Ба мусофирон некӣ карданро фаромӯш накунед
«Меҳмоннавозиро [маънояш: меҳрубонӣ ба бегонагонро] фаромӯш накунед» (ИБР. 13:2).
1, 2. а) Имрӯз мусофирон бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Китоби Муқаддас чиро ёдрас мекунад ва вобаста ба ин кадом саволҳо пайдо мешаванд?
СӢ СОЛ пеш Осей[1] вақте ки Шоҳиди Яҳува набуд, аз Гана ба Аврупо омад. Ӯ мегӯяд: «Аҳамият додам, ки бисёриҳо нисбати ман бепарвоянд. Ҳамчунин обу ҳавои ин ҷоро дида ҳуш аз сарам парид. Вақте ман аз фурудгоҳ баромадам дар умрам якум бор чунин ҳавои хунукро ҳис карда гиряам омад». Аз сабаби надонистани забони он ҷо Осей беш аз як сол кори нағз ёфта натавонист. Аз оилааш дур шуда ӯ танҳоиро ҳис намуд ва хонаашро ёд мекард.
2 Тасаввур кунед, ки шумо дар чунин вазъият мебошед. Дар ин ҳолат шумо аз дигарон чӣ хел муносибатро интизор мешудед? Агар дар Толори Салтанат шуморо новобаста аз миллат ё ранги пӯстатон нағз пешвоз мегирифтанд, оё ин бароятон маъқул намешуд? Китоби Муқаддас ба масеҳиён мегӯяд, ки «меҳмоннавозиро», яъне ба мусофирон некӣ карданро фаромӯш накунанд (Ибр. 13:2). Барои ҳамин биёед саволҳои зеринро дида бароем: «Яҳува нисбати мусофирон чӣ хел муносибат мекунад? Барои чӣ нисбати мусофирон муносибатамонро дигар кардан даркор? Ва мо чӣ кор карда метавонем, то ки мусофирон дар ҷамъомад худашонро худӣ ҳис кунанд?»
МУНОСИБАТИ ЯҲУВА БА МУСОФИРОН
3, 4. Мувофиқи Хуруҷ 23:9 халқи Худо пештар бояд ба ғарибон чӣ хел муносибат мекард ва чаро?
3 Баъди аз Миср озод шудани халқаш Яҳува ба онҳо қонунҳо дода гуфт, ки ба одамони бегона нағз муносибат кунанд (Хур. 12:38, 49; 22:21). Азбаски ғарибон одатан камбағаланд, Яҳува ғамхорӣ кард, ки онҳо хӯрду хӯрок дошта бошанд. Масалан, Ӯ оиди чӣ тавр чидани гандум дастурот дод, ки дар он ғамхориаш ба ғарибон дида мешуд (Ибд. 19:9, 10).
4 Яҳува маҷбур накард, ки исроилиён ғарибонро ҳурмат кунанд, балки раҳми онҳоро бедор кард. (Хуруҷ 23:9-ро хонед.) Исроилиён нағз медонистанд, ки ғариб будан чӣ маъно дорад. Пеш аз ғуломӣ мисриён исроилиёнро аз пушти ғурури миллӣ ё бадбинӣ нисбати пайравони дини дигар ганда медиданд (Ҳас. 43:32; 46:34; Хур. 1:11–14). Исроилиён худашон чун ғариб сахт азоб кашида бошанд ҳам, Яҳува мехост, ки онҳо ба халқҳои бегона чун ба шаҳрванди худ муносибат кунанд (Ибд. 19:33, 34).
5. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки мисли Яҳува дар бораи мусофирон ғамхорӣ кунем?
5 Бешубҳа, имрӯз низ Яҳува нисбати мусофироне, ки ба ҷамъомад ташриф меоранд, ғамхор аст (Такр. Ш. 10:17–19; Мал. 3:5, 6). Агар мо дар бораи душвориҳое, ки мусофирон бо он рӯ ба рӯ мешаванд, ба мисли надонистани забон ё поймол кардани ҳуқуқи онҳо мулоҳиза ронем, мо ба онҳо некӣ ва ҳамдардӣ карда метавонем (1 Пет. 3:8).
МУНОСИБАТИ МО БА МУСОФИРОН
6, 7. Чӣ нишон медиҳад, ки масеҳиёни асри як бадгумониро аз худ дур карда тавонистанд?
6 Масеҳиёни асри як бадгумониеро, ки барои яҳудиён одат шуда буд, аз худ дур карда тавонистанд. Масалан, дар Пантикости соли 33 э. мо, онҳо ба одамоне ки нав масеҳӣ шуда, аз ҷойҳои гуногун ба Ерусалим омада буданд, меҳмоннавозӣ карданд (Аъм. 2:5, 44–47). Ин муносибаташон нишон медод, ки масеҳиёни асри як маънои «меҳмоннавозиро» мефаҳмиданд.
