БОБИ 27
«Як ба як шаҳодат дод»
Павлуси бандӣ дар Рум ҳам шаҳодат медиҳад
Бар Корнома 28:11–31 асос ёфтааст
1. Чаро Павлусу ҳамроҳонаш дилпур буданд, ки ба Рум мерасанд?
ҲОЛО соли тахминан 59-уми милодӣ аст. Киштие, ки дар қисми пешаш аломати «Писарони Зевс»-ро дошту, аз афташ, ғаллаи зиёдеро мебурд, аз ҷазираи Малта ба Итолиё равона мешавад. Дар ин киштӣ Павлусро ба Рум бурда истодаанд ва Луқою Ористархус ӯро ҳамроҳӣ мекунанд (Кор. 27:2). Баръакси маллоҳони киштӣ ин воизон аз писарони дугоники худои юнониён Зевс — Кастор ва Поллукс, ҳимоя намеҷӯянд. Павлусу ҳамроҳонаш Яҳуваро, ки бо амри ӯ расул бояд дар Рум ба қайсар як ба як шаҳодат медод, ибодат мекунанд (Кор. 23:11; 27:24).
2, 3. Киштии Павлус кадом роҳро тай мекунад ва дар тамоми сафараш кӣ мададгораш буд?
2 Пас аз чанде онҳо ба бандари Саркузо мерасанд, ки шаҳри зебои Ситсилия буда, аз Атинову Рум қариб ки камӣ надошт. Киштӣ дар он ҷо се рӯз истода, сипас ба ҷануби Итолиё, ба Риғюн, равона мешавад. Боди ҷанубӣ ҳаракати киштиро метезонад ва он 320 километр роҳро тай карда, аллакай рӯзи дигар ба бандаргоҳи Путеолии Итолиё (наздикии Неаполи ҳозира) мерасад (Кор. 28:12, 13).
3 Сафари Павлус ба Рум ба қарибӣ хотима меёбад ва ӯ он ҷо дар пеши қайсар Нерон ҳозир мешавад. Дар тӯли ин сафари дурудароз «Худои ҳар тасалло» роҳнамои Павлус буд (2 Қӯр. 1:3). Чи хеле аз ин боб мебинем, Яҳува Павлусро минбаъд ҳам дастгирӣ мекунад, Павлус бошад, дар хизмати ӯ ғайраташро гум намекунад.
«Павлус онҳоро дида Худоро шукр гуфт ва рӯҳбаланд шуд» (Корнома 28:14, 15)
4, 5. а) Павлусу ҳамроҳонашро дар Путеолӣ чӣ тавр меҳмоннавозӣ мекунанд ва чаро ба ӯ иҷозат дода шуд, ки бо бародарон бошад? б) Рафтори намунавии бародару хоҳароне, ки дар ҳабсхонаанд, ба онҳо чӣ фоида меорад?
4 Павлусу рафиқонаш дар Путеолӣ бародаронро ёфтанд ва, «азбаски онҳо бисёр хоҳиш карданд, ҳафт рӯз дар наздашон» монданд (Кор. 28:14). Меҳмондӯстии он бародарон барои мо намунаи хуб аст. Онҳо вақту қуввати худро дареғ надошта Павлусу ҳамроҳонашро дар хонаашон қабул карданд. Бо дилпурӣ гуфтан мумкин аст, ки он бародарон аз суҳбати Павлусу ҳамроҳонаш баҳра бурда қуввати тоза гирифтанд. Вале чаро ба Павлуси бандӣ ин қадар озодӣ дода шуд? Эҳтимол, ӯ боварии аскарони Румро ба даст оварда буд.
5 Мисли Павлус дар рӯзҳои мо низ бародару хоҳарон ба туфайли ростқавливу рафтори хубашон дар ҳабсхонаҳо ва конслагерҳо озодии бештар доштанд. Масалан, дар Руминия марде, ки ба муҳлати 75 сол аз сабаби ғоратгарияш аз озодӣ маҳрум шуда буд, Каломи Худоро омӯхта тамоман инсони дигар шуд. Инро дида нозирони ҳабсхона ба ӯ иҷозат доданд, ки бе посбон ба шаҳр рафта, барои маҳбас харид кунад. Вале аз ҳама муҳимаш он ки, рафтори намунавии мо номи Худоямон Яҳуваро шуҳрат медиҳад (1 Пет. 2:12).
