Худро аз дигарон хурдтар шуморед
«Ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузург хоҳад буд» (ЛУҚ. 9:48).
ОЁ ШУМО ҶАВОБ ЁФТА МЕТАВОНЕД?
Чӣ ба мо ёрӣ мерасонад, ки дар худ рӯҳияи хурдтар буданро инкишоф диҳем?
Дар кадом ҷиҳатҳо шахсе, ки худро хурдтар мешуморад, «бузург» буда метавонад?
Чӣ тавр мо дар издивоҷ, дар ҷамъомад ва дар муносибат бо дигарон фурӯтанӣ зоҳир карда метавонем?
1, 2. Исо ба шогирдонаш чӣ насиҳат дод ва чаро?
СОЛИ 32 эраи мо Исо бо ҳаввориёнаш дар мавзеи Ҷалил буд. Баъзе ҳаввориён байни худ баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо аз ҳама бузургтар аст. Нависандаи Инҷил, Луқо ба мо нақл мекунад, ки чӣ рӯй дод: «Ба майнаи онҳо фикре омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. Исо андешаи дили онҳоро дарёфта, кӯдакеро гирифту пеши Худ ба по гузошт ва ба онҳо гуфт: “Ҳар кӣ ин кӯдакро ба исми Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад; зеро ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузург хоҳад буд”» (Луқ. 9:46–48). Исо ба ҳаввориён бо пурсабрӣ ва ҳамзамон бо қатъият ёрдам кард, то онҳо фаҳманд, ки бояд фурӯтан шаванд.
2 Оё насиҳати Исо оиди фурӯтанӣ ба тарзи фикрронии аксари яҳудиёни он замон мувофиқ буд? Ё он муқобили ақидаи бисёриҳо буд? Дар як луғати динӣ гуфта мешавад, ки барои яҳудиёни он замон хеле муҳим буд, то онҳо донанд, ки кӣ назар ба дигарон бузургтар аст ва онҳо дар фикри он буданд, ки ба ҳар як шахс эҳтиромеро, ки ӯ сазовор аст, нишон диҳанд (Theological Dictionary of the New Testament). Исо мехост, ки шогирдонаш дар ин бобат аз аксарият фарқ кунанд.
3. а) Хурдтар будан чӣ маъно дорад ва чаро зоҳир кардани ин хислат ба мо душвор буда метавонад? б) Кадом саволҳо оиди инкишоф додани рӯҳияи хурдтар будан ба миён меоянд?
3 Зери калимаи юноние, ки «хурдтар» тарҷума шудааст, шахсе дар назар дошта мешавад, ки мартабаи поёнтарро ишғол мекунад ё соҳиби қудрату ҳокимият нест. Чунин шахс фурӯтан аст ва худро аз дигарон бузургтар намешуморад. Исо ба шогирдонаш фаҳмонд, ки онҳо бояд мисли кӯдак фурӯтан ва хоксор бошанд. Ин маслиҳати Исо имрӯз низ барои пайравонаш қобили корбурд аст. Шояд барои мо чун шахси хурдтар рафтор кардан на ҳама вақт осон аст. Нокомилӣ моро бармеангезад, ки мағрур гашта, худро аз дигарон беҳтар шуморем. Рӯҳияи рақобати атрофиён ва умуман рӯҳияи ин ҷаҳон моро бармеангезад, ки худписанду ҷангҷӯ бошем ва дигаронро барои манфиати худ истифода барем. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки рӯҳияи хурдтар бурданро дар худ инкишоф диҳем? Чӣ тавр ҳар кӣ худро аз дигарон хурдтар мегирад, бузургтар хоҳад буд? Дар кадом соҳаҳои ҳаёт мо бояд рӯҳияи фурӯтани зоҳир кунем?
ТО ЧӢ АНДОЗА БЕПОЁН АСТ «САРВАТ ВА ҲИКМАТ ВА МАЪРИФАТИ ХУДО!»
4, 5. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки фурӯтаниро дар худ инкишоф диҳем? Мисол оред.
