-
Атои ҳаётро қадр кунедТо абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
3. Аз пайи саломатиатон шавед
Масеҳиёни ҳақиқӣ ҳаёти худро пурра ба Яҳува бахшидаанд. Онҳо гӯё ҷисмашонро ҳамчун қурбонӣ ба Худо пешкаш кардаанд. Румиён 12:1, 2-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Чаро муҳим аст, ки ба саломатии худ бепарво набошем?
Чӣ тавр шумо метавонед ба саломатии худ аҳамият диҳед?
-
-
Оё шумо ба таъмид гирифтан тайёред?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
ДАРСИ 47
Оё шумо ба таъмид гирифтан тайёред?
Китоби Муқаддасро омӯхта, шумо дар бораи Яҳува бисёр чизро фаҳмидед. Мумкин шумо чизҳои фаҳмидаатонро ба кор бурда, ҳаётатонро дигаргун кардед. Лекин, шояд, баъзе чизҳо ба шумо халал расонанд, ки ҳаётатонро ба Яҳува бахшида, таъмид гиред. Дар ин дарс мо баъзе монеаҳоро дида мебароем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр онҳоро паси сар кардан мумкин аст.
1. Барои таъмид гирифтан шумо бояд чӣ қадар дониш дошта бошед?
Барои таъмид гирифтан шумо бояд «дар бораи ростӣ дониши хуб» дошта бошед (1 Тимотиюс 2:4). Лекин ин маънои онро надорад, ки шумо бояд ҷавоби ҳар як саволро донед. Ҳатто масеҳиёне, ки солҳо пеш таъмид гирифтаанд, то ҳол дониш гирифта истодаанд (Қӯлассиён 1:9, 10). Муҳим он аст, ки шумо таълимоти асосии Китоби Муқаддасро донед. Барои фаҳмидани он ки донишатон кофӣ аст ё не, аз пирони ҷамоат кумак пурсида метавонед.
2. Пеш аз таъмид гирифтан кадом қадамҳоро гузоштан лозим аст?
Барои таъмид гирифтан шумо бояд «тавба кунед ва сӯйи Худо баргардед». (Корнома 3:19-ро хонед.) Ин маънои онро дорад, ки аз гуноҳҳоятон пушаймон шаведу аз Яҳува бахшиш пурсед. Ҳамчунин шумо бояд дигар ба корҳои бад даст назанед ва минбаъд мувофиқи хости Яҳува зиндагӣ кунед. Боз ба шумо лозим аст, ки мунтазам ба ҷамъомадҳо равед ва бо бародару хоҳарон хушхабарро ба дигарон расонед.
3. Чаро набояд гузоред, ки тарс пеши роҳи шуморо гирад?
Баъзеҳо метарсанд, ки баъди таъмид ба ваъдае, ки ба Яҳува додаанд, вафо карда наметавонанд. Лекин мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ҳамаи мо хато мекунем. Дар замонҳои пеш низ хизматгорони вафодори Худо хато мекарданд. (Забур 103:13, 14-ро хонед.) Яҳува аз мо интизор нест, ки комилу беайб бошем. Дар асл, ӯ кӯшишҳои моро қадр мекунад ва ҳатман ба мо кумак мерасонад. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки ҳеҷ чиз «моро аз муҳаббати Худо... ҷудо карда наметавонад». (Румиён 8:38, 39-ро хонед.)
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр дар бораи Яҳува дониш гирифтан ва кумаки ӯро қабул кардан ба шумо ёрӣ медиҳад, ки монеаҳоро паси сар карда, таъмид гиред.
4. Яҳуваро беҳтар шиносед
Барои таъмид гирифтан шумо бояд дар бораи Яҳува чӣ қадар дониш дошта бошед? Дониши шумо бояд то андозае бошад, ки ӯро дӯст дореду дилашро хурсанд кардан хоҳед. ВИДЕОРО тамошо кунед ва фаҳмед, ки чӣ тавр дар саросари дунё омӯзандагони Каломи Худо ба таъмид тайёр шуданд. Сипас ба савол ҷавоб диҳед.
Ба баъзе омӯзандаҳо чӣ ёрӣ дод, ки таъмид гиранд?