6, 7. Аз чӣ маълум аст, ки бародарони Рум Павлусу ҳамроҳонашро хеле дӯст медоштанд?
6 Павлусу ҳамроҳонаш сафари худро давом медиҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо аз Путеолӣ то Капуа бо роҳи машҳури Опиюс қариб 50 километрро пиёда тай мекунанд. Ин роҳ, ки ба тарафи Рум мебурд, аз сангҳои калону ҳамвори вулқонӣ сохта шуда буд. Роҳгузарон метавонистанд аз манзараҳои дилкушои деҳоти Итолиё ва дар баъзе ҷойҳои роҳ аз тамошои баҳри Миёназамин баҳра баранд. Ин роҳ аз ботлоқзори Понтин мегузашт, ки аз Рум тахминан 60 километр дур буд ва дар он ҷо бозори Опиюс ҷойгир буд. Луқо менависад, ки, вақте бародарони Рум хабар ёфтанд, ки онҳо омада истодаанд, ба пешвозашон то бозори Опиюс рафтанд. Дигар бародарон бошанд, Павлусу ҳамроҳонашро дар ҷое интизор шуданд, ки «Се меҳмонхона» ном дошт. Он ҷо истгоҳи роҳпаймоён буд ва аз Рум қариб 50 километр дур буд. Ин қадар роҳи дарозро тай кардани бародарон, бешубҳа, аз муҳаббати беандозаашон гувоҳӣ медод (Кор. 28:15).
7 Бозори Опиюс барои мусофирони мондаю ҳалок ҷойи хуби дамгирӣ набуд. Дар бораи ин бозор шоиру ҳаҷвнигори румӣ Ҳорас навиштааст, ки он «пур аз баҳрнавардон ва соҳибони дағали меҳмонхонаҳо буд... оби он ҷоро хӯрда намешуд» ва ӯ хӯроки он бозорро ба даҳон набурд. Ба чунин шароити бад нигоҳ накарда бародарони Рум Павлусу ҳамроҳонашро бо дили кушоду шод интизор шуданд, зеро мехостанд дар охирин қисми роҳаш ҳамроҳи ӯ бошанд.
8. Чаро Павлус бародаронашро дида Худоро шукр гуфт?
8 Павлус бародаронашро дидан замон «Худоро шукр гуфт ва рӯҳбаланд шуд» (Кор. 28:15). Ӯ аз дидори бародарони азизаш, ки баъзеяшонро, эҳтимол, нағз мешинохт, қуввату тасаллӣ ёфт. Павлус Худоро шукр гуфт, зеро медонист, ки ин гуна муҳаббати беғараз самари рӯҳи муқаддаси Худо мебошад (Ғал. 5:22). Имрӯз низ рӯҳи муқаддас ба дили бародару хоҳарон меандозад, ки барои дастгирӣ намудани дигарон фидокор бошанд ва онҳоеро, ки рӯҳафтодаанд, дилбардорӣ намоянд (1 Тас. 5:11, 14).
9. Мо аз бародароне, ки Павлусро пешвоз гирифтанд, чӣ меомӯзем?
9 Масалан, рӯҳи муқаддас бародару хоҳарони дасткушоду некхоҳро бармеангезад, ки нозирони ноҳиявӣ, миссионерон ва дигар ходимони пурравақтро меҳмондорӣ кунанд. Ба бисёри ин ходимон барои ба Яҳува бештар хизмат кардан лозим омад, ки аз баҳри баъзе чизҳо гузаранд. Нағз мебуд, ки аз худ пурсед: «Вақте ҷамоатамонро нозири ноҳиявӣ хабар мегирад, ман барои дастгирии ӯ ё, агар оиладор бошад, барои ӯву ҳамсараш чӣ кор карда метавонам? Оё метавонам онҳоро ба меҳмонӣ даъват намоям ё ҳамроҳашон хизмат кунам?» Меҳмоннавозиву ҳамкорӣ карда, шумо мисли бародарони Рум соҳиби баракатҳои зиёд мегардед. Як бор тасаввур кунед, ки бародарони Рум аз шунидани воқеаҳои шавқоваре, ки Павлусу ҳамроҳонаш аз хизматашон нақл карданд, чӣ қадар хурсанд шуданду имонашон мустаҳкам гашт (Кор. 15:3, 4).