4 Як роҳи инкишоф додани фурӯтанӣ ин аст, ки оиди назар ба мо хеле бузургтар будани Яҳува мулоҳиза ронем. Дар ҳақиқат «хиради Ӯ таҳқиқнопазир аст» (Иш. 40:28). Дар бораи баъзе паҳлӯҳои бузургии Яҳува Павлуси ҳавворӣ навишт: «Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!» (Рум. 11:33). Гарчанд аз замони навишта шудани ин гуфтаи Павлус тақрибан 2000 сол гузаштааст ва дониши одамон дар бораи бисёр чизҳо чуқуртар гаштааст, ин суханҳо то ҳол ҳақ мебошанд. Новобаста аз он ки дониши мо то чӣ андоза зиёд аст, чизҳое ки мо дар бораи Яҳува, корҳои Ӯ ва роҳҳои Ӯ фаҳмида метавонем, беохиранд — дарк кардани ин моро бояд фурӯтан созад.
5 Фаҳмидани он ки ҳамаи роҳҳои Яҳуваро таҳқиқ кардан берун аз қуввати мост, ба Леоa ёрдам дод, ки ба худаш чун ба шахси хурдтар назар кунад. Лео дар ҷавониаш ба илмомӯзӣ шавқи хеле зиёд дошт. Азбаски ӯ мехост оиди коинот ҳар чӣ бисёртар фаҳмад, ӯ астрофизикаро меомӯхт ва дар натиҷа ба хулосаи муҳиме омад. Лео мегӯяд: «Дар рафти омӯхтан ман дарк кардам, ки танҳо ба воситаи назарияҳои илмии ҳозира пурра фаҳмидани коинот барои одамон ғайриимкон аст. Бинобар ин ба ҷои астрофизика ман омӯзиши соҳаи ҳуқуқшиносиро пеша кардам». Бо мурури вақт Лео чун ҳуқуқшинос вазифаҳои баландро соҳиб шуд. Баъди чанд вақт Лео ва занаш омӯзиши Китоби Муқаддасро бо Шоҳидони Яҳува сар карданд, ҳақиқатро қабул намуданд ва таъмид гирифтанд. Гарчанд Лео шахси донишманд буд ва мансаби баландро ишғол менамуд, чӣ ба ӯ кӯмак кард, ки фурӯтан бошад? Ӯ бе дудилагӣ ҷавоб медиҳад: «Ман дарк намудам, ки чӣ қадаре ки мо дар бораи Яҳува ва коинот наомӯзем, ҳоло ҳам чизҳои зиёде барои фаҳмидан боқӣ мемонанд».
6, 7. а) Чӣ гуна Яҳува дар фурӯтанӣ намунаи олиҷаноб гузошт? б) Чӣ тавр фурӯтании Худо шахсро «бузург» карда метавонад?
6 Сабаби дигаре, ки моро ба фурӯтан будан бармеангезад, ин фурӯтании худи Яҳува аст. Дар бораи суханони зерин мулоҳиза ронед: «Мо хизматгорони [«ҳамкорони», ТДН] Худо ҳастем» (1 Қӯр. 3:9). Танҳо тасаввур кунед, Яҳува, Худое, ки бузургиаш ҳадду канор надорад, моро бо он шарафманд гардонидааст, то мо Каломи Ӯро истифода бурда, дар хизмат иштирок карда тавонем. Гарчанд худи Яҳува тухми ҳақиқатро дар дили одамон месабзонад, Ӯ ба мо иҷозат додааст, ки онро шинонем ва об диҳем, яъне Ӯ моро лоиқи он донистааст, ки бо Ӯ ҳамкорӣ кунем (1 Қӯр. 3:6, 7). Оё ин намунаи олиҷаноби фурӯтании Худо нест? Бешубҳа, намунаи фурӯтании Яҳува бояд ҳар яки моро ба хурдтар будан барангезад.