7 Дар баробари афзоишёбии ҷамъомади масеҳиёни асри як поймолкунии ҳуқуқи дигарон зиёд мешуд. Яҳудиёни юнонизабон арз карданд, ки ба бевазанон беадолатӣ мекунанд (Аъм. 6:1). Барои ҳал кардани ин масъала ҳаввориён ҳафт мардро таъин карданд, то ки ҳеҷ кас бе баҳра намонад. Оне ки ин мардон номи юнонӣ доштанд, нишон медиҳад, ки ҳаввориён нофаҳмиҳои бо бадгумонӣ вобастабударо бартараф кардан мехостанд (Аъм. 6:2–6).
8, 9. а) Чӣ исбот мекунад, ки мо бадгумонӣ ё ғурури миллӣ дорем? б) Мо бояд чиро аз дили худ решакан кунем? (1 Пет. 1:22).
8 Ба ҳар яки мо маданиятамон таъсир мерасонад (Рум. 12:2). Масалан, мо шояд ҳар вақт мешунавем, ки чӣ хел ҳамсояҳо, ҳамкорон, ҳамсинфон одамонеро, ки аз дигар миллат, нажод мебошанд ё ранги пӯсташон дигар аст, паст мезананд. То чӣ андоза ин нуқтаи назар ба мо таъсир кардааст? Агар касе миллатамонро масхара кунад, масалан, ягон хусусияти маданиятамонро паст занад, мо чӣ кор мекардем?
9 Петрус нисбати ғайрияҳудиён бадгумонӣ дошт, лекин вай аз дилаш ин фикрҳои бадро решакан карда тавонист (Аъм. 10:28, 34, 35; Ғал. 2:11–14). Ба ин монанд, агар мо дар худ ягон зарраи бадгумонӣ ва ё ғурури миллиро пай барем, бояд онро аз диламон решакан кунем. (1 Петрус 1:22-ро хонед.) Мо дар бораи он фикр карда метавонем, ки ҳеҷ кас сазовори наҷот нест, чунки новобаста аз миллатамон ҳамаи мо нокомилем (Рум. 3:9, 10, 21–24). Агар ин хел бошад, пас барои чӣ мо худро аз дигарон баланд гирем? (1 Қӯр. 4:7). Мо бояд мисли Павлус бошем, ки дар бораи ҳамимононаш гуфт: «На ғайр ҳастед ва на бегона, балки... аҳли хонаи Худо» (Эфс. 2:19). Албатта, кӯшишу ғайрати мо барои решакан кардани бадгумонӣ нисбати миллатҳои дигар ба мо кӯмак мерасонад, ки одами нав шавем (Қӯл. 3:10, 11).
БА МУСОФИРОН НЕКӢ КУНЕД
10, 11. Чӣ тавр Бӯаз назари Яҳуваро нисбати мусофирон нишон дод?
10 Бӯаз нисбати мусофирон мисли Яҳува муносибат кард. Масалан, инро дар муносибаташ бо Рут дидан мумкин аст. Вақте ки ӯ ҳангоми дарав барои назорат ба заминаш омад, ӯ дар байни коргарон зани мусофиру меҳнаткашро дид. Ба Бӯаз хабар доданд, ки ин зан пеш аз чидани хӯшаҳои боқимонда иҷозат пурсид, гарчанде ки вай барои чидани он ҳақ дошт. Бӯаз инро шунида иҷозат дод, ки ӯ ҳатто дар байни даравгаронаш ҳам хӯшачинӣ кунад. (Рут 2:5–7, 15, 16-ро хонед.)
11 Суханони Бӯаз нишон медиҳанд, ки ӯ нисбати шароити Рути мусофир бепарво набуд. Бӯаз ба Рут гуфт, ки дар қатори занон истад, то ки мардони саҳро ба ӯ кордор нашаванд. Ӯ ҳатто ғамхорӣ кард, ки ба Рут дар баробари дигар коргарон обу хӯрок дода шавад. Ғайр аз ин Бӯаз бо зани ғарибу камбағал ҳавобаландона гап назад, баръакс ӯро тасаллӣ дод (Рут 2:8–10, 13, 14).
12. Ба мусофирон некӣ кардан чӣ манфиат меорад?
12 Ба Бӯаз на танҳо муҳаббати самимии Рут нисбати хушдоманаш, балки Яҳуваро парастиш карданаш низ таъсир расонд. Ин некии Бӯаз нишон медод, ки Яҳува то чӣ андоза нисбати зане, ки барои «дар таҳти болҳои Ӯ паноҳ» ҷустан омадааст, ғамхор аст (Рут 2:12, 20; Мас. 19:17). Ба ин монанд имрӯз муносибати неки мо ёрдам мекунад, ки «ҳамаи одамон» бо ҳақиқат шинос шуда муҳаббати Яҳуваро ҳис намоянд (1 Тим. 2:3, 4).
13, 14. а) Чаро мо бояд одамони навро дар ҷамъомад нағз пешвоз гирем? б) Чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки ҳангоми сӯҳбат бо одамони дигар маданият худро нороҳат ҳис накунед?