«Одамон дар ҳама ҷо бар зидди ин мазҳаб сухан мегӯянд» (Корнома 28:16–22)
10. Павлус дар Рум чӣ ҳол дошт ва ӯ дарҳол аз паси кадом кор шуд?
10 Вақте сафаракиҳо ниҳоят ба Рум расиданд, «ба Павлус иҷозат доданд, ки дар хонаи алоҳида зери назорати посбон истиқомат кунад» (Кор. 28:16). Барои он ки чунин маҳбусон нагурезанд, одатан онҳоро ба аскари посбон занҷирбанд мекарданд. Вале ҳатто дар чунин ҳолат Павлус дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат медод ва занҷирҳояш ӯро боздошта наметавонистанд. Аз ин рӯ баъд аз кӯфтагии роҳ Павлус буду шуд се рӯз дам гирифту дарҳол мардони яҳудии соҳибмартабаро ба назди худ хонд: ӯ мехост худро ба онҳо муаррифӣ карда, дар бораи имонаш шаҳодат диҳад.
11, 12. Чӣ хел Павлус ҳангоми бо яҳудиёни Рум гап задан кӯшиш кард, ки ҳар гуна бадгумониро бартараф созад?
11 Павлус ба онҳо гуфт: «Эй бародарон, ҳарчанд ман ба муқобили халқ ва урфу одатҳои бобоёнамон ҳеҷ коре накардаам, маро дар Ерусалим ҳабс карда, ба дасти румиён супурданд. Пас аз тафтиш онҳо хостанд, ки маро озод кунанд, зеро барои куштани ман ягон далел надоштанд. Аммо, азбаски яҳудиён ба ин зид баромаданд, ман маҷбур шудам, ки доварии қайсарро талаб кунам, вале на аз барои он ки аз халқам шикоят кунам» (Кор. 28:17–19).
12 Павлус ба яҳудиён «бародарон» гуфта муроҷиат кард, зеро мехост ҳар гуна бадгумониеро, ки дар байнашон буда метавонист, бартараф намояд ва нишон диҳад, ки ӯ низ дар қатори онҳо мебошад (1 Қӯр. 9:20). Ҳамчунин ӯ мақсадашро баён намуда гуфт, ки ӯ ба Рум на барои айбдор кардани бародарони яҳудияш омадааст, балки мехоҳад қайсар ӯро доварӣ кунад (Кор. 28:21). Лекин ин масъала барои яҳудиёни Рум як гапи нав буд, онҳо дар ин бора ҳеҷ чиз намедонистанд. Барои чӣ онҳо дар бораи кори судии Павлус аз Яҳудия ягон хату хабар нагирифта буданд? Дар як маълумотнома гуфта шудааст: «Аз афташ, киштии Павлус баъд аз зимистон якум шуда ба Итолиё омад. Азбаски киштиҳо дар зимистон хеле кам ба сафар мебаромаданд, ҳукуматдорони яҳудии Ерусалим барои кори судии Павлус на намояндагонашонро ба Рум фиристода тавонистанду на мактубашонро».
13, 14. Павлус дар бораи Подшоҳии Худо чӣ тавр гапро сар кард ва мо чӣ хел ба ӯ пайравӣ карда метавонем?
13 Павлус, ба хотири он ки дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳад, сухане гуфт, ки кунҷкобии яҳудиёнро бедор кард. Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз ин сабаб хоҳиш кардам, ки бо шумо вохӯрда, суҳбат кунам, зеро ман барои умеде, ки Исроил дорад, бо ин занҷирҳо баста шудаам» (Кор. 28:20). Албатта, ин умед бо Масеҳ ва Подшоҳии ӯ алоқаманд буд ва ҷамоати масеҳӣ дар бораи ин умед шаҳодат медод. Инро шунида пирони яҳудӣ ба Павлус гуфтанд: «Мехоҳем фикру ақидаи туро аз даҳони худат шунавем, зеро, дар ҳақиқат, чуноне ки ба мо маълум аст, одамон дар ҳама ҷо бар зидди ин мазҳаб сухан мегӯянд» (Кор. 28:22).