7 Намунаи фурӯтании Худо ба Довуди забурнавис бениҳоят сахт таъсир кард. Ӯ ба Яҳува чунин сароида буд: «Сипари наҷоти Худро ба ман ато кардӣ ва иҷобати [«фурӯтании», ТДН] Ту маро сарафроз мегардонад» (2 Подш. 22:36). Довуд ҳамаи он бузургиеро, ки дар Исроил дошт, аз они Яҳува мешуморид, зеро Худо худро хам карда ё фурӯтан сохта, ба ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд (Заб. 112:5–7). Оё дар мавриди мо низ чунин гуфтан мумкин аст? Агар оиди хислат, қобилият ва имтиёзҳоямон гап занем, оё чизе ҳаст, ки мо аз Яҳува нагирифтаем? (1 Қӯр. 4:7). Шахсе, ки худро хурдтар мешуморад, ба он маъно «бузург» хоҳад буд, ки ӯ чун ходими Яҳува боз ҳам пурарзиштар мегардад (Луқ. 9:48). Биёед бубинем, ки чӣ тавр.
«ҲАР КӢ ДАР БАЙНИ ШУМО АЗ ҲАМА ХУРДТАР АСТ, ВАЙ БУЗУРГ ХОҲАД БУД»
8. Ба онҳое ки қисми ташкилоти Яҳува ҳастанд, чаро фурӯтан будан зарур аст?
8 Барои дар ташкилоти Худо хурсандӣ ёфтан ва тартиботи ҷамъомадро дастгирӣ кардан, хислати фурӯтанӣ муҳим аст. Биёед, мисоли хоҳар Петраро, ки дар оилаи Шоҳидони Яҳува ба воя расида буд, дида бароем. Азбаски Петра ба таври ба худаш писанд рафтор кардан мехост, ӯ худро аз ҷамъомад дур кашид. Баъд аз якчанд сол вай боз бо ҷамъомад ҳамроҳ шуд. Ҳоло ӯ дар ташкилоти Яҳува хушбахт аст ва тартиботи ҷамъомадро фаъолона дастгирӣ мекунад. Чӣ шуд, ки муносибати ӯ ба ҷамъомад тағйир ёфт? Вай менависад: «Барои он ки ман дар ташкилоти Худо худро чун дар хона ҳис кунам, ба ман фаҳмидан ва инкишоф додани ду хислати хеле муҳим лозим буд — фурӯтанӣ ва хоксорӣ».
9. Муносибати шахси фурӯтан ба ғизои рӯҳоние, ки мегирад, чӣ гуна аст ва чаро ин ӯро дар назари Худо боз ҳам пурарзиштар мегардонад?
9 Шахси фурӯтан барои он чизҳое ки Яҳува пешниҳод мекунад, аз он ҷумла барои ғизои рӯҳонӣ, хеле миннатдор аст. Барои ҳамин ӯ Каломи Худоро бодиққат меомӯзад ва маҷаллаҳоямонро бо шавқ мехонад. Ба мисли дигар ходимони содиқи Яҳува шахси фурӯтан аввал ҳар як нашрияи навро хонда, баъд онро ба ягон ҷо гирифта мемонад. Вақте ки мо адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаамонро мехонем ва меомӯзем, мо фурӯтанӣ ва миннатдориамонро нишон медиҳем, дар натиҷа мо дӯстиамонро бо Худо мустаҳкамтар месозем ва ба Ӯ имкон медиҳем, ки моро дар хизмат боз ҳам бештар истифода барад (Ибр. 5:13, 14).
10. Чӣ тавр мо рӯҳияи фурӯтаниро дар ҷамъомад зоҳир карда метавонем?
10 Ҳар кӣ худро хурдтарин мешуморад, дар дигар ҷиҳатҳо низ «бузург» буда метавонад. Дар ҳар як ҷамъомад мардони болаёқате ҳастанд, ки бо рӯҳулқудси Худо таъин шудаанд, то чун пирон хизмат кунанд. Онҳо чунин чорабиниҳоро ба монанди вохӯриҳои ҷамъомад, кори мавъиза ташкил мекунанд ва вазифаи чӯпониро дар ҷамъомад ба ӯҳда мегиранд. Вақте ки мо бо омодагӣ чунин чорабиниҳоро дастгирӣ карда, рӯҳияи фурӯтанӣ зоҳир менамоем, мо ба хурсандӣ, осоиштагӣ ва ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунем. (Ибриён 13:7, 17–ро бихонед.) Агар шумо пири ҷамъомад ё ходими ёвар бошед, магар барои масъулияте, ки Яҳува ба шумо бовар кардааст, бо фурӯтанӣ миннатдор нестед?