13 Вақте ки мо дар ҷамъомад бародарону хоҳарони аз дигар ҷо омадаро нағз пешвоз мегирем, бо ин некиамонро нишон медиҳем. Одатан агар пай бурда бошед, мусофирон баъзан шарм карда худашонро дур мекашанд. Аз сабаби тарбияву вазъи иҷтимоиашон шояд онҳо худро нисбат ба дигар миллат ё нажод паст меҳисобанд. Аз ин рӯ мо бояд қадами якумро гузошта нисбати онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунем. Агар дар забони шумо барномаи JW Language дастрас бошад, пас он барои бо забони модарии бародарону хоҳарон саломуалек кардан ёрдам мерасонад. (Филиппиён 2:3, 4-ро хонед.)
14 Эҳтимол сӯҳбат бо шахсе ки маданияташ дигар аст, шуморо нороҳат созад. Лекин барои аз худ дур кардани ин ҳиссиётҳо дар бораи худатон нақл кунед. Баъд шумо мефаҳмед, ки аз фарқиятҳо дида чизҳои барои ҳардуятон шинос бисёранд ва ҳар як маданият камбудиву хубӣ дорад.
КОРЕ КУНЕД, КИ ОНҲО ХУДРО БЕГОНА ҲИС НАКУНАНД
15. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба онҳое ки аз ҷойи дигар кӯчидаанд, фаҳмиш зоҳир кунем?
15 Барои он ки дигарон худро дар ҷамъомад худӣ ҳис кунанд, ба худ саволи зеринро диҳед: «Агар ман дар мамлакати дигар мебудам аз дигарон чӣ хел муносибатро интизор мешудам?» (Мат. 7:12). Нисбати онҳое ки ба ҷойи нав кӯчидаанд, пурсабрӣ лозим аст. Шояд дар аввал мо тарзи фикрронии онҳоро ё чаро ин ё он хел амал карданашонро пурра нафаҳмем. Мо бояд аз онҳо интизор нашавем, ки мисли мо рафтор кунанд. Ба ҷои ин нағз мебуд, ки одатҳои онҳоро қабул кунем. (Румиён 15:7-ро хонед.)
16, 17. а) Барои бо маданияти дигар шинос шудан мо чӣ кор карда метавонем? б) Чӣ тавр мо мусофиронро дастгирӣ карда метавонем?
16 Агар мо дар бораи дигар маданият маълумоти бештар гирем, бароямон бо онҳо сӯҳбат кардан осонтар мешавад. Барои ин дар ибодати оилавӣ вақт ҷудо карда оиди одамони дигар маданият, ки дар ҷамъомад ё маҳалламон мебошанд, маълумоти бештар кофта метавонем. Як роҳи дигари бо чунин шахсон дӯст шудан ин ба меҳмонӣ таклиф кардани онҳо мебошад. Агар худи Яҳува «дарвозаи имонро ба рӯи ғайрияҳудиён [дигар халқҳо] кушода» бошад, пас чаро мо дарвозаҳои худро ба мусофироне, ки «аҳли имони» моянд, накушоем? (Аъм. 14:27; Ғал. 6:10; Айюб 31:32).
17 Бо оилаҳое, ки аз дигар ҷой кӯчидаанд, вақт гузаронида мо кӯшишҳои онҳоро барои аз худ кардани маданиятамон бештар қадр мекунем. Мо шояд мебинем, ки барои ёд гирифтани забон ба онҳо ёрдам даркор. Ҳамчунин мо барои ёфтани ҷойи зист ва ё кор ба онҳо кӯмак карда метавонем. Ин кори мо бори мусофиронро сабук карда метавонад (Мас. 3:27).
18. Мусофирон ба намунаи кӣ пайравӣ карда метавонанд?
18 Албатта, мусофирон хеле кӯшиш менамоянд, ки ба маданияти шаҳри нав мутобиқ гарданд. Масалан, Рут дар ин маврид намунаи хуб гузошт. Якум, вай урфу одати ҷойи навро эҳтиром карда пеш аз чидани хӯша иҷозат пурсид (Рут 2:7). Рут ҳуқуқи худро талаб намекард ва фикр накард, ки ҳама вазифадоранд, ки ба ӯ кӯмак расонанд. Дуюм, вай аз таҳти дил барои некие, ки нисбати худ дид, миннатдорӣ изҳор кард (Рут 2:13). Вақте мусофирон мисли Рут рафтор менамоянд, эҳтимол одамони маҳаллӣ ва ҳамимонон онҳоро эҳтиром кунанд.
19. Мо барои хуш пазируфтани мусофирон чӣ сабабҳо дорем?
19 Мо хеле хурсандем, ки Яҳува ба одамони ҳар миллату нажод имкон медиҳад, ки хушхабарро шунаванд. Шояд онҳо дар шаҳри худ имконияти омӯхтани Китоби Муқаддас ё озодона бо Шоҳидони Яҳува муошират карданро надоштанд. Лекин ҳоло бошад, онҳо чунин имкониятро пайдо карданд. Аз ин рӯ мо бояд ба онҳо кӯмак расонем, ки худро бегона ҳис накунанд. Ҳатто он некии каме ки мо ба онҳо мекунем, муҳаббати Яҳуваро нишон медиҳад. Биёед «ба Худо тақлид» намуда, ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то мусофирони дар байнамон бударо хуш пазирем (Эфс. 5:1, 2).
^ [1] Сархати 1. Ном иваз шудааст.