Румиён 12:2-ро хонед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.
Оё шумо ба ягон таълимоти Китоби Муқаддас ё ба он ки Шоҳидони Яҳува ҳақиқатро таълим медиҳанд, шубҳа доред?
Агар шубҳа дошта бошед, чӣ кор карда метавонед?
5. Монеаҳоеро, ки ба таъмид гирифтанатон халал мерасонанд, бартараф кунед
Вақте қарор медиҳем, ки таъмид мегирем, ҳамаи мо хоҳу нохоҳ бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем. ВИДЕОРО тамошо кунед ва бинед, ки хоҳаре бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуд. Сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.
Барои ба Яҳува хизмат кардан чӣ садди роҳи Нарангерел шуд?
Чӣ тавр муҳаббат ба Яҳува ба ӯ кумак кард, ки монеаҳоро паси сар кунад?
Панднома 29:25 ва 2 Тимотиюс 1:7-ро хонед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.
Чӣ ба мо далерӣ мебахшад, ки бар душвориҳо ғолиб оем?
6. Дилпур бошед, ки Яҳува шуморо дастгирӣ мекунад
Яҳува ба шумо кумак мекунад, то корҳое кунед, ки табъи дили ӯст. ВИДЕОРО тамошо кунед ва сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.
Чӣ бародарро аз таъмид гирифтан бозмедошт?
Чӣ ба ӯ кумак кард, ки ба Яҳува такя кунад?
Ишаъё 41:10, 13-ро хонед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.
Чаро шумо дилпур буда метавонед, ки ба ваъдае, ки ҳангоми ба Яҳува бахшидани ҳаётатон дода будед, вафо мекунед?
7. Ба қадри муҳаббати Яҳува бирасед
Чи қадаре ки дар бораи муҳаббати Яҳува фикр кунед, ҳамон қадар муҳаббату миннатдориятон ба ӯ зиёд мешавад ва шумо хоҳиш пайдо мекунед, ки тамоми умр ба ӯ хизмат кунед. Забур 40:5-ро хонед ва ба савол ҷавоб диҳед.
Шумо кадом баракатҳои Яҳуваро бештар қадр мекунед?
Пайғамбар Ирмиё Яҳува ва Каломи ӯро бисёр дӯст медошт ва номи Яҳуваро бар худ доштан барои ӯ шараф буд. Ӯ чунин гуфта буд: «Паёми ту бароям мояи хурсандӣ ва шодии дилам гашт, зеро номи ту, эй Яҳува, Худои лашкарҳо, бар ман аст» (Ирмиё 15:16). Ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Чаро Шоҳиди Яҳува будан шараф аст?
Оё шумо мехоҳед таъмид гирифта, Шоҳиди Яҳува шавед?
Чӣ шуморо аз ин кор бозмедорад?
Барои таъмид гирифтан ба шумо чӣ кор кардан лозим аст?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Ман метарсам, ки баъди таъмид ягон кори хато мекунам».
Оё шумо низ чунин фикр мекунед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Бо ёрии Яҳува шумо ҳамаи душвориҳоеро, ки барои таъмид гирифтан халал мерасонанд, паси сар карда метавонед.
Такрор
Барои таъмид гирифтан шумо бояд чӣ қадар дониш дошта бошед?
Пеш аз таъмид гирифтан шумо бояд чӣ дигаргунӣ кунед?
Чаро набояд гузоред, ки тарс шуморо аз таъмид гирифтан боздорад?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки барои таъмид гирифтан сабаби асосӣ бояд чӣ бошад.
«Оё шумо ба таъмид гирифтан тайёред?» («Бурҷи дидбонӣ», марти с. 2020)
Дар ин мақола гуфта шудааст, ки барои таъмид гирифтан чӣ тавр монеаҳоро паси сар кунед.
«Барои таъмид гирифтанам чӣ халал мерасонад?» («Бурҷи дидбонӣ», марти с. 2019)
Фаҳмед, ки чӣ тавр бародаре одати бадашро партофта, таъмид гирифт.
Дар аввал Атаа таъмид гирифтан намехост. Фаҳмед, ки чӣ ба ӯ ёрӣ дод, ки ин қадами муҳимро гузорад.
-