11, 12. Кадом рӯҳия моро дар ташкилоти Яҳува пурарзиштар месозад ва чаро чунин рӯҳия доштан зарур аст?
11 Шахсе ки дигаронро аз худ болотар мешуморад, «бузург» ё дар ташкилоти Яҳува хеле пурарзиш аст, зеро фурӯтаниаш ӯро ходими хуб ва фоидабахш мегардонад. Исо шогирдонашро насиҳат кард, ки худро хурдтарин шуморанд, зеро баъзе аз онҳо зери таъсири рӯҳияи он замон қарор доштанд. Дар Луқо 9:46 навишта шудааст: «Ба майнаи онҳо фикре омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст». Шояд дар мо низ чунин фикр пайдо шавад, ки мо аз ҳамимононамон беҳтар ҳастем ё умуман аз ҳамаи одамон болотарем. Аксари одамони ин ҷаҳон мағрур ва худдӯстдоранд. Биёед фурӯтанона рафтор карда, аз ғуруру ҳавобаландӣ канорагирӣ кунем. Агар мо чунин амал намоем ва иродаи Яҳуваро дар ҷои аввал гузорем, мо ба бародарон ва хоҳаронамон рӯҳбаландиву тароват хоҳем бахшид.
12 Насиҳати Исо оиди худро хурдтар шуморидан дар ҳақиқат ба чунин амал кардан бармеангезад. Оё мо набояд кӯшиш кунем, ки рӯҳияи фурӯтаниро дар ҳамаи ҷонибҳои ҳаёти худ зоҳир намоем? Биёед ҳоло ба се маврид бештар аҳамият диҳем.
ДИГАРОНРО АЗ ХУД БОЛОТАР ШУМОРЕД
13, 14. Чӣ тавр ҳамсарон метавонанд якдигарро аз худ болотар донанд ва ин ба издивоҷ чӣ гуна таъсир мерасонад?
13 Дар издивоҷ. Имрӯзҳо аксари одамон ҳуқуқҳои худро чунон боло мегузоранд, ки ҳатто поймол кардани ҳуқуқи дигаронро раво медонанд. Вале шахси фурӯтан мувофиқи суханони Павлус амал менамояд. Дар номааш ба румиён ин ҳавворӣ навишт: «Дар роҳи сулҳу осоиштагӣ ва тақвияти якдигар саъю кӯшиш кунем» (Рум. 14:19). Шахсе ки худро хурдтар меҳисобад, кӯшиш мекунад, ки бо ҳама, хусусан, бо ҳамсараш дар сулҳу осоиштагӣ бошад.
14 Масалан, назари ҳамсарон ба тарзи гузарондани истироҳат гуногун буда метавонад. Эҳтимол ба шавҳар маъқул аст, ки вақти холигиашро дар хона гузаронад ва китоб хонад. Занаш бошад, дар ягон ҷо якҷоя хӯрок хӯрдан ё бо дӯстон вақт гузаронданро нағз мебинад. Агар зан бинад, ки шавҳараш фурӯтанӣ зоҳир мекунад ва ба ҷои та́нҳо дар бораи хоҳишҳои худ фикр кардан, самимона хоҳишҳои занашро ба назар мегирад, магар барои ӯ эҳтиром кардани шавҳараш осонтар нахоҳад шуд? Ҳамчунин, вақте шавҳар мебинад, ки занаш на хоҳиши худ, балки хоҳиши ӯро ба инобат мегирад, то чӣ андоза ӯ занашро дӯст хоҳад дошт ва қадр хоҳад кард! Пайвандҳои издивоҷ вақте мустаҳкам мегардад, ки ҳамсарон якдигарро аз худ болотар донанд. (Филиппиён 2:1–4-ро бихонед.)
15, 16. Мико чӣ гуна рӯҳияро зоҳир мекард ва чӣ тавр мо дар ҷамъомад ба ӯ пайравӣ карда метавонем?
