Иш. 35:8).
КӮМАКИ ДИГАРОН
14. Чӣ тавр пирон кӯшиши волидонро дастгирӣ карда метавонанд?
14 Пирони ҷамъомад ҳангоми сӯҳбат бо кӯдакон ва ҷавонон баракати мақсадҳои рӯҳониро қайд карда, бо ин кӯшиши волидонро дастгирӣ мекунанд. Хоҳаре, ки зиёда аз 70 сол чун пешрав хизмат кардааст, сӯҳбатеро, ки бо бародар Чарлз Тейз Расселл дар синни шашсолагӣ дошт, ба хотир оварда, гуфт: «Ӯ 15 дақиқа вақт ҷудо карда дар бораи мақсадҳои рӯҳонӣ бо ман гап зад». Бале, суханони хуб ва рӯҳбаландкунанда метавонанд, ба муддати дуру дароз таъсир расонанд (Мас. 25:11). Пирон инчунин метавонанд волидон ва фарзандони онҳоро ба таъмир ва дигар корҳои бо Толори Салтанат алоқаманд таклиф карда ба наврасон вазифаҳои ба қувваташон мувофиқро супоранд.
15. Дигар аъзоёни ҷамъомад бо кадом роҳҳо ҷавононро дастгирӣ карда метавонанд?
15 Аъзоёни ҷамъомад низ метавонанд ба ҷавонон шавқи самимӣ ва бамаврид нишон дода онҳоро дастгирӣ кунанд. Ин мушоҳида кардани пешравии онҳоро дар бар мегирад. Оё онҳо дар ҷамъомад ҷавобҳои самимӣ ва хуб фикркардашуда медиҳанд? Оё озмоишҳоро бомуваффақият паси сар карда беайбиашонро нигоҳ медоранд ё аз имконият истифода бурда дар мактаб шаҳодат медиҳанд? Пас, онҳоро аз таҳти дил таъриф кунед. Шумо метавонед мақсад гузоред, ки пеш ё баъд аз ҷамъомад бо онҳо сӯҳбат кунед. Агар мо чунин кунем, ҷавонон худро аъзои «ҷамоати бузург» ҳис мекунанд (Заб. 34:18).
БА ФАРЗАНДАТОН ЁРӢ ДИҲЕД, КИ ПЕШРАВӢ КАРДА ТАЪМИД ГИРАД
16, 17. а) Чӣ тавр таъмид бо ҳаёти ояндаи мо алоқаманд аст? б) Ҳамаи волидони масеҳӣ чӣ орзу доранд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
16 Дар «таълим ва насиҳати Яҳува тарбия» кардани фарзанд барои волидони масеҳӣ масъулияти пуршараф мебошад (Эфс. 6:4; Заб. 126:3). Баръакси фарзандони исроилиён, фарзандони масеҳиён чун қисми халқи ба Яҳува бахшидашуда таваллуд намешаванд. Ҳамчунин муҳаббат ба Худо ва ҳақиқат аз насл ба насл намегузарад. Аз рӯзи таваллуди кӯдак волидон бояд чунин мақсад дошта бошанд, ки аз ӯ шогирд созанд. Онҳо бояд ба ӯ кӯмак кунанд, то оқибат ҳаёташро ба Худо бахшида, хизматгори таъмидёфтаи Яҳува гардад. Оё чизи аз ин муҳимтаре буда метавонад? Охир, маҳз ба он шахсоне, ки ҳаёташонро ба Худо бахшида таъмид гирифтаанд ва ба Ӯ содиқона хизмат мекунанд, барои дар мусибати бузург наҷот ёфтан аломат гузошта мешавад (Мат. 24:13).
17 Вақте ки Блоссом Брандт қарор кард, ки таъмид мегирад, волидони худотарси ӯ хостанд боварӣ ҳосил кунанд, ки духтарашон ба ин қадами муҳимтарини ҳаёт тайёр аст ё не. Баъди он ки ба тайёр будани ӯ дилпур шуданд, онҳо қарори ӯро дастгирӣ карданд. Блоссом нақл намуд, ки шаби пеш аз таъмид падараш чӣ кор кард. Ӯ мегӯяд: «Падарам ҳамаи моро ҷамъ карда хоҳиш кард, то бо зону истем ва ӯ дуо гуфт. Вай ба Яҳува гуфт, ки хеле хурсанд аст, ки духтари хурдсолаш қарор кардааст ҳаёташро ба Ӯ бахшад». Баъди 60 сол Блоссом нақл мекунад: «Бовар кунед, он шаб ҳеҷ гоҳ аз хотирам намебарояд!» Волидон, мо мехоҳем, то шумо низ аз дидани он ки фарзандонатон ҳаёти худро ба Яҳува бахшида хизматгори таъмидёфтаи Ӯ мегарданд, хурсандӣ ва қаноатмандӣ ёбед.
a Волидон метавонанд ба фарзандони худ аз маълумоти зерин истифода бурда ёрӣ диҳанд: «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.), ҷилди 2, саҳ. 304–310. Ҳамчунин ба «Замимаи саволҳо» аз«Хизмат ба Салтанати Худо» моҳи апрели соли 2011, саҳ. 2 нигаред.