14 Вақте мо ба ягон кас мавъиза мекунем, аз Павлус ибрат гирифта мавзуъ ё саволеро бардошта метавонем, ки шавқу завқи касро бедор мекунаду ӯро ба андеша меандозад. Барои чунин суҳбатҳо маслиҳатҳои хубро аз дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» ва китобчаи «Дар хониш ва таълим моҳир шавед» ёфтан мумкин аст. Маслиҳатҳои ин адабиётро истифода бурда шумо омӯзгори моҳири Каломи Худо мегардед.
«Як ба як шаҳодат дод» (Корнома 28:23–29)
15. Аз тарзи шаҳодатдиҳии Павлус мо кадом чор чизро меомӯзем?
15 Дар рӯзи таъйиншуда яҳудиёни маҳаллӣ бо «шумораи боз ҳам бештар» ба хонаи Павлуси маҳбус омаданд. Павлус дар бораи Навиштаҳо «аз субҳ то шом ба онҳо як ба як шаҳодат дода, дар бораи Подшоҳии Худо сухан меронд ва аз Тавроти Мӯсо ва Навиштаҳои пайғамбарон далел меовард, то онҳо ба Исо имон оранд» (Кор. 28:23). Мо аз ин тарзи шаҳодатдиҳии Павлус чор чизро омӯхта метавонем: якум, ӯ диққати шунавандагонашро ба Подшоҳии Худо равона кард; дуюм, ӯ бо онҳо тавре гап зад, ки боварибахшу дилрас буд; сеюм, бо ёрии Навиштаҳо исбот намуд, ки суханонаш ҳаққанд, ва чорум, ӯ ғами шунавандагонашро хӯрда ба онҳо «аз субҳ то шом» шаҳодат дод. Ин ғайрату имони Павлус барои мо намунаи ибрат аст. Шаҳодатдиҳии Павлус чӣ натиҷа овард? Луқо мегӯяд, ки «баъзеҳо ба суханони ӯ бовар карданд, баъзе накарданд. Азбаски онҳо бо ҳамдигар розӣ набуданд, он ҷоро... тарк кардан гирифтанд» (Кор. 28:24, 25а).
16–18. Вақте яҳудиёни Рум ба хабари Павлус гӯш надоданд, чаро ӯ ҳайрон нашуд ва, агар одамон хабари моро қабул накунанд, бояд чӣ гуна муносибат кунем?
16 Павлус чунин муносибати одамонро дида ҳайрон нашуд, зеро медонист, ки мувофиқи пешгӯйӣ на ҳама хабари Худоро қабул мекунанд (Кор. 13:42–47; 18:5, 6; 19:8, 9). Барои ҳамин, вақте одамон аз пеши Павлус рафтан гирифтанд, ӯ ба онҳо гуфт: «Рӯҳи муқаддас ба воситаи пайғамбар Ишаъё ба бобоёни шумо барҳақ чунин гуфтааст: “Рафта, ба ин халқ бигӯ: “Шумо хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид, нигоҳ хоҳед кард, вале нахоҳед дид. Дили ин мардум сахт... шудааст”» (Кор. 28:25б–27). Ин ҷо феъли «сахт шудааст» дар матни асл ба дили равғангирифта ишора мекунад. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки чунин дили беҳис хабари Подшоҳиро намепазирад. Ин, албатта, хеле ғамовар аст.
17 Павлуси расул дар охири гапаш ба яҳудиёне, ки ба хабари Подшоҳӣ гӯш надоданд, бо боварӣ гуфт, ки «халқҳои дигар... албатта ба он гӯш медиҳанд» (Кор. 28:28; Заб. 67:2; Иш. 11:10). Ин гапи Павлус ҷон дошт. Ӯ бо чашмони худ дида буд, ки бисёр ғайрияҳудиён хабари Подшоҳиро қабул карданд (Кор. 13:48; 14:27).