15 Дар ҷамъомад. Дар ҷаҳон бисёриҳо мехоҳанд, ки ҳар чӣ тезтар хоҳишҳои худро қонеъ кунанд. Онҳо тоқати сабр кардан надоранд ва интизорӣ барояшон азоб аст. Инкишоф додани рӯҳияи фурӯтанӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки Яҳуваро интизор шавем. (Мико 7:7–ро бихонед.) Агар мо фурӯтан бошем ва Худоро интизор шавем, мо соҳиби баракатҳо хоҳем шуд, ҳисси бехатариву қаноатмандӣ хоҳем дошт ва ҳамчунин тасаллӣ хоҳем ёфт. Мо бояд мисли Мико пурсабр бошем ва Яҳуваро интизор шавем!
16 Вақте ки шумо Яҳуваро фурӯтанона интизор мешавед ва ба Ӯ умед мебандед, шумо тасаллӣ ёфта метавонед (Заб. 41:6). Эҳтимол шумо мехоҳед, ки чун пири ҷамъомад хизмат карда, ба дигарон бисёртар кӯмак расонед (1 Тим. 3:1–7). Албатта, шумо бояд ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед ва гузоред, ки рӯҳулқудс дар шумо барои пири ҷамъомад шудан хислатҳои лозимаро инкишоф диҳад. Вале агар ба шумо назар ба дигарон каме бисёртар интизор шудан лозим ояд–чӣ? Шахси фурӯтан, ки масъулиятро пурсаброна интизор мешавад, хурсандона ба Яҳува хизмат карданро давом медиҳад ва чӣ таъиноте, ки нагирад, шод хоҳад буд.
17, 18. а) Вақте ки мо бахшиш мепурсем ва ҳамчунин бо омодагӣ дигаронро мебахшем, чӣ натиҷа ба даст меорем? б) Дар Масалҳо 6:1–5 кадом маслиҳат дода мешавад?
17 Дар муносибат бо дигарон. Барои бисёриҳо бахшиш пурсидан душвор аст. Лекин ходимони Худо бо он ки дар хатоҳои худ иқрор мешаванд ва бахшиш мепурсанд, рӯҳияи фурӯтаниро дар худ инкишоф медиҳанд. Онҳо инчунин бо омодагӣ хатогиҳои дигаронро мебахшанд. Ғуруру ҳавобаландӣ сабаби ҷудоиву низоъҳо мегардад, вале бахшидан ба он мусоидат мекунад, ки дар байни бародарону хоҳаронамон сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо бошад.
18 Эҳтимол ба мо гардан фуроварда, яъне худро фурӯтан карда, аз дигар кас самимона бахшиш пурсидан лозим ояд. Масалан, шояд мо бо касе гапзанон кардем, вале аз сабаби вазъиятҳое, ки аз мо вобаста нестанд, мувофиқи ваъдаи худ амал карда натавонистем. Дар чунин ҳолат, ҳатто агар на фақат худи мо айбдор бошем ҳам, мо бояд фурӯтанона диққатамонро ба хатоҳои худ равона кунем ва бо омодагӣ онҳоро ба гардан гирем. (Масалҳо 6:1–5-ро бихонед.)
19. Чаро ҳар яки мо барои панди Китоби Муқаддас оиди худро аз дигарон хурдтар шуморидан бояд миннатдор бошем?
19 То чӣ андоза мо миннатдорем, ки ба воситаи Навиштаҳо мо ба фурӯтан будан барангехта мешавем! Гарчанд баъзан барои мо дигаронро аз худ боло донистан душвор аст, вале дар бораи бузургии Офаридгор фикр кардан ва фурӯтании Ӯро дарк намудан, ба мо ёрӣ медиҳад, ки чунин хислати бениҳоят хубро дар худ инкишоф диҳем. Чунин амал карда, мо чун ходимони Яҳува пурарзиштар хоҳем гашт. Пас биёед ҳар яки мо худро аз дигарон хурдтар донем, яъне фурӯтан бошем.
[Эзоҳ]
a Номҳо иваз шудаанд.
[Тасвир дар саҳифаи 16]
Яҳува моро бо он шарафманд гардонидааст, ки мавъиза кардани хушхабарро ба мо боварӣ кардааст
[Тасвир дар саҳифаи 19]
Чӣ тавр шумо фурӯтанӣ зоҳир карда метавонед?