18 Биёед мисли Павлус, вақте одамон хушхабарро рад мекунанд, зиқ нашавем, зеро медонем, ки аксари одамон роҳеро, ки сӯйи ҳаёт мебарад, интихоб намекунанд (Мат. 7:13, 14). Лекин, вақте мебинем, ки одамони ҳақиқатдӯст парастиши поки Яҳуваро ихтиёр намуда ба ҷамоат меоянд, мо онҳоро бо хурсандӣ пешвоз мегирем (Луқ. 15:7).
«Дар бораи Подшоҳии Худо сухан мегуфт» (Корнома 28:30, 31)
19. Павлус дар ҳабси хонагӣ бо кадом кор машғул буд?
19 Луқо китобашро бо чунин суханони рӯҳбахш хотима мебахшад: «Павлус дар хонаи иҷорааш ду соли пурра истод ва ҳамаи онҳоеро, ки наздаш меомаданд, меҳрубонона қабул мекард. Ӯ бо далерии тамом ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо сухан мегуфт ва дар бораи Ҳазратамон Исои Масеҳ таълим медод ва чизе ба ӯ дар ин кор халал намерасонд» (Кор. 28:30, 31). Павлуси расул, воқеан ҳам, дар меҳмондӯстӣ, имон ва ғайрат намунаи барҷаста буд!
20, 21. Баъзе касонеро номбар кунед, ки аз шаҳодатдиҳии Павлус дар Рум манфиат гирифтанд.
20 Яке аз шахсоне, ки Павлус меҳрубонона қабул кард, Онисимус ном ғуломе буд, ки аз хӯҷаинаш ба Қӯлассо гурехта буд. Павлус ба Онисимус кумак кард, ки масеҳӣ гардад. Онисимус бошад, барои Павлус «бародари бовариноку азиз»-аш гашт. Павлус дар ҳаққи ӯ суханони зеринро гуфт: «Фарзандам Онисимус, ки... барояш падар шудам» (Қӯл. 4:9; Филем. 10–12). Аз ин суханони Павлус бармеояд, ки Онисимус ӯро бисёр дастгирӣ карда рӯҳбаланд менамудa.
21 Аз хизмати Павлус дигарон низ фоида гирифтанд. Суханони зерини ӯ ба филиппиён далели ин аст: «Вазъияти ман ба паҳн гаштани хушхабар кумак кард, зеро ба тамоми посбонони подшоҳи Рум ва ба ҳамаи дигарон маълум гаштааст, ки ман ба хотири Масеҳ занҷирбанд шудаам. Ба сабаби занҷирҳои ман аксари бародароне, ки ба Ҳазрат хизмат мекунанд, дилпурӣ пайдо карданд ва бо далерии боз ҳам бештар каломи Худоро гап мезананд» (Флп. 1:12–14).
22. Аз чӣ маълум мегардад, ки Павлус ҳангоми дар Рум маҳбус буданаш вақтро ғанимат медонист?
22 Ҳарчанд Павлус дар ҳабси хонагӣ буд, ӯ вақтро ғанимат дониста номаҳо менавишт, ки қисми Навиштаҳои Юнонӣ гаштандb. Номаҳои Павлус, бешубҳа, ба масеҳиёни асри як фоида оварданд. Мо ҳам аз он номаҳо манфиат мегирем, чунки онҳо зери илҳоми Худо навишта шудаанд ва то рӯзҳои мо аҳамияти худро гум накардаанд (2 Тим. 3:16, 17).
23, 24. Чӣ хел бародару хоҳарон мисли Павлус ҳатто дар ҳабсхона хурсандияшонро нигоҳ медоранд?
23 Дар китоби Корнома гуфта намешавад, ки Павлусро кай озод карданд, лекин ӯ аниқ озод шуд. Ӯ тахминан чор сол дар ҳабси хонагӣ буд — ду сол дар Қайсария ва ду сол дар Румc (Кор. 23:35; 24:27). Дар ин муддат Павлус некбину хурсанд мемонд ва бо ғайрати тамом ба Худо хизмат мекард. Дар рӯзҳои мо низ бисёр Шоҳидони Яҳува, ки барои имонашон ноҳақ ҳабс шудаанд, ноумед нашуда хизматашонро ҳатто дар ҳабсхона давом медиҳанд. Яке аз онҳо бародарамон Адолфо мебошад, ки дар Испониё барои нигоҳ доштани мавқеи бетарафияш ҳабс шуда буд. Рӯзе як корманди ҳабсхона ба ӯ гуфт: «Ту моро қоил кардӣ. Чи қадаре ки ҳаётатро дар ҳабсхона талхтар кунем, ту ҳамон қадар зиёдтар табассум мекунию суханони хуб мегӯӣ».
24 Бо гузашти вақт Адолфо ба боварии кормандони ҳабсхона даромад. Онҳо ҳатто дари ҳуҷраеро, ки ӯ дар он ҳабс буд, кушода мемонданд. Посбонон баъзан пеши ӯ омада, дар бораи Китоби Муқаддас саволҳо медоданд. Яке аз онҳо ҳатто тез-тез ба ҳуҷраи ӯ омада, Китоби Муқаддасро мехонд, Адолфо бошад, дар пеши дари ҳабсхона поида меистод, ки ҳеҷ кас онҳоро набинад. Корро бинед, ки маҳбус посбонро посбонӣ мекард! Ин гуна мисолҳои ибратбахш моро қувват мебахшанд, ки ҳатто дар ҳолатҳои душвор «бо далерии боз ҳам бештар каломи Худоро гап» занем.
25, 26. Кадом пешгӯйии ҳаяҷоновар 30 сол нагузашта дар рӯзҳои Павлус иҷро шуд ва чӣ хел он дар замони мо низ иҷро шуда истодааст?
25 Аз боби якуми ин китоб мо фаҳмидем, ки Исо ба пайравонаш чунин амр дода буд: «Вақте ки рӯҳи муқаддас бар шумо фарояд, қувват меёбед ва дар Ерусалим, дар саросари Яҳудияву Сомария ва то гӯшаю канори замин дар бораи ман шаҳодат медиҳед» (Кор. 1:8). Китоби Корнома дар бораи масеҳиёни зиёде нақл мекунад, ки бо ҷону дил аз пайи иҷрои ин супориш шуданд. Павлуси расул низ дар қатори онҳо буд. Чи хеле аз хотимаи Корнома фаҳмидем, ӯ дар вақти ҳабси хонагӣ буданаш ҳам «дар бораи Подшоҳии Худо» ба ҳар касе, ки наздаш меомад, шаҳодат медод. Ҳамин тавр, баъд аз суханони Исо 30 сол нагузашта хушхабар «ба тамоми офаридаҳои зери осмон эълон шуд»d (Қӯл. 1:23). Ин, бешубҳа, гувоҳӣ медиҳад, ки рӯҳи пуриқтидори Худо кумакрасони масеҳиён буд (Зак. 4:6).
26 Имрӯз низ рӯҳи муқаддас ба тадҳиншудагон ва дигар пайравони ҳақиқии Масеҳ кумак мекунад, ки дар бораи Подшоҳии Худо як ба як дар 240 давлату минтақа шоҳидӣ диҳанд (Юҳ. 10:16; Кор. 28:23). Оё шумо дар ин кори хайру наҷотбахш фаъолона иштирок мекунед?
a Павлус мехост, ки Онисимус бо ӯ монад, вале ин бар зидди қонуни Рум буд ва ҳуқуқи Филемӯнро, ки хӯҷаини Онисимус буд, вайрон мекард. Барои ҳамин Павлус Онисимусро бо мактубе ба назди хӯҷаинаш Филемӯн равона кард. Дар он Павлус аз Филемӯн хоҳиш кард, ки Онисимусро, ки акнун ҳамимонаш шудааст, хуш қабул кунад (Филем. 13–19).
b Нигаред ба чорчӯбаи «Панҷ номаи Павлус ҳангоми ҳабси аввалаш дар Рум».
c Нигаред ба чорчӯбаи «Зиндагии Павлус пас аз соли 61-уми милодӣ».
d Нигаред ба чорчӯбаи «Хушхабар “ба тамоми офаридаҳо” эълон